پلیس شهر دوشنبه اعلام کرده است که از این بعد مجرمان سبک را به کارهای جامعه جلب خواهد کرد. این سازمان با انتشار عکس‌های در حال کار و معرفی تک-تک جوانانی که با جرم‌های خرد و سبک در بازداشت‌گاه‌های شهر دوشنبه، پایتخت تاجیکستان، به سر می‌برند، این برنامه را شروع کرده است. سایت رسمی پلیس شهر دوشنبه بر این است که مجرمان را با عکس و مشخصات دقیق معرفی کند.

تصاور از سایت پلیس شهر دوشنبه

Майдаавбошон ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб шудаанд

Чун шаҳри Душанбе, ки аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ ба яке аз ۱۰ пойтахтҳои ороми ҷаҳони муосир шомил гардидааст, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ, аз ҷумла Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе пайваста талош мекунад, ки оромиву тартибот ва амнияти сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе таъмин бошад. Бинобар ҳамин мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе бо ба роҳ мондани фаъолияти шабонарузӣ қотеъона изҳор менамояд, ки ҳамеша кафили оромиву осудаҳолии мардуми пойтахти кишвар мебошад.


Мавриди зикр аст, ки маҳз бо кушишҳои пайвастаи роҳбарияти олии кишвар ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе рушди бомароми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии пойтахт ҳамасола боло рафта, дар натиҷаи меҳнати фидокоронаи мардуми шарафмандаш давоми солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Душанбе садҳо муассисаҳои истеҳсолӣ, фарҳангиву фароғатӣ ва иҷтимоӣ, маданиву маишӣ ва таълимӣ, варзишӣ ва ҳифзи саломатӣ, ҳамчунин кӯчаю хиёбонҳои зебоманзар бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Баъзе ҷавонони худхоҳ, ки ҳатто дар замирашон ҳисси бунёдкориву созандагӣ вуҷуд надорад, ба ҷои он ки аз ин неъматҳои бунёдгардида самаранок ва бо риояи қатъии одоби шаҳрвандӣ истифода баранд, баръакс муассисаҳои маданиву маишӣ ва фароғатиро ба макони баҳсу мунозира ва ҳалли проблемаҳои шахсиву гуруҳӣ қарор медиҳанд.

Чунин як кирдори зиддиҳуқуқӣ, аз қабили баёни суханҳои қабеҳ ва дашному ҳақорат байни ۱۳ нафар ҷавонон тахминан соатҳои ۴ ба ۵-и субҳи ۱۰ марти соли ҷорӣ дар дохили тарабхонаи «Галакси», воқеъ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе содир гардид. Баъди ба ҷои ҳодиса ҳозир гардидани кормандони милитсия ҷавонон боз ба ҳаркатҳои ғайриқонуниашон идома дода, ба талаботи қонунии кормандони милитсия итоат накарданд.

Сипас гуруҳи оперативӣ-тафтишотӣ ба ҷои ҳодиса ҳозир гардида, ۱۳ нафар ҷавононро, ки ба ҳаракатҳои майдаавбошӣ даст задаанд, ба мақомоти милитсия дастрас намуданд.

Дар натиҷа нисбати ҳар кадоме аз онҳо бо дастрасии моддаи ۴۶۰ Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (майдаавбошӣ) парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳар кадоме бо Қарори Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба муҳлатҳои аз ۵ то ۱۵ шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифта шудаанд.

Моддаи ۴۶۰. Майдаавбошӣ

Барои дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дашном додан, ба таври таҳқиромез дарафтодан ба одамон, ҳамчунин содир намудани дигар кирдорҳои ба ин монанд, ки тартиботи ҷамъиятӣ ва осудагии одамонро халалдор мекунад, -ба андозаи аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба мўҳлати аз панҷ то понздаҳ шабонарӯз ҷазо таъин карда мешавад.

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)

این یک مطلب قدیمی است و اکنون بایگانی شده است. ممکن است تصاویر این مطلب به دلیل قوانین مرتبط با کپی رایت حذف شده باشند. اگر فکر می‌کنید که تصاویر این مطلب ناقض کپی رایت نیست و می‌خواهید توسط زمانه بازیابی شوند، لطفاً به ما ایمیل بزنید. به آدرس: tribune@radiozamaneh.com