«یک روز بارانی» داستان کوتاه نویشته شریف خالاف، نویسنده تاجیک. ادامه دارد. (با خط سیریلیک)

شریف خالاف، نویسنده تاجیک

Як шаби боронӣ (Қисса)

۱

Абри баҳорӣ сар ба шонаҳои кӯҳсорон монда, алами дил тоза мекард. Аз гиреҳбони сахраҳои пасту баланд то домани сабзи дашти бекарон ба оби борон тар шуда ва инак, ҳама мавҷуди номаш зиндаи ин қаламрав бо сари хам сукут варзидаву ба андешаи гароне фурӯ рафтаанд; яқин аз намонами пайваста дилгазон шудаанд ва ин дамҳо зиёда маҳзун метофтанд. Аз қазо, ҳар ваҷаби замини Худо бӯйи рутубат карда, тамоми рӯз ба димоғҳо нофорам мерасид.
Ҳоло …
шаб аст! Шаби торику мавҳуме …
Аз лабаки новаҳои зангхӯрдаи боми хонаҳо шир ‒ шир фуруд омадани оби борон ба гӯшҳо мерасад. Ин суруди якнавохт ба дили сомеъаш тазйиқ бор мекард. Ҳис мешавад, ки ҷомаи шаби торик ҳам зиёда нам кашидааст ва гӯё ба шонаҳои деҳкада вазн меандозад. Ҳавлиҳои хурду бузург, ки дастобадаст то худи пошнаи уштуртали урён мерасиданд, ин ҳангом чун ҳама мавҷудоти атроф ба коми аждари бешафқати шаб фурӯ рафта буданд. Аммо дохили хонаҳои пасту баланд ба фарқ аз беруни ҷомасиёҳ тираравшан метофт…
Шояд шамъе гирён аст,
ё ягон – ягон чароғҳои равғанӣ бедимоғ месӯзанд ва шуои кунди онҳо аз паси панҷараҳои низ намкашида камнур ба чашм мехӯрад.
Барқ надошт деҳаи Бибиширин!
Ду рӯз пеш дар пайи як садама аз равшанӣ маҳрум монда буд. Устоҳо ҳанӯз оби шикам намеҷунбонанд. Шояд низ мунтазиранд, ки кай абри баҳорӣ нами чашмонашро меғундораду онҳо ба кори тармим бемалол дасту остин бармезананд ва аҳли қарияро, ки аз адами рӯшноии роҳати ҷон хеле ба танг омадаанд, дубора хушнуд месозанд. Аммо… ин абри бепарвофалак нияти доман барчидан надошт… Мебориду меборид!
Дар ин шаби боронӣ танҳо… дар хонаи Ҳамдамчаи Чӯпон барқофари дизелӣ кор мекард ва бошишгоҳи ғарибонаи ӯро аҷаб чароғон медошт. Овози якмаромаш ҳавлиро пур карда ва аз сари похсадевори париташ кӯҳна ба ҷониби ҳамсояҳо ва аз кадомин як таркиши дару панҷараи қадимасохт ҳатто ба дохили кулбаи фақирона даромадаю ба роҳати атрофиён латма мезад. Аммо садои “тар – тур” ‒ и он дастгоҳ ба гӯши худи соҳибхона чун мусиқии оромбахш мерасид. Вай дар қаъри дил як навъ ифтихор ҳам меварзид, ки чунин иқболу имконро ба ҷуз ӯ ҳоло ягон касу хаси ин обрав надоранд!
