صفحه ویژه فیلم
ساخته مصطفی هروی، فیلمساز شناختهشده ایرانی مقیم هلند، با پشتبانی مالی بنیاد رسانهایی زمانه. این فیلم حال در دسترس عموم قرار دارد و آن را میتوانید در این صفحه ببینید.
د ر ادامه این فیلم متن سخنرانی رینیکه فان سانتن، مدیر اجرایی زمانه را میتوانید با خط سیریلیک بخوانید و ویدیوی آن را با زبان انگلیسی ببینید:
Матни суханронии Ренека фон Сантен, мудири ичроии бунёди расонаии Замона дар Холланд, дар мехмонии Замона дар торихи ۹ новембери соли ۲۰۱۸ дар Амстердам, дар хошияи пахши филми “Соъати панҷи субҳ буд” филме, ки Мустафо Херави, филмсози эронии мукими Холанд, бо пуштибонии молии Замона сохта аст.
Мехостам бо суол шурӯъ кунам: Соъати панҷи субҳ чи иттифоқе меуфтад? Соъати панҷи субҳ дар Эрон чи иттифоқе меуфтад? Имшаб инҷо бо ҳам ҳастем, то шаби зебое дошта бошем ва аз ҳунар ва озодӣ таҷлил кунем. Баъзе аз шумо хабар доред, ки мо дар Замона медонем чи тур меҳмонӣ ва ҷашн баргузор кунем. Ҳамон тур ки худатон мебинед ва тибқи интизороте, ки аз мо доред, маъмурияте ҳам дорем ва қиссае барои гуфтан.
Соъат панҷи субҳ буд. Ва ӯ ба худаш омаду мутаваҷҷеҳ шуд, ки дар як клос дар як мадрасаи ибтидоӣ охири тобистони ۵۸ дар Аҳвоз дар ҷануби Эрон буд. Он замон ӯ як духтари донишомӯзи ۸ ё ۹-сола набуд. На, ۲۵ сол дошт, ки дастгир шуд ва ба хотири боварҳояш дар мавриди озодӣ ва демукросӣ ба зиндон уфтод. Ҳафт моҳ баъд аз инқилоби ۵۷ (инқилоби исломии ۱۹۷۹) буд ва ӯ то онҷо фаъолона барои озодӣ ва ҳуқуқи баробар ҷангида буд. Аммо хушҳолӣ барои ин тағйире, ки муддатҳо буд орзӯяшро дошт, давом наовард ва басуръат ҷояшро чизи дигаре гирифт. Табъан аввалин қурбониён (дар он солҳо) занон буданд. Дар як чашм ба ҳам задан диданд, ки ҳуқуқашон аз онҳо гирифта шуд. Бино бар ин, дубора садояшонро ба эътироз баланд карданд. Наметавонистанд сокит бимонанд, вале мушти режими ҷадид муҳкам буд. Дастгириҳои густарда, прусеҳои додгоҳии сареъу кӯтоҳ ва муҷозоти эъдом. Ба теъдоди дастгиршудагон зиндон вуҷуд надошт. Ва ба ҳамин хотир он тобистон вай дар мадрасае нигаҳдорӣ мешуд, ки ба зиндон табдил дода шуда буд. Ва аз солунҳои имтиҳонаш ба унвони додгоҳ истифода мекарданд. Ҳар шаб баъд аз соати ۱۰ муҳокимаҳои додгоҳӣ шурӯъ мешуданд ва ба дунболи он эъдомҳо дар соъати ۱-и субҳ анҷом мешуд. Ӯ бедор мемонд ва теъдоди куштаҳоро мешумурд. Оё нафари баъдӣ манам? Кай? Соъат ۵-и субҳ буд ва тирборонҳо тамом шуда буданд. Базудӣ меомаданд, то зиндониҳоро ба дастшӯӣ бибаранд. Ва ӯ медонист, ки чи чизе дар интизорашон аст.
