ششمین دوره جشنواره بین‌المللی فیلم «دیدار» در تاجیکستان شروع شد. این جشنواره هر دو سال در شهر دوشنبه برپا می‌شود و در طول ۱۲ سال شروع به فعالیت خود موفق شده میزبان فیلم‌سازان و هنرپیشه‌های خارجی باشد و در کنار نمایش فیلم‌ کراس‌های آموزشی سینما نیز ترتیب بدهد.

صفر حق‌داوف، مدیر جشنواره دیدار در دوشنبه

 
Ҷашнвораи филми “Дидор” танҳо ҷашнвораи байналмилалист, ки дар ҳар ду сол як бор дар Тоҷикистон баргузор мешавад. Маросими ифтитоҳияи ин ҷашнвора имрӯз, 16 моҳи уктубр, дар толори теотри Абулқосими Лоҳутӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. 
 
Ба ин ҷашнвора беш аз 40 филмсоз, мунтақиди филм ва ҳунарпешаҳои синемо аз кишварҳои мухталиф даъват мешаванд, ки ҳамзамон бо намоиши филмҳои худ бо филмсозони тоҷик низ дидор хоҳанд дошт. 
Ин бор дар ҷашнвора филмсозон аз 11 кишвари дунё, аз ҷумла Эрон, Афғонистон, Гурҷистон, Русия, Белорус, Омрико, Суис, Узбакистону Кирғизистон ва Қазоқистон ба Тоҷикистон сафар кардаанд.
 
Яке аз ҷаззобтарин барномаҳои ин ҷашнвора баргузории мостерклос ё барномаҳои омӯзишӣ бо ширкати филмсозони шинохта аст, ки таҷрубаҳои худро бо дӯстдорони синемо ва донишҷӯёну ҳунаромӯзон дар миён мегузоранд. 
 
Тайи 12 соли гузашта шаҳри Душанбе мизбони шаш даври ҷашнвораи байналмилалии “Дидор” бо мудирияти Сафари Ҳақдод, филмсози шинохтаи тоҷик, ва дар ҳамкорӣ бо Иттиҳодияи синемогарони Тоҷикистон будааст. Намояндагии Ожонси Ҳамкории Суис ва дафтари маҳаллии Сандуқи Сурус дар Душанбе аз ҳомиёни молии умдаи ин ҷашнвора ба шумор меоянд.

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)