گفت‌وگو با ساشا مسکو، بلگ‌نویس جوان تاجیک مقیم مسکو. او از نسل جوان در جامعه تاجیکستان می‌گوید و از این که چرا جوانان در بیان عقیده‌های خود از آزادی موجود در کشور استفاده نمی‌کنند. فایل صوتی در ادامه متن سیریلیک است.

Саша блогери тоҷик мегӯяд: Тарс аз мардуми ҷоҳил ҳунармандони тоҷикро муҳофизакор ва зерзаминӣ кардааст

Саша Масква, блогнависи ҷавони тоҷик, ки бо видиюҳои тақлидиаш аз хонандагони маъруф дар шабакаи иҷтимоъии Инстаграм шуҳрат касб кардааст, борҳо ба хотири гароишаш ба ҷамҷинсгароӣ ва тақлид кардани шахсияти хонандагони зан мавриди озор ва тавҳини мухотабон дар шабакаҳои иҷтимоъӣ ва ҳам ҳиёбонҳои Русия қарор гирифтааст.

Саша дар гуфтугӯи муфассал бо Замона аз истеъдод ва фаъолиятҳои худ гуфт, ки ҷомеъаи Тоҷикистон аз Русия беҳтар аст ва дар кӯчаву хиёбонҳои Душанбе ба ӯ касе озори ҷисмонӣ нарасондааст. Бо ин ки суханони таҳқиромез ва фаҳҳошие, ки мешунид ва афроди зиёд ӯро ба навор мегирифтанд, ӯ мегӯяд, ки барои ҳунарманд дар Тоҷикистон озодии кофӣ фароҳам аст, аммо ба назари ӯ бисёре аз мардум ба хотири ҷилавгирӣ аз таҳқирҳои лафзӣ дар малои умум, аз истеъдодҳои фардии ӯ даст мекашанд.

Саша дар Инстаграм дар сафҳае бо номи “Малчик Провокатсия” видиюҳои ҳунарии худро мунташир мекунад ва мегӯяд ба ин кор пас аз як соли блогнависӣ шурӯъ карадаст. Ӯ ۲۱ сол дорад ва дар ۱۹-солагӣ ба блогнависӣ пардохта ва аз ۲۰-солагӣ кашф карда, ки истеъдод дар тақлиди чеҳраҳои мусиқӣ дорад.

Тарафдорони Саша аз ду навъ афроданд. Онон, ки ба озодии баён ва ҳунар диди баста доранд ва аз табақаи поини иҷтимоъӣ ҳастанд ва дигар аз табақаи иҷтимоъии мутавассит ба болоанд, ки ба озодии баён ва ҳамаи анвоъу ақсои ҳуқуқи башар эътиқод доранд ва ҳам худ истифода мекунанд. Дастаи дуввум дар ҷомеъаи Тоҷикистон зиёданд, мегӯяд Саша. Аммо ба далоили худсонсурӣ ва муҳофизакорӣ ҷавонони бисёре дар зерзамин ва ношинохта мондаанд.

Саша орзу дорад дар оянда хонанда ва ҳунарпеша шавад ва дар ҷаҳони фарохтар ҳунар ва фарҳанги болои тоҷиконро ба намоиш бигзорад. Ӯ ҳамин тавр орзу дорад дар шабакаҳои телевизиюнии Тоҷикистон дар барномаҳои вижа ширкат кунад, то ҳамаи тоҷикон дар сартосари қаламрави кишвар ва кишварҳои ҳамсоя аз ӯ ва ҳунари ӯ ошноӣ пайдо кунанд.

Саша дар ъайни ҳол рӯи таронаи аввалини худ кор мекунад, ки бо забони форсӣ аст ва дар сабки поп, ба зудӣ аз тариқи сафҳаи Инстаграми худ ҳамроҳ бо видиюклип дастраси ҳамагон хоҳад кард. Саша мегӯяд, назар ва пайғомҳои таҳқиромези мухотабони тангбин баръакс ӯро ба кор ва ҳунараш дилгармтар мекунанд, зеро ӯ мутаваҷҷеҳ аст, ки агар кори мавриди алоқаашро накунад, ҳатман дар пирӣ пушаймон хоҳад шуд ва пушаймонӣ ҳеч фоидае надорад.

Гуфтугӯи худмонии Шаҳзода Самарқандӣ бо Саша Маскваро метавонед дар пайвасти зер гӯш диҳед:

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)

این یک مطلب قدیمی است و اکنون بایگانی شده است. ممکن است تصاویر این مطلب به دلیل قوانین مرتبط با کپی رایت حذف شده باشند. اگر فکر می‌کنید که تصاویر این مطلب ناقض کپی رایت نیست و می‌خواهید توسط زمانه بازیابی شوند، لطفاً به ما ایمیل بزنید. به آدرس: tribune@radiozamaneh.com