برای خواندن این مطلب با خط فارسی، لطفا به اینجا مراجعه کنید.

Румони «Сояаш заминро сиёҳ нахоҳад кард», нивиштаи Ҳусейни Нӯшозар, баррасии китоб, Омрико ۱۳۸۷ ва интишороти Мурворид, Теҳрон ۱۳۸۹

Нигоҳе ба румони «Сояаш дигар заминро сиёҳ нахоҳад кард», нивиштаи Ҳусейни Нӯшозар
Аҳмади Хилфонӣ

Оворагии зеҳнӣ ва ҳувият

Ба назар мерасад, ки вақте мо гум шуда бошем ва ба унвони мисол дар ҷое ноошно чашм бигушоем ва ҳофизаамонро аз даст дода ва замону маконро ба ёд наёварем, яке аз роҳҳои шурӯъи муҷаддад ин аст, ки ҷумлаи маъруфи Декорт (андешаманди фаронсавӣ)-ро дар зеҳнамон тадоъӣ кунем: «Меандешам, пас ҳастам». Ҳамин як ҷумла, ё ҷумлае шабеҳи ин, метавонад ёримон кунад, ки мавқеъиятамонро то ҳудуде дарёбем ва дар ваҳлаи аввал ташхис диҳем, ки зиндаем ва вуҷудамон воқеъӣ аст. Ровии румони «Сояаш заминро сиёҳ нахоҳад кард» низ бо гуфтани ҷумлае инчунинӣ ба ҳамин натиҷа мерасад. Бо ин тафовут, ки ӯ намехоҳад ҷаҳонро тафсир кунад ва тавзеҳ диҳад ва ё фалсафа бибофад, балки мехоҳад худашро дарёбад. Ӯ билохира кист?

“Аз хоб, ки бедор шудам, фикр кардам мурдаам (…) хуб медонистам, ки марг бо нестӣ тафовут надорад ва медонистам вақте одам мемирад, дигар наметавонад ба чизе ё ба касе фикр кунад. Ман аммо ҳанӯз метавонистам фикр кунам ва ин воқеъият ба ин маъно буд, ки агар мурда будам, ҳоло ба ҳар ҳол зинда будам…”

Дар ин ҷо як тафовути моҳавии дигар вуҷуд дорад. Декорт барои тавзеҳу тафсири ҷаҳон, дар як сӯ худ ва зеҳни худашро дорад, ва дар сӯи дигар, дар пиромунаш, ҷаҳонро. Вале ровии Нӯшозар инсиҷоми зеҳни Декортро надорад. Ӯ муташаккил аз ду нафар аст, гоҳ ин мешаваду гоҳ он. Ва гоҳе низ ҳарду. Замоне Юсуф аст, замоне Банӣ Оламӣ. Ва он гоҳ ки ин ду иттифоқан ба ҳам мепайванданд ва яке мешаванд – мешавад Юсуф банӣ Оламӣ.

“Юсуф” барои одаме дар чунин мавқеъияте исми бомусаммоест. Ба назар мерасад, касе ки худашро гум карда ва он маъноеро, ки ба унвони фард ядак мекашад, аз даст додааст, ё бояд беном бошад ё ин ки ҳамноми он канъонии маъруф бошад. Ҳамон Юсуф, ки ба василаи бародаронаш дар чоҳе торик андохта мешавад ва баъд, ки сар аз Миср дармеоварад, ночор аст ҳама чизро аз нав шурӯъ кунад. Мисолҳо дар адабиёт фаровон аст ва намунаи мушаххаси он Юзеф К. дар румони “Муҳокима”-и Кофкост ки як рӯз субҳи зуд, ҳарчанд дар хонаи худ, вале дар дунёе комилан номаънус, бедор мешавад.

