فیلم مستند بلند «کابل شهری در باد» ساخته ابوذر امینی برنده جایزه داوران جشنواره بین‌المللی ایدفا شد. «کابل شهری در باد» فیلم دوم این فیلم‌ساز جوان افغانستانی مقیم هلند است که در افغانستان ساخته شده و در بخش استعدادهای تازه جشنواره ایدفا نیز به نمایش درآمده. در ادامه گزارشی از این فیلم مستند بلند، با ابوذر امینی، کارگردان این فیلم، نیز گفت‌وگوی انجام داده‌ایم. برای خواندن این گزارش با خط فارسی، لطفا به اینجا مراجعه کنید.

Саҳнаи дарёфти ҷоизаи доварони ИДФО

Филми мустанади буланди “Кобул шаҳре дар бод”, сохтаи Абӯзари Аминӣ, барандаи ҷоизаи доварони ҷашнвораи байналмилалии ИДФО (IDFA) шуд.

“Кобул шаҳре дар бод” филми дувуми ин филмсози ҷавони афғонистонии муқими Ҳуланд аст, ки дар дохили Афғонистон сохта шудааст ва дар бахши истеъдодҳои тозаи ҷашнвораи ИДФО низ ба намоиш даромад. Ин филм аз маъдуд филмҳоест, ки ҳам аз филмҳои ифтитоҳияи ин ҷашнвора буд ва ҳам ҷоизаи вижаи доваронро ба даст овард. Чунин дастоварде дар таҷрубаи ҷашнвораи муътабари ИДФО камсобиқа будааст. Аммо бо ин ҳол, Абӯзар ҳамаи бардоштҳо ва гуфтаҳои худ аз ин шаҳрро тамом накардааст. Ӯ мегӯяд филми севуми ӯ низ дар бораи Кобул аст.

Филм сохтан дар Кобул барои ҳар филмсозе ҳамроҳ бо рискҳои ҷонӣ аст, аммо барои филмсозе, ки по ба пои қаҳрамонҳои худ, ки мардумони маъмулии ин шаҳранд, меравад, тарс ангор вуҷуд надорад ва ҳеч кудом аз сахтиҳо ва нигарониҳо то ҳол натавониста ӯро дар Урупои амн нигаҳ дорад. Ӯ ҳар бор ки ба Кобул баргашта, бо умеди дидани беҳбудӣ дар рӯзгори қаҳрамонҳои худ буда, аммо он тур ки ӯ мегӯяд ҳамвора бадбину андӯҳгин бармегардад. Ангор замон дар Кобул хуфтааст. Зери бодҳои шинолуду ранграфта ва хоккӯчӣ, ки ранги хокистарӣ ба тамоми ҳастии шаҳр мекашад. Абӯзар бо ин ки ҷавон ва донишҷӯи филмсозии донишгоҳҳои Урупост, диди вижаи сурреолӣ дар баёни ҳақиқати ҳоли мардуми худ дорад. Ҳақиқате, ки ӯ дар он дар рафтуомад аст.

Кобул шаҳре дар бод ва оғӯшта ба ранги хокистарии бодҳои реголуд

 

Абӯзари Аминӣ барнома дорад филми “Кобул шаҳре дар бод”-ро дар Кобул низ намоиш медиҳад

Филми “Кобул шаҳре дар бод” достони чанд тан аз бошандагони одии шаҳри Кобулро қисса мекунад, ки дар сояи ҷангҳои мудовими дохилӣ ба рӯзгори худ идома медиҳанд. Бо ин ки дар ин филм саҳнае аз ҷанг ё интиҳорҳои шаҳр намебинем, аммо бӯй ва ранги ҷангро дар сару сурат ва зиндагонии қаҳрамонҳои ин филм мебинем. Абӯзари Аминӣ дар гуфтугӯ бо Замона гуфт, ки бо ин ки филмҳои дасти аввал аз саҳнаҳои хунину ваҳшатноки ҷанг дар даст дошт ва гурӯҳи филмбардорӣ низ шоҳиди ин рӯйдодҳои фаҷеъ буд, баъамд аз ин наворҳо истифода накардааст.

Яке аз вижагиҳои ин филми мустанад он аст, ки бо вуҷуди филмҳои мутаъаддиде, ки аз Кобул дидаем, ба нукоте аз ин шаҳр мепардозад, ки дар филмҳои қаблӣ аз онҳо ё сареъ гузашта шуда ё аслан мавриди диққати филмсозон набудаанд. Яке аз ин нодидаҳои шаҳри Кобул боди хоккӯчи он аст; боди шадиде, ки шаҳрро дар худ маҳв мекунад ва тасвир аз нигоҳи дурбин ғоиб мешавад.

Абӯзари Аминӣ ин хоссияти маҳвкунандаи бодро ба унвони унсуре аз замон ва ҳаводиси рӯз ба кор бурда ва бидуни ин ки аз он дар филм суҳбат шавад, бардоште, ки бинанда аз дидани ин филм ба даст меоварад, ин аст, ки шоъир гуфта “бод моро хоҳад бурд”. Дар ин филм бод шаҳри Кобулро бо худ мебарад ва ояндаи қаҳрамонҳои филм норӯшан ва тираву гардолуд аз ғамҳо ва доғҳоест, ки ҷанг бар сару синаи онҳо баҷо гузоштааст.

Филм бо аз кор уфтодани минибусе шурӯъ мешавад, ки дар тӯли филм ронанда талош мекунад онро дубора ба кор бияндозад. Минибусҳои Кобул ва кулли кишвар ҳама қадимӣ ва фарсудаанд, аммо оё ин минибус нумоде аз Кобул ва мусофирону бошандагони дар роҳ мондаи ин шаҳранд? Оё бод унсуре нумодин аз ҳастии мардумони ин шаҳр ва ояндаи хокпӯши он аст? Ва мазорҳои дар зок фурӯнишаста ва осмоне оғушта дар регҳое, ки бод ба ҳаво кашондааст ва сурати шаҳрро бо сирати он ҳамсон кардааст? Оё ин филме бадбинона аз ояндаи беҳтар барои Кобулнишинон аст?

Посух ба ин пурсишҳоро аз Абӯзари Аминӣ метавонед дар ин гуфтугӯи зер бишнавед:

 

Трейлери филми “Кобул шаҳре дар бод”:

 

Гуфтугӯ бо Абӯзари Аминӣ дар бораи “Фариштаи навин”, аввалин филми сохтаи ин филмсози ҷавони афғонистонӣ дар бораи филми нахусти ин филмсоз:

“Фариштаи навин”

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)

این یک مطلب قدیمی است و اکنون بایگانی شده است. ممکن است تصاویر این مطلب به دلیل قوانین مرتبط با کپی رایت حذف شده باشند. اگر فکر می‌کنید که تصاویر این مطلب ناقض کپی رایت نیست و می‌خواهید توسط زمانه بازیابی شوند، لطفاً به ما ایمیل بزنید. به آدرس: tribune@radiozamaneh.com