در سالهای پسین، زنان نقش چشمگیری در حکومتداری در افغانستان داشتهاند. میزان مشارکت زنان در چهار سال حکومت وحدت ملی اما بیشتر شده است. زنان در این مدت، در بخشهای بلند دولتی از وزارتخانهها تا سفارتها و ولایتها را اداره کردهاند. همچنین زنان بیشترین مشارکت را در پارلمان افغانستان داشتهاند. این مقاله را ولی آریان، روزنامه نگار، برای رادیو زمانه نوشته است. با خط فارسی میتوانید در اینجا بخوانید.
(Валии Ориян، рӯзноманигор)
Дар солҳои пасин занон нақши чашмгире дар ҳукуматдорӣ дар Афғонистон доштаанд. Мизони мушорикати занон дар чаҳор соли ҳукумати ваҳдати миллӣ аммо бештар шудааст. Занон дар ин муддат дар бахшҳои буланди давлатӣ аз вазоратхонаҳо то сафоратҳо ва вилоятҳоро идора кардаанд. Ҳамчунин, занон бештарин мушорикатро дар порлумони Афғонистон доштаанд.
Шоҳҳусайни Муртазавӣ, сухангӯи раисҷумҳур Ашраф Ғанӣ, ба родиюи Замона мегӯяд, ки раиси ҷумҳурӣ бар мушорикати занон дар ҳукумат, бар бунёди тавонмандиҳо ва зарфиятҳои кории онон, боварманд аст ва аз ҳамин рӯ, дар чаҳор соли пасин занон дар симатҳои калидии ҳукумат низ гумошта шудаанд. Ба бовари оқои Муртазавӣ, ҳукумат мутаъаҳҳид бар буланд бурдани зарфиятсозӣ дар миёни занон аст. Ҳамакнун панҷ вазорат аз сӯи занон идора мешаванд ва ду сафорати Афғонистон дар берун. Муъовинони чандин вазорат, бархе аз волиён ва муъовинони вилоятҳо ва чанд шаҳрдор низ занон будаанд.
Сухангӯи раиси ҷумҳурии Афғонистон мегӯяд: «Ҳукумати ваҳдати миллӣ дар таъмини ҳуқуқи занон корҳои муҳиммеро анҷом додааст. Мушорикати занон дар сатҳи кобине ва сафоратхонаҳо ва дар ниҳодҳои адлию қазоӣ чашмгир аст. Ҳукумати ваҳдати миллӣ як зан (ба номи) Руъё Раҳмониро дар муҳимтарин сафорати Афғонистон дар Вошингтун ба ҳайси сафир муъаррифӣ кардааст. Занони зиёде, ки аз тавонмандиҳо ва зарфиятҳои корӣ бахубӣ бархурдор ҳастанд, дар бахшҳои гуногун дар симатҳои буланди давлатӣ фаъолият мекунанд.”
Батозагӣ ҳам раиси ҷумҳур Ашраф Ғанӣ як занро ба ҳайси муёовини пулисӣ ва истротежии Вазорати умури дохила гумоштааст. Ҳарчанд бону Ҳусно Ҷалил таҷрубаи низомӣ надорад, аммо бо ин ҳама ҳукумати Афғонистон хостааст, то бону Ҷалил ин симатро ба пеш бибарад. Гузиниши Ҳусно Ҷалил дар ин симат вокунишҳои зиёдеро ҳатто дар миёни занон барангехтааст. Бисёре гузиниши ӯро дар ин симат басахтӣ ба боди интиқод гирифтаанд ва шуморе ҳам аз ин кор истиқбол кардаанд.
Дар ин миён, Вазорати умури дохилаи Афғонистон ба тавоноии бону Ҷалил хушбин аст ва муъовинати пулисӣ ва истротежии ин вазоратро низ як пусти ғайринизомӣ медонад. Наҷиби Дониш, сухангӯи Вазорати умури дохилаи Афғонистон, мегӯяд, ки бону Ҳусно Ҷалил таҷрубаи хубе дар бахши пулисӣ ва истротежӣ доштааст ва короияш низ дар ин вазорат муассир хоҳад буд.
