در تاشکند از مراسم یادبود رئوف پرفی، شاعر شناخته ازبک، جلوگیری شده است. این شاعر سال ۲۰۰۵ در ازبکستان درگذشت. مقامات ازبکستان گفته اند که مراسمی که قرار بود ۷۵ مین زادروز این شاعر را تجلیل کند، ممنوع نشده بلکه به تاریخ دیگر انتقال یافته است. اما مناجات پرفی‌وا، دختر بزرگ این شاعر گفته که مقامات ازبکستان یک هفته قبل از برگزاری از مراسم جلوگیری کرده اند و از واژه ممنوع استفاده کرده اند.

Рауф Парфӣ, шоъири узбек

Дар Узбекистон ба таҷлили ۷۵-солагии шоири маъруф Рауф Парфӣ, ки қарор буд, ۲۵-уми сентябр дар Китобхонаи миллии Тошканд баргузор шавад, иҷозат надоданд. Намояндагони қишри эҷодкор дар эътироз ба ин тасмими мақомот дар Фейсбук маъракаеро таҳти унвони “#parfimaniya” ба роҳ монданд.

Дар чорабинии мазкур қарор буд, шеърҳои шоир қироат ва дар бораи эҷодиёти ӯ суханронӣ кунанд. Ҳамчунин намоиши саҳнаҳое дар назар буд, ки дар асоси шеърҳои Парфӣ омода шудаанд.

Як масъули Китобхонаи миллии Узбекистон ба номи Алишер Навоӣ гуфт, баргузории чорабиниро аз “боло” манъ карданд. “Ба таври шифоҳӣ дастур шуд, ки ҳеч гуна чорабинӣ баргузор карда нашавад”, – афзуд ӯ.

Духтари калонии шоир Муноҷот Парфиева мегӯяд, дар ин бобат ба дастгоҳи президенти Узбекистон муроҷиат кард, вале посухе гирифта натавонист. “Ҷашни ۷۵-солагии падари маро ۱۸-уми сентябр манъ карданд. Ба худи ману созмондиҳандагони чорабинӣ гуфтанд, ки баргузории он “манъ” аст. Мансабдороне, ки падарамро дар зиндагияш азоб медоданд, баъд аз мурданаш ҳам ӯро осуда намегузоранд. Панҷ сол пеш ҳам манъ карда буданд”, – афзуд Парфиева.

Сухангӯи Вазорати фарҳанги Узбекистон Мавлуда Аскархоҷаева гуфт, чорабинии марбут ба ۷۵-солагии Парфӣ ба санаи дигар гузошта шуд. “Рӯзҳои наздик китоби бузурги шоир нашр мешавад. Бинобар ин, чорабинӣ ба рӯзи дигар гузошта шуд. Он ҳамроҳ бо рӯнамоии китоби шоир баргузор мешавад”, – изҳор дошт Аскархоҷаева.

Шоири маъруф Рауф Парфӣ ۲۸-уми марти соли ۲۰۰۵ дар шаҳри Тошканд даргузашт.

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)

این یک مطلب قدیمی است و اکنون بایگانی شده است. ممکن است تصاویر این مطلب به دلیل قوانین مرتبط با کپی رایت حذف شده باشند. اگر فکر می‌کنید که تصاویر این مطلب ناقض کپی رایت نیست و می‌خواهید توسط زمانه بازیابی شوند، لطفاً به ما ایمیل بزنید. به آدرس: tribune@radiozamaneh.com