شهزاده سمرقندی: نگاهی به وضع کنونی ادبیات تاجیکستان، اشکلات عمده نگارش نویسندگان تاجیک و گسستگی آن از ادبیات کشورهای فارسی‌زبان و دلایل محلی باقی ماندن ادبیات پسا شوروی در این کشور. با سپاس فراوان از مهین دوران بابت ویرایش این مقاله.

Муҷассамаи назди иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон дар Душанбе

Аз замоне, ки чашму дилам ба адабиёти ҷаҳон боз шуда, хондани адабиёти тоҷик, ба маънои маҳдуде, ки вожаи “тоҷик” ба он ворид мекунад, бароям иштиёқбарангез нест.

Ҳатман хонандаи гиромӣ ва тезҳуши тоҷик низ аз ин масъала огоҳ аст ва адабиёти русро ҳамчунон бар адабиёти тоҷик тарҷеҳ медиҳад. Он гуна ки дар замони шӯравӣ забон ва адабиёти тоҷик маҳаллӣ буд, мутаассифона ҳамон гуна боқӣ мондааст.

Забони форсӣ дар ин сӣ соли пас аз фурӯпошии Шӯравӣ дар Тоҷикистон рӯ ба тармим овард, аммо ҳамвора маҳаллӣ боқӣ монд ва ҷараёни мараммати забони расмии Тоҷикистон, ки форсист ва на чизе дигар, ба назар мерасад, ки мутаваққиф шудааст ва адибони тоҷик дарҷо ва танҳо қадам мезананд. Далели ин рукуд набуди нақди созанда ва мунсифона аст. Адибон, ки забондорони аслии ҳар миллатанд, на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар кулли Осиёи Миёна ин соҳибиятро аз даст додаанд ва ҳеч алоқае барои ба даст овардани ин вазифа эҳсос намешавад.

Вазоратҳои маъориф ва фарҳанги Тоҷикистон дар чанд соли гузашта бештарин ҳамлаҳои зидди густариш ва тармими забони форсиро анҷом додаанд ва боъиси таассуф аст, ки бо муқобилаи ҷиддии адибон ва қаламбадастони дохили кишвар рӯбарӯ нашуданд.

Инҷо аз он намегӯям, ки чи бояд мешуд, балки бештар аз вазъи адабиёт ва ишколоти он хоҳам гуфт.

Дар ин чанд соли гузашта бештар аз чаҳор ё панҷ румон аз нависандагони тоҷик мунташир нашуд, ки бозтоби густардае дошта бошад ва ин омор барои як кишвар нишондиҳандаи як буҳрони шадиди адабӣ аст.

Ишколоти аслии адабиёте, ки дар ин як соли гузашта хондам, аз ин даст аст:

Феълҳои ноҷо ва чандбандӣ.

Диолугҳои маснӯъӣ.

Омехта будани шеваи суҳбати қаҳрамон ва ровии достон.

Якдаст набудани забони қисса ва дугонагии бардошти нависанда аз дунёи дарунии чеҳраҳои достоне, ки ба даст гирифтааст.

Ба ин чаҳор нукта феълан басанда мекунам, чун ба назар мерасад, ки агар ин чаҳор ишкол аз сабки нигориши мо бардошта бишавад, забони баёни нависандаи тоҷик бамаротиб беҳбуд меёбад ва достон қобили тааммул ва дилнишин ва баёдмонданӣ хоҳад шуд.

 

Масъалаи дигар тасаллути нависанда бар забон аст ва теъдоди вожаҳое, ки дар достони худ ба кор мебарад, бисёр маҳдуд аст. Нависанда, агар теъдоди вожаҳои фаровон ва кофӣ ба кор бибарад, он вақт худ эҳсос мекунад, ки ба феълҳои печида ва сохта ниёзе нахоҳад буд.

Маҳдуд будани, ба истилоҳи маъруф дар даврони шӯравӣ, “фонди луғавӣ”-и нависанда умқи достонро низ маҳдуд мекунад. Маҳдуд кардани вожаҳо ва асомии дақиқи маъноҳо ва аз мадди назар дур доштани дарку дониши хонанда дарвоқеъ рағбати хонанда ба асарро аз байн мебарад. Ин ки бархе аз хонандагон аз забони душвори достон шикоят мекунанд, набояд боиси нигаронии нивисанда бошад. Нависанда бояд хонандаи тоҷикро дубора одат бидиҳад, ки фарҳанг варақ бизанад ва вожагони тоза биёмӯзад.

Яке аз норасоии адабиёти имрӯзи мо ин аст, ки осори адабӣ тақсимбандии синну солӣ намешавад. Дар натиҷа бисёр пеш меояд, ки хориҷ аз интизори хонанда бошад.

Мавзӯъоте чун “шарм”, “ахлоқ”, “тарс” ё “худсонсурӣ” он қадр дарҳои тахайюлро ба рӯи нависандагони мо бастааст, ки аз ҷумлаи аввал ва тасвири аввал мутаваҷҷеҳ мешавем, ки аз ин лаҳн ва сабки нигориш адабиёти озод ва мондагор набояд интизор дошт. Адабиёте, ки муҳофизакор аст, на иштиёқбарангез аст ва на ҳаяҷонофарин.

Диолугҳои маснӯъӣ

Диолугҳои маснӯъӣ он аст, ки вақте пирамарде аз як рустои Ҳисор ба сабку салиқаи нависанда ё устоди донишгоҳ ё файласуфи даврон суҳбат кунад. Ё кӯдаки ۵-сола ба забону баёни фарди бузургсол шӯхтабъӣ кунад. Ё пирзане маҳаллӣ аз Самарқанд ё Фарғона бо забону баёни зане дар Кобул ё Теҳрон бо ҳамсояи худ ҳарф занад. Қаҳрамонро набояд аз батни ҷомеъа канду ҷудо кард ва аз ӯ фарде сохт, ки табъи дили мост. Ё набояд ба хонанда маънӣ ва манзури достон ё бардошти ахлоқии онро рӯирост баён кард. Достонро бояд таъриф кард, қисса кард, он гуна ки дар ҳастӣ рух медиҳад ва он гуна ки набзи ҷомеъа онро таҷруба мекунад.

Агар ровии достон марди донишманд аст, бояд то охири достон дар садо ва баёни ӯ рушду тағйири ӯро бибинем, на ин ки бозгӯ кунем ончиро, ки дар нияти нивисанда аст. Агар достон панҷ ё даҳ қаҳрамон дорад, ҳар кадом бояд сабки баёни худро дошта бошанд, магар ин ки достон аз маҳалле бошад, ки ҳама ба таври ғайриъодӣ ҳамсони ҳам суҳбат мекунанд, масалан дар достоне тахайюлӣ. Аммо дар достони воқеъбинона сабки баёни зани хонанишин бо сабки баёни зани корманд ва лаҳни кӯдак бо лаҳни марди миёнсол ва ё пирмард бояд фарқ дошта бошад ва пойбанд ба замони зиндагонии қаҳрамонҳои достон. Агар дар даҳаи бист ба сар мебаранд, бояд нависанда таҳқиқ кунад, ки дар даҳаи бист шеваи баёни мардуми он маҳалли мавриди назар чи гуна буда. Қаҳрамоне аз қарни ۱۸ наметавонад бо лаҳни мардуми имрӯзи тоҷик суҳбат кунад.

Инҳо ҳама қавонини поя ва аслии достоннависӣ аст, аммо чиро дар адабиёти мо риъоят намешавад? Шояд ба ин далел, ки хонанда дигар сахтгир нест ва мунтақидони мо куллигӯ шудаанд. Шояд ҳам ба далели ин аст, ки вақте нависандае румон ё достони кӯтоҳи худро барои мо мефиристад, ки назар бидиҳем, мо аз нақди ноҳамвориҳои достон ва сабки баёни нависанда лаб мебандем ва ӯро ташвиқ мекунем, ки “ҳамааш олист”, “даст марезод!”, ки дар бисёр маворид дур аз ҳақиқат аст.

Натиҷаи ин хотирбинӣ, мулоҳиза ва ҳақпӯшонии мунтақидон аст, ки адабиёти тоҷик имрӯз маҳаллӣ ва кӯдакона ва дур аз рушд боқӣ мондааст. Он паҳно ва ҳамафаҳмо буданро, ки дар даврони адабиёти клосики форсӣ дошт, аз даст додааст ва маҳаллӣ ва даступобаста шудааст. Оё мешавад бо ин ҳама ишкол адабиёти ҷахонгард ва байналмилалӣ ба вуҷуд овард?

Бегонаситезӣ қоби танги рушд аст, на дифоъ аз истиқлоли миллӣ

Хӯрдагирӣ ба вожаҳои ноошно, яъне вожаҳое, ки гӯё аз ҳитаи дарки ин ё он хонандаи тоҷик дур аст, нависандаи тоҷикро бадбахт ва муҳофизакор кардааст. Яъне нависанда тасмим мегирад, ки хонанда ин ё он вожаро намедонад, пас ба кор набарам, ё афроди масъул ба худ иҷоза медиҳанд, ки дунёи хонанда ва ё нависандаро таҳти назорат дошта бошанд. Ин равия дар сохтори тутолитор (истибдодӣ) бисёр ба чашм мерасад, ки яке аз аҳдофаш куштани фикру андеша дар нутфа аст. Яъне ҷилавгирии андеша пеш аз он ки ба дунё биёяд ва ин тарсноктарин шеваи бархурд бо адабиёт аст, ки мо шоҳиди рӯзмарраи онем, аммо ин бароямон амре одиву мисли оби равон шуда ва аз ин хотир вокунише ба он нишон намедиҳем.

