اسفندیار آدینه، روزنامه‌نگار تاجیک، از علاقه زیاد تاجیکان در خوشنویسی با خط فارسی نوشته است. او می‌نویسد که امروز، هشتم ماه مه، در نمایشگاهی که عربستان سعودی در شهر دوشنبه برگزار کرده، مشاهده کرده است که غرفه خوشنویسی از پرمشتری‌ترین غرفه این نمایشگاه بوده است.

Ки мегӯяд мардуми мо ба хатти порсӣ ва хушнивисӣ ъалоқа надоранд? Ҳамин дирӯз дар намоишгоҳи Ъарабистони Саъудӣ дар дохили теотри уперо ва болле мушоҳида кардам, ки ғурфаи хушнивисӣ пурмуштаритар аз дигар ғурфаҳоааст. Баъд мутаваҷҷеҳ шудам, ки мардуми зиёде навбат истода буданд ва аз як марду як зани ъараб мехостанд, ки дар коғаз номҳои онҳоро хушнивисӣ кунанд. Фикр мекунам ин хушнивисони ъараб хеле пул ҷамъ оварданд. Албатта, нӯшашон бод!

Чанд рӯз қабл, вақте рӯзҳои фарҳанги Ъарабистони Саъудӣ дар Китобхонаи Миллӣ шурӯъ шуд, мушоҳида кардам, ки ъарабҳо пас аз сайр дар бархе толорҳои ин китобхона мехостанд бибинанд, ки оё инҷо толори хушнивисӣ ҳам ҳаст ё на. Вазири фарҳанг мехост онҳоро ба толори хушнивисӣ барад, ки касе аз масъулон гуфт, хушнивисӣ надорем! Яъне меҳмонон мехостанд бо ҳунари хушнивисии тоҷикон ошно шаванд, аммо ному нишоне аз он наёфтанд!!!

Воқеъан хиҷолатбор аст, ки пешиниёни мо ба хушнивисии порсӣ дар Ъарабу Ъаҷам шуҳра бошанду имрӯз мо натавонем ин ҳунари худро ба меҳмонони хориҷӣ, аз ҷумла ҳамин аъроб, ки беш аз хушнивисии ъарабӣ шайдову ъошиқи хушнивисии порсӣ ҳастанд, нишон бидиҳем!!!

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)