بخش دوم سلسله‌مقاله‌ها در موضوع «اشکالات ادبیات امروز تاجیکستان». در این بخش نگاهی دارم به فضای ادبیات تاجیک، عدم مسابقه‌های ادبی سراسری، تعداد محدود چاپ کتاب‌ها، نیاز به کشف استعدادهای تازه، برقراری ارتباط بین نویسندگان پایتخت‌نشین و خواننده‌ تایجک، بودجه‌های پنهان فرهنگ و آموزش و پرورش در این کشور. بخش اول این مقاله در شبکه‌های اجتماعی یبن کاربران تاجیک بحث و گفت‌وگوهایی ایجاد کرده که در روزهای آینده آنها را در اینجا بازتاب خواهیم داد.
 
ممنون از میهن دوران، دوست و همکار عزیزم، بابت ویرایش این مطلب:

مجسمه‌های دیواری نزد اتحادیه نویسندگان تاجیک در شهر دوشنبه

(Бахши ду)



Мавзӯъи ин силсиламақолаҳо, бо таваҷҷуҳ ба замони маҳдуде, ки дорем, тарҳи ишколоти адабиёти тоҷик аст ва дар фурсати дигар дар гуфтугӯҳои муфассал бо адибони тоҷик аз дастовардҳои онҳо дар чунин шароити танги фарҳангиву иқтисодӣ хоҳем пардохт ва аз забони онҳо хоҳем шунид. Ният аз тарҳи ин мавзӯъи муҳим, чизе нест ҷуз ба вуҷуд овардани ҳассоятҳои лозим дар ҷомеъа ва барҷастасозии аҳаммият ва нақши адабиёт барои рушд ва пешрафти кишвар ва шикастани ғанаби масъулон аст, ки дар масрафи будҷаи солонаи фарҳанг дастрасӣ доранд ва метавонанд билохира ба масоили адабиёт бипардозанд.

Дар идомаи баҳс дар мавзӯъи ишколоти адабиёти тоҷик мепардозам, ин бор аз зовияи вазоифи давлат ва фурсатсӯзиҳои сохторӣ, ки дар Тоҷикистон дар даҳаи ахир шоҳиди он будем. То замоне, ки дар Тоҷикистон аз сохтори шаффофу мутамаркиз ва фарогири фарҳанг ва адабиёт бархурдор набошем, вазъи адабиёти бурунмарзиро наметавонем беҳбуд бидиҳем.

Вазъи адабиёти ҳар кишвар нишондиҳандаи вазъи куллии он кишвар аст ва адабиёти тоҷик аз ин ҳақиқат ба дур нест.

Адабиёти ҳар кишвар замоне аз қудрат ва аҳаммияти худ истифода хоҳад кард, ки миллӣ ва фарогирандаи тамоми паҳнои кишвар ва ҷуғрофиёи фаромарзии тоҷикон бошад. 

Миллӣ ба он маъно, ки вақте ҳар румоне ё дафтари шеъру маҷмӯъаи пажӯҳиши тахассусие, ки ба чоп мерасад, бояд ба дасти кулли хонандагони кишвар ва хориҷ аз марзҳои он бирасад, бо теъдоди кофӣ ва иттилоърасонии дар сатҳи миллӣ. 

Китобҳои тозанашр бояд ба ҳамаи нуқоти он кишвар ва дар тарҷумаи ҳамзамон ба забонҳои муътабари ҳамсоя низ мунташир бишавад. Ба ин нукта дар бахши бозори китоб бархоҳам гашт. Бозори озоди миллӣ ва байналмиллалии китоб имконест, ки ба ҳар адабиёт эътибор ва аҳаммияти чаҳонӣ мебахшад, дар Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсояи он, ҳануз ба таври бояду шояд роҳандози нашудааст. Сухан аз нашри осори таку туки чанд адиби номии мо ва кишварҳои ҳамсоя нест, балки аз сохтори фаъол аст, ки адабиёти моро ба рагҳои аслии адабиёти кишварҳои мутараққӣ бипайвандад. Бахши вижаеро ба сохтори бозори китоб чаҳон ихтисос хоҳам дод.

Ин роҳи рушд ва қудратмандии адабиётро, мутаассифона дониста ва огоҳона бастаанд ва нависандагони дохили кишварро ба гаравгон гирифтаанд. Аз лиҳози таксир ва дастрасии миллӣ ва густардаи адабиёт, ки кишварҳои пешрафта ва қудратманд аз он бархӯрдоранд ва масири аслии рушди адабии миллист, кишварҳои тутолиторӣ, бавижа Тоҷикистон, ҳамвора аз он маҳрум будааст.

