شب ادبی طالب شهیدی، آهنگساز معروف تاجیک در مسکو، ۱۸ ماه نوامبر، روز شنبه، برگزار شد.

Толиби Шаҳидӣ, оҳангсози маъруфи тоҷик  

Шаби ҳунарии Толиби Шаҳидӣ, оҳангсози маъруфи тоҷик, рӯзи якшанбеи ۱۸ ноябр дар толори филҳормунии Маскав бо барномерезии Вазорати фарҳанги Русия баргузор шуд.

Ин шаби оҳангу суруди клосик бо ҳузуру ҳамроҳии Анна Аглатова, таковозхони “Болшой театр”, теотри бузурги Русия, Ида Каплан, Вазген Вартанян, Екатерина Иванова, Маргарита Петросян, навозандагони шинохтаи фортепиёну, ва Игор Фёдоров, навозандаи клорнет, баргузор шуд.

Толиби Шаҳидӣ, фарзанди Зиёдуллоҳи Шаҳидӣ, аз оҳангсозони маъруфи тоҷик, соли ۱۹۴۶ дар шаҳри Душанбе ба дунё омад. Ӯ барандаи чандин ҷоизаи муътабари ҳунарӣ дар Тоҷикистон ва Шӯравии собиқ аст.

Толиби Шаҳидӣ, оҳангсози маъруфи тоҷик

Аз ин оҳангсози саршинос то ҳол осори мутаъадиде дар хазинаи ҳунари Вазорати фарҳанги Тоҷикистон вуҷуд дорад, ки аз ҷумла мешавад ба болеҳои «Спитамен» (۱۹۷۵),  «Марги судхӯр» (۱۹۷۸), «Хотираи дил» (۱۹۸۱), «Юсуф ва Зулайхо» (۱۹۸۹), «Сиёвуш» (۱۹۹۲) ва филм-болеи «Рубоиёти Хайём» (۱۹۸۰) ишора кард. Упероҳои ӯ монанди «Ҳифзкунандаи оташ» (۱۹۸۷), «Амир Исмоил» (۱۹۹۹),  упероҳое барои кӯдакон, монанди «Бинӣ-Котула» (۱۹۸۹), «Халиф Лаклак» (۱۹۹۰), «Зани зебо ва ғӯл» (۱۹۹۲) низ аз осори мондагории ҳунарии ӯ ҳастанд.

Толиби Шаҳидӣ айни ҳол ҳамроҳ бо ҳамсараш, Гулсифати Шаҳидӣ, ки аз нивисандагони пуркори тоҷик аст, байни шаҳрҳои Душанбе, Маскав ва Ландан мураттаб дар рафтуомад ҳастанд ва дар ин шаҳрҳо кору зиндагӣ мекунанд.

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)