سازمان ملل متحد تایید پزشکی بکارت نورعروسان را که در دو سال گذشته در تاجیکستان رسم شده است، نقض حقوق بشر خواند و از دولتاین کشور خواست برای از بین بردن آن دست به اقدام‌های محکم و فوری بشود.
 
 
Пас аз ду соли расм шудани озмоиши бакорати наварӯсон дар Тоҷикистон, Созмони Милали Муттаҳид тоза рӯи ин мавзӯъ ангушт гузошта ва бо маҳкум кардани он аз давлати Тоҷикистон хостааст, ки ҳарчи зудтар ба ин амали таҳқиромез дар кишвараш поён бидиҳад. 
 
Дар соли ۲۰۱۷ беш аз ۸۰۰ духтари тоҷик қабл аз анҷоми маросими арӯсии худ мавриди муъояна ва санҷиши бакорат қарор гирифтаанд. Вале ин иқдом то ба ҳол боъиси ҳеч навъ ҳассосият дар ҷомеъаи тоҷик нашудааст. 
 
Соли ۲۰۱۳ дар Гурҷистон расонаӣ шудани ин мавзӯъ, ки беш аз ۴۰ духтар ба санҷиши бакорат водор карда шудаанд, вокунишҳои тунду интиқодомезе ба дунбол дошт. Он замон фаъолони ҳуқуқи башар дар Гурҷистон ба хиёбонҳо рехтанд ва бо шиъорҳои ҳимоят аз ҳаққи духтарон талош карданд, ки ба ин таҷрубаи дарднок барои духтарони худ поён бидиҳанд.
 
Дар Тоҷикистон чандин парвандаи худкушии наварӯсон, ки ба хотири тардиди домод дар бакорати онҳо даст ба худкушӣ задаанд, дар дасти баррасӣ аст. Қазияи Раҷаббӣ Хуршеди ۱۸-сола, ки дар чиҳилумин рӯзи наварӯсии худ даст ба худкушӣ зад, аз он ҷумла аст. Ҳарчанд Зафар Пиров, ҳамсари ӯ, акнун дар зиндон ба сар мебарад, аммо баҳси санҷиши бакорат дар ҷомеъаи тоҷик ҳамчунон идома дорад. 
 
Созмони Милал гуфтааст, ки санҷиши бакорат танҳо дар ҳолати таҷовуз ё мавориди пизишкӣ бояд анҷом шавад ва дар ғайри ин сурат як навъ таҳқири духтар ва зери по гузоштани ҳуқуқи инсонӣ ва аввалияи ӯ маҳсуб мешавад. Ҳамакнун равшан нест, ки дархости Созмони Милали Муттаҳид аз давлати Тоҷикистон барои поён додан ба мавориди санҷиши бакорат ба вокунишҳои ҷиддии фаъолони ҷомеъа мунҷар хоҳад шуд ё на.

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)

این یک مطلب قدیمی است و اکنون بایگانی شده است. ممکن است تصاویر این مطلب به دلیل قوانین مرتبط با کپی رایت حذف شده باشند. اگر فکر می‌کنید که تصاویر این مطلب ناقض کپی رایت نیست و می‌خواهید توسط زمانه بازیابی شوند، لطفاً به ما ایمیل بزنید. به آدرس: tribune@radiozamaneh.com