Гирем, ки Юсуф, ба фарзи муҳол, бо Банӣ Оламӣ – ба унвони ду нафар дар як қолаб – ё ҳатто дар ду қолаби мухталиф – ки дар мавориди бисёре ба роҳҳои мутафовит мераванд, таҳти шароите канор биёяд, вале дар инҷо шахси солисе ҳам ба номи Юнус ҳузур дорад, ки ифлиҷ (гирифтори фалаҷ) аст ва дар хонааш монда ва ирси модарӣ ҳам – бо имзои модар – ба ӯ расидааст. Ва ровӣ, яъне ҳамон Юсуф, ки ҳуқуқ хонда ва ба кори ваколат – ва баъд ҳамзамон тиҷорат – мепардозад, метавонад аз ҳар касе дифоъ кунад, ҷуз аз худаш. Чиро ки ӯ таклифашро бо худаш рӯшан накардааст. Вале рӯшан кардани таклиф бо худ, ба он роҳатӣ, ки фикр мекунем, нест. Роҳе, ки Юсуф меравад, роҳест саъбулъубур, ки аз миёни эҳтимолот мегузарад, ва эҳтимолот фаровонанд. Ва ҳақиқате, ки аз миёни ин эҳтимолот метавон ба он расид, шояд худ чизе бештар аз як эҳтимол набошад. Эҳтимоле, ки ӯ аз сари ночорӣ ба он тан медиҳад, то битавонад ба худ ишора кунаду бигӯяд: «Ин манам», ва ба худаш бибоваронад, ки воқеъият дорад ва зинда аст ва эҳтимоли зинда буданашро, албатта бо мулоҳизоте, барои худаш – бо итминон – таъйин кунад.

Ин се шахс дар инҷо на он се пораи мукаммили ҳамдигар дар мактаби фруйдӣ (мактаби равоншинохтии Зигмунд Фруйд) ҳастанд ва на он се шахс аз ашхоси мутаъаддиди Фернонду Песуво, ки аз ҳамдигар иншиъоб карда (ҷудо шуда) ва ҳар кудом барои худ шуғле, ҳирфае, зиндагӣ ва зиндагиномае даступо карда ва зиёд ҳам попечи ҳамдигар намешаванд. Се шахси Нӯшозар гоҳу бегоҳ аз ҳам мегусиланд (ҷудо мешаванд), ҳарчанд ки дар як зеҳнанд, дар зеҳни ровӣ, ки мехоҳад мавқеъияташро бисанҷад – ва аз тариқи санҷидани мавқеъият худашро бисанҷад – ва ба роҳҳои пурпечухами гузашта меравад, вале худи ин баргашт ҳам, аз он ҷое ки аз тариқи ду – ё дар мавоқеъе се зеҳн – сурат мегирад, дар масири бозгашт ба гузашта маъмулан аз ду ё се роҳи мухталиф сурат мегирад ва сар аз ҷоҳои мухталиф дармеоварад. Ҳарчанд кори Банӣ Оламӣ ин аст, ки гоҳе дар иштибоҳот, ҳавоспартиҳо ва фаромушкориҳои Юсуф даст бибарад ва чизҳоеро ба ӯ гӯшзад ва ёдоварӣ кунад. Вале тамоми инҳо боъис мешавад, ки роҳҳо дар зеҳни хонанда низ аз ҳам ҷудо шаванд, ҷудоӣ ва иншиъобу иншиқоқи шахсиятӣ дар масири бозгашт бештар шавад ва он шакки декортӣ дар ин масири ноҳамвори зеҳнӣ ба ҷои расидан ба эътимоду итминон, мунҷар ба шакку тардидҳои бештар бишавад.

Банӣ Оламӣ каме фаронсавӣ медонад, ӯ гоҳе Юсуфро роҳнамоӣ мекунад, иштибоҳоташро тасҳеҳ мекунад, тахайюлоти ӯро бо воқеъият маҳак мезанад ва аз ин назар виҷдони огоҳи ровӣ аст:

“Банӣ Оламӣ аз аволими дарунам хабар дошт. Мисли ин буд, ки тӯи мухам (мағзам) нишаста бошад. Гоҳе фикр мекардам мисли фариштаи васвос ё аслан ҳамон фариштаи васвос аст, ки мегӯянд дар самти чапи дили одамизод нишаста ва ӯро ҳар дам васваса мекунад. (с۱۲۹).”

Мешавад гуфт, ки ровӣ бидуни вуҷуди Банӣ Оламӣ танҳо таваҳҳумоташро ба ҷои воқеъият менишонад ва дар шинохти ҷаҳони пиромун ба ҳеч ҷо намерасад, ҳарчанд ки мо аз дурустии гуфтаҳои Банӣ Оламӣ ҳам мутмаин нестем. Ин аст, ки вақте эҳсос мекунад Банӣ Оламӣ аз ӯ дур мешавад, дучори тарсу дилҳура мешавад.

