سخنرانی امامعلی رحمان، رییس‌جمهوری تاجیکستان، باعث بحث‌های گسترده در رسانه‌های اجتماعی بین کاربران تاجیک شد. در این مقاله نگاهی داریم به دلایل این که چرا دولت تاجیکستان هنوز برای برقرار کردن برابری جنسیتی در پارلمان تاجیکستان سهمیه اعلام نکرده است.

تصویر از جلسه این سخنرانی

Яке аз мавзӯъҳои баҳсбарангези ин рӯзҳо дар Тоҷикистон суханронии солинавии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии ин кишвар аст, ки дар шабакаҳои иҷтимоъӣ ҳамчунон мавриди баҳсу баррасӣ қарор дорад.

Ин суханронӣ ба торихи ۲۶-уми десомбр дар маҷлиси расмии ҳукумати Тоҷикистон эрод шуд ва дар он Эмомалӣ Раҳмон аз дастовардҳои ин кишвар дар соли мелодии ۲۰۱۸ ва барномаҳои пешорӯи давлат суҳбат кард. Вай аҳ ҷумла аз афзоиши ҷамъияти Тоҷикистон аз ۵.۱ милюн дар соли ۱۹۹۰ ба ۹.۱ милюн дар соли ۲۰۱۸ ёдовар шуд ва афзуд, ки тӯли умр дар кишвар ахиран то ба ۷۵ сол боло рафтааст. Бар асоси пешбиниҳои масъуони давлатӣ, интизор меравад дар соли ۲۰۲۳ шумори ҷамъияти Тоҷикистон ба ۱۰ милюн бирасад. 

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин аз афзоиши ۱۱-дарсадии ҳуқуқи моҳонаи кормандони давлатӣ хабар дод ва гуфт омори муҳоҷирони кории тоҷик дар хориҷ аз кишвар тайи солҳои ахир ۲۵ дарсад коҳиш ёфтааст.

Он чи дар ин суханронӣ баҳсбарангез аст, мавзӯъи баробарии ҷинсиятӣ дар арсаҳои сиёсӣ ва иҷтимоъӣ буд, ки то ҳол риъоят намешавад ва аз ۲۱ узви кобине танҳо як нафар зан аст. Аммо барои рафъи нобаробарии ҷинсиятӣ дар сатҳи ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон барномаи дақиқеро эълом накард. 

Дар бархе аз кишварҳои дар ҳоли тавсеъа сиёсате роиҷ аст, ки ки тибқи он давлат барои таъмини баробарии ҷинсиятӣ имиёзоте ба занон қоил мешавад. Бар асоси суханронии Раҳмон, дар Тоҷикистон чунин барномае барои солҳои оянда пешбинӣ нашудааст, то бар асоси он қонун ва тарҳи мушаххасе барои рафъи нобаробарии ҷинсиятӣ дар сатҳи ҳукумат таҳия ва иҷро шавад.

Видеуи суханронии Эмомалӣ Раҳмонро метавонед дар инҷо бибинед:

https://www.youtube.com/watch?v=qhmftNg8I-o&t=1832s

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)

این یک مطلب قدیمی است و اکنون بایگانی شده است. ممکن است تصاویر این مطلب به دلیل قوانین مرتبط با کپی رایت حذف شده باشند. اگر فکر می‌کنید که تصاویر این مطلب ناقض کپی رایت نیست و می‌خواهید توسط زمانه بازیابی شوند، لطفاً به ما ایمیل بزنید. به آدرس: tribune@radiozamaneh.com