Аввалин Ҳамойиши фарҳангии тоҷикон дар чи соли гузашта таҳти мавзӯи “Шеър – пайвандгари миллатҳо” дар Тошканд.

Тавре ки чанд рӯз пеш Аминағапаи Самарқандӣ (Шарофиддинова) хабар дода буданд, имрӯз ۲۷ январи соли ۲۰۱۸ дар кохи Маркази байналмилалии фарҳангии Ӯзбакистон ҳамойиши фарҳангии тоҷикони ҷумҳурӣ дар мавзӯи “Шеър – пайвандгари миллатҳо” баргузор шуд.
Дар ин нишаст шоиру нависандагон, асотиду омӯзгорон, равшанфикрон ва дӯстдорони каломи ноби тоҷикӣ аз гӯшаю канори мухталифи кишвар, минҷумла, аз шаҳру навоҳии устонҳои Тошканд, Самарқанд, Сурхондарё, Қашқадарё, Фарғона, Навоӣ, Бухоро, Дизак ширкат варзиданд. Ҳамойиши шеъру шоирӣ бо сухани муқаддимавии Шарофатбону Ҷӯразода – раиси Маркази милпӣ-фарҳангии тоҷикони ҷумҳурӣ оғоз ёфт ва раҳбарию раёсати он аз сӯйи шоир Ҷаъфари Муҳаммад сурат гирифт.

Ҷеҳраҳои тоҷики Ӯзбекистон

Ҳозирин бо беҳтарин намунаҳои шеъри муосири форсӣ-тоҷикии Ӯзбакистон ошно шуданд. Шоирони шинохта, аз қабили, Абдулло Субҳон, Парисо, Дилшода Фарҳодзод, Асадуллоҳ Шукурзода, Расулбеки Аҳмадзод ва дигар ҷавоншоиру дӯстдорони шеъру адабиёт аз эҷодиёти худ ва аз дурдонаҳои назми тоҷикӣ-форсӣ қироат карданд. Ба ҳамойиш оҳангу сурудҳои дилнишин бо садои Раҳимҷон, Улуғбек ва рақсҳои дилрабои тоҷикдухтарон, ки либосу оройиши миллӣ доштанд, ҳусни бештар ато намуд.
Бояд гуфт, ки рӯзномаҳои “Овози тоҷик” (Тошканд), “Овози Самарқанд” (Самарқанд) ва “Ховар” (Тирмиз) ва шуъбаҳои тоҷикии радио ва телевизиони ҷумҳурӣ ва устонҳо аз ҷумлаи асоситарин расонаҳои ҳамагонии тоҷикии Ӯзбакистон маҳсуб мешаванд ва дар таблиғу тарвиҷи адабиёти тоҷикӣ-форсии кишвар саҳми босазо доранд. Бо ин ҳол, бояд иқрор шуд, ки ин ҳама таблиғот кофӣ ва ба ниёзмандиҳои миллати тоҷик ҷавобгӯ нест. Вақте ки ровии нишаст Ҷаъфари Муҳаммад эълом дошт, дар Ӯзбакистон бештар аз ۵۰۰ нафар шоиру нависанда, билхосса, зиёда аз ۴۰۰ нафар шоир (?) қаламбадаст ҳастанд, ҳама ба шигифт омад. Табиист,ки суол пеш меояд: киҳоанд онҳо? Пас, тоҷикон бояд “бедор” шаванд, ин панҷсад нафарро ба ҳамагон ошкор созанду муаррифӣ! Дар ин росто баргузории ҳамойиши шеъри имрӯза чакрае аз баҳр асту халос…

Агар тоҷик дасти ҳам бигирад,
Зи домони хирад маҳкам бигирад.
Шукӯҳу шуҳрату овозаи ӯ,
Як олам чист, сад олам бигирад!
(Абдулло Субҳон)

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)

این یک مطلب قدیمی است و اکنون بایگانی شده است. ممکن است تصاویر این مطلب به دلیل قوانین مرتبط با کپی رایت حذف شده باشند. اگر فکر می‌کنید که تصاویر این مطلب ناقض کپی رایت نیست و می‌خواهید توسط زمانه بازیابی شوند، لطفاً به ما ایمیل بزنید. به آدرس: tribune@radiozamaneh.com