Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеъи шинохтаи тоҷик, имрӯз ۴-уми январ дар Хуҷанд, бар асари зотуррия, илтиҳоби рия (шуш) даргузашт. Ӯ вакили мудофеъи бисёре аз рӯзноманигорон, тоҷирон ва шаҳрвандони ба ноҳақ боздоштшудаи тоҷик, аз ҷумла, Урунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ дар Хуҷанд буд. Фаъолиятҳои бедареғи ӯ ҳамвора мунҷар ба озодии бисёре аз ин зиндониён шудааст. Нотарсӣ ва хастагинопазирии ин зани шуҷоъ ва ҷасур буд, ки боиси мамнуъи хурӯҷи ӯ аз кишвар ва масдуд шудани иҷозаи кори расмии ӯ ба унвони вакил шуд.

Стив Свердлов, муҳаққиқи вижаи Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар дар Осиёи Миёна имрӯз дар Твитери худ навишт: “Ҷаҳон яке аз қаҳрамонҳояшро имрӯз аз даст дод. Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеъи нотарс, чеҳраи барҷастаи мухолифи давлат, муборизи ҳуқуқи занон ва ҳуқуқи аввалияи инсонӣ буд.”

Созмони Уруосиёии Мудофеъони Ҳуқуқи Шаҳрвандӣ (CRD Euroasia) навиштааст: “Мо аз даргузашти Файзинисо Воҳидова, ҳамкори шуҷоъ, яке аз ошкорбаёнтарин мудофеъони ҳуқуқи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, бисёр андӯҳгин ва мутаассирем. Дар ин ғами бузург ҳамдарди аҳли хонавода, азизон ва ҳамкорони ӯ ҳастем. Даргузашти новақт ва зудҳангоми Файзинисо Воҳидова, бохти азиме барои ҷомеъаи мадании Тоҷикистон аст.”

Ҳамин тавр, бисёре аз корбарони тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоъӣ аз ин фоҷеъа ибрози андӯҳ кардаанд ва ёдовари боварҳо ва талошҳои ин зани муъассир дар зиндагонии худ шудаанд. Файзинисо Воҳидова ба унвони намунаи барҷастаи инсони озод, озодандеш ва мубориз дар ҷомеъаи муъосири Тоҷикистон дар ёдҳо хоҳад монд.

Бархе аз фаъолони ҳуқуқи башар ва шаҳрвандони пешгоми ҷомеъаи тоҷик муътақиданд, ки бояд ба номи ин зани муборизи тоҷик ҷоизаи байналмилалӣ ва ғайридавлатии ҳуқуқи башарӣ таъсис ёбад ва солона ҷиҳати тақдир аз пайравони роҳи ӯ, эъто шавад.

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)

این یک مطلب قدیمی است و اکنون بایگانی شده است. ممکن است تصاویر این مطلب به دلیل قوانین مرتبط با کپی رایت حذف شده باشند. اگر فکر می‌کنید که تصاویر این مطلب ناقض کپی رایت نیست و می‌خواهید توسط زمانه بازیابی شوند، لطفاً به ما ایمیل بزنید. به آدرس: tribune@radiozamaneh.com