«یک روز بارانی» داستان کوتاه نویشته شریف خالاف، نویسنده تاجیک. ادامه دارد. (با خط سیریلیک) بخش اول

شریف خالاف، نویسنده تاجیک

Як шаби боронӣ
(Қисса)
Идома
۲
Вақте дар ғафлат монондаву чашмони ғанаббурдаашро хато карда, ин махлуқи барзангӣ ногаҳон ба пушти вай баромад, дигар на мадори муқовимат дошту на умеди раҳоӣ. Танаш ба рӯи фарши чиркин нақш баста, дидагони ҳанӯз хоболудаш аз хонаашон берун омада буданд ва ба сад фарёду ханҷол кашиданҳояш эътиборе надода, он гурбаи базаҳкор маҳкам аз гарданаш газида, оқибат… оҳҳҳ.., нафси гӯрсӯхтаи хешро қонеъ намуд. Ин лаҳзаҳои дардзою кулфатбор гӯё ба назари Шакар ‒ Модаргурба чунин намудор гашт, ки осмони баланди Худо ба ҳадде хам хӯрдаву ниҳоят якрост ба тахтапушти замин часпид. Дунё дар назараш тор шуда, аз озори нобаҳангом гули бе ин ҳам хазондидаи умри ӯ ба як дарза хор мубаддал гашт.
Аммо…
хушнуд буд Гурбаи нар!
Дунёаш чаманистон…
Ба ҳадде қонеъ гаштаву алъон дидагонаш равшанӣ ёфта, инак ҳаёти як лаҳза пеш бемазмун ба назараш дубора рангину зебо ба ҷилва омад. Лаб лесида, чашмони аз хумор раставу барқафшони худро масрур ба атроф гардонд ва бо боди ғурур аз болои Модаргурба фаромада ва зарби нохунҳои гирои вайро бо чолокие беназир чап дода, канортар рафт. Муддате думи худро дар атрофаш ҷамъ оварда, то нафас рост гирад, чукка нишаст. Атрофи лабҳои худро, ки аз фараҳ ва роҳати ҳангуфте маҳин мепариданд, лесид. Тамоми аъзои баданаш пари қу барин сабук шуда буд. Вай то ба ғазаби Модаргурба дучор нагардад, оҳиста аз байни ғарами бедаҳо роҳ кушода, думи акнун шамшери фотеҳон барин росташ дар ҳаво ба рақиби нолонаш эътиборе надода, аз роҳи омадааш ‒ сӯрохии бомгӯша бадар рафт. Куҷо рафт? ‒ Модаргурба намедонист.
Вай бо мусибати худ дастбаргиребон монд …
Атроф билофосила ба ҳукми сукунати мармуз даромада, ин хомӯшии пур аз наҳсро танҳо садои нолиши ғамангези Модаргурба халал меовард, ки аз дарди ҷароҳати хунчакону боз кадомин узви таҷовуздидаи худ бо алам нолиш мекард. Боз ба гӯшҳои Шакар садои нофорами кадом дастгоҳе менишаст, ки аз як гӯшаи ҳавлӣ паҳн гардида, ҳоло болои дард думбал мешуд. Вай дандон ба дандон ин амали таҳқиромезро ‒ дигар чорае ҳам надошт, ‒ таҳаммул карда, бо чашмони наму дили пурғам фалаки фитнакорро дар дил ҳазорон бор лаънат хонд ва танашро аввал ба хоки фарш молида, алами кушандае дар дил бо нӯки забон боқии ғаждиҳоро тоза сохт. Дилаш ғаш меовард, аммо чӣ чора? – бояд худро тамиз намояд. Аз азал чунин одат дошт: наметавонист, як лаҳза дар банди олудагиҳо бимонад ва ҳоло муродаш, аз тааффуни бад ҳарчи зудтар халос шуда, душвор бошад ҳам, ин қабоҳатро, ки он нобакор ба ӯ раво дид, ба доми фаромӯшӣ барад ва ё ҳадди ақал то фурсати ниқор дар қаъри замир гӯр созад. Дигар чӣ кор ҳам аз дасташ меомад? Агар пои чапаш маҷрӯҳ намебуд, албатта, очаи зори он аблаҳро нишон медод!
Ин навъ худро тамиз намуда, ба ду фарзанди хеш, ки алҳол фориғбол бозӣ доштанд ва гӯё аз мусибати ба сари модари худ омада чизе пай набурда, гоҳ гардани ҳам гирифтаву гоҳ думи ҳамдигарро мегазиданд ва гоҳе пари мурғ ё кадомин паррандаи сайдшудаву дар атроф парешонхобидаро ба чанг меоварданд, маҳзун нигарист ва мил – мил оби чашмонаш рехта, аз дил гузаронд, ки бо ин ҳолаш чӣ тавр ду кӯдаки навпоро ба воя мерасанад?! Охир, дар ин дунёи мураккаб чӣ хел хоҳад зист?! Оҳ дунёи дун! Оҳ чархи каҷрафтор! Мушкил гашт ҳаёт бурдан ба ӯ барин махлуқони баргаштабахт. Боз, ба номаш модар… Модаре, ки саробон гум кардаву дар чаҳорсӯи ҳаёт танҳо мондааст, чӣ қадарҳо сангин буд рӯзи хуше дидан! Ин ҳақиқати талхро гаҳу ногаҳ аз забони модараш мешунид, аммо он айём ба мазмуни бамағзи он ҳарфҳо, ки аз қаъри дилу ҷигари вай берун омада буданд, сарфаҳм намерафт. Акнун худ модар гашта, бо ду басар мебинад ва зиёда дар пӯсту гӯшти худ таҷруба карда, амин мегардад, ки Модар будан кори саҳл нест! Балки дар олами вуҳуш як ҳаёти пур аз дард асту моломоли озор!
Вай инак шишта – шишта аламаш тоза мешуд ва аз худ бадаш меомад, ки чӣ хел дар доми ғафлат монд? Чӣ хел аз бемадорӣ ногаҳон хоб ғалаба намуда, фурсате мижа таҳ овард. Ва чӣ шуд паёмади кор? – рӯз барин равшан: оқибат ба чанги бедоди он барзангии худобехабар гирифтор шуд! Бояд ҳушёр меистод! Бояд аз шаъну номуси худ дифоъ мекард. Аммо… ҳоло чӣ илоҷ?! Коре шуд, ки асло дар гӯшаи хаёл намеовард. Охир, вай савганд ёд намуда буд, ки ба Шери худ – шавҳари номуроди аз қайди ҳаёт рафтааш умрбод содиқ мемонад. Ҳаргиз ба худ раво нахоҳад дид, ки бо мутлақо бегонае қарин гашта, ному ёди тиллоии ёри меҳрубонашро доғдор месозад. Вале… акнун чӣ кор бикунад?! Ба тақдир тан бидиҳад, ё кӯдакони худро дар чаҳорсӯи ҳаёти бешафқат гузошта, сари пурғавғояшро гирифтаву аз ин диёр берун равад? Ваҳ, ин чӣ бедодие буд, ки чун балои ногаҳон ба дӯши вайи мискин бор гардид! Ё фалак…

Давом дорад.

بخش اول

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)

این یک مطلب قدیمی است و اکنون بایگانی شده است. ممکن است تصاویر این مطلب به دلیل قوانین مرتبط با کپی رایت حذف شده باشند. اگر فکر می‌کنید که تصاویر این مطلب ناقض کپی رایت نیست و می‌خواهید توسط زمانه بازیابی شوند، لطفاً به ما ایمیل بزنید. به آدرس: tribune@radiozamaneh.com