Саркӯби сохтории адабиёт яке аз роҳҳои “мудирият”и барномарезишуда дар давлатҳои ноустувор ва заъиф аст, ки ба бастани лаби адибон ва озодии баён мунҷар мешавад. Маҳрум нигаҳ доштани мардум аз сухан ва андешаи тоза ва бастани роҳҳои иртиботи нависанда бо хонанда ва бавижа сарбазеру шарманда аз камсаводии худ нигоҳ доштани ҷавонон ва равшанфикрон то ҷое хаёли давлатҳои мустабидро роҳат мекунад, чун онҳо фикр мекунанд, ки дар чунин фазои рокид рақибе барои худ нахоҳанд дошт ва мардуми камогоҳ хислати дастнигарӣ ва сокитнишинӣ дорад. Аммо дар руйдодҳои даҳаи ахир дидем, ки фақри маънавӣ метавонад чи балоҳое бар сари кишвар ва амнияти миллӣ ба бор оварад. Мардуми ноогоҳ хурофотӣ ва боварпазири гурӯҳҳои ифротӣ мешавад ва ин амр батадриҷ хоби давлат ва ҷомеъаро баҳам хоҳад зад.

Фақри маънавиро бо оташбозӣ намешавад пинҳон кард

Фақри маънавиро бо оташбозиҳои аз ҳад зиёд ва бо ҷашнҳои саршор аз рангу рақсу мусиқӣ, мутаассифона намешавад пинҳон кард. Чун ҷашну сур зудгузар аст ва бехабарӣ давомдор ва ҳамвора таҳдидгар.

Ҳоло ки баҳс аз адабиёт аст, биёед ба вазъи иқтисодии кишвар нигоҳе биандозем. Оташбозиҳое, ки дар соли гузашта дар Тоҷикистон анҷом шуд, дар бархе кишварҳои урупоӣ анҷом намешавад. Он ҳам на ба хотири он ки ҳазинаашро надоранд, балки ба ин хотир ки хазонаи давлат то охирин сиккааш ҳисобу китобшуда ва дақиқ аст ва равшан барои мардуми кишвар. Ҳазинаи оташбозиҳои солинавии кишварҳои урупоӣ қабл ва баъд аз баргузорӣ эълом мешавад ва шаҳрдорӣ дар баробари мардум посухгӯст.

Агар шаҳрдории Душанбе нигарони вазъи риққатбори адабиёт ва бесаводии ҷавонон ва сокинони шаҳри худ мебуд, ҳазинаи ин навъ ҷашнҳои худнамоёнаро барои пешрафти равшанфикрон ё барои ҳалли мушкилоти мардумаш, таъмини шуғлӣ ва масканӣ ва барномаҳои фарҳангии сохторманд харҷ мекард. 

Имсол меҳмони ҷашнвораи байналмиллалии Китоби Франкфурт адабиёти Гурҷистон буд ва ноширони бузурги кишварҳои мухталиф бо намунаҳои барҷастаи адабиёти Гурҷистон ошно шуданд ва ҳаққи чопи бисёре онҳоро харидорӣ карданд. Ин фурсатест, ки кишварҳо солона метавонанд истифода кунанд, вазъи иқтисодии мутарҷимон, нависандагон ва адабон ва ноширони худро тақвият бахшанд. Намунаҳои қавиӣ ва боарзиши адабиёти худро дар сатҳи ҷаҳонӣ муъарифӣ кунад. Тоҷикистон ҳануз аз ин фурсатҳо, ки солона даҳҳо маротиба ва дар торихҳои мушаххас баргузор мешавад, дуруст истифода накардааст. Замон ва фурсат агар даст дод бахше низ дар бораи ҷашнвораи китоб ва мазоёи он хоҳам навишт.

Арзаи адабиёти арзандаи точик дар сатҳи байналмиллалиӣ ниёз ба тарҳи ҷилди босалиқа ва будҷаи ҳангуфт дорад, ки ноширон бидуни кумаки давлат тавони онро нахоҳанд дошт. Аммо медонем, ки давлат ҳамеша аз камбуд ё набуди будҷа мегуяд, дар ҳоле, ки ҳазинаи оташбозии шаби ифтитоҳияи чархаи аввали Роғун аз назари бисёре аз ҷомеъашиносон, нозарур ва нохирадмандона буд. 

