رحیم ماسف، آکادمیک شناخته و استاد تاریخ تاجیکستان، امروز، پنج‌شنبه، ۲۱ ماه ژوئن، بر اثر سکته مغزی در ۷۹ سالگی در‌گذشت. به گزارش رادیو آزادی، مراسم خاک‌سپاری این پژوهشگر معروف تاجیک، فردا ساعت هفت صبح انجام می‌شود. رحیم ماسف در کشورهای سابق اتحادیه شوروی با کتاب‌های تاریخی «تاریخ تبر‌تقسیم»، «تاجیکان با مهر کاملا مخفی»، «تاجیکان: فشارآوری و اسیمیلاسیون» و «تاجیکان: تاریخ فاجعه ملت» شناخته شده است. او از سال ۱۹۸۸ تا ۲۰۱۵ رئیس بخش تاریخ، باستان‌شناسی و مردم‌شناسی آکادمی علوم تاجیکستان بوده و چندین جوایز علمی و افتخاری کشور روسیه و تاجیکستان را به دست آورده است.

رحیم مساف با کتاب «تاریخ تبر‌تقسیم» در دهه نود بین تاجیکان به عنوان تاریخ‌نگار واقع‌بین و جسور شناخته شد (عکس از سایت رادیو آزادی)

Гузориши Родио Озодӣ

Академик Раҳим Масов – донишманди маъруф, муаллифи китоби “Таърихи табартақсим” ва собиқ раиси Пажуҳишгоҳи таърих ва бостоншиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон – бар асари сактаи мағзӣ дар ۷۹-солагӣ даргузашт. Ин донишманди шинохта рӯзи ۲۱-уми июн ба шуъбаи эҳёгарии бемористони рақами сеи пойтахт интиқол ёфта буд.

«Ман дар хонаи бачагон дар “детдом” бузург шудаам. Касе набуд, ки дастгирӣ кунад. Ҳамаро бо заҳмати худ ба даст овардам.» Раҳим Масов

Маросими видоъ бо академик Раҳим Масов соати ۷-и рӯзи ۲۲-юми июн дар манзилаш, дар пушти Осорхонаи миллии бостоншиносии Тоҷикистон, баргузор хоҳад шуд. Сипас ӯро дар оромгоҳи Лучоб, дар канори Муъмин Қаноат ва Бозор Собир, ду шоири маъруфи тоҷик, дафн мекунанд.

Тарҷумаи ҳол:

Академик Масов зодаи ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буда, таҳсили ибтидоиро дар Хонаи бачагони Хоруғ ва Душанбе гирифтааст. Дар соли ۱۹۶۱ Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси таърихшинос хатм кард ва дар Академияи илмҳои Тоҷикстон ба кор оғоз намуд.

Аз маъруфтарин таълифоти академик Раҳим Масов китоби “Таърихи табартақсим” мебошад, ки ба гуфтаи донишмандон, гардише дар тафаккури таърихнигории кишвар буд. “Тоҷикон, бо муҳри комилан махфӣ”, “Тоҷикон: фишороварӣ ва ассилимилятсия” ва “Тоҷикон: таърихи фоҷиаи миллат” аз асарҳои дигари машҳури ин донишманд ба шумор мераванд.

​Академик Раҳим Масов аз соли ۱۹۸۸ то соли ۲۰۱۵ дар мақоми сарвари Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистон кор кардааст. Ӯ соли ۲۰۱۳ сазовори ҷоизаи “Ситораҳои Иттиҳод” гардида буд. Ин ҷоиза соли ۲۰۰۹ аз ҷониби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъсис ёфтааст.

 

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)

این یک مطلب قدیمی است و اکنون بایگانی شده است. ممکن است تصاویر این مطلب به دلیل قوانین مرتبط با کپی رایت حذف شده باشند. اگر فکر می‌کنید که تصاویر این مطلب ناقض کپی رایت نیست و می‌خواهید توسط زمانه بازیابی شوند، لطفاً به ما ایمیل بزنید. به آدرس: tribune@radiozamaneh.com