در تاجیکستان نخستین نیایشگاه پیروان آیین زرتشت را برقرار می‌کنند. این بنا با نام قاعه مغ معروف است و در کنار شرقی شهر استروشن در ولایت سغد قرار گرفته است که به گفته باستان‌شناسان محلی، از این محل هزار و پنصد سال قبل به عنوان آتشکده استفاده می‌شده است. به گزارش رادیو آزادی، برای انجام بازسازی این محل مقدس زرتشتیان بیش از هشت میلیون دلار آمریکایی از بودجه دولتی اختصاص داده شده است.

Дар Тоҷикистон нахустин ниёишгоҳ – ибодатгоҳи пайравони оини Зардуштро барқарор мекунанд. Ин ибодатгоҳ бо номи қалъаи Муғ маъруф аст ва дар канораи шарқии шаҳри Истаравшан дар вилояти Суғд қарор дорад.

Баротбой Ҷумъаев, мутахассиси ҳифзи ёдгориҳои таърихии шӯъбаи фарҳанги ноҳияи Истаравшан дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “асоси Муғ ин ниёшгоҳи Зардуштиён аст. Вақте Куруши Кабир дар солҳои ۸۵۸-۸۳۰ пеш аз мелод шаҳрро сохт, дар ҳамин баландӣ зардуштиён оташ фурӯзон мекарданд. Худи калимаи Муғ низ маънои баландиеро дорад, ки дар он оташ афрӯхта мешавад”.

Ба гуфтаи Баротбой Ҷумъаев, ибодагоҳи зардуштӣ дар маркази қалъаи Mуғ қарор дорад ва айни замон он ба ҳамон шакли пешинаи худ барқарор мешавад. Ин масъули ҳукумати Истаравшан гуфт, як зумра саҳифаҳои муҳими таърихи Тоҷикистон бо ин ниёишгоҳ вобаста аст ва аз ин рӯ барқарор сохтани ӯ ба шакли пешина ниҳоят муҳим аст.

Ӯ гуфт: “Ин мавзеъ ۱۵۰۰ сол ҳамчун оташкада ибодатгоҳи зардуштиён буд. Дар замони ҳамлаи Искандари мақдунӣ мардум дар ҳамин ниёишгоҳ истеҳком гирифта, моҳҳои зиёд муқовимат карданд. Танҳо пас аз ҳамлаи арабҳо ва қатли беки Истаравшан, ин қалъа вайрон ва талаву тороҷ карда шуд”.

Ҷумъаев гуфт, қалъаи Муғ баёнгари пешинаи оини зардуштии миллати тоҷик ва ватандӯстиву ҷоннисории мардум барои ҳимояти ватан аз таҳоҷуми бегонагон аст ва насли навин бояд аз ин огоҳ шавад.

“Барои тармими ин қалъа аз ҳисоби будҷа дар маҷмӯъ ۸,۵ миллион сомонӣ ҷудо шуд. Аммо ин маблағ барои пурра барқарор кардани қалъа кифоя набуд. Аз ин рӯ, маблағҳои соҳибкоронро мо барои барқарор кардани ин қалъа ҷалб кардем”,- иброз дошт Ҷумъаев.

Ин мақоми ҳукумати Истаравшан мегӯяд, барои барқарор кардани қалъаи Муғ то ин замон ۲۶ миллион сомонӣ маблағ сарф шуда, ۸۰ дарсади бино аллакай омода аст. Ба гуфтаи ӯ, интизор меравад, сохтмони ин ниёишгоҳ дар маркази қалъа то рӯзи ҷашни Ваҳдати миллӣ пурра анҷом ёбад.

Тоҷикон то зуҳури Ислом пайрави дини “Маздо ясно” ва ё оини зардуштӣ буданд. Аммо пас аз ҳамлаи арабҳо, ۱۳۰۰ сол боз пайрави дини Ислом ҳастанд. Бинобар ин, ҳама чизе вобаста ба эҳёи расму оину Зардуштӣ дар Тоҷикистон аз сӯи ҷомеаи қабул намешавад ва баръакс дучори аксуламал мегардад.

Фаридун Ҳодизода, таҳлилгари масоили динӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, бадбинӣ ба пешинаи зардуштӣ дар кишвар хеле зиёд аст, чун сатҳи хурофот дар кишвар хеле баланд мебошад. Ӯ гуфт, “ҳарчанд бадбинӣ нисбат ба пешинаи зардуштӣ ва ҳама чизи вобаста ба он зиёд аст, аммо мо бояд таърихи худро эътироф кунем. Онро инкор карда намешавад. Агар мо аз пешинаи зардуштӣ ва ин оину фарҳанг даст кашиданӣ бошем, пас бояд аз “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ низ бояд рӯ битобем. Чунки чанд фасли “Шоҳнома” ба оини зардуштӣ бахшида шудааст”.

Ҳодизода мегӯяд, пайравони оини зардуштӣ ҳатто дар Ҷумҳурии исломии Эрон ва Афғонистон то ба ҳол ба сар мебаранд ва касе онҳоро ба канор гузоштани динашон маҷбур намекунад. Ҳодизода афзуд, дар Тоҷикистон ҳам пайравони оини зардуштӣ ҳастанд, аммо ҳувияти дини худро аксаран пинҳон медоранд, чун дар ғайри сурат метавонад ҷомеаи онҳоро қабул намекунад ва ҳатто метавонад ба ҳаёти ӯ хатар эҷод кунад.

Ба ҳайси далел, Ҳодизода аз ҳодисаи қатли Рӯдакӣ Самадов, роҳбари Анҷумани фарҳангии “Маздо Ясно” дар тобистони соли ۲۰۰۱-ум ёдовар шуд. Рӯдакӣ Самадов, яке аз тарғибгарони таълимоти Зардушт ва ҷонибдорони эҳёи фарҳанги ориёӣ буд ва эҷодиёти солҳои ахири ӯ дар соҳаи синамо ва театру нашри китобҳо асосан ба Зардушт рабт дошт. Яке аз сабабҳои қатли ӯ низ мансубияти диниаш дониста мешуд.

Бархе аз соҳибназарон мегӯянд, ба оини зардуштӣ ҳамчун як таърих ва фарҳанги қадимӣ арҷ мегузоранд, аммо талошҳои охири давлат барои эҳёи ин оин ангезаҳои исломзудоӣ дорад ва аз ин рӯ аз сӯи ҷомеа хуб қабул карда намешавад.

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)

این یک مطلب قدیمی است و اکنون بایگانی شده است. ممکن است تصاویر این مطلب به دلیل قوانین مرتبط با کپی رایت حذف شده باشند. اگر فکر می‌کنید که تصاویر این مطلب ناقض کپی رایت نیست و می‌خواهید توسط زمانه بازیابی شوند، لطفاً به ما ایمیل بزنید. به آدرس: tribune@radiozamaneh.com