Барқофари чӯпон таърихчаеро соҳиб аст:

… Ҳамдам ҳамон сол чорворо аз зимистони қаҳратун, ки ба сари чӯпонҳои қаламрав чун балои охирзамоне фаромада, додашонро ба фалак печонда буд, беталаф баровард. Ҳолдонҳо мегӯянд, ки дар ин кор толеи ӯ баландӣ карда, вагарна эҳҳааа… он шабони қаҳратун ҳамтоёнаш аз ганда омадани сол дод мегуфтанд ва оқибат рӯзи ҳисоб маълум гардид, ки чорвои зиёдашон талаф ёфтааст. Боз… Ҳамдамро муяссар гашта буд, ки бо инояти Парвардигор тӯли хубе бигирад. Сири ягонаи ин омади корро ӯ маҳз дар меҳнати ҳалол медид. Бинобар ин, шокири Парвардигору миннатдори дасту бозувони ҳамеша андаркори худаш буд вай. Давоми сол бепарво нашуда, барои зимистонгузаронии чорво тайёрии ҳамаҷониба гирифт. Ғами обу хӯрокаи онҳоро барвақт бихӯрд, ҳамаро дар фурсат захира бикард; дару деворҳои қӯтанро тармим намуд, то бузу гӯсфандони дар ихтиёраш аз нафаси шуми зимистон эмин бимонанд ва гармакак бихобанд. Вақти сармои маст хобро ҳаром карда, борҳо аз ҳоли он ҷонварон хабар гирифт ва ҷояш ояд, ҳар бузу гӯсфанди давлатро “Шумо” ‒ ю худро “Ту” гуфта, аз сидқи тамом меҳнат кашид ва нагузошт, ки мӯйе аз тани он ҷонваракон кам гардад. Ҳамин хидматаш ба раҳбарият писанд омада, пас аз натиҷагирии сол Ҳамдамро дар як ҷаласа хуб таъриф намуданд ва то бошишгоҳи шубонии ӯ дар бағали кӯҳистон чароғону ҳаёташ бомазмун бигзарад, дастгоҳи барқофари дизелиеро тӯҳфа доданд. Ин тӯҳфаи арзишманд ба ғайрати Ҳамдам афзуда, ӯро ба кору бори чӯпонӣ боз ҳам дилгарм сохта буд. Аз он айём тақрибан ҳашт сол мегузарад ва ин дастгоҳ аз ҳамон дам ба инсӯ ҳангоми зарурат ба кулбаи шубонии вай барқ медиҳад. Моли ҳалол ки буд, то имрӯз ягон бор сар напечида кор мекунад ва рӯзгори ӯро ҳатто ба фарқ аз зисти дораманҳои музофот рангинтар месозад.

“Хайр, ба будаш шукр!” – лаб зери дандон миннатдор сар ҷунбонд Ҳамдам. Боз аз ину он фикр карда, гӯш ба намнами борон бурд, ки рӯзҳои охир ягон бандаи Худоро маҷоли аз дар берун омадан намедод. Аммо овози он ва ҳатто нағмаи оби новадонҳо низ ба самъаш нарасиданд; ин ҳамаро садои барқофар беибо аз гулӯ мегузаронид. Вай дар партави чароғи равшан, ки аз чашмони панҷара берун хазидаву дар роҳрави гилолуд дармонда буд ва ба сараш аз худи осмонҳои баланд раҳмати Худо бедареғ мерехт, ба таҳқиқ фаҳмид, ки…
ҳанӯз борон меборад;
ҷимҷимак меоянд аз умқи бекарониҳо он қатраҳои зулол.
Ва…
Комилан таршуда, зоғи торикӣ дар атроф барпой меистод ва тани то мағзи устухонҳо намкашидааш меларзид гӯё. Аз ин ҳама манзараи камранги ғуссабарангез назар барчида, Ҳамдам оҳи сарде кашид ва даст ба қафаси сина бурда маҳин молид, ки вақтҳои охир бор ёфта ва дар паси он дили бечорааш аҷаб менолиду менолид. Кӯтоҳак гулӯ равшан намуда, боз аз лабон тӯлонӣ оҳе сар дод ва
дастон паси сар гузошта,
бедилон ба пушт хобид!
Нигоҳи чашмонаш ба бораи шиками навдамида
аз дил гузаронд, ки…
чанд соли пеш як чӯпони газгӯшти химчае буд!
