«چراغ سرخ تنهایی» مجموعه جدید اشعار گل‌رخسار، شاعر سرشناس تاجیک، به تازگی در تاجیکستان منتشر شد.

روجلد مجموعه اشعار گلرخسار «چراغ سرخ تنهایی»

Чопи китоби нави шоири сарсупурдаи миллатустод Гулрухсор ба хама ошикону муштокони сухани мавзуну зебо муборку гироми бод. Китобест хондани ва дустдоштани.

Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ дар пешорӯи Наврӯзи ۲۰۱۸ китоби «Чароғи сурхи танҳоӣ», маҷмӯае аз ашъори Гулрухсори Сафӣ – шоири номошнои тоҷик дар қолибҳои рубоӣ, дубайтӣ ва байтро мунташир кард.

Ин китоб бо сарсухани Ҳасани Қарибӣ – раиси Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ оғоз шудааст. Вай пас аз муруре кӯтоҳ бар сарнавишти шеъри муосири тоҷик ва ҷойгоҳи сухани Гулрухсор дар он, менависад: «Дар таърихи адабиёт асарҳои зиёдест, ки маҳсули тангно ё фарохии дасти офаринандагон ва шароити хосси рӯзгори муаллиф аст ва агарчи назарияҳои мабнӣ бар новобаста будани асар ба муаллиф ва замону макон тарҳ шудааст, вале ҳатто агар ин назарияҳо қоида бошад, дар адабиёти муосири форсизабонон Тоҷикистонро метавон яке аз истисноҳои ин қоида ба шумор овард…

Суннатҳое, ки устод Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ поягузорӣ карданд, аз тарафи пайравони онҳо ва касоне чун Пайрав Сулаймонӣ ва Мирзо Турсунзода ва дигарон давом ёфт ва то имрӯз ҳамчунон ҷорист. Бо муруре бар сиёсатҳои бегонагон дар «несткунӣ»-и забони форсӣ дар Осиёи Марказӣ ва он чӣ бар арбобони калом ва асҳоби қалам дар Тоҷикистон рафтааст, бидуни тардид, шеъри муосири Тоҷикистонро бояд муъҷизаи забони форсӣ донист…

Гулрухсор дар Эрон низ ҳамчунон, ки дар Тоҷикистон саршинос аст, бо шоирону адибон ва адабдӯстон, чунон ки ишора шуд, унсу нишаст доштаву дорад ва нигоранда, ба ҳаққи дӯстии дерина, шахсан солҳо ва борҳо эшонро дар маҳофили адабӣ ҳамроҳӣ кардааст.
Агарчи дар ин маҷмӯа аксари шеърҳо бо забоне равону самимӣ чунон суруда шудааст, ки барои ҳар хонандаи форсизабон хушоянд аст, аммо тааҳҳуди шоир ба меҳану сарзамини обову аҷдодиаш чунон аст, ки дар ҳавзаи вожагону таркибҳо ба истилоҳоте бармехӯрем, ки дар Тоҷикистони имрӯз ба кор меравад.

Барои ошноӣ бо маонии бархе аз вожаҳо ва истилоҳоте, ки барои мухотабони ғайритоҷик ноошност, дар интиҳои ин маҷмӯа вожаномае ба хатти форсӣ фароҳам шудааст.

Қолибҳои шеърҳо, чунонки дар унвони китоб омада, рубоӣ ва дубайтӣ ва такбайтӣ ё ба истилоҳи қудамо, муфрадот аст, ки дар мавзӯъҳое чун модар, ватан, шарҳи дилдодагиҳо ва гапҳои ормонии шоир суруда шудааст.
Маҷмӯаи ашъори «Чароғи сурхи танҳоӣ», сурудаи Гулрухсори Сафӣ, дар Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ зери назари Ҳасани Қарибӣ ба хатти форсӣ ва кириллӣ дар ۴۷۸ сафҳа мунташир шудааст.
(Лола Хочибоева)

۲۰.۰۴.۲۰۱۸ ш.Душанбе

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)

این یک مطلب قدیمی است و اکنون بایگانی شده است. ممکن است تصاویر این مطلب به دلیل قوانین مرتبط با کپی رایت حذف شده باشند. اگر فکر می‌کنید که تصاویر این مطلب ناقض کپی رایت نیست و می‌خواهید توسط زمانه بازیابی شوند، لطفاً به ما ایمیل بزنید. به آدرس: tribune@radiozamaneh.com