Имсол Гурҷистон адабиёти худро ба ҷаҳон муъарифӣ кард ва мо оташбозӣ кардем. Ин вазъият идома хоҳад дошт то замоне, ки адибон ва равшанфикрон ва рӯзноманигорон лаб боз накунанд ва аз давлат ҳаққи худро бистонанд.


Набугзарем аз он фарши сурхе ки зери қудуми падару писар паҳн буд ва он дарёе аз гул, ки ингор он ду фарҳодвор садди Рогунро баста ва чархаро сохта бошанд ва як аз сади ин гулҳо дар сари мазори ду шоъири миллии по пайдо набуд. Набугзарем ва бипурсем бо садои баланд: Пас ку садо ва симои мардуме, ки арақи ҷабин рехтанд? Пас ку садои эътирозии адибон, ки бигӯянд будҷаи давлатиро набояд харҷи оташбозӣ кард, балки барои тавлиди авроқи адабу донишу омӯзиши ҷавонон ҳазина кард? 

Хомӯшии равшанфикрон аз диди равоншиносии мудерн, мавзуъи баҳси дигари мо хоҳад буд.

Дар кишваре, ки шумори болои мардум зери хатти фақр ба сар мебаранд ва дар гузоришхҳои созмонҳои байналмиллалии нозир, дар листи кишварҳои фақир ва ниёзманд қарор гирифта аст, чунин қазинаҳо бояд саволбарангез бошанд ва масъулон посухгӯ.

Агар шаҳрдорӣ пас аз чунин амале дар корикотуре ба унвони писари нохалафи миллат ё писари таваҷҷуҳталаби райисҷумҳури подшоҳнамо, ошкоро ба танз кашида намешавад ё мавриди нақди ҷиддӣ қарор намегирад ва нависандагону танзпардозон ва шоъирону дигар нухбагони кишвар аз ин худнамоиҳо лаб мебанданд, пас чиро бояд аз беҳбуди вазъи адабиёт суҳбат кунем?

Бояд суҳбат кард ва аз ҳамаи мушкилот ҳамзамон ва бидуни авлавиятгузорӣ нақд кард, то мушкилот ба ҳаллу фасл бирасанд.

Оғози кори Роғун муваффақияти бемисли Тоҷикистон аст, дар ин шакке нест, аммо ин баҳона намешавад, ки сармояи ҳангуфте ба ҳаво партоб шавад ва мушкилот зери дуди чаҳчаҳаи зудгузару кӯтаҳбинона пинҳон бимонад ва боз пас аз ҷашн ҳамон аҳмадаки порина боқӣ бимонем бидуни китобу дафтар ва ҳарфи тозае дар сар.

Будҷеи адабиёти тоҷик чанд аст?

Ҳоло ки аз будҷеи оташбозиҳои шаби ҷашни Роғун хабар надорем ва ҳатман далелу баҳонаи мувассақе барояш омода ҳаст, аммо кӣ медонад, ки будҷеи адабиёти тоҷик дар дасти кист ва чи гуна харҷ мешавад?

Шӯравӣ нависандагони тоҷик ва кишварҳои бародари собиқ шӯравиро бо ин зеҳният тарбият кардааст, ки аз пулу мол дур бош ва ба фикри охират, сар ба зеру дур аз сиёсат, ки сиёсат кори ғайримаънавист.

Ин зеҳният бояд тағйир кунад, чун агар накунад, он вақт ҳеч будҷее равшан нахоҳад буд ва шеваи истифода ва ё талаф шудани он ва тавре дигару ҷои дигар харҷ шудани он барои мардум ва равшанфикрону ҷомеъашиносон торик хоҳад монд.

Агар будҷеи адабиёти кишвар дар дасти Иттиҳодияи Нависандагон аст, пас гузориши ин будҷе куҷост? Чаро солона мунташир намешавад ва мардум аз хазонаи давлат хабаре надоранд.

Созмонҳои нозир ва баррасони будҷеи барқи Тоҷикистон гузориш додаанд, ки вазъи он норавшан аст. Оё ин ба он маъно нест, ки агар кулли шаш чархаи Роғун фаъол бишавад, содироту даромади он низ норавшан мемонад?