Оқои Дониш ба родиюи Замона мегӯяд: “Ҳусно Ҷалил аз таҷруба ва тахассуси хубе бархурдор аст ва бо гузиниши ӯ дар ин симат тавонмандиҳо ва эътимод дар миёни нерӯҳои зан дар пулис буланд хоҳад рафт ва низ занони зиёде ташвиқ хоҳанд шуд, то дар суфуфи нерӯҳои пулис бипайванданд.
Бо ин ҳама, дар ҳоле ки аз мизони мушорикати густардаи занон дар ҳукумат истиқбол мешавад, аммо ҳамзамон ҳам нигарониҳое дар бораи нақши нумодини занон вуҷуд дорад. Фавзияи Куфӣ, раиси Кумисиюни умури занони Маҷлиси намояндагони Афғонистон, мегӯяд бештари заноне, ки дар симатҳои буланди давлатӣ гумошта мешаванд, аз афроди наздик ба раиси ҷумҳурӣ ҳастанд ва низ нақши иҷроӣ ба онон дода намешавад.
Раиси Кумисиюни умури занони Маҷлиси намояндагони Афғонистон изофа мекунад: «Аз лиҳози каммият мизони мушорикати занон дар ҳукумат чашмгир аст. Аммо аз лиҳози кайфӣ ва тавонмандиҳо ҳукумат касонеро баргузидааст, ки бисёр муассир нестанд. Масалан, он заноне, ки миёнаҳои сиёсии наздик бо раиси ҷумҳурӣ доранд, дар симатҳои буланди давлатӣ гумошта мешаванд ва нақши иҷроӣ низ надоранд. Ин гуна бархӯрдҳо тавоноии занонро дар Афғонистон осеби ҷиддӣ хоҳад расонид.»
Ҳусно Ҷалил, муъовини тозаи пулисӣ ва истротежии Вазорати умури дохилаи Афғонистон, пеш аз ин ба ҳайси раиси пулисӣ ва плони вазорати маъодин ва низ дар бахши мушовирияти молӣ ва бонкдории раиси ҷумҳурӣ Ашраф Ғанӣ низ кор кардааст. Гуфта мешавад, ки бону Ҷалил миёнаи сиёсии хубе низ бо раиси ҷумҳурии Афғонистон доштааст. Ин муъовини тозаи пулисӣ ва истротежии Вазорати дохилаи Афғонистон дар нахустин рӯзи кораш низ таъаҳҳуд супурд, ки ҳеч гоҳе дидгоҳҳо ва мухолифатҳо монеъи кораш нахоҳанд шуд. Маслакисозии пулис, тарвиҷи системи электруникӣ ва афзоиши занон дар суфуфи пулис аз авлавиятҳои кораш дар Вазорати умури дохилаи Афғонистон хоҳанд буд.
Дар ин миён, Шоҳҳусайни Муртазавӣ, сухангӯи раиси ҷумҳурӣ Ашраф Ғанӣ, нақши нумодини занонро дар ҳукумати Афғонистон рад мекунад. Ӯ таъкид меварзад, ки занон бар бунёди шоистагӣ ва корфаҳмии худашон дар симатҳои буланди давлатӣ гумошта шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳанӯз ҳам фарҳанги занситезӣ дар ҳамаи бахшҳо, ҳатто дар пррлумони Афғонистон, занонро ба чолиш гирифтааст ва ҳукумати ваҳдати миллӣ дар пайи фароҳам сохтани заминаҳои беҳтар барои таъмини ҳуқуқи занон дар кишвар аст.
نظرات
این یک مطلب قدیمی است و اکنون بایگانی شده است. ممکن است تصاویر این مطلب به دلیل قوانین مرتبط با کپی رایت حذف شده باشند. اگر فکر میکنید که تصاویر این مطلب ناقض کپی رایت نیست و میخواهید توسط زمانه بازیابی شوند، لطفاً به ما ایمیل بزنید. به آدرس: tribune@radiozamaneh.com
هنوز نظری ثبت نشده است. شما اولین نظر را بنویسید.