«یک روز بارانی» داستان کوتاه نویشته شریف خالاف، نویسنده تاجیک. ادامه دارد. (با خط سیریلیک)

شریف خالاف، نویسنده تاجیک

Як шаби боронӣ
(Қисса)
Идома

۳
Дар як гӯшаи хона, даруни пиёлаи лабаш парида шамъи нимае маҳзун месӯхт. Равшании хираи вай хонаи пастаки қадимаро бо ҷумлаи анҷоми мураттабу низ болору вассаҳои дудзадааш аз дасти торикии мудом таҷовузгар мераҳонд. Се ҷойхоб бари ҳам густарда шудаанд, ки дар канорӣ духтарчае ба хоби ноз рафтааст. Рӯяш ба самти девори муқобил ба кампалчае печида ва ғарқи олами афсонавии худ аст ӯ. Дар ду ҷогаҳи дигар марду зан паҳлӯи ҳам омадаанд ва…
Ниҳоят зардоби ҷисмаш фурӯ рехтаву дар пайи муроқибаҳо нафси ҳайвониаш ҳам ба дараҷае таскин ёфта, инак соҳибхона рӯ ба шифт гардонда, ором дароз мекашид. Нафас гирифтанаш ҳам якмаром гашта ва ба кулли аъзои бадани ӯ як роҳати ширин мехазид.
‒ Занак, ‒ гуфт дар ҳамон ҳол Ҳамдам.
‒ Чӣ мегӯед? ‒ низ шунида шуд овози зан, ки замзамаи ширини фаввораро ба хотир меовард. Маълум буд, ки вай ҳам рӯҳи кӯфтаи худро ба ифоқа овардааст.
‒ Агар писар шавад, Худованд шоҳид, ба хурду калони Бибиширин тӯйе медиҳам, ки…
‒ Ба писарзой чӣ, мураматон? ‒ хаёле димоғи худро баланд бардошт бону.
‒ Ҷонамро мебахшам, ҷонамро! ‒ фавран таъкид кард мард.
‒ Ҷо‒он?! Даркор нест ҷон!
‒ Оо… чаро?
‒ Чунки вай соҳиб дорад, ‒ амонати худовандиаш меноманд! Вақташ ояд, напурсида мегираду меравад.
‒ Лекил… ин гапат хеле пухта … Пас, дилат чӣ мехоҳад? Бигӯ.
‒ Аз ин баъд ҷилави худро ба дасти ман медиҳед!
‒ Ч ‒ и ‒ и ‒ ӣ? ‒ хаёле нимхез шуд мард.
‒ Аз гапи ман дигар намебароед, давлати сарам! ‒ ҳамон ором посух гардонд зан. ‒ Шуд ҳамин қадар корномаҳоятон, басу барзиёд; ба ҳафт пуштамон мерасанд.
‒ Номаъқул кардӣ! Ба фикрат, ман фармонбардори зан мешудаам? Ман а?!
‒ Ҳозирак ҷонатонро таслим карданӣ будед ку.
‒ А?! ‒ Ҳамдам худро гӯё ба нодонӣ зад.
‒ Кадомаш қиматтар? ‒ баисрор ва ба ҳоли шавҳар хандида, савол ба миён овард Баҳора.
‒ Бубахш.., ин тарафашро фикр накардаам. Саросема шудам, ё чӣ балое..?! ‒ низ ба ханда омад вай ва аз ҳаё гунаҳояш тафсиданд. Ӯ теғаи биниашро бо кафи даст маҳин молида, дар ҷои хоб беқарор шуд.
‒ Дидед, мардак, ваъдаҳоятон ҳам ҳалол нестанд. Иборат аз фиреб, найранг…
‒ Хайр, гуфтем ки ба дили ту рафта, инони худро ба дастат супоридам. Аз он чӣ нафъ мебинам ман ва ту чӣ фоида мегирӣ? Ҳоли ман чӣ мешавад охири кор?
‒ Ҳеч! ‒ гардан каҷ кард зан: ‒ Шумо мисли қадим ҳамон шавҳари сараш дар баландиҳои ман мемонед, ман зани фармонраво.
‒ Баҳ ‒ баҳ ‒ ҳ ‒ ҳ! Бо пахта ҷон ситонданро хуб метавонӣ, занак, ‒ ба завқ омад Ҳамдам.
‒ Мактабашро нағз хондаам, ‒ низ фараҳманд гашт Баҳора.
‒ Аммо… валлоҳ, ки нафаҳмидам. Аз ман худ чӣ мехоҳӣ?
