هفته‌نامه «خاور» تنها روزنامه فارسی‌زبان برای مردم تاجیک است که نه سال است با خط سیریلیک در شهر ترمذ در ازبکستان منتشر می‌شود.

ҲАР ЯК ТОҶИКИ ЗИНДАДИЛ БОЯД “ХОВАР”-РО БИХОНАД

Дар канори рӯзномаи “Овози тоҷик” яке аз нашрияҳои овозадор ва дӯстдоштаи миллати тоҷик дар Ӯзбекистон ҳафтаномаи “Ховар” аст. Ин ҳафтанома нашрияи иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию адабӣ буда, аз 21 феврали соли 2009 инҷониб ба табъ мерасад. Шиори сарбарги “Ховар” ин байти хотирмон аст:
Зи Ховар нури Хуршед ар расад бар ҳар дару манзил,
Зи файзи нури ин “Ховар” мунаввар мешавад ҳар дил!

Ҷойи зикр аст, ҳафтаномаи “Ховар” таҳти сармуҳарририи рӯзноманигори эҷодкор Олим Панҷизода дар шаҳри Тирмизи устони Сурхондарё таҳия мегардад ва роёнишонии он xovarpress@mail.ru ва шумораҳои телефониаш: (+99891)907-65-71, (+93993)638-25-71 аст.

Феълан шумораи охирини ҳафтанома аз таърихи 15-уми сентябр дастраси хонандагон гардид, ки муҳтавои он басе рангину ҷолиб аст. Дар ин шумора пеш аз ҳама таҳти мавзӯи “Саёҳат ба мулки ошно” нақлу гузоришҳои дилангези Олим Панҷизода дар хусуси Тоҷикистони азиз бозгӯй мешавад. Муаллиф дидаю шунидаҳои худро, ки панҷ рӯз бо як гурӯҳ равшанфикрони ӯзбекистонӣ ба шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Кӯлоб, Данғара, Бохтар ва ноҳияҳои Айнию Панҷакент сафар доштаанд, бо эҳсос ва хеле ҷаззоб баён мекунад.

Дигар матлаби ҷолиби ҳафтанома ба таҷлили панҷоҳсолагии шоир ва пажӯҳишгар Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ ихтисос дорад. Дар саҳифаҳои панҷум ва шашум намунаҳое аз ашъори шоир таҳти унвони “Дар билоди панҷоҳам, з-ин ҷиҳат ҷадал дорам” ва тавзеҳи вазнҳои шеъри ӯ (аз сӯйи шоир ва мунаққид Абдуқайюм Ҳасанзод) ба таваҷҷӯҳи муштариён ҳавола гардидааст.

Бояд гӯям, ки “Ховар”-и ҳимматбаланд дар ҳамин шумораи худ як ҳикояи тозаи каминаро низ бо номи “Шавҳар намегурезад” пешкаши мухлисонам – дӯстдорони каломи бадеъ кардааст. Банда дар ин достони кӯтоҳи худ таорузи хешро ба волидоне, ки духтарони худро ҳанӯз ба синну соли мусоид нарасида ба шавҳар медиҳанд ва ба духтароне, ки аз пайи булҳавасӣ по ба дарзи таашшуқи бемаврид мениҳанд, баён намудаам.

Ҳаммилатони азизу арҷманд! “Ховар”-ро пайдо кунед, аз як ҷаҳон муҳаббати маънавӣ бебаҳра намонед, зеро ин ҳафтанома бо муҳтавои рангини худ, бешак, рӯзномаи рӯйимизии шумо хоҳад гардид!

Юнуси Имомназар

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)