Аз паси рама кӯҳ ба кӯҳу дашт ба дашт гаштанҳо ӯро ба як марди серрагу пайи нотарсе мубаддал карда буданд. Ғизояш обу ҳавои мусаффои кӯҳистон, ба ҳазорон дард даво гиёҳҳои хушноми бомаза… Он вақтҳо, ғолибан, бемориаш чист? ‒ аслан ва ҳатто аз кори бенизоми дил шикоят дорад. Ҳамааш аз замоне сар зад, ки назарногир бошад ҳам, соҳиби як мансабаке гашт: ‒ Сарвари даҳмардаҳо! Нигоҳубини чорворо бар зимаи чӯпонҳои зердасташ вогузошта, худ кам ‒ кам ба марди хонагиву зиёдтар кӯчагард мубаддал гашт. Лекин шукри ҳамин мансабчааш, ки аз пасаш як миқдор сарват ғундошт. Вагарна дар байни ҳамтоёни баногаҳ аз қайди гулмехи як ҳукумати оҳанинмушт ворастааш гумон буд, ки мақоми дилписанде биёбад…
Ҳамдам ёд дорад, ки он шабону рӯзон душманонаш ба таки пои давлати паҳновари Шӯроҳо арзан рехтанд ва абарқудрати дунё дар ниҳояти кор заифу дар як рӯзи равшан ногаҳ аз ҳам бирехт. Болондидаҳо зуд пай бурданд, ки “боди шурта” ба ин хушӣ аз кадом самт мевазад ва зуд дасту остин барзада, майдон гирифтаву ба уштурча сохтани моли ҷамъият пардохтанд. Оқибати корҳо чӣ шуд? ‒ хайр, маълум аст фарҷоми талхаш!
Во аҷаб!
Дар як дамак Хизр пойгаҳнишину Хирс маснаднишин гашт!
Бархе амволи ҷамъиятиро, ки сохти куҳан мудом авло медонист ва дар ҳифзаш беамон мубориза мебурд, бо ҳар роҳ тороҷ карда, ба навчабойҳои даврон мубаддал меёфтанд.
Ҳамдами сарвари даҳмардаҳо низ нохост пар баровард;
парончак шуд вай ҳам!
Соябон ки дошт, тарсу ларзҳои замони гузаштаро осонакак фаромӯш кард ва беибо ангушти каҷ ба кандуи асали хоҷагӣ гузошта, қатори дигарон насибаи худро ҷудо намуд. Инак, ҳаётро боз ҳам рангин ёфта, ‒ диданҳои нодида хушк шавад! ‒ ҳаромаш кадом ва ҳалолаш куҷост? ‒ фарқ накарда монд, балки дониста аз ёд бурд ин меъёри аз азал муҳимро! Илҳомбахши корҳояш ҳамон Ҳошим Шодмонов, раиси ҷавон ва тозаинтихоби хоҷагӣ буд. Фикр мекард, ки замона ҳамеша коми ваю ҳамтабақонашро ширин нигаҳ медорад, вале… оқибати кор замини худоӣ аз таки пояшон гурехт, ки худ бехабар монданд! Шояд ҳаромхӯриҳояшон ба Парвардигор нафорид, ки зуд ҷилави онҳоро кашида, аз саодати мудом саршор маҳрумашон гардонд.
‒ Хайр, боз рӯзҳои нек меомадагистанд! Боз офтоб ба сари мо нурафшонӣ мекардагист… ‒ зери лаб наҷво кард ва аз шиддати андешаҳо сараш ба дард омада, ба вассаву болорҳои дудзада нигарист. Ноаён хотироти беғубориҳои бачагиро ба ёд оварда, лаҳзае симои азизони дил ‒ волидони умре меҳнатқаринашро пеши назар зинда дошт. Онҳо бо нерӯи бозувон ду духтару як писарро ба воя расонда ва ба Ҳамдам ҳамин хонаву дарро ба мерос гузошта, як ‒ як ба сӯи Холиқи худ раҳсипор гаштаанд. Ғамашон танҳо ҳалол зиста, аз сафи бандагони шоистаи Худо ҷой гирифтан будааст, ки бешак ба муроди дил ҳам расида ва оқибат бидуни ягон таҳлукаи барзиёд оромак дар гӯшае аз манзили хомӯшон маъво ёфтанд.
‒ Ёдашон бахайр.., чӣ инсонҳои биҳиштие будаанд онҳо, ‒ зери лаб гуфт Ҳамдам ва нафасаш танг шуда, вазнин аз ҷой хесту сараш хам ва пойҳояшро нағундошта рӯи кӯрпача нишаст. Дар ҳамон ҳол ба тахмин даст монда, аз таки он носкадуро гирифт; нарм ‒ нарм ба сари зонувонаш зад, то дороии он зарфи хушҷило ба таҳрик ояд. Як каф носро бедимоғ ба таки забон партофта, андешаманд ба рӯи завҷааш нигоҳ андохт, ки низ сараш хам ва…
Шероза медӯхт бонуи хонадон!
