معلمان برای دومین روز پیاپی در نقاط مختلف ایران تحصن کردند. همزمان منابع خبری از احضار برخی مدیران مدارس به حراست آموزش و پرورش خبر دادند.

Як муъаллим дар Фирӯзободи устони Форс ба далели ширкат дар эътисоби моҳи меҳри муъаллимон таълиқи шуғлӣ шудааст

Муъаллимон барои дувумин рӯзи паёпай дар нуқоти мухталифи Эрон таҳассун (аз кор даст кашидан ба нишони эътироз) карданд. Ҳамзамон манобеъи хабарӣ аз эҳзор (даъват)-и бархе мудирони мадорис ба бахши ҳиросат (нигаҳбонӣ)-и вазорати омӯзишу парвариш хабар додаанд.

Сешанбеи ۲۳-и обон муъаллимон дар чандин шаҳри Эрон аз ҳузур дар дарсҳо худдорӣ карданд. Коноли телегромии Шӯрои ҳамоҳангии ташаккулҳои синфии муъаллимон ҳузури муъаллимон дар эътирозот дар чандин устонро “густарда” тавсиф кард.

Бар пояи гузориши манобеъи хабарӣ муъаллимони зан мушорикати чашмгире дар эътисоб (аз кор даст кашидан)-и дурӯзаи муъаллимон доранд. Ин эътироз бо фарохони Шӯрои ҳамоҳангии ташаккулҳои синфии муъаллимон аз рӯзи душанбеи ۲۲-и обон оғоз шудааст.

Муъаллимон хостори рафъи табъиз ва иҷрои тарҳи рутбабандӣ, таваққуфи тарҳи муъаллими тамомвақт, ки батозагӣ ба иҷро даромада, озодии муъаллимони зиндонӣ ва мутаваққиф кардани парвандасозии амниятӣ ва саркӯби муъаллимон ҳастанд.

Ҳаққи омӯзиши ройгон ва таваққуфи раванди пулӣ шудани омӯзишу парвариш аз дигар хостҳои омӯзгорон дар дувумин даври таҳассуни муъаллимон аз оғози соли таҳсилии ۱۳۹۷-۱۳۹۸ аст.

Ба гузориши манобеъи хабарии наздик ба муъаллимон, дар даври тозаи эътисоб низ бисёре аз мудирони мадорис ва муъаллимон дар манотиқи мухталиф ба дафотири ҳиросати омӯзишу парвариш эҳзор (фарохонда шуда) ва ба ихроҷ ва ё табъид таҳдид шудаанд. Бо ин ҳол, ҳузури муъаллимон дар таҳассунро “густарда” ва “чашмгир” тавсиф карданд.

Дар шабакаҳои иҷтимоъӣ низ тасовири мутаъаддиде аз эътисоби муъаллимон дар манотиқи мухталиф мунташир шудааст. Ин тасовир нишон медиҳад, ки дар бархе мадорис муъаллимон такнафара эътисоб карданд. Дар бархе мадорис низ донишомӯзон дар ҳамбастагӣ бо муъаллимон таҳассун карданд. Ҳамчунин тасовире аз ҳамроҳии волидайни донишомӯзон бо таҳассуни муъаллимон дар шабакаҳои иҷтимоъӣ мунташир шудааст.

Шӯрои ҳамоҳангии ташаккулҳои синфии муъаллимони Эрон эълом карда, ки дар сурати адами посухи масъулон ба мутолибот, эътироз ва эътисоби муъаллимон густардатар хоҳад буд.

Муъаллимони Эрон ۲۲ ва ۲۳-и меҳри имсол низ дар эътироз ба сиёсатҳои омӯзишу парвариш, адами иҷрои тарҳи рутбабандӣ, дастмузди пойин ва ҳамчунин пулисозии омӯзиш эътисоб карданд.

Ба дунболи ин эътисоб Муҳаммадризо Рамазонзода, раиси Шӯрои ҳамоҳангии конунҳои синфии муъаллимон боздошт шуд. Абдурризо Қанбарӣ, дигар фаъоли синфии муъаллимон низ пас аз ин иқдоми эътирозии муъаллимон боздошт шуд. Аббоси Воҳидиён, фаъоли синфии муъаллимон дар Машҳад, низ як рӯз пеш аз эътисоби муъаллимон дастгир шуд. Ин се муъаллим аз замони дастгирӣ дар зиндон нигаҳдорӣ мешаванд.

Муҳаммадсолеҳи Шукрӣ, аз дигар фаъолони синфии муъаллимон, ҳам пеш аз оғози таҳассуни муъаллимон дар Саққиз боздошт ва ҳафтаи гузашта ба сурати муваққат озод шуд.

Муъаллимони Эрон ۲۰-и урдибиҳишти имсол низ муқобили Созмони барнома ва будҷе таҷаммуъ карданд. Дар ин таҷаммуъ шуморе аз муъаллимон ва дигар ширкаткунандагон боздошт шуданд. Муҳаммади Ҳабибӣ, аз аъзои Конуни синфии муъаллимони Теҳрон, аз он замон дар зиндон нигаҳдорӣ мешавад. Дастгоҳи қазоӣ ин муъаллимро ба ۱۰ солу ним зиндон, ду сол мамнӯъият аз узвият дар аҳзоби сиёсӣ ва гурӯҳҳои иҷтимоъӣ ва ҳамчунин мамнӯъияти хурӯҷ аз кишвар маҳкум кард.

Шаш муъаллим ва бознишастаи дигар низ ба далели ширкат дар ин таҷаммуъ ба ۹ моҳ зиндон ва ҷаримаи нақдии бадал аз шаллоқ маҳкум шуданд.

Маҳмуди Биҳиштии Лангрудӣ, Исмоъили Абдӣ, Руҳуллоҳи Мардонӣ, Алиакбари Боғбонӣ, Бахтиёри Орифӣ ва Муҳаммади Сонӣ, аз дигар фаъолони синфии муъаллимон, низ пештар ба зиндон ё табъид маҳкум шудаанд.

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)