Давлат чи барномае дорад ва чи бароварде кардааст, ки чи тафовуте ба адабиёт ва фарҳанг хоҳад расид? Чи неруи фишоре бар фаъолияти давлат вуҷуд дорад, ки водор бишавад даст ба вазъи асафбори адабиёт ва фарҳанги кишвар барномаҳои солона ва даҳсола ироъа диҳад?

Истиқлоли молии нависанда истиқлоли андеша ва баёни ӯст

Нависандаи озоде, ки бо ҳаққи қалам зиндагӣ кунад, дар Тоҷикистон ва дар дигар кишварҳои Осиёи Миёна тақрибан вуҷуд надорад ва ин мероси шӯравист, ки бояд решакан кард ва андешаву баёнро озод кард.

Нависандаро, то дасту зеҳнаш аз харҷи рӯзмаррааш озод набошад, пас нависандаи миллӣ ё муътабар нест. Нависандагони мо, ки дар ин се даҳаи гузашта натавонистаанд вазъи зиндагонии худро беҳбуд диҳанд ва ҳаққи мусаллами худро аз давлат бигиранд, пас чи гуна метавонанд раҳнамо ва ғамгусори мардум бошанд?

Ҳаққи қалам ҳаққи мусаллами ҳар нависанда аст.

Чи гуна адабиёти Тоҷикистонро аз замин бардошт ва ба он эътибори миллӣ дод? Биёед дар ин мақола, ки бахши дувум аз тарҳи ин мавзӯъи амиқи миллист, посух бидиҳем.

Роҳи аввали эътибор додан ба адабиёт тартиб додани мусобиқаҳои солона дар ҳамаи жонрҳои адабӣ дар саросари кишвар аст.

Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон чанд намоянда дорад ва онҳо чанд бор дар сол барои рӯнамоии китобҳои худ ба ҳамаи нуқоти кишвар сафари адабӣ анҷом додаанд? Тақрибан як ё ду, он ҳам на ба ҳамаи нуқоти кишвар, чун аввал ин ки ҳазинаи сафар болост ва ҳам теъдоди нусхаҳои чопшуда пойин аст.

Барои аз байн бурдани ин мушкил давлат бояд даҳ на, сад ношири мустақил тарбият кунад ва ба онҳо будҷе ва ё қарзи бидуни баҳра бидиҳад, то нависандагон бо қарордодҳои қонунӣ китобҳои бо диққат ва бо заҳмат навиштаи худро ба ҳамаи шаҳру рустоҳои кишвар бибаранд ва маросими рӯнамоӣ баргузор кунанд ва мухотабро мутақоъид кунанд, ки чиро харидани ин китоб барояшон муфид аст ва чи чизеро аз даст хоҳанд дод, агар ин китобро нахонанд.

Чиро бозори озоди китоб надорем?

Охирин китобе, ки тоҷикон дар саросари кишвар ба он дастраси доштанд кадом буд? Кадомро нависандаи он ба тамоми гушаву канори кишвар бурд ва шаби рунамойи баргузор кард ва нависанда дар баробари хонандаи худ нишаст ва ба пурсишҳои онон посух дод? Кадом китоб буд, ки дар пустерҳои бузург дар ҳамаи кишвар ва фаротар аз он огоҳрасони шуд? Ман дар ёд надорам. 

Китобҳои имрузии мо умдатан намояндагони Иттиҳодияи Нависандагон менависанд, дар ҳамон маҳвата мунташир мешавад, дар ҳамон сохтмон шаби адабии он баргузор мешавад ва нависандагон хонандагони ҳамдигаранд ва ба ҳамдигар таҳсин мегуянд. Аз чопи китоби нав на вазъи нависанда дигар мешавад ва на вазъи хонанда ва на вазъи ношир. Чиро теъдоди китобҳо бештар аз ۲۰۰۰ нусха нест? Чиро китобҳо ба дасти ҳамаи хонанадагон намерасанд?

Фурӯши китоб ба қалам ва эътибори нависанда вобаста аст. Агар нависанда камэътибор аст, пас китобаш кам ба фурӯш меравад. Ноширони мустақил, ки даромади ширкаташон вобаста ба фурӯши китоб аст, ба нависандагон кумак мекунанд, ки китобҳояшонро фурӯшанд ва ҳарду ҷониб суд баранд. Китобфурӯшиҳо хадамоти худро ба ноширон мефурӯшанд ва бо ин роҳ, ки танҳо роҳи аз замин бардоштани адабиёи як кишвар аст, мешавад дар тӯли ду-се сол ҳам корофаринӣ кард, ҳам вазъи адабиётро беҳтар кард. Ин амр ба вазъи зиндагии нависанда ҳам беҳбуд хоҳад бахшид ва ҳам равшанфикрии худкифо эҷод хоҳад кард ва ҳам дунёи комилан холӣ ва хастагибори мардумро дар саросари кишвар тағйир хоҳад дод.

