زاور دخته، فیلمبردار و عکاس مشهور تاجیکستان، عضو ریاست کانون بینالمللی عالمپور عنوان افتخاری پرفسور دانشگاه بینالمللی متالیعات بنیادی روسیه را دریافت کرده است. همچنین گروهی از هنرمندان روس به آقای دخته برای سهمش در تحکیم روابط بینالمللی و توسعه فرهنگ جهانی سپاسنامه تقدیم کردند.

Заур Дахте ва Муҳддини Олимпур (аз боугонии Конуни Олимпур дар Душанбе)
Заур Дахте, филмбардор ва аккоси машҳури Тоҷикистон, узви раёсати Конуни байналмилалии Олимпур унвони ифтихории профессори Донишгоҳи байналмилалии мутолеъоти бунёдии Русияро дарёфт кардааст. Ҳамчунин гурӯҳе аз ҳунармандони Русия ба оқои Дахте барои саҳмаш дар таҳкими равобити байналмилалӣ ва тавсеъаи фарҳанги ҷаҳонӣ сипоснома тақдим карданд.

Ифтихорномаи Заур Дахте
Ахиран дар чорчуби рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия дар китобхонаи давлатии Русия дар шаҳри Маскав намоиши аксҳои Заур Дахте таҳти унвони “Тоҷикистони муосир” баргузор шуд. Ин намоишгоҳ ۶۰ акси ин аккоси шинохташударо дар бар мегирифт ва аз манзараҳои зебои Тоҷикистон, чеҳраи афрод ва ҷашну маросими миллӣ иборат буд. Ин намоишгоҳ панҷ рӯз идома дошт ва онро садҳо тан аз сокинону меҳмонони шаҳри Маскав ва тоҷикистониёни муқими Русия тамошо карданд. Барои баргузор кардани ин намоишгоҳ, мудири кулли Китобхонаи давлатии Русия В.В.Дуда ба Заур Дахте номаи сипос навишта,ки дар аксҳои зер мебинед.

Заур Дахте, аккоси номии Тоҷикистон
Имрӯз ҳам дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон намоиши осори аккосии Заур Дахте баргузор шуд.
Ба ин аккос ва филмбардори маъруф, ки бо вуҷуди синни боло ҳамчунон дар муаррифии таъриху фарҳангу ҳунари мо ба ҷаҳониён бедареғ заҳмат мекашад, изҳори сипос мекунем.
Хаста набошед Заур Рустамович!
هنوز نظری ثبت نشده است. شما اولین نظر را بنویسید.