Вуҷуди Банӣ Оламӣ, ба ҳар ҳол, барои ин аст, ки Юсуф битавонад каҷдорумариз бо иҷтимоъ бисозад ва зиндагияшро бикунад. Дар ҳақиқат, Юсуф ва Банӣ Оламӣ танҳо дар пайванд бо якдигар метавонанд ба шакле маҳдуд ташкили як фард бидиҳанд ва ин пайванд пайвандест байни Юсуф, ки аз ҳама ҷо канда аст ва Банӣ Оламӣ, ки фарзанди ҷаҳон аст ва метавонист ҳама ҷо бошад. Далели вуҷуди Банӣ Оламӣ дар ҳақиқат ҳамон Юсуф аст; Юсуф, ки ҷои худаш канда мешавад, чорае надорад, ҷуз ин ки овора шавад, ва ба иборате, фарзанди тамоми ҷаҳон шавад – ва фарзанди тамоми ҷаҳон шудан номе дигар барои оворагӣ аст, оворагии зеҳнии инсонҳое, ки аз решаҳояшон канда шудаанд. Ва далели ин ки Юсуф дар дарандашти Порис метавонад то андозае роҳро биёбад, ҳузури Банӣ Оламӣ аст.
Ва иллати вуҷуди ин ду – ҳамон Юнус аст, ки мемирад – ё кушта мешавад – ва барои ин ду, яъне Юсуф ва Банӣ Оламӣ, на падару модаре мемонад ва на бародаре. Бо қатл ё кушта шудани Юнус оворагӣ дар дарун ва аз даруни ӯ шурӯъ шудааст ва хонавода маъно ва мафҳумашро ба таври комил аз даст додааст.

Агар Юнус ифлиҷ (фолиҷ) аст, Юсуф ҳам бидуни Банӣ Оламӣ, ё ҳатто бо вуҷуди ӯ, аз мушкилоти зеҳнӣ ва заъфи ҳофиза ранҷ мебарад. Вуҷуди ду нимаи мушобеҳ дар исми дусадоии Юсуф ва Юнус низ нишон медиҳад, ки онҳо ду нимаи як фарданд. Ин аст ки гоҳе ровӣ бо Юнус низ вориди як қолаб мешавад:

“Як бор, вақте субҳ аз хоб бедор шуда будам ва ҷилави ойина истода будам, ки ришамро ислоҳ кунам, сарамро ба ҳамин ҳолат (ҳолати Юнус, тавзеҳ аз ман) такон додам ва саъй кардам ба чашмонам ҳолати чашмҳои Юнусро бидиҳам. Эътироф мекунам, ки дар ин кор муваффақ будам.(с۱۱۴/۱۱۵)

Ба назар мерасад, ки бо марги падар барои ин насл иттифоқи дигаре низ уфтода бошад. Замон ба ҷои ин ки ҳамчун наслҳои пешин идома ёбад, ба интиҳо расидааст. Юсуф ба ҷои ин ки мавҷуде мутароким ва нуфузнопазир бошад, ҳамчун зарфе шишаист. Ӯ бесоя аст, ҳама чизро ба даруни худ роҳ медиҳад ва дар маърази бодҳост. Пас ӯ идомаи падар ба он маъно нест:

“Медонистам, Банӣ Оламӣ, бале, Банӣ Оламӣ медонист, ки замон барои ӯ мурдааст.” ( с۱۲۳)

Мавқеъияте, ки Юсуф ба он расида, аз навъи ҳувиятҳои чиҳилтикаи мавриди ишораи Дориюши Шойгон нест, балки зеҳнияти касест, ки ҳарчанд аз гузашта барои ӯ русуботе (таҳмондаҳое) ба ирс расида, вале аз он буридааст, ва дар дунёи ҷадиде, ки ҷисман ва баночор ворид шуда, асаре аз худёбӣ ва сабот дида намешавад.