Баҳора як нафас хомӯш монд ва андешаҳои худро сару бар карда, аз нав ба гап омад:
‒ Чун писаре ба дунё омад, Худо хоҳад, тӯй карданӣ ҳастед а? Боз тӯйи камназир!
‒ Албатта, ҷонам, албатта! ‒ зиёда мутаваҷҷеҳ гашт Ҳамдам, ки бонуи суханвараш боз чӣ каромате нишон медиҳад.
‒ Аммо ба кадом пул? Шумо дигар он Ҳамдамбойи пешин не.
‒ Ғам махӯр, очеш! Хонаи гург беустухон нест!
‒ Аз ёд набаред, мардак. Даври гургиҳоятон гузашт акнун.
‒ Хайр…
‒ Баъдан, ҳамон “устухонҳое” ‒ ро, ки аз тариқи гургиву туркӣ ба даст овардаед, билкул фаромӯш созед. Дигар ба рӯзгор наздик маоред. Биёед, ҳалол бихӯрем ва ҳалол бимирем.
‒ Ин гапат аз рӯи китоб шуд, ҷонам. Маро воқеан қоил кардӣ.
‒ Акнун ба мағзи гапам рафтагистед?
‒ Мегӯӣ, ки ҳамин хел кунем, хуб мешавад?
‒ Албатта, ба ҳалолӣ чӣ расад? Як бор зарби ҳаромро чашидем, бас нест? Намурад, ин вақт Дилмуродҷони ғӯрамаргам мактабро хатм мекард. Аммо… ‒ ба чашмон об гирифт бонуи хонадон.
‒ Гиря накун, ҷонам. Бе ин ҳам дилам аз барои он баҳодури ноком чунон ғарқоби хун аст, ки … мондан гир. Иншоаллоҳ, боз Худои меҳрубон писаре ба ҳадя мефиристад. Баъдан, оғӯшат тамоман холӣ нест. Ана, Гуландом дорем, ки ним табассумаш ба закоти як билод меарзад.
Онҳо баробар ба сӯи духтараки масти хоб назар афканда, табассум карданд ва ин тавр зану шӯ ба дарозо хомӯш монданд. Акнун ҳар кадом банди андешаҳои худ рӯболо мехобиданд.
Дар як кунҷи кошонаи ғарибонаи онҳо ҳамон шамъи ниматан месӯхту месӯхт ва оби дидагонаш шашқатор ҷорӣ шуда, дар пеши пояаш билохир аз ҳаракат мондаву ба шакли ожангҳои ҷабини пиронсолон медаромад. Барқофарро Ҳамдам кайҳо хомӯш сохта, акнун гӯши атроф низ ором мегирифт. Садои борон ғолибан шунавотар гаштааст; боқӣ як сукути сангину бадарде ҳукм меронд. Ниҳоят:
‒ Ҳммм… – андешаманд нидо дардод Ҳамдам ва сар ҷунбондаву боз муддате сукут варзида, ба саволҳои бешумори дил посухи дилхоҳ наёфт магар, дар ҷои хоб сабук даст афшонд. Баъд ғамгин аз дил гузаронд, ки агар ҳавливу ҳарами навашро дар қатори як рама бузу гӯсфандони зоё намефурӯхт, ҳоло ӯ ҳамон бойбачаи деҳа мемонд. Э во‒ ой, хуни ҷигар хӯрда ҷамъ овардаҳояшро, ба даҳони саг бидод! Бале, кулли молу ҳолашро фурӯхт, ки бар ивазаш озодии худро аз дасти органҳои ҳифзи ҳуқуқ бихарад. Калон ‒ калон дод, то он хонаободон корро ба нафъи ӯ ҳал карда, ҷурми солҳои пешинашро рӯпӯш созанд. Охир, чӣ кор кунад? Ин дунёи каҷдору марез баъзан қонунҳои нонавишта доштааст. Гулӯи баъзе масъулонро нарм насозӣ, садояшон хашин берун омада, оламро таку рӯ мекунанд. Ҳамдам медонад, ки ин одати касиф аст ва он қаблан ба ҳукми анъана надаромада буд; вақте ба авҷи аъло расид, ки давлати Шӯроҳо суқут намуда, баногаҳ халтаи нафси бандагонаш ланг кушода шуд. Аҷабо, ҳама ба мушу каламуш мубаддал гаштанд. Корашон аз моли қаблан ҷамъиятӣ гоҳ пинҳону гоҳ ошкор хӯрдан, рабудан, ҷиғилдон пур кардан, хуллас, барои ояндаи худ захира намудан гашт. Акнун аз дасти ягон ниҳоди қудратманд ҷилав задани ин деви саркаш намеояд. Балки худи он органҳои ҳукуматӣ ҳамнишини ин бало ҳастанд. Ҳар кадоме мансабаке