‒ Ба чашмакот раҳм кун, ба чашмакот. Чӣ лозим ҳамин кор ба ту? ‒ аз дари дилсӯзӣ даромада, бо мулоимат гуфт Ҳамдам.
‒ Лозим, ‒ кӯтоҳак посух гардонд зан.
‒ Худатро азоб дода чӣ кор мекунӣ?! Даркор шавад, сад ҷуфт аз бозор харида медиҳам. Ҳайфи нури чашмонат, ‒ гуфт марди хонадон ва даст ҳамвор намудаву мушакҳои баданашро ёзонд. Ин тавр, хамёза кашида:
‒ Аҷиб, рӯзи дароз хобидаву ҳеч сер нашудаам, ‒ гуфт ӯ.
‒ Сад бор паҳлӯ гаштед, магар хобатон нағз набурд, дадеш?
‒ Хотири кас ҷамъ набошад, хоб ҳам ба ӯ ҳаром.
‒ Ҳа‒а ‒ а …
Ҳамдам мӯҷиби азобу парешониҳояшро зуд пеши назар овард ва он андешаҳоро ҳамон хел ба ҳолашон вогузошта:
‒ Ҷойгаҳро рост намекунӣ, кампир! ‒ гуфт бо хамёза.
‒ Як дамак сабр кунед. Ду сӯзани дигар…
‒ Марги сабр! ‒ буғумҳои пойашро молида, ғур ‒ ғур кард мард ва қариб буд носи даҳонаш берун ояд.
‒ Эҳ‒ҳ… чӣ гӯяматон? Дилам зиқ аст, хӯҷаин.
‒ Ҳай ‒ ҳай …
‒ Чӣ кор мекунам? – худам намедонам! Сар то по ба ғам печидаам. Гӯё санги сарде дар ин манзилу маконҳо ҳастам: беҳис, вазнин … Кадом пайванди ҷонам ҳам зирқ – зирқ дард мекунад; ҷигарам ку‒у, тамом, ба хаёлам, ҷиз ‒ ҷиз сӯхта, адо шуд бечора…
‒ Хайр, ин қадар воҳима накун!
‒ Воҳима нест! Рост…
‒ Мегузарад ҳамааш. Шояд таъсири боду ҳавои ганда бошад, ё… – тахмини дилашро берун овард марди хонадон ва ҳамон дам рӯ ба самти тиреза гардонд, аммо медонист, ки ишораи занаш ба куҷоҳо мекашад. Бинобар ин:
– Ғундор дӯхтудӯзатро! Он шоҳкориат ба нури чашм рехтан намеарзад! ‒ аз резиши борони паси тиреза чашм набардошта ва оҳанги суханаш дурушт гуфт батакрор.
‒ Наарзад ҳам, медӯзам! Кори шумо набошад, ‒ акнун базарда ҷавоб дод бону ва миёни абрӯвон гиреҳ андохт.
‒ Аҳмақ! Ҳа аҳмақ а!‒ озурда гашт соҳиби хонадон ва дар ҳоле, ки ғазабаш меомад, лаб газида, боз ба рӯи занаш нигарист. ‒ Одамворӣ гапаш зананд, сагворӣ меғураде. Ман сиҳатии туро фикр мекунам!
‒ Саломатии ман дар дасти Худаш, ‒ хоҳад, соз мекунад, нахоҳад, гирифтор! ‒ сараш ҳамон хам оҳанги гуфторашро тағйир надода, таъкид кард зан ва домани куртаашро дурусттар рӯи зонувон хобонда, ба гашти сӯзан ҷон бахшид.
Дар ангуштони хароби ӯ сӯзан чолок шину хез намуда, нақшҳои рангин меофарид ва нигоҳи чашмони зан ҳар қадами ин наққоши дар қайди риштаи рангхӯрдаро чен карда, аз як лаби шероза то канори дигараш рафтаву меомад. Дидагони азияткашидааш сурх ва аз гӯшаҳои он наргиси замоне зебову ҷаззоб дарозу кӯтоҳ ожангҳо саф кашидаанд. Ин қосидони гашти умр дар ҷабин ва кунҷи лабони бонуи хонадон низ дамидаву ба ҳаёти як навъ ноҳамвори ин муштипар махсус таъкид мекарданд. Аммо мӯйҳояш ҳанӯз ҳусни азалии худро гум накардаанд: дар ҳукми сарбанди хушгул қарор дошта, сиёҳу муҷалло ба назар мерасиданд ва бо салиқаи хосе мураттаб гаштаанд. Ду зулфи шабранги зан печон ва домани ожангҳои хоноро мебӯсиданд. Маълум, ки ба ҳусни худ беэътибор нест ӯ.