Порае аз румони «Сояаш дигар заминро сиёҳ нахоҳад кард», нивиштаи Ҳусейни Нӯшозар (интишороти Мурворид, Теҳрон ۱۳۸۹) бо садои Фарҳанги Касроӣ

Доштан ба ҷои будан

“Сояаш заминро сиёҳ нахоҳад кард” достони муҳоҷират ба мафҳуми маҳдуди он нест. Ин румон навъе достони муҳоҷират аз худ аст, ҳамон муҳоҷирате, ки ҳамаи мо кам ё беш ва огоҳона ё ноогоҳона дучораш шудаем. Шеърҳои бешумори шоъирони клосики эронӣ, ки ҷой-ҷои китоб ба василаи ровӣ дикламе мешаванд, жесте тӯхолӣ ва талошест барои пӯшондани он чи ки нест. Вале ҳамин ҳам ба андозаи кофӣ нишон медиҳад, ки ровӣ як эронии тамомъиёр аст. Суннатҳои эронӣ, бо вуҷуди ин ки ӯ ҳофизаашро гум карда, дар зеҳнаш русуб карда ва ҷузъи ҷудоинопазири нохудогоҳаш шудаанд. Нигоҳи ӯ ба зан ва издивоҷ низ суннатӣ аст. Ӯ илова бар ин вакил аст ва мураффаҳ. Ва низ фардест, ки танҳо саъй мекунад гилеми худашро аз об берун бикашад ва дар ин роҳ ба касе раҳм намекунад.

Мунтақидоне масъалаи адолат ва адолатхоҳиро дар ин румон мавриди баррасӣ қарор додаанд. Воқеъият ҳам ин аст, ки ровӣ дар чанд ҷои мухталиф, ва аз онҷое ки худ як вакил аст, вориди ин мабҳас мешавад. Бо вуҷуди ин, бояд гуфт, ки баҳси адолатталабӣ дар ин румонро низ аз ҳамин диди шакку яқини декортӣ мешавад баррасӣ кард. Ровӣ, ки худ ва вуҷуди худро арзёбӣ мекунад, иртиботи худ ва дигарон бо ҷаҳонро низ – аз ҳамин дид баррасӣ мекунад, аз сифр шурӯъ мекунад ва ба унвони як фард, ҷаҳон ва ҳама чизро аз диди манфиъати моддӣ мебинад. Адолатхоҳии Юсуф на дар пайванди иҷтимоъии инсонҳо, балки дар нигоҳи худмеҳвари ӯ ба ҷаҳон хулоса мешавад. Ӯ мехоҳад ҷаҳонро бишносад, то саҳми худро дар он мушаххас кунад. Метавон гуфт, ки адолатхоҳӣ барои ӯ дар мизони саҳмест, ки аз ҷаҳон тасоҳуб мекунад, ҳам дар буъди шахсиятӣ ва ҳам дар буъди моддӣ. Арзёбии худ дар ҳақиқат арзёбии ин саҳм аз ҷаҳон аст ва ба ин далел адолатхоҳӣ ба маънои воқеъӣ дар ойини ӯ роҳ надорад. Ӯ ки «мани ҳақиқӣ»-и худро гум карда ва вуҷуди худро наметавонад бадурустӣ исбот кунад, дар пайи доштаҳояш аст, ва мураттаб пулҳояшро мешуморад, то “ҳарфе набошад”. Ба назар мерасад, ки ҳамин тасарруфоти ӯ дар фурӯпошии хонавода низ бетаъсир набудааст. Ӯ байни “будан ва доштан”, масалан он тур ки мадди назари Эриш Фрум (андешманди олмонитабори омрикоӣ) аст, “доштан”-ро интихоб карда ва ҳаминро мабнои “будан”-и худ қарор додааст. Ва низ метавон гуфт, ки ӯ бар хилофи назари Фрум, ки аз доштан ба будан фаро мехонад, аз будане, ки дар дастрасаш нест, ба сӯи доштан гом мебардорад.

Румони байнобайнӣ

“Сояаш заминро сиёҳ нахоҳад кард” румоне байнобайнӣ аст, байни ҳазару сафар, гузашта ва ҳол, байни будану набудан, донистану надонистан, байни макону бемаконӣ ва замону безамонӣ – ва низ, байни фасоҳат ва диққат дар ҷузъиёт аз як тараф ва номуъвйян будан ва таваҳҳумоти сирфи ровӣ аз тарафи дигар.

Ғамангезу хандадор. Трожик-кумедӣ дар маънои дақиқи калима. Ин ду ҳама ҷо даст ба дасти ҳам додаанд ва корро пеш бурдаанд. Кумик (танзомез) будани ин достони ҳаяҷонангез дар онҷо ба авҷ мерасад, ки трожики он ҳам дар авҷ аст. Ҳамон лаҳза ба қатл расидани Юнус ба василаи Юсуф, ки қатли Ҳобил ба василаи Қобилро тадоъӣ мекунад.(с۱۴۲) Ҳарчанд ки Банӣ Оламӣ ҳам ба навбаи худ саҳнаро тавре ривоят мекунад, ки ангор ҳеч қатле сурат нагирифтааст.

