نگاهی به آزمون شعر برای کودکان در ولایت سغد در تاجیکستان و اشکالات این نوع آزمون‌های دولتی که ذهن خلاق ادبیان را محدود به حمد و ثنای وطن و دولت می‌کند و طبقه‌بندی سنی نامحدود این آزمون که کودک و جوان، نوجوان و بزرگسال را در یک رده قرار می‌دهد، مسابقه را از ریشه ناآدلانه‌ می‌کند. نتیجه این مسابقه قرار است در روز بین‌المللی کودک، اعلام بشود.

Баргирифта аз рӯзномаи Ҷумҳурият

Рӯзномаи «Ҷумҳурият», ки аз нашрияҳои расмии давлати Тоҷикистон аст, як озмуни шеър барои кӯдакон эълом кардааст.
Ин озмун дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ дар вилояти Суғд ба манзури тарбият ва иртиқои сатҳи худшиносӣ ва меҳандӯстии насли оянда баргузор мешавад.
Аз шароити озмун чунин бармеояд, ки ин ашъор бояд бештар дар ҳамду санои Ватан ва сарзамин суруда шуда бошанд. Пайдост, ки тақозои ин гуна ашъори сиотишомез аз ширкаткунандагон ба маҳдуд шудани халлоқияти зеҳнии кӯдакон мунҷар шуда ва ба андешаи озод ва пӯёи насли оянда осеб хоҳад зад.
Усулан озмунҳои адабӣ бояд танҳо ба сабку шеваи баён ва теъдоди вожаҳо марбут бошад, на ба таъйину таклиф ва муҳтавои асари адабӣ.
Рӯзномаи “Ҷумҳурият” нивиштааст, ки дар ин озмун “шоъиру адибон ва ҳамаи онҳое, ки ба эҷод алоқаманданд, сарфи назар аз синну сол метавонанд” ширкат кунанд, ки худ мушкилзост.
Озмуне, ки маҳдудияти синнӣ надошта бошад, кӯдаку навҷавону фарди бузургсолро дар як рада қарор медиҳад ва ин шеваи ноъодилона бар эътимод ба нафси кӯдакон ва навҷавонон латма мезанад. Дар ҳеч мусобиқаи варзишӣ инсони расида бо кӯдак ё навҷавон канори ҳам қарор намегиранд, пас чиро дар арсаи шеър бояд кӯдак ва бузургсол бо ҳам қувваозмоӣ кунанд?
Ба ҳар ҳол, баргузоркунандагони ин озмун интизор доранд, ки се шеъри тозаэҷоди худро ба ҳуруфи Arial tj, андозаи ۱۴, ба идораи рӯзнома бифристед.
Озмун аз торихи ۱.۰۷.۲۰۱۸ то ۱.۰۵.۲۰۱۹ идома дошта ва дар остонаи Рӯзи байналмилалии кӯдак ҷамъбаст хоҳад шуд.
Ҷоизаҳои “Озмуни шеъри кӯдак” аз ин қарор аст:
Барои ҷойи аввал – ۵۰۰۰ сомонӣ.
Барои ҷойи дуюм – ۳۰۰۰ сомонӣ.
Барои ҷойи сеюм – ۱۵۰۰ сомонӣ.

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)

این یک مطلب قدیمی است و اکنون بایگانی شده است. ممکن است تصاویر این مطلب به دلیل قوانین مرتبط با کپی رایت حذف شده باشند. اگر فکر می‌کنید که تصاویر این مطلب ناقض کپی رایت نیست و می‌خواهید توسط زمانه بازیابی شوند، لطفاً به ما ایمیل بزنید. به آدرس: tribune@radiozamaneh.com