خیرالله میرسعیداف، روزنامه‌نگار معروف تاجیک، که ماه اوت در نتیحه فشارهای سازمان‌های بین‌المللی و فعالان تاجیک حکم زندان ۱۲ ساله‌ او لغو و در قبال وثیقه ۸۰ هزار سامانی آزاد (برابر با ۱۰ هزار دلار آمریکایی) شده بود، گفته توان پرداخت وثیقه را ندارد. دادگاه دوشنبه زمان پرداخت وثیقه را به دو ماه تمدید کرده بود اما آقای میرسعیداف گفته که او درخواست شش ماه تمدید زمان پرداخت وثیقه کرده بود. حال بر اساس این تمدید او باید تا ۱۵ ماه دسامبر کل وثیقه را پرداخت کند در غیر صورت احتمال دارد که دوباره بازداشت و به زندان بازگردانده شود.

Хайрулло Мирсаидов (Акс аз родию Озодӣ)

Хайрулло Мирсаидов, рӯзноманигори тоҷик, ки бо фишорҳои байналмилалӣ аз зиндон озод шуд, ҳоло дубора дар хатари бозгашт ба зиндон аст. Ин дар ҳолест, ки муҳлати пардохти ҷаримаи додгоҳ, ки 80 ҳазор сомонӣ ё баробар бо 10 ҳазор дуллори омрикоист, то 15-уми моҳи десомбр тамдид шудааст.

Бо ин ки ин рӯзноманигор дархости шаш моҳ тамдид карда буд, аммо муҳлати пардохти ҷаримааш фақат ду моҳ тамдид шудааст. Хайрулло Мирсаидов дар гуфтугӯ бо расонаҳои дохилӣ гуфтааст, ки бо таваҷҷуҳ ба ин ки ҳамаи сармояашро барои бидеҳиҳои барномаи танзи КВН дода ва ба далели ин ки муддати зиёде ҳам бекор буд, тавони пардохти ин ҷаримаро надорад.

Хайрулло Мирсаидов, ки бегуноҳ дониста ва аз зиндон озод шуда буд, ҳоло равшан нест, ки ин маблағро барои чӣ бояд бипардозад. Дар ҳар сурат шароити кунунии ин рӯзноманигори маъруфи тоҷик ин аст, ки мумкин аст дубора ба хотири напардохтани ин ҷарима ба зиндон бозгардонида шавад.

Танҳо умеди ӯ ва наздиконаш ин аст, ки ҳар тавре шуда, чи бо кӯмаки тарафдоронаш ва чи созмонҳои байналмилалӣ, ки дар озод шудани ӯ нақши муҳим доштаанд, ин маблағ гирдоварӣ шавад. Ба гуфтаи Хайрулло Мирсаидов, ӯ ҳеч сармояе надорад ва дар манзили падару модараш ба сар мебарад, вагарна ҳозир буд сармояи худро бифурӯшад ва рӯзгори худро аз нав шурӯъ кунад. Хайрулло Мирсаидов аз моҳи август аз замоне, ки аз зиндон озод шуд ва ҳукми 12 соли маҳрумият аз озодии ӯ лағв шуд, дунболи бозгардондани саломати худ аст. Ӯ дар дар суҳбат бо родиюи Озодӣ гуфтааст, ки ҳанӯз ба зиндагонии одии худ барнагашта аст.

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)