Вале оё Юнус воқеъан мурдааст? “Намедонам, ки оё вақте вориди хонаи ҳафтҳавз шудам, Юнус воқеъан мурда буд ё ин ки баъд аз вуруди ман Юнус мурд. Манзурам аз мурдани Юнус ин аст, ки воқеъан мисли касе, ки дафнаш кардаанд, мурда бошад. Шояд ҳам ҳанӯз дафнаш накардаанд.” (с۱۵۰). Пас Юнус бахше аз худи ӯст, ки ҳанӯз ҳам дар даруни ӯ мезияд ва ҳатто агар мурда бошад, бадурустӣ дафн нашудааст.

Вале ровӣ дар шинохти худ ба куҷо мерасад? Ӯ бо ҷустуҷӯи нафасгири худ дар гузашта нишон медиҳад, ки мани ҳақиқияш аз байн рафта ва дигар вуҷуд надорад. Агар “ман” дар иртибот бо дигарон ба вуҷуд меояд, пас бо аз даст додани ҳофиза ва фаромӯшии иртиботот байни худ ва ҷаҳон аз даст меравад. Ҷустуҷӯи “мани ҳақиқӣ” ҳам чизе нест, ҷуз ҷустуҷӯи тиккаҳои гумшудаи ҳамин иртибот бо дигарон, ки дар тайи бозсозии худ баъд аз гум шудани ҳувият, на ба мани ҳақиқӣ, ки ба тиккаҳои ночизе аз ҳувияти чандгона мерасад ва дар охир на худи ӯ, балки ҳамзоди ӯ, яъне ҳамон Банӣ Оламӣ ба ҷои ӯ менишинад ва он тиккаҳои зоҳиран бозёфтаро, ки росту дуруғашон ҳам маълум нест, ба ҳам пайванд медиҳад ва ривоятеро “ба хатте хуш” ба унвони як румон ба сабт мерасонад.

“Сояаш заминро сиёҳ нахоҳад кард” румоне зеҳнӣ аст, пас иттифоқоташ дар зеҳн ба вуқӯъ мепайванданд ва тамоми ашхоси достон низ дар зеҳни ровӣ сохта ва пардохта мешаванд. Ҳатто ҳамон нуктаи меҳварии румон, яъне қатли Юнус низ, ҳамон тур ки гуфта шуд, дар тахайюли ровӣ аст. “Сояаш заминро сиёҳ нахоҳад кард” бо вуҷуди ин, румонест бисёр муҳаййиҷ (ҳаяҷонангез) ва якдаст бо забоне зебо, ки хонандаро бо вуҷуди дарки ин масъала, ки тамоми иттифоқот ва одамҳо сохтагӣ ҳастанд, маҷзуби худ мекунад. Ва хитоб ба он даста аз мунтақидоне, ки нивиштаанд румон таълиқ надорад, бояд гуфт, ки таълиқ дар ҳамин аст: Ровӣ дар ҷустуҷӯи чизест, дар ҷустуҷӯи худ, аз ҳамон сатри аввал, аз ҳамон ҷумлаи аввал. Ва ман ба унвони хонанда аз ҳамон ҷумлаи аввал ва то ба охир ин фикр машғулам медорад ва кунҷковам мекунад, ки ӯ дар ин ҷустуҷӯ баростӣ ба куҷо мерасад. Ҳарчанд ки ӯ дар охир ба ҳеч ҷо намерасад, ҷуз ба румоне, ки бояд як бори дигар ва аз нав кашф карду хонд, румони шахсе, ки “сояаш заминро сиёҳ намекунад.”

Аз ҳамин нависанда:

در جستجوی معنا برای زندگان

در «داستانی برای مردگان» از رضا نجفی کسی که «جهان» را گم کرده پی «قلب جهان» است و آن را هم می‌یابد. احمد خلفانی می‌گوید چگونه.

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)

این یک مطلب قدیمی است و اکنون بایگانی شده است. ممکن است تصاویر این مطلب به دلیل قوانین مرتبط با کپی رایت حذف شده باشند. اگر فکر می‌کنید که تصاویر این مطلب ناقض کپی رایت نیست و می‌خواهید توسط زمانه بازیابی شوند، لطفاً به ما ایمیل بزنید. به آدرس: tribune@radiozamaneh.com