Ҳамдам нигоҳи ғазаболуди худро ба ашёи хона: як тахт бори болои сандуқ, телевизори ҷилдпӯш, либосовезаки пур аз анҷом, бухории ҳавраш кайҳо фурӯнишаста, ниҳоят девори андовамоли рангаш парида… гардонда, зарра ‒ зарра он оташи саркашро дар рӯи онҳо гузошта, оқибат… хеле сабук ба духтарчааш нигарист, ки зери кампал ба хоби ноз рафтааст. Муддате ба роҳати он мӯъҷиза нигариста, тумани ғазабаш батамом пароканда гардид.
Пас аз фоҷиавӣ ба дори фано пайвастани писаракашон ин духтар ягона мояи дилмашғулӣ ва хурсандиҳои оила ба ҳисоб меравад. Зану шавҳар ин гули хушбӯро чунон дӯст медоранд, ки аз ҳар суханашу ҳаракоти нозанинаш ба ваҷд меоянд ва баъзан нохост аз фарзанди раҳматиашон ёд оварда, об ба чашмон мегиранд. Гоҳе хомӯш ба дидагони ҳам нигариста ва гоҳе тезу тунд алами дилро ба рӯи ҳам рехта, як навъ сабук мегарданд, ё аз чунин гуфтугузорҳои исту бисташ дарди сар тамоман озурда шуда, соатҳо ногап мемонанд. Дар чунин маворид як табассум ва ё нозида гап задани Гуландоми хурдакак кифоят мебуд, ки зану шавҳар батамом офтобӣ шаванд ва ҳама ғуссаҳои дилро ба жарфное биспоранд.
Падар ба рӯи духтарчаи масти хоб бо меҳр нигариста, ғазаби худро оҳиста фурӯ бурд ва ранҷиши дилро низ ба навъе ронда, боз ба шуғли аз сидқи завҷаашу ҳам андоми ҳанӯз банур ва дилкаши вай, ки дар паси сояи ҳузн мастур буд, дуздида нигарист. Хеле мутааҷҷиб аз дил гузаронд, ки чаро дар қиёси бонуяш вайро зиндагӣ зуд пир кардааст? Ё шояд табиатан мардҳо назар ба занҳо тезтар афсурда мешаванд? “Чӣ танзиме..? – ё Аллоҳи меҳрубон!” ‒ Заррае ғамгин шуд ӯ ва аз хушкориҳои парвардигор ба ҷои гиреҳбон қапидан як табассуми истеҳзоолуд ба лаб гирифта, даст ба манаҳи нотарошидааш гузошт. Баъд ба ёд овард, ки расо бист сол қабл аз ин бо Баҳора, духтари кали Бозори Оҳангар аз деҳаи ҳамсоя риштаи умр баста, инак бад ё нек якҷо тӯли ин муддат зиндагӣ карда, хушиву ғамҳои онро ба ҳам мебинанд. Тақдир чӣ бозиҳои булаҷабе дорад, ки кас баъзан беихтиёр ангушти ҳайрат мегазад. Агар не, кӣ ҳам дар гӯшаи хаёл меовард, ки Баҳораи дар ҳусн ягона омада ‒ омада ба Ҳамдами паканаи чӯпонбача мерасад?! Ин дӯшиза ба мӯҷибе назарногир аз сари ангушти фалахмони умр паридаву дар оғӯши ҳамин ҷавон маъво ёфта буд.
