سفرنامه ابراهیم مهتری، عکاس ایرانی به بلخ، با دو خط: فارسی و سیریلیک. شما هم می‌توانید سفرنامه خود را از کشورهای همزبان و همسایه برای ما بفرستید.این سفرنامه را می‌توانید در اینجا با خط فارسی بخوانید.

Акс аз Ибоҳими Меҳратӣ, аккоси иронӣ, ки се сол дар Афғонистон зиндагони кард ва оно аз зовияи дигар ба навор бардошт

Мо одамҳо одат дорем мудовим барои худ хиёли хоми маъшуқеро миёнаи ин зеҳни нобакор парвариш бидиҳем, ки ‘шохисаҳое мушобеҳи маҳбуби дастнаёфтаниро дорад.’ Ишқе афлотунӣ, ки ҳама зебоист. Барои ман аз кӯдакӣ Робеъа ҳамон маҳбуби дастнаёфтаниро месохт. Вақте расидам Мазори Шариф, мудовим висоли ин маъшуқро металабидам. То ин ки ба лутфи бародарам Тоҳир роҳии Балх шудем. Аз Мазори Шариф ҳаракат, ки кардем, танам нохоста меларзид. Атраш миёни ҳаво раҳо буд. Ба Балхи бостон, ки расидем, беқарортар шудам. Дар ба дари кӯчаҳо шудам ба шавқи висолаш. Духтаракеро дидам, ки чодари сапеде дошт ва атри гулҳои ваҳшӣ аз чодараш фаварон мекард. Пурсидам маъшуқ куҷо орамида? Дастони ҳиношудаашро аз зери бурқаъи сафед берун кашиду гуфт наздики ҳамон дарахти калон аст. Роҳамро каҷ кардам, медонистам бо нигоҳаш таъқибам мекунад. Буландтарин дарахтро нишон кардам ва ба роҳ уфтодам. Ба Робеъа фикр мекардам. Робеъае, ки панҷараи шеърро занона гушуд. Саъй доштам тундтар гом бардорам ва зудтар ин маъшуқаи ҳамаи давронҳоро бибинам. Фикр мекардам Бактошам ва ӯро дар кӯчабоғҳои Балх гум кардаам. Эҳсос мекардам касе ба мувозоти ман қадам бармедорад. Метавонистам бифаҳмам, ки кӯчак аст, садои гомҳояш тезтар аз гомҳои ман, аммо мувозӣ буд. Наздики масҷиди Хоҷа Порсо, ки расидам, баргаштам, хандид, зебо хандид. Писараки зеборӯям хуш механдид. Аз он хандаҳои ваҳшӣ, ки дар шаҳр ноёб шуда, гуфт: «Бурутӣ». Зиёд шунидаам ин вожаро.
Гуфт: Мазори Робеъаро меполӣ?
Гуфтам: Бале…, номат чист?
Ҳисомуддин… ма мерасонамат, наздик шудӣ. Бурутҳоят мақбул аст. Зебо механдид ва аз бисёре аз кӯдаконе, ки дар ин чанд вақт дидам, кӯдактар ва тозатар буд. Яъне мешуд гуфт бӯи кӯдакӣ ва шодобӣ медод. Аз сари лутфаш ҳамроҳияшро қабул кардам. Дигар Бактош набудам, ӯ Бактош буд! Ҳисомуддин буланд механдид ва ман ором садои занеро мешунидам, ки бояш мехонад.
Турк аз дар даромад, хандонак,
Он хубрӯи чобук, меҳмонак.
Ва баъд вориди ҳаёти масҷид шудам, ангор овор бар сарам хароб шуда буд. То висол ۱۲۴ қадам боқӣ монда буд. Меларзидам… Бӯи хун меомад… Дилам мехост дод бизанам: Ҳазрати маъшуқ духтари Каъби Қуздорӣ, Робеъаи Балхӣ, ман куҷоро ба ҷустуҷӯи даме муҷовиратат биҷурам? Маъшуқе, ки бо султони калом Рӯдакӣ дидор ва мушоъира доштӣ ва ҳатто поят аз корвони алқобаш наларзид, куҷоӣ?

Ёди ин шеъри Аттор дар ком вопасин роҳи нафасамро мебурд:
Нишаста буд он духтар дилафрӯз,
Ба роҳу Рӯдакӣ мерафт як рӯз.
Агар байте чу оби зар бигуфтӣ,
Басе духтар аз он беҳтар бигуфтӣ.
Басе ашъор гуфт он рӯз устод,
Ки он духтар муҷоботаш фиристод.
Зи лутфи табъи он дилдода дамсоз,
Таъаҷҷуб монд онҷо Рӯдакӣ боз.

Канорам гомҳои Абӯсаъидро хуш ҳис мекардам, ки бароям қисса мекард:
“Ман ин ҷониб расидам ва аз ҳоли духтари Каъб пурсидам, ки ориф будааст ё ошиқ? Ҷавоб доданд ашъоре, ки бар забони ӯ ҷорӣ буда, далели ин аст, ки дар ишқи маҷозӣ эҷоди ин қадр сӯзу гудоз мумкин нест, дар шеъри ӯ ҳазл аслан вуҷуд надорад, балки дар ҳамаи ҷо ӯ зоти қадим (ҷалла шаънуҳу)-ро хитоб кардааст. “
Аммо ман ошиқ маъшуқи Бактош будам ва ӯ ошиқи Бактош. Ва расидам ором аз пиллаҳо пойин рафтам, кошии фирӯзаӣ ва лоҷувардӣ андомашро пӯшида буд, Бӯсидамаш. Намедонам поҳо ё пешонӣ, вале бӯи хун меомад, бӯи зане, ки тамоми девонро девонавор бар девори ҳаммом навишт, то мабодо аз ӯ калимае ғайри оғушта ба хун боқӣ бимонад.

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)

این یک مطلب قدیمی است و اکنون بایگانی شده است. ممکن است تصاویر این مطلب به دلیل قوانین مرتبط با کپی رایت حذف شده باشند. اگر فکر می‌کنید که تصاویر این مطلب ناقض کپی رایت نیست و می‌خواهید توسط زمانه بازیابی شوند، لطفاً به ما ایمیل بزنید. به آدرس: tribune@radiozamaneh.com