خبرنگاران رادیو آزادی، بخش تاجیکی رادیو اروپای آزاد، برنده جایزه انستیتوی جنگ و صلح (IWPR) شدند.

Сарвинози Руҳуллоҳ ва Орзуи Карим – Акс аз сойти Родию Озодӣ

Хабарнигорони Радиои Озодӣ Сарвинози Руҳуллоҳ ва Орзуи Карим барандагони ҷоизаҳои намояндагии Институти ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон шуданд.

Маросими тақдими ҷоизаҳо рӯзи 5-уми ноябр дар меҳмонхонаи “Серена”-и шаҳри Душанбе бо ҳузури дипломатҳо аз Сафорати Амрико, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва васоити ахбори омма, баргузор шуд. Сарвинози Руҳуллоҳ, хабарнигори Радиои Озодӣ дар Бюрои Душанбе барандаи ҷоизаи вижаи “Инъикосгари масоили занону кӯдакон” шуд.

Орзуи Карим, хабарнигори Радиои Озодӣ дар ҷануби Тоҷикистон дар озмуни “Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон”, ҷои дувумро касб кард. Ҷойи якум Ҷамшеди Маъруф хабарнигор аз Суғд ва ҷои сеюмро Машҳур Имомназаров хабарнигор аз Бадахшон ба худ ихтисос доданд. Ба ғолибон ҷоизаҳои пулӣ ва диплом тақдим шуд.

Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи “Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон” озмуни миллии беҳтарин таҳқиқоти журналистиро моҳи сенятбр эълон карда буд.

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)