Бале, аз нақлҳо Баҳора дар деҳаашон ошиқони зиёде дошта аст ва ҳар кадом ошкору ниҳон орзу мекарданд, ки бо вайи дар ҳусну латофат ва фаросат беҳамто риштаи умр бибанданд. Ба чӣ нияте онҳо гапу калочаҳое бофта, ба деги ғайбати деҳ меандозанд, ки ниҳоят ҷӯшидаву ба қиём расида, як доғи хоное дар домани духтар мегарданд. Бозори Оҳангар ҳанӯз фурсати андеша напаймуда, пойи қадами он ҳавасмандон аз остони хонаи ӯ канда мешавад ва онҳо хаёлҳои нопухта дар сар ва шубҳаҳои носуфта дар сина орзуҳои дилро аз оғӯши хонаҳои дигар меҷӯянд. Ин тавр, Баҳораи нозанин ногаҳ аз савдои калон монда ва муддатҳо хонашин мегардад ва ба ҳукми сарнавишт чун ангури нағз тӯъмаи “саг” мешавад. Дигар дари Оҳангарро ба суроғи арӯс касе намекӯбад. Дар як рӯзи шукуфони баҳорӣ хостгорон аз номи Ҳамдамчаи пакана ба бӯсагоҳи Бозорбой ҳозир мегарданд ва ду сол бузургтар бошад ҳам, моҳпораи ӯро барои ҷигаргӯшаи худ хушгон мешаванд. Дар Бибиширин аҷаб ки ба Ҳамдам ягон хонадони духтардор рӯйи хуш надода ва вакилони ӯ ночор ба деҳаҳои дигар рафтаву омада, ниҳоят ба дари Оҳангари Кӯшкакӣ мерасанд. Бозорбойи Оҳангар зиёда фикр накарда ва ризоият медиҳад, ки ҷавонон ба ҳам оила бунёд созанд. Баҳораро ҳам дигар чорае намонда буд ҷуз зани ин чӯпонбачаи назарногири пакана гардидан. Инак, солҳост ки ба ҳам зиста, дар байнашон ишқу муҳаббати шӯълавар набошад ҳам, як навъ ба ҳам унс гирифтаанд. Зиндагиашон чун ҳама аҳли деҳ гоҳо дар домани ғуссаҳо, гоҳе дар остони шодиҳо идома дорад.
‒ Баҳора, ‒ бо овози меҳрандуд завҷаашро ном гирифта ҷеғ зад Ҳамдам.
‒ Лаббай, ‒ сар набардошта ва бо андаке таваққуф посух дод зан.
‒ Аҷиб, ҳар қадар солманд мешавем, аммо ту ҳамон ҷавонтар мегардӣ…
‒ Боз чӣ? ‒ суханҳои навозишгари шавҳар ба дилаш нағунҷид магар, абрӯвонро сар ба сар оварда, халадор посух гардонд Баҳора ва ноаён оҳе кашид.
‒ …Чаманвор мешукуфӣ, ба назарам, боз ҳам дилбартар мешавӣ, – дидагонаш маъвои нишот шуда ва… баробараш ларзид овози мард.
Бонуи хонадон лаҳзае дӯхтанро боздошта, ба ҳадде ҳайрон ба рӯи хӯҷаини худ нигарист ва ӯро мутлақо одами дигаре ёфта ҳайрон монд. Охир, ҳозирак ба аспи ҷаҳл савору сад дашном аз забонаш мерехт, аммо… “Аз қудратат гардам, Худоҷон, бандагоне дорӣ, ки…” ‒ аз дил гузаронида, гиребон қапид зан. Чашмони мард барқ мезаданд. Кадом як хоҳиши ниҳоние дар вуҷуди ӯ меҷӯшид. Баҳора нигоҳи хаставу огандаи сад саволи посухҷӯяшро бо истеҳзои ошкор ба гилеми пеши пояш шикаст ва чашмаш ба гарде афтоду онро чун одати ҳамешагӣ бо ҳимои ангуштон гирифта, ба кисаи камзӯлчааш андохт.
‒ Ҳамон зебоӣ ту, гули раънои ман! ‒ боз навозишгарона ба забон овард Ҳамдам.
‒ Ман.., ман… Наход… – аз чӣ буд, ки зан ногаҳон ба риққат омад. Ашки чашмонаш беихтиёр ришта кашида, домани рухсорашро тар намуданд.
‒ Албатта, ту. Боз кӣ ҳам мешуд? Оҳ, баҳори нозанини ман! Биё… – мард пештар ғеҷид ва дилаш лабрези ҳаяҷон даст монда, шонаҳои завҷаашро молид. Зан ба маънии “дастатро бигир!” бо итоби равