اسکرعلی رجبوف، پروفسار تاجیک، به رسانه‌های داخلی تاجیکستان اعلام کرده است که قبر احمد، دانشمند آخر قرن ۱۸ و اول قرن ۱۹ تاجیکان و چند تن از دیگر بزرگان تاجیک را در بخارا، پیدا کرده است. او به رستم اماعلی، شهردار دوشنبه پیشنهاد داده است که قبر نمادینی برای احمد دانش در شهر دوشنبه بنیاد کنند و با این منظور کفی از خاک تربت این دانشمند همچنان شناخته و معروف تاجیک را با خود به تاجیکستان آورده است. 

تصویر و گزارش با خط سیریلیک از سایت اسپوتنیک

Профессори тоҷик Асқаралӣ Раҷабов қабри Аҳмади Дониш, донишманди тоҷик ва чанде аз бузургонро дар Бухоро пайдо кардааст. Вай мегӯяд, аз гӯри эшон қабзае хокашро овардааст ва ба раиси шаҳри Душанбе пешниҳод мекунад, ки дар пойтахт қадамҷои рамзии онҳо бунёд шавад.

ДУШАНБЕ, ۱۷ ноя — Sputnik. Профессори тоҷик Асқаралӣ Раҷабов марқади донишманди номии тоҷик Аҳмади Донишро дар Бухоро пайдо кардааст, хабар медиҳад “Фараж”.

Ба гуфтаи профессор, ӯ натанҳо қабри Дониш, балки Шамсиддин Шоҳин, Наҷмиддини Кавкабӣ, Сайидои Насафӣ ва Калободии Бухороӣ ро низ пайдо кард.

“Ҳамроҳ бо шахсиятҳои фарҳангии Бухоро маълум кардем, ки  Аҳмад Махдуми Дониш соли ۱۸۹۷ дар яке аз қабристонҳо, ки махсуси шахсиятҳои бузург буда, “Дахмаи биҳиштиён”( ин дахма аз садаи VIII то нимаи аввали садаи ХХ амал мекард) ном доштааст, гӯронида шудааст. Дар ин ҷо соли ۱۸۹۳ шоири бузург Шамсиддини Шоҳин ҳам дафн шудааст”, – менависад “Фараж” аз қавли профессори тоҷик.

Ба мо даст дод, ки марқади Аҳмад Махдуми Донишро пайдо намоем ва орзуву омоли шахсиятҳое  чун устодон  Сотим Улуғзода, Расул Ҳодизода, Муҳаммадҷон Шакурӣ ва Лоиқро, ки дар ҳасрати пайдо намудани гӯри Дониш буданд, амалӣ гардид, афзудааст Раҷабов.

Профессори тоҷик мегӯяд, қабзае аз хоки гӯри Аҳмади Донишро бо худ ба Тоҷикистон овардааст ва ба раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ пешниҳод кардан мехоҳад, ки бо ин хок дар боғи Аҳмади Дониши пойтахт марқади рамзии донишманди номиро бунёд кунанд.

Раҷабов боварӣ дорад, ки он зиёратгоҳи аҳли илм ва фарҳанг хоҳад гардид.

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)

این یک مطلب قدیمی است و اکنون بایگانی شده است. ممکن است تصاویر این مطلب به دلیل قوانین مرتبط با کپی رایت حذف شده باشند. اگر فکر می‌کنید که تصاویر این مطلب ناقض کپی رایت نیست و می‌خواهید توسط زمانه بازیابی شوند، لطفاً به ما ایمیل بزنید. به آدرس: tribune@radiozamaneh.com