Медонед? Мадраса ҳаёти бузурги пурдарахте дошт ва онҳо барои ин ки ба дастшӯиҳо бирасанд, бояд аз ин тарафи ҳаёт ба он тараф мерафтанд ва аз байни дарахтҳо рад мешуданд. Ҳамон дарахтҳое, ки чанд соъат қабл зиндониёни эъдомӣ ба онҳо баста шуда ва тирборон шуда буданд. Ба соқаҳои қирмизи дарахтҳо нигоҳ мекард, ки ғарқи хуни тоза ва пур аз сӯрох буданд. Ба худаш фикр мекард, ки чи тур ин дарахтҳо ҳанӯз зинда мондаанд. Дар тӯли моҳҳое, ки онҷо зиндонӣ буд, ин раванд идома дошт. Кам-кам мутаваҷҷеҳ шуд чиро бисёре аз одамҳо ошиқи ин шеъри қадимии форсӣ буданд:
“Аз хуни ҷавонони Ватан лола дамида…”
Шумо хуб медонед. Аз хуни ҷавонони Ватан лола дамида… Ин бахше аз қиссаи зиндагии яке аз ҳамкорони ман аст. Ӯ моил нест, ки номаш бурда бишавад, аммо солҳои сол аст, ки бо Замона ҳамроҳ буд. Ва ҳамаи касоне, ки баъд аз ӯ ба Замона пайвастанд, қиссае мушобеҳ бо қиссаи ӯро доранд. Аз эъдомҳои соли ۶۷, аз ҷунбиши сабзи ۸۸, ё бахше аз эътирозоти ахир, ки ҳамин чанд моҳ пеш иттифоқ уфтоданд.
Иҷоза бидиҳед каме аз ҳамкоронам барои шумо бигӯям. Бештари онҳо барои таҳсил ба Урупо наёмаданд. Ва тӯи гузарномаҳояшон визое сабт нашуда буд. Баъзе аз онҳо ҳатто маҷбур ба муҳоҷират аз тариқи қочоқчиёни инсон шуданд. Ва аксари онҳо муддати зиёдеро дар кемпҳои паноҳҷӯён гузаронданд. Ҳамаи онҳо як мушахасаи вижа доранд.
Онҳо саршор аз истеъдод, мунъатиф ва боангезаанд. Хонаводаи Замона дар сартосари ҷаҳон аз гурӯҳе аз рӯзноманигорони хориқулъода, шуҷоъ ва боистеъдод ташкил шудааст. Онҳо нависандаанд, мусиқидон, ҳунарманд, шоъир ва рӯшанфикранд. Ва ҳама ровии қиссае ҳастанд. Ҳамаи мо аз як чиз ангеза мегирем: эътиқоде росих ба қудрати расонаи мустақил. Қудрати расона ва ривоят барои бармало кардани ҳақиқат, барои халқи гуфтугӯ ва барои барангехтани андешаи интиқодӣ. Пуружае, ки имшаб барои шумо намоиш дода мешавад, филми кӯтоҳи беназирест, сохтаи Мустафо Ҳиравӣ, ки чандин тан аз ровиёни барҷастаи мо дар он нақш доранд. Касоне, ки аз имконоти маъмули инсонӣ барои ривояти як қисса ва ибрози як эътироз фаротар рафтаанд. Имшаб мо бо садои баланд дар ҳимоят аз равияи қазоӣ ва додгоҳи одилона дар Эрон эътироз мекунем. Бо хариди билет ва ширкат дар барномаи имшаб шумо аз ҳамаи ровиёни қиссаи ҷамъи мо ҳимоят кардед.
Ва моилам аз тарафи ҳамаи онҳо бигӯям: муташаккирам!
Видеои ин суханрониро метавонед дар инчо тамошо кунед:
نظرات
این یک مطلب قدیمی است و اکنون بایگانی شده است. ممکن است تصاویر این مطلب به دلیل قوانین مرتبط با کپی رایت حذف شده باشند. اگر فکر میکنید که تصاویر این مطلب ناقض کپی رایت نیست و میخواهید توسط زمانه بازیابی شوند، لطفاً به ما ایمیل بزنید. به آدرس: tribune@radiozamaneh.com
هنوز نظری ثبت نشده است. شما اولین نظر را بنویسید.