Достонҳои ҷадиде, ки тавлид шудаанд, на гиреҳкушо доранд ва на тарҳи масъала ва гоҳе танҳо баёни як ҳикмати рӯзгоранд. Ин навъ кор адабиёти ноб нахоҳад буд. Адабиёти ноб аввал бояд хобу хӯрди нависандаро баҳам бизанад, то битавонад хӯрду хоби хонандаро бишканад ва таҳаввулоте дар ҷомеъа ба вуҷуд оварад. Чунин осоре, мутаассифона, дар сӣ соли гузашта дар адабиёти ба истилоҳ тоҷикии мо кам, бисёр кам ва ҳатто камёб будааст. Адабиёти тоҷикро бояд аз банди давлатӣ будан раҳо кард, то мустақил бишавад ва пешрафти табиъӣ ва ҳақиқӣ дошта бошад.

Вақте нависанда корманди давлат аст ва Иттиҳодияи нависандагон дар муҳосираи давлатист ва ноширони мустақил дасту боли баста доранд ва ҳаққи заҳмати нависанда аз роҳи навиштани озодона фароҳам намешавад, рушди амиқу воқеъӣ дар адабиёт баъид аст. Аммо ҳамчунон бояд талош кард.

Набзи номуназзами достон

Короктерсозии заъиф дар достонҳо аз муҳимтарин ишколоти адабиёти тоҷик аст. Дунёи дарунии мард бо зани тоҷик ё кӯдак бо пирзану пирмарди тоҷик аз замин то осмон фарқ дорад, аммо оё нависандагони мо то ҳол муваффақ шудаанд ҷаҳонҳои ботинии ҳар кадоме аз онҳоро дуруст кашф кунанд ва ниёзҳои дарунии ин ақшори ҷомеъаро бо нуктабинӣ ва диққати тамом бозгӯ кунанд?

Достоннависӣ аз сахттарин машғалаҳои зеҳнист, ки то садои қаҳрамон хобу хӯрди нависандаро аз байн набурда бошад, имкони навиштани онро нахоҳад дошт. Тарсими чеҳраи қаҳрамоне, ки садои ӯ барои нависанда оромишбару хобшикан нашуда бошад, адабиёти зӯракӣ ё ба қавли дигар, нобоварона ба бор меоварад. Достон ойинаи ҳастист ва аз ин рӯ бояд боварпазир бошад. Қаҳрамони достон ҳамсоя ва дӯсти наздики мо метавонад бошад ва дар ёди хонанда то солҳо бимонад ва зеҳни ӯро машғул нигаҳ дорад. Он гуна ки Ҷен Эйр буд ва ё Фирӯза дар «Духтари Оташ»-и Ҷалол Икромӣ.

Аз қаҳрамонҳои «Сармаддеҳ» (асаре аз Баҳманёр) садоҳои асиле дар зеҳни хонандаи тоҷик монд, аммо ба ғайр аз инҳо дигар чи садоҳоеро мо дар ёд дорем? Ҳатман камтаранд аз он садоҳое, ки адабиёти рус ва инглис ба зеҳнҳои мо супурда.

Бояд роҳи бозори китобро боз кард ва китобро аз зиндони ноширони давлатӣ ва матбӯъоти давлатӣ берун кашид ва иртиботи мустақим бо хонанда ба вуҷуд овард, то сухан дубора байни тоҷикон бар тахт биншинад, вагарна рукуди адабии мо беш аз ин боъиси рукуди иҷтимоъӣ ва фарҳангии мо хоҳад шуд.

Адабиёти сатҳӣ синемои сатҳӣ меофаринад, таронаҳои сатҳӣ ва осори адабии кӯтоҳумру бетаъсир меофаринад.

Агар адабиётро ҷиддӣ нагирем, умрро ҷиддӣ нагирифтаем ва даврони мо дар такомули торихӣ ба чоҳи сиёҳе хоҳад монд, ки ангор ҳеч рӯйдоди ҷиддие дар он рух надода бошад. Даврони муҳим адабиёти муҳимме ба ҷо мегузорад. Дар синаи даврони мо он чи ҳаст, бояд дар адабиёти даврони мо дарҷ шавад ва нависанда бояд чанд гом ҷилавтар аз ҷомеъа ҳаракат кунад.

Дар ҳеч давру замоне адабиёти форсизабони Осиёи Миёна то ин ҳад вопасмондатар аз мардуми худ набуда, ки ҳолост. Адабиёти мо ҳамеша пешгом буда ва раҳнамои миллат. Дар ҳеч давроне адабиёт дунболарави сиёсат набуда, ки ҳолост.

Адабиёт гиреҳгушо ва нурафкани тӯдаҳост. Бояд бикӯшем ба чунин адабиёте дубора даст ёбем ва аз кафкӯбии ғайри самимӣ даст бардорем.

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)

این یک مطلب قدیمی است و اکنون بایگانی شده است. ممکن است تصاویر این مطلب به دلیل قوانین مرتبط با کپی رایت حذف شده باشند. اگر فکر می‌کنید که تصاویر این مطلب ناقض کپی رایت نیست و می‌خواهید توسط زمانه بازیابی شوند، لطفاً به ما ایمیل بزنید. به آدرس: tribune@radiozamaneh.com