Дар ҳоли ҳозир ноширони кишвар бозаргонони хурдафурӯшанд. Бозори китоб бояд ба масири умдафурӯшӣ ворид бишавад, то баҳои китоб бо тавоноии молии мардум муносиб бошад. Ношир замоне метавонад ҳар китоберо ба пойинтарин қимати мумкин бифурӯшад, ки тирожи он беш аз ۱۰۰ ҳазор бошад. Он вақт мардум метавонанд ҳар китобро ба андозаи як дона нон бихаранд, на баробари як килу гӯшт. Ва мардуми фақир тарҷеҳ медиҳанд як килу гӯшт бихаранд, он ҳам моҳе як ё ду бор, то китоберо, ки бо камҳавсалагӣ ва афсурдагӣ навишта шудааст ва на роҳи наве пешниҳод мекунад, на паёме дорад, ки хонандаи маъмулиро саргарм кунад ё ҷаҳони наве ба рӯяш боз кунад.

Нависандаи мунзавӣ дар хатари тангназарист

Вақте нависанда тавони сарф кардан надорад, тавони хариди китобҳои нависандагони ҷаҳонро ба забони асл надорад, вақте ба ғайр аз забони модарии худ забони дигари ҷаҳониро намедонад ва иштиёқи огаҳӣ аз тозаҳои ҷаҳон надорад, вақте нависанда намедонад, ҷавоизи муътабари ҷаҳон чи навъ китоб ва чи навъ дастовардҳо дошта дар ин се даҳаи гузашта, вақте нависанда ҷасорати садо баланд кардан аз вазъи номунсифонаи мардум ва ҳам фарди худ надорад, чи гуна метавонад адабиёти миллӣ ва фарогир ва мондагор офарад?

Набуди ҷоизаҳои мутаъаддиди адабӣ дар дохили кишвар роҳи рушди адабиётро бастааст. Баргузории мусобиқаҳои адабӣ насли навро дар синини пойин ба ҷаҳони амиқи адабиёт ҳидоят ва онҳоро ташвиқ мекунад, то ба дарки аҳаммияти он бирасанд.

Дар Тоҷикистон мисли дигар кишварҳои ҳамсоя, барпо кардани шабҳои адабии мукаррар, ки нависандагони наву қадимӣ, пиру ҷавон, рӯбарӯи хонандаи кам ё зиёди худ биншинанд ва соъатҳо порае аз румон, намунае аз маҷмӯъаи достонҳои кӯтоҳ, шеър ё танзи худро бихонанд, ба назар намерасад.

Чиро шабҳои адабии мудом ва ё қаҳванӯшӣ ва ё маҳфилҳои адабие надорем, ки адибон даври ҳам ҷамъ бишаванд ва адабиёти ҳамдигарро нақду баррасӣ кунанд? На пушти дарҳои баста, ки Иттиҳодияи нависандагон мекунад, балки дар баробари хонанда ва дар поён ба пурсишҳои онҳо посух бидиҳад ва китобашро имзо кунад ва бозори китоби кишвар рӯ ба равнақ орад?

Вазоратҳои фарҳанг ва маъорифи кишвар ҳатман фаъолиятҳое анҷом медиҳанд ва солона гузоришҳое ҳам менависанд, аммо мешавад дид, ки корҳои анҷомдодаашон то ҳол зидди фарҳанг ва адабиёт буда ва аслан қадамҳои сангпуштӣ бардоштаанд ва ё аслан барномаи дигаре доранд, ки ба суди адабиёт набуда.

Истеъдодҳои саргардони кишвар

Кашфи истеъдодҳои кӯдакон, наврасон ва навҷанони кишвар бар уҳдаи вазорати фарҳанги кишвар аст, ки ин амр на дар дохили низоми омӯзишӣ, балки дар барномаҳои фарҳангӣ ва мусобиқаҳои адабии солона ба таври ҷудогона анҷом мешавад.