дошт, истифода мекард. Ҳамдами даҳмарда низ аз ин деги дарҷӯш насиба бардошта, дар ҳаёти тезу тунди деҳа мақом ёфт: ‒ Ҳамдамбой шуд вай! Вале ҳамон ҷамъовардаҳои худро имрӯз маҷбур гашт, ки фурӯшаду ба коми дигарон бубахшад. Вай бовар дорад, ки рӯзе он бандаҳои хомхаёл ҳам ҳарчӣ аз дасти ӯ барин корафтодагон муфт мегиранд, ба нафари дигаре хоҳанд бахшид. Ҳамдам оқибат имрӯз дарк мекунад, ки ҳақи кас ба каси дигаре насиб намекардааст. Агар инро қаблан ақида мекард, асло аз ин пайроҳа гом намебардошт. Охир, вай ҳам қатори раиси ҷамоату дигар мулозимони ӯ моли ҷамоатро азхуд кард, аз лабаш илоҷе карда беҳтаринҳояшонро фурӯхт ва чархаи зиндагии худро гардон намуд. Агар раис як гӯсфанд мехӯрд, Ҳамдам ду гӯсфандро ба ҷиғилдон ҷой медод. Чун корашон органӣ шуд, Ҳамдамро сарнавишти талх домангир ва билохира водор кард, ки аз манзилу макони ангуштнамояш маҳрум ва … кӯчида, ба кулбаи меросии падар дар саргаҳи деҳа биёяд ва ҳаётро аз нав ва бо шеваи барояш мудом шиноси фақирона оғоз бахшад. Бо тағйири зайли замона инак боз дар забони мардум ҳамон Ҳамдамча аст! Ҳамқадами аксар …
‒ Оҳ Худоҷон, бад кардам, тавба кардам! ‒ ҳаври дилро берун ронд Ҳамдам.
‒ Пештар бояд фикр мекардед, ‒ пичинг партоф завҷааш.
‒ Ба як андеша, рост аст фикрат, очаҷонаш! ‒ ҳамон рӯ ба шифти хона ба забон ронд Ҳамдам. ‒ Шояд аз кӯи Худову расул андак берун пой гузоштаам, ки…
‒ Бандааш ‒ шири хомхӯрда, мураматон.
‒ Ҳоло ҳам дер нашудагист. Бояд ба шишту хестам эътибор диҳам, ҳар қадами худро дониста гузорам.
‒ Бешак …
‒ Аммо чӣ хел..? ‒ ҳайрон ба рӯи завҷааш нигарист мард.
‒ Ман надонам … ‒ китф дарҳам кашид бонуи хонадон ва: ‒ Зиндагиамон пештар бо лаби ноне ширин мегузашт, ‒ гуфт дар идома.
‒ Ҳммм… ‒ дубора мад кашид Ҳамдам ва чашмонаш танг шуданд. Сараш гаранг пешонӣ молида, боз ғӯтавари фикр гашт:
Эҳ, агар Раис ба хато роҳ намедод, нози ҳамон журналисти шилқинро қабул мекард, ҳоло ҳоҷати ин қадар фикру зикр намемонд. Мисли қадим дунёамон гулистону худ дар доманаш беғам ва бароҳат ҳаётро идома медодем, ‒ бо алами сӯзон аз дил гузаронд ӯ. ‒ Чаро саодати мудом қоим аз сарашон дар як мижа задан дур гашт? ‒ хайр, рӯз барин равшан аст ин ҷиҳати масъала! Натиҷаи беэҳтиётӣ, манмании ҳудаву беҳуда, дигаронро аз худ кам диданҳо … Боз чӣ ҳам мебуд? Аммо ба ҳамаи ин мусибат ҳамон журналисти бӯйгир айбдор. Қосим Қаҳҳорӣ будааст номи он касиф, ки дар поёни фелетон дарҷ шуда буд. Фелетонро ҳам боб карда навиштааст, бачағар! “Каламушҳои “Қаҳрамон” ном гузоштааст. Дар як дам ба дасти хосу ом расида, шабнаме дар хонаи мӯр гашт. Пас аз нашр гардидани он рӯзи равшани ҳама дар хоҷагии “Қаҳрамон” ба шаби тор мубаддал шуд. Дар як дам намояндагони ҳукумат омаданд. Аз қафо додситонии ноҳия идораро охурча намуд ва пӯстаки ҳар нафари гумонбарро афшонду афшонд. Эҳҳа… як маҳшар барпо сохтанд, ки… Аз он рӯз оғозан як пои хурду калони хоҷагӣ дар идораи додситонӣ шуд. Ҳама мавриди пурсупосҳо қарор гирифтанд. Ҳамдам ҳам борҳо дар ҳузури кормандони ин идора ба саволҳои гуногун посух дода, базӯр ҷони худро халос кард.

