Ба гузориши Sky News 14 март, Стивен Ҳокинг, физикдон, назарияпардоз ва кайҳоншиноси маъруфи англис пас аз чиҳил соли фаъолияти илмӣ ва таҳқиқотӣ даргузашт.


Фарзандони Стивен Ҳокинг дар баёнияе бо таъйиди ин хабар эълом карданд падарашон дар ۷۶ солагӣ дар аввалҳои рӯзи чоршанбе дар манзили шахсиаш дар Кембриҷ даргузашт.

Дар баёнияи онҳо омадааст: «Падари дӯстдоштании мо имрӯз даргузашт. Мо ӯро барои ҳамеша аз даст додем».

Ҳокинг дар соли ۱۹۴۲ дар Англия ба дунё омад. Вай физикдони назарӣ, кайҳоншинос, нависанда ва мудири таҳқиқоти Маркази кайҳоншиносии назарӣ дар донишгоҳӣ Кембриҷ буд. Ин физикдон ва кайҳоншиноси машҳури ҷаҳон дар соли ۱۹۶۳ ба бемории “склерози ҷонибии амиотрофӣ” ё хоби андом мубтало шуд ва тавоноии ҳаракат додани андомҳои худ ва ҳатто сухан гуфтанро аз даст дод.

Идомаи зиндагии вай аз дидгоҳи пизишкон як шигифте ба ҳисоб меомад, зеро афроди мубтало ба ин бемории хос маъмулан пас аз муддати кӯтоҳе фавт мекунанд. Ин беморӣ рафта рафта тамоми бадани ӯро дар бар гирифт. Бо ин ҳоли маълулияти шадид вай монеъе барои талош ва кӯшиш дар ростои фарогирӣ ва пешбурди илм набуд. Алорағми маълулияти шадид, вай муваффақ ба касби ҷоизаҳои илмии мухталифе шуд…

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)

این یک مطلب قدیمی است و اکنون بایگانی شده است. ممکن است تصاویر این مطلب به دلیل قوانین مرتبط با کپی رایت حذف شده باشند. اگر فکر می‌کنید که تصاویر این مطلب ناقض کپی رایت نیست و می‌خواهید توسط زمانه بازیابی شوند، لطفاً به ما ایمیل بزنید. به آدرس: tribune@radiozamaneh.com