Вақте кӯдак ба синни навҷавонӣ мерасад, бояд исми ӯ барои рӯзномаҳо ва аз тариқи барномаҳои телевизиюнӣ ба ҳамаи мардуми кишвар ошно ва шинохта бошад.

Оё чунин барномаҳое дорем, ки солона беҳтарин нависандаи ҷавон, навҷавон ва кӯдакро дар сатҳи кишвар муъайян ва муъаррифӣ кунад?

Оё мактабҳо барномаҳои санҷишӣ барои ҳамаи истеъдодҳои ҷавонро, чи дар заминаи риёзӣ ва чи наққошӣ ва чи нивиштан, анҷом медиҳанд?

Ба назар мерасад, ки беҳтарин истеъдодҳои насли ҷавони мо дар кӯдакӣ кашф нашуда, хазон мешаванд.

Вақте зинаҳои муваффақият барои ҷавонон фароҳам нест, вақте мусобиқаҳои солона барои кашфи истеъдодҳои ҷавон баргузор намешавад, вақте ин ҷавонон бо ҳамандешон ва ҳамҷаҳонони худ дар берун аз маҳалли худ иртиботе надоранд ва дар ҷаҳони маҳдуди худ маҳрум аз имкони пешрафт ва хиҷолатзада аз қалами хоми худ боқӣ мемонанд, аммо телевизиюнҳои саросарӣ соле чанд бор барояшон аз шодӣ ва оташбозиҳои пойтахтнишинон барнома пахш мекунанд.

Вазорати фарҳанг, иттиҳодияҳои нависандагон, рӯзноманигорон, синемогарон, ҷомеъашиносон, мунтақидони адабӣ оё ин масъаларо, ин набуди шароити рушд ва сохтори бунёдии ҷомеъаро аз давлат тақозо кардаанд?

Оё Иттиҳодияи Муъаллимони кишвар (ки доштани синдико ё иттиҳодияи омӯзгорон барои ҳар кишвар ҳатмист) мавзӯъи фароҳам кардани шароити рушди фарҳангӣ ва ҳунарии донишомӯзонро дар ҷаласоти солонаи худ матраҳ мекунад?

Зиндагонии бе шавқу шӯри ҷавонон ва наврасони тоҷик гуноҳи ахлоқӣ нест, балки ҷурми сиёсӣ ва иҷтимоъӣ аст, ки давлат бояд ҳамаи вазоратҳои худро дар ин арса муваззаф кунад, ки дар кашфи истеъдодҳои ҷадид чора ва роҳҳои фаврӣ бибинанд. Чорабиниҳои зоҳирпардозонаи маҳдуд ба либосу риши ҷавонон танҳо онҳоро зада мехурушонад ва мушкилеро ҳал намекунад.

Номҳои такрории адабиёт ва ҳунар

Вақте дидаву дониста роҳи ҷавононро бастаем, пас мардум бо ҳамин чанд номи қадимӣ ошно мемонанд ва ин тур ба назар мерасад, ки ингор миллати тоҷик дигар истеъдодзо нест. Дар ҳоле ки дар тамоми гӯшаву канори хоки ватан истеъдодҳои худҷуш ба дунё меоянду аммо лоилоҷ аз бетаваҷҷухҳии низоми омӯзиш ва парвариши кишвар нисбат ба рушди иҷтимоъӣ ва ҳунарии фардии худ сарду сокит ба чанги рузгори такрорӣ таслим мешаванд ва дар замони каме тафовуте байни онҳо ва падару модарони саршор аз ормоншон нахоҳад монд. Орзумурда зуд пир мешавад ва зуд хаста аз ҳастиву гиру дораш.

Равшан аст, ки дар натиҷаи камкории вазоратҳо ва давлат аст, ки ҷавонони мо дур аз рушд ва тарбияти мавриди алоқаашон боқӣ мондаанд, аммо савол ин аст ки то кай ин вазъ идома хоҳад дошт?

Бо вуҷуди ин ки кишвар нухбагони зиёде надорад ва ҳама ангуштшуморанд, аммо вақте ду тан аз бузургони шеъри тоҷик дар соли гузашта ҷаҳонро тарк гуфтанд, кишвар такон нахӯрд. Мардум он қадр аз адабиёт ва адиби худ дур буд, ки рӯзи даргузашти шоъирони худро мотам эълом кунад. Дар ۴۰-умин рӯз ҳатто барномаи ёдбуд баргузор кунад, агар гӯем, ки ғофилгир аз марги нобаҳангом ва ҷавони онҳо шудаанд. Танҳо афрод дар хилвати худ осори ин бузургонро хонданду дасте ба дуъо бардоштанд, аммо фарҳанги шабнишиниҳои адабии моро кӣ аз мо гирифт?

Одатҳои фарҳанги волои тоҷикон куҷо рафт?

Чиро дигар тоҷик на адиб тарбият мекунад ва на истеъдодҳои худро солона ва мунтазам кашф мекунад ва на аз камкории адибонаш нигарон мешавад ва на аз даргузашташон сӯгвор?

Дар ҳамаи кишварҳои исломӣ маросими хоксупории адибони номӣ ва заҳматкашида ва китобдор бо маҳфилҳои адабӣ ҳамроҳ аст ва на яку ду бор, балки мудом ва солона, то замоне ки хонандае чанд аз он адиб ёд мекунад ва китобаш хонанда дорад.

Имсол Тоҷикистон ду шоъири номӣ ва миллии худро, ки тамоми умр барои маҳфуз доштани фарҳанги тоҷик заҳмат кашида буданд, тавре ба хок супурд, ки гӯё муллое аз дафтари хотироти Садриддин Айнӣ буданд. Теъдоде аз мардон сари қабр рафтанду сукут карданд.

Оё ин расми худоҳофизӣ бо шоъиру нависанда аст? Тоҷикон ба куҷо мераванд?
Чиро адибонро бо сукут хок мекунем ва на бо шаби адабӣ ва ёдбуде?

Агар пас аз ин ҳама беэҳтиромӣ ба фарҳанг, ба адабиёт, ба шеъру достону румон, ки то ҳол дар Тоҷикистон сурат гирифта, ҳанӯз ҳам адибе даст ба қалам мебарад ва менависад, сари таъзим назди ӯ фурӯд меорам ва дасташро аз дур мефишорам, зеро ӯ қаҳрамони имрӯзи мост. Ӯ, ки қалам ба даст дорад ва ҳарчанд бо ғалат, ҳарчанд бо каму костӣ ва ҳарчанд дар сукут ва тардид менависад, хирадманди танҳои ҷомеъаи мост.

Нависандаи ҳар кишвар бо ин ки муъаррификунандаи миллат ва мардуми худ аст, бояд чанд қадам ҷилавтар аз хонандаи худ бошад. Ва нависандагони ҳарчанд нокофӣ ва ками тоҷик, ки аз мардум ҷилавтаранд, дили худро ба ин гарм медоранд, ки агар ин мардум нахонад, мардуми дар роҳ хоҳад хонд.

Бале, тоҷикони оянда моро хоҳанд хонд. Ин ки чи гуна бояд ин ҷомеъаро барои онҳо муъаррифӣ кунем, ба сатҳи донишу дарки мо аз замон ва даврони мо вобаста аст. Дарку дониши худро фаротар бибарем ва бояд он қадр тавоно бошем, ки ҳаққи худро ҳам барои гузаштагон ва ҳам барои ояндагон бигирем.

Паснавишт:

Ин риштамақолаҳо дар бораи вазъи кунунии адабиёти тоҷик идома дорад ва дар баҳсҳои оянда талош мекунем баҳсро густардатар пеш бибарем ва дар муддати як соли оянда бо ҳудуди чиҳил тан аз соҳибназарон дар ин мавзӯъ гуфтугӯ кунем, то битавонем масъаларо аз диди онҳо низ бибинем. Баҳсҳоеро, ки дар пои бахши аввали ин мақола дар шабакаҳои иҷтимоъӣ ба вуҷуд омада, дар трибуни «Замона» бознашр хоҳем кард. Лутфан, агар назар, интиқод, пешниҳод ва таҷрубаҳои манфӣ ва мусбате дар робита бо адабиёти тоҷик, чи дар дохил ва чи дар хориҷ аз кишвар доред, барои мо бинависед.

(идома дорад)

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)

این یک مطلب قدیمی است و اکنون بایگانی شده است. ممکن است تصاویر این مطلب به دلیل قوانین مرتبط با کپی رایت حذف شده باشند. اگر فکر می‌کنید که تصاویر این مطلب ناقض کپی رایت نیست و می‌خواهید توسط زمانه بازیابی شوند، لطفاً به ما ایمیل بزنید. به آدرس: tribune@radiozamaneh.com