حسنا جلیل به عنوان نخستین زن کار خود را در سمت معاونت استراتژیک وزارت داخله افغانستان آغاز کرد. این مقام تا پیش از این در انحصار مقامات نظامی بلندپایه بود. این مطلب را با خط فارسی می‌توانید در اینجا بخوانید.

Ҳусно Ҷалил дар дафтари кораш дар Вазорати дохилаи Афғонистон (Акс: шабакаҳои иҷтимоъӣ)

Ҳусно Ҷалил ба унвони нахустин зан кори худро дар симати муъовинати истротежики Вазорати дохилаи Афғонистон оғоз кард. Ин мақом то пеш аз ин дар инҳисори мақомоти низомии буландпоя буд.

Ба гузориши хабаргузории Осушиэйтид Прес, Ҳусно Ҷалил рӯзи чаҳоршанбеи ۱۴-уми озар/۵-уми десомбр баъд аз оғоз ба кораш дар мақоми муъовинати Вазорати дохилаи Афғонистон гуфтааст, аз ин чолиш истиқбол мекунад ва шуғлаш дар Вазорати дохиларо дӯст медорад.

Баъд аз суқути Иморати Исломии Афғонистон (ҳукумати Толибон) дар соли ۲۰۰۱ ҳуқуқи мадании занон дар Афғонистон пешрафт кардааст: духтарон метавонанд ба мадраса бираванд ва занон ҳам аз ҳаққи иштиғол баҳраманд шудаанд. Қонуни асосии Афғонистон ҳуқуқи занон дар ин заминаҳоро ба расмият шинохтааст.

Ҳусно Ҷалил рӯзи чаҳоршанбе гуфт ҳузури ӯ дар сатҳи муъовинати вазир дар давлати Афғонистон ҳомили паёме барои тундравҳои мазҳабӣ аст:

«Ин нишонгари муваффақияти давлати Афғонистон аст, ки як занро дар бахши амниятии давлат ба кор гирифта. Фикр мекунам паёме ҳам барои дигарон бошад.»

Ҳусно Ҷалил, ки фақат ۲۶ сол дорад, таҳсилоташро дар донишгоҳи Амрикоии Афғонистон дар риштаи бозаргонӣ дар мақтаъи коршиносии аршад ба поён расонда ва пеш аз ин раёсати бахши «таҳлил, арзёбӣ ва полисӣ»-и Вазорати маъодин ва нафти Афғонистонро ба уҳда дошт.

Мухолифони давлати Ашраф Ғанӣ мегӯянд Ҳусно Ҷалил ҷавонтар ва бетаҷрубатар аз он аст, ки битавонад дар симати муъовинати истротежики вазорати дохила, ки маъмулан дар инҳисори мақомоти буландпояи низомӣ аст, ба вазоифаш амал кунад. Шоҳҳусайни Муртазавӣ, муъовини сухангӯи риёсати ҷумҳурии Афғонистон, дар посух ба мунтақидони давлат гуфтааст:

«Занони кишвар акнун аз сафорати Афғонистон дар Омрико гирифта, то муъовинати вазорати дохила, муъовинати додситонӣ, вазоратхонаҳо, муъовинатҳо, риёсатҳо, шорволиҳо, муъовинати вилоёт, вулусволӣ ва бахшҳои амниятӣ ва дифоъӣ ҳузур доранд. Ин ҳузур ҳар рӯз қавитар ва пуррангтар хоҳад шуд. Мутаассифона, баъд аз эъломи муъовинати вазорати дохила шоҳиди бархе вокунишҳо дар фазои маҷозӣ ҳастем. Ин вокунишҳо нишон медиҳанд, ки ҳанӯз бархе аз ҳамватанон зарфиятҳои азими халқшуда дар бахши манобеъи башариро дар Афғонистон дарк накардаанд. Беҳтар аст зуд қазоват накунем!»

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)

این یک مطلب قدیمی است و اکنون بایگانی شده است. ممکن است تصاویر این مطلب به دلیل قوانین مرتبط با کپی رایت حذف شده باشند. اگر فکر می‌کنید که تصاویر این مطلب ناقض کپی رایت نیست و می‌خواهید توسط زمانه بازیابی شوند، لطفاً به ما ایمیل بزنید. به آدرس: tribune@radiozamaneh.com