گروهی از پزشکان تاجیک و ایرانی، برای مهشید حامدی (برومند)، همسر ابی، آوازخوان معروف ایرانی مقیم آمریکا، در یکی از بیمارستان‌های شهر دوشنبه، پایتخت تاجیکستان، عمل پیوند کلیه جدید انجام داده اند.

Акс аз родиюи Озодӣ

Гурӯҳе аз ҷарроҳони тоҷик ва эронӣ ҷарроҳии гурда (куля)-и Маҳшеди Ҳомидӣ (Барӯманд), ҳамсари хонандаи маъруфи эронии муқими Омрико, Эбиро анҷом додаанд. 
Ин амали ҷарроҳӣ рӯзи чаҳоршанбеи ۱۰ уми октябр дар шаҳри Душанбе анҷом шуда ва ҳам ҷарроҳон ва ҳам бастагони Маҳшеди Ҳомидӣ ҳоли ӯро мусоид ва рӯ ба беҳбуд тавсиф кардаанд. 
 
Барои анҷоми ин амали ҷарроҳӣ ҳамроҳ бо Маҳшеди Ҳомидӣ Эбӣ, ҳамсараш, Фаршеди Ҳомидӣ, писари онҳо, ба ҳамроҳии дӯстони наздики худ ба Душанбе омадаанд.
 
Эбӣ, дар гуфтугӯ бо родиюи Озодӣ, бахши тоҷикии родиюи Урупои Озод, гуфт ۲۷ сол аст бо хонуми Ҳомидӣ, ҳамсараш, зиндагонии муштарак дорад ва ҳамчунон ошиқи ҳам ҳастанд. Ӯ ҳамчунин гуфта, ки тамоми таронаҳои ошиқонаи худро барои ҳамсараш Маҳшед сурудааст.
 
Маҳшеди Ҳомидӣ ۵۳ сол дорад ва солҳо аз бемории куля ранҷ мебурда ва ҳол куляи яке аз бастагони ӯ ҷойгузини куляи ӯ шудааст.

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)

این یک مطلب قدیمی است و اکنون بایگانی شده است. ممکن است تصاویر این مطلب به دلیل قوانین مرتبط با کپی رایت حذف شده باشند. اگر فکر می‌کنید که تصاویر این مطلب ناقض کپی رایت نیست و می‌خواهید توسط زمانه بازیابی شوند، لطفاً به ما ایمیل بزنید. به آدرس: tribune@radiozamaneh.com