*** *** ***

Ҳамдам фелетони Қаҳҳориро такрор ба такрор хонда, ҳанӯз аз тааҷҷуб гиребон меқапад, ки ин қадар далелҳоро ба дасти мухбир кӣ дода бошад? Ё ин қаламбадасти маккор ба хоҷагӣ омадаву рафта ва таи ин муддат аз таки нохун чиркҳо ҷамъ кардааст? Аз ин бармеояд, ки Шодмонов одами душмандор шудааст. Аммо кист ӯ? ‒ касе намедонист! Шояд муовини раис бошад? Ё сармуҳосиб …? Ё ки … ягон мансабдори дигари аламзадаи хоҷагист? Хуллас, ҳар кӣ ҳам набошад, як кирми палиди худӣ аст ӯ!
‒ Аҷиб! ‒ гуфт нимшунаво Ҳамдам ва пешонӣ молида, дубора мӯҳтавои фелетони Қаҳҳориро ба ёд овард: фақат аз камбудиҳо сухан мерафт. Аз боби камомади рамаи ӯ низ навишта буд. “Зиёда аз дусад сар гӯсфанди борвари якачин беному нишонанд, аммо дар ҳуҷҷатҳо ба қайд омада, ки хоҷагӣ ин миқдор чорвои резаро дар пайи як маризии саросарӣ бо номи ланг бохтааст.” Аз зиёд андешиданҳо ва гаштаву баргашта ба ёд оварданҳо ин ҷумла дар забони Ҳамдам шишта буд. Мухбир ин санадро зери шубҳа қарор дода, чанд далели обдор меорад. Хуллас, менависад вай, ба сарвари хоҷагӣ Шодмонов Донишгоҳи аграрӣ танҳо дарси ғорату дуздӣ омӯхтааст ва раҳбарияти ноҳия ҳам бо дасти ин ҷавон рушди хоҷагиро не, балки тороҷи онро ба нақша гирифтаанд…
Ҳамдам мазмуни иҷмолии фелетони Қосим Қаҳҳориро дар зеҳни худ чархонда, гаштаю баргашта ҷумлаи охири онро зери забон такрор намуд ва аз дил гузаронд, ки ана барои чӣ ҳукумати ноҳия чакмани худро чапа пӯшида, аз риштааш сар карда, то сӯзанаш кори хоҷагиро тафтиш намуданд ва раиси ҷавон ‒ Ҳошим Шодмоновро, ки аз нозпарвардҳои худашон буд, сабукдӯш сохтанд! Вай акнун фаҳмид, ки қофия танг ояд, лак ‒ лак дӯстонат ҳам туро ҳимоя карда наметавонистаанд. Баръакс, мусибате ба сарат бор гардад, аз назарҳо пинҳон шуда, ҷамоли худро нишон намедиҳанд, ё чунин вонамуд месозанд, ки бо ту асло ошноӣ надоштанд. Онҳо метарсанд, ки касофати мусибатдор низ ба онҳо асар карда, ба кору зиндагиашон соя меафканад. Ба як ҳисоб дӯстони нонӣ меноманд ин тоифаро, ки Шодмоновро оқибати кор ба ҷои ҳимоят гӯшмоли хубе дода, зуд аз вазифа озодаш намуданд ва осонак ба чанги додситонӣ супориданд, ки бечора то ҳол сараш аз ғавғои пешомада халос нагардидааст.
Ҳамдам фикр карда ҳеч ба субуташ намерасид, ки чаро байни мухбир Қаҳҳорӣ ва раиси хоҷагӣ Шодмонов ногаҳ гурбаи сиёҳ убур намуд?! Аслан муносибати ҳасанае доштанд онҳо. Ба шунидаш, ин корманди рӯзнома аз ин пеш ҳам ба даргоҳи хоҷагӣ омадаву мерафт. Чун ба иззаташ саривақт мерасиданд, садояш дар дарун бармегашт, ҷояш ояд, ягон мақолаи таърифӣ ҳам навишта, ин ё он узви хоҷагиро тавсиф мекард. Албатта, чун одами чашмикордон номи раисро низ зикр менамуд. Аммо ин дафъа чакманро чапа пӯшид он маҳмадонои гузаро. Шодмонов ҳам мардест аҷиб! Баъзан ҷавонӣ мекунад ва ба аспи ғурур савор шуда, оқибати корҳоро фаромӯш месозад. Хайр, ба чанд нусха рӯзномаи ҳамон мухбир обуна мешуд, осмон омада ба замин намечаспид! Не, дия! “Дар рӯйхати ҳукумат нест, обуна намешавем,”‒ гуфта мухбирро хафа кардааст. Рост, як вақтҳо ба рӯзномаҳо маҷбурӣ обуна мешуданд, аммо даври нав расидан пас, ҳукумат ин идораҳоро аз буҷаи умумӣ канд ва гуфт, ки чӣ кор мекунӣ, бикун, чӣ хел мезийӣ, бизӣ, аммо рӯзи худро худ биёб, буҷа тавони таъмини молиявиро надорад. Мухбироне, ки замоне буруташонро табар намебурид, мум барин мулоим шуда, идора ба идора, хоҷагӣ ба хоҷагӣ мегарданд ва илтимос мекунанд, ки ба рӯзномаашон обуна шаванд ва ба ивазаш омода ҳастанд, ки мақолаи таърифие ба нашр расонанд. Охир, Ҳамдам фаромӯш накардааст, ки чун ҳукумати шӯроҳо пойбарҷо буд, аз номаш мухбир раисон тарсида мегаштанд. Як ҳарфи бонақди онҳо дар идораҳои дахлдор таҳлил шуда, боиси гапу калочаҳои зиёд мегашт. Ҳоло зайли замона дигар шудааст. Ба ҳар ҳол, Шодмонов дар ҳамин маврид ба саҳв роҳ дод. Қаламбадасти маккорро писанд накард. Фаромӯш сохт, ки қалам ба ҳар ҳол шамшер аст, балки бурандатар аз он аст. Аз ҷафояш чандин сарҳо ба дор рафтаанд, ё аз карамаш ба мурод расидаанд. Моҷаро чӣ будааст? ‒ як гапи назарногир, як хизматаки рӯи хок уфтодае: ‒ бояд кормандони хоҷагиро ба рӯзномаи “Бохтар” обуна намоянд! Сарашу равғанаш, гуфта ба чанд нусха рӯзномаи ҳамин мухбирак нею нестон накарда обуна мешуданд, олам гулистон буд. Ва агар Ҳамдам ба ҷои Шодмонов мебуд, бар замми обуна гаштан аз маҳсулоти ҳамеша фаровони хоҷагӣ, масалан, ангуру себ, ё зардолуву шафтолу як – ду сатилча ба дасти мухбир дода, “бигир ошно, ту ҳам одами худамон ҳастӣ, ниҳоят рӯзгор дорӣ, бачаву кач дорӣ, бибару сарфи рӯзгорат намо, ошат шавад!” – мегуфт. Ана ин кирдорро аз рӯи рисола гӯянд, мешавад. Мухбир ҳам балки дилаш об шуда, аз баҳри ҳар гуна андешаи бад мегузашт. Аммо кадом як ғурури беҷо дар вуҷуди раис ба туғён омада, аз обуна шудан сар печид! Не, аслан писанд накард мардакро, ба чашми кам дид. Дар натиҷа, аз забони мухолифону бадхоҳонаш чанд далелро шунида, ҳамин фелетони гӯрсӯхтаро ба чоп расонд. Баъд, замин аз таки пойи раиси номдор нохост гурехт. Ҳарчанд дӯстонаш дар додситонӣ ва дигар идораҳо ба кӯмаш шитофта, ӯро ин бало раҳонда бошанд ҳам, имрӯз аз мансаб сабукдӯш шуд ва аз молу манолаш ҷудо гашт. Вай мисли Ҳамдам ҳавливу ҳарами худро ба фурӯш гузошта, ҷони ғариби худро раҳо бахшид. Пас, ҳанӯз зарби қаламу коғаз аз байн нарафта буда аст ва ҳар кас қудрати онро нодида мегирад, иштибоҳ меварзад.
Ҳамдам низ ёфту тофташро харҷ намуда, аз ин мӯҳлика басаломат берун омад. Ба саволҳои бешумори муфаттиш ҷавоби муфассал дода, ҷояш ояд барои сафед кардани худ суханҳое кофтаву ёфта ва чунон устокорона ба мақомаш расонда гуфт, ки акунун худаш аз ин ҳунари волояш дар ҳайрат аст. Аҷиб, одамизод барои халосии ҷони худ аз ҳар роҳу восита истифода мекардааст. Хоҳад дурӯғ мегуфтааст, хоҳад… Хуллас, ҷони худаш дар амон монад, бас! Ҳамдам то тавонист, ҳама айбро бори Муродалӣ намуда, ба навъе шонаҳои худро сабук сохт. Чаро ин хел кард? ‒ худаш бехабар! Тарсид! Бале ҳамин тарси зормонда буд, ки вайро ба ин кӯй бурд ва ҳурмати чандинсола дӯстиашонро сарфи назар намуда, ба равиши об бел заду аз манфиати худ дандон ба дандон монда ҳимоят кард.
Аммо… Муродалии чӯпон дасткӯтоҳ монд. Ҳалқаи заиф, ки буд, ночор гардан дод ва ду рӯз пеш ҳукми додгоҳро ба даст гирифт.
“Ҳеч гап нест! Азоб бошад ҳам, як ‒ ду солак хобида, ба пеши қавму таборон ва фарзандонаш бармегардад. Ҷавон аст ҳоло ва омада, дубора сарриштаи зиндагиашро меёбад”, ‒ аз дил гузаронд ӯ ва боз ба такрор, аммо ин дафъа шунавотар:
‒ Ҳеҷ гапе нест. Ҳеч гапе нест… – ғурунгид зери лаб Ҳамдам, ки аз шиддати андешаҳо мағзи сараш тук ‒ тук садо мебаровард.
‒ Баъд… чанд сол доданд ба вай? ‒ андешаҳои шавҳарашро гӯё аз масофа хонда, ба сухан омад зан, ки ҳанӯз рӯ ба шифти хона хобидаву лоқайд ҳаёти чандинсолаашонро варақгардон месохт.
‒ А? ‒ як қад парид мард.
‒ Ҷӯраатонро ҳабс карданд? ‒ акнун равшантар ифода кард пурсиши худро.
‒ Кадом ҷӯраам? ‒ нафорид магар, ба оҳанги норизо пурсид соҳибхона ва фавран нигоҳи оташин ба рӯи занаш гардонда, низ миёни абрӯвон гиреҳ андохт.
‒ Муроди бечораро мегӯям! Якам ду шавад гуфта, шабандаррӯз метохт ку, ‒ аз тағйири ҳоли хӯҷаиаш бехабар дар тираравшани хона ором ҷавоб гардонд зан.
‒ Ҳаъа, ‒ абрӯ боло кашид Ҳамдам. ‒ Ҳамин рӯз додгоҳ ҳукмашро баровард!
‒ Ба кӯдакҳояш душвор. Бе сарпараст ҳоли ун бечораяко чӣ мешуда бошад?
‒ Одат мекунанд, ‒ бедард посух гардонд Ҳамдам ва дар идомаи сухан завҷаи худро танбеҳ дод: ‒ Баъдан.., бо ҳар ду гӯшат шунав, занак! Вай ҷӯраи ман нест! Фаҳмидӣ? Такрор мекунам: нест! Боз бечора ҳам набуд Мурод. Як каламуши ҳаромхӯри ҷамоат будааст, ки қонундонон исботаш карданд! Бечораатро ёфтӣ ‒ а!
‒ Чӣ хел? ‒ гӯё нафаҳмид бонуи хонадон ва дар банди ҳайрат гирифтор шуда, дар ҷои хоб гиреҳбон қапид. ‒ О ҷояш ояд, дар як сӯрох мемезидед, гардаматон; шишту хестатон ҳам якҷоя буд! Қадамашро аз бӯсагоҳи дарвозаамон дур намемонд. “Додаракам” ‒ гуфта, навозиш ҳам мекардед. Мудом шумо пешпешу вай аз қафо… ‒ мутааҷҷиб ба шавҳар нигарист ӯ.
‒ Ҳарза нагӯй, кампир! Ман бо ҷинояткорон ошно набудам ва минбаъд низ аз афти хунукашон ҳазорон бор безорам! ‒ дастон шофи дудама ба сари муштипар дод зад вай.
‒ Ё тавба-а… ‒ гиребони худро маҳкамтар қапид зан.
‒ Ана ҳамин хел! Дигар бо саволҳои беҷо сари маро гиҷ накун, ки…
‒ Чӣ, таки мушту лагад мегиред? Ё ягон ҳунари дигаре нишон медиҳед? ‒ низ паст наомад зан.
‒ Ҳамон забони дарозатро аз паси гарданат кашида мегирам, ки худат бехабар мемонӣ, аблаҳ! ‒ чашмонаш аз косаашон берун ҷаста, арбада намуд мард. Зан як ба авзои беҷои хӯҷаинаш нигаристу зуд нигоҳ барчид. Рӯҳаш шикаста дубора ба шифти дудзада нигарист ва баъд аламаш омада, бо итоб паҳлӯ гашту пушт ба шавҳар гардонд. Ду қатра ашк ҳам сари мижгонҳои дарозаш пайдо шуданд.
Марди ба хашм омада зуд бапо шуд ва як паллаи тирезаро кушода, худро дар дами боди салқин нигаҳ дошт ва андаке аз ҳавр фаромада, ҳамон бедимоғ акнун дар рӯи хона ба гардиш омад. Сукути хона гаронтар гардид ва ин бори ноҳинҷор ба ду шонаи ӯ вазн меандохт. Вай баргашту ба назди тиреза омад ва аз пештахтаи он пиёлаи чойи хунукро гирифта, даҳони худро обгардон намуд ва дубора тирезаро кушода, он оби макрӯҳро ба берун ғуронд. Боз муддате худро дар дами боди серун нигаҳ дошта, хунук шуд ва ин тавр шаммае аз ҷаҳли пешин фаромада бошад ҳам, димоғаш сӯхта буд. Акнун ҳарими андешаҳояшро мурофиаи додгоҳӣ ва хоса заҳрханди Муродалӣ банд кард.
…Чун додгустар пурсид, ки дар интиҳо ягон сухане дорад, ё не? ‒ муҷрим солор аз ҷояш хеста, “Надорам” – гуфт дар посух ва ҳамаро ба назари таҳқиқ гирифта, рост ба чашми Ҳамдам нигаристу заҳрханд зад! Чаро заҳрханд зад ӯ? Боз сари худро баланд бардоштаву рост ба рӯи вай нигариста… Шояд гуфтан мехост, ки ҷинояткори калон мусичаи бегуноҳ барин озод нишаставу мани камбағал танҳо паси панҷара меравам? Агар ин хел бошад, чаро ӯро дар мурофиаҳо ганда накард? Айбро ба гарданаш партофта, бори худро сабуктар насохт? Мардии худро намоиш дод, ё чизи дигаре? Лекин охирин заҳрханди Муродалӣ ҳоло низ чун ханҷар ба дили ӯ мехалад. Кош чанд сухани бадбӯе гуфта, дилашро холӣ мекард, кош… Аммо ҳамон заҳрханди кушандаро гузошту худ дастон дар қайди завлона ноилоҷ пеш ‒ пеши ду милиса ба маҳбас равон гардид. Ҳамдам дар баробари ин хандаи мармуз лол монда, чизе ҷавоб надод. Аз чӣ буд, ки сар хам намуд. Сараш бидуни хоҳиши ӯ худ поин шуд. Пас, номардӣ аз кӣ гузашт? ‒ албатта, аз Ҳамдам! Ҳатто рӯи хотир накард. Замони ҳамқадаҳу ҳамтабақ будани худро осонакак фаромӯш намуд. Чӣ илоҷ? Ин дардро ҳам таҳаммул мекунад. Агар Худованд умр бидиҳад ва Муродалӣ ҳам мӯҳлати ҷазояшро адо карда баргардад, ҳунаре харҷ карда, ба ягон пиёла чой даъват мекунад ва кинаҳои солҳои рафтаро аз дилаш берун хоҳад сохт. Албатта, имкон ёфта ба оилааш кӯмак мекунад. Агар ҳамин корро ҳам накунад, пас одам не, балки як аблаҳи гузаро будааст! Албатта, аз ҳоли оилаи Муродалӣ бохабар хоҳад гашт.
Ҳамин ки фурсати мусоид фаро расид, боз ягон мансабчаро мувофики ҳолаш хоҳад харид. Бале, бешак мехарад. То ҳақашонро наситонанд, ройгон касеро ба мансабе таъин намекунанд. Ҳоло расми замонаҳо чунин шудааст: Медиҳӣ, мегирӣ ва… баъд, ҷояшро номаълум карда, мехӯриву мегардӣ. Албатта, дар рафташ даҳони ину онҳоро ширин карданро аз ёд намебарӣ. Вагарна, дар як рӯз ҳисобу китоб намуда, калӯшатро пеш мегузоранд, ки худ бехабар мемонӣ! Агар сахт равӣ, бо ду – се далеи шаръӣ муттаҳам сохта, паси панҷара низ равон кардан аз дасташон меояд. Аммо… завҷааш дигар намехоҳад, ки вай ба кори хоҷагӣ баргашта, боз доман олуда созад. Рост, бояд бо кори дигаре машғул гардад. Хайр, ҳоло гузашт ҳамааш ва Ҳамдам нафаси озод кашад, мешавад. Аз даври сараш абрҳои сиёҳ пароканда шуда, осмонаш низ мусаффо аст кунун.
‒ Ин қадар тортанак барин тор танидед! Хоб равед, намешавад. Сарам фир гаште, мардак!
‒ Хобам парид. Боз, асабҳоям вайрон…
‒ Ба худо ки, обу ҳавоед. Гоҳо чеҳраатон офтобӣ, гоҳ жоларез аст. Дар як дам тағйир меёбед а?
‒ Пештар ин хел набудам.
‒ Сол аз сол нозук мешавед, нозатон ба ҳафт хар бор, ‒ овози ширини зан ба гӯши ӯ чун садои обшор форам расид ва ҳамон дам ғубори хотир ғундошта:
‒ Ҳа ‒ ҳа ‒ ҳа ‒ ҳ ‒ аҳҳ… ‒ ба ханда омад Ҳамдам ва шамъро бо як пуф хомӯш карда, дар торикӣ тахмин дар паҳлӯи завҷааш дароз кашид. Ҳамон дам даст ба сари китфи ӯ гузаронида, ба оғӯш овард. Зан нозида аз дастони шавҳар халос хӯрд ва:
‒ Ваҳ, ин сараки занбӯрхонаам дар гӯр, аз ёдам рафтааст, дадеш, ‒ гуфт дар банди ҳаяҷон.
‒ Чӣ?
‒ Дина бегоҳӣ Маҳмадқул омада буд.
‒ Ман дар куҷо будам?
‒ Дар кӯча.
‒ Хайр, чӣ гуфт ӯ?
‒ Ҳеч!
‒ Ё Аллоҳ! Тинҷӣ бошад?
‒ Надонам…
Ҳамдам боз мушавваш гашт ва оҳиста даст аз дӯши завҷааш бардошта, рӯболо хобид ва ин тавр дар сараш садҳо фикри гандаву нағз меҳмон шуданд. Охир, дусад сар зиёдтар гӯсфанди ӯ дар дасти ҳамин Маҳмадқул аст. Аз ин ягон мурғҷӯҷаи обрав хабар надорад. Ҳатто ба завҷааш ҳам дар ин бора ҳарфе нагуфтааст. Бизгор касе надонад. Барои “рӯзи мабодо” онро дандон ба дандон нигаҳ медорад ва ҳоло, ки ҳама давлаташ аз кафаш берун рафтаанд, ягона муттако ва дар оянда мадори миёнаш ҳамон дороӣ аст. Аммо чаро омадааст чӯпон? Агар ягон хабари фаврӣ мешуд, бешак ӯро интизор мегашт. Боз пул мепурсидагист, боз аз кадомин як муаммои ҳаёташ шикоят овардагист. Акнун ӯ мисли пештара даҳмардаи дасташ мудом кушоде нест; худ мӯҳтоҷ асту ба касе сир бой намедиҳад.
То бадхоҳонаш фикр накунанд, ки бо ҳамин Ҳамдамбой тамом, аз қатор монда ва ҳолаш табоҳ аст, гоҳ ‒ гоҳ ба давраҳо дидор нишон медиҳад. Дар киса аз мирӣ нишоне надошта бошад ҳам, сарашро баланд гирифта мегардад. Ҳар кӣ фикр бикунад, ки Ҳамдам ба инқироз дучор омадааст, саҳв мекунад. Не‒е! Хобашонро ба об гӯянд! Ҳоло боз қомат рост карда, ба даҳони гандаи ину он сад ман хок меафканад. Ана баъд, мебинанд, ба сояаш салом медиҳанд. Боз каме сабр…
Давом дорад.

Бахши аввал ва дуввуми ин достон

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)

این یک مطلب قدیمی است و اکنون بایگانی شده است. ممکن است تصاویر این مطلب به دلیل قوانین مرتبط با کپی رایت حذف شده باشند. اگر فکر می‌کنید که تصاویر این مطلب ناقض کپی رایت نیست و می‌خواهید توسط زمانه بازیابی شوند، لطفاً به ما ایمیل بزنید. به آدرس: tribune@radiozamaneh.com