زهرا حسینی در گفت‌وگوی مفصلش با «زمانه» به این واقعیت اشاره کرد که معمولاً از زنان ورزشکار می‌خواهند در برابر سرکوب‌های اجتماعی و حمله‌های انتحاری، «قهرمانی کنند» و دست از آرزو و تلاش‌های خود نکشند. اما به باور او، رفتار قهرمانانه زنان ورزشکار تنها یک بخش از بهبود دادن فضا و وضع ورزش کشور است؛ و بخش مهم آن پشتیبانی سازمان‌دهی‌شده دولت است که همیشه ضعیف و مقطعی بوده. این گفت‌وگو و گزارش را می‌توانید در اینجا با خط فارسی نیز بخوانید.

Заҳро Ҳусайнӣ, аввалин дучархасавори зани бомиёнӣ

Пас аз расонаӣ шудани дастури Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳурии Афғонистон, ба додситонии кул барои баррасии иттиҳомоти озори ҷинсиии духтарони варзишкор баҳс дар бораи ин мавзӯъ дар ҷомеъаи Афғонистон бори дигар боло гирифтааст.
Ҳарчанд барои занони варзишкори ин кишвар ин аз масоилест, ки мудом мавзӯъи рӯз буда ва баҳсу гуфтугӯҳо дар бораи он ҳамеша вуҷуд доштааст. Занони фаъоли Афғонистон бар онанд, ки то ин масъаларо решакан накунанд, сукут нахоҳанд кард.

Шикастани сукути худ аммо мунҷар ба мушкилоти дигаре барои ин занони фаъоли ҷасури варзишкор шуда. Бисёре муътақиданд, ки то ҳамаи занони варзишкор сукути худро нашкананд ва аз таҷрубаҳои озору азияти ҷинсии худ бо расонаҳо суҳбат накунанд, ин мавзӯъ ҳамчунон тобу боқӣ хоҳад монд ва решакан кардани он таҳаққуқ нахоҳад ёфт.

Ба гузориши вебсойти хабарии «Ҳашти субҳ», Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳурии Афғонистон, душанбеи 12-уми озар дар дидор бо раиси Кумитеи миллии улампик ва шуморе аз варзишкорони кишвар навиштааст, ки гузоришҳо дар мавриди иттиҳомоти бадрафтории ҷинсӣ бо духтарони варзишкор такондиҳанда аст.»

Аммо ин гузоришҳо ҳаргиз тоза набудаанд ва занони варзишкори дохили кишвар аз ин масъала борҳо суҳбат кардаанд ва онро яке аз доғтарин масоили иҷтимоӣ медонанд.

Аммо ба гуфтаи Заҳро Ҳусайнӣ, аввалин дучархасавори зани бомиёнӣ, ҳар бор ки зани варзишкоре сукути худро шикаста ва аз таҷрубаи озору азияти ҷинсӣ дар муҳити кор ва аз ҷониби афроди масъул гуфтааст, мавзӯъи ҷолибе барои пӯшиши хабарӣ шуда, вале зуд ба фаромӯшӣ супурда шудааст.

Заҳро Ҳусайнӣ мепурсад: “Чаро занон ба мудирияти созмонҳои варзиши миллӣ интихоб намешаванд?”

Заҳро Ҳусайнӣ дар гуфтугӯи муфассалаш бо «Замона» ба ин воқеъият ишора кард, ки маъмулан аз занони варзишкор мехоҳанд дар баробари саркӯбҳои иҷтимоъӣ ва ҳамлаҳои интиҳорӣ «қаҳрамонӣ кунанд» ва даст аз орзу ва талошҳои худ накашанд. Аммо ба бовари ӯ, рафтори қаҳрамононаи занони варзишкор танҳо як бахш аз беҳбуд додани фазо ва вазъи варзиши кишвар аст ва бахши муҳимми он пуштибонии созмондиҳишудаи давлат аст, ки ҳамеша заъиф ва мақтаъӣ буда.

Заҳро Ҳусайнӣ мегӯяд яке аз масоили муҳимме, ки занон барои интихоб шудан дар тимҳои миллӣ ва барои ширкат дар бозиҳои байналмилалӣ бо он рӯбарӯ ҳастанд, масъалаи хостаҳо ва озорҳои ҷинсӣ аст. Ба гуфтаи ӯ, бархе аз истеъдодҳои дурахшони Афғонистон ба хотири муқовимат дар баробари ин даст хостаҳо баночор аз ширкат дар бозиҳои байналмилалӣ инсироф додаанд. Хонум Ҳусайнӣ муътақид аст яке аз роҳҳои пешгирӣ аз чунин суиистифодаҳое ин аст, ки занони бособиқа ва арзандаро ба мудирияти кумисиюнҳои интихоби истеъдод бигуморанд.

Ин гуфтугӯро метавонед дар инҷо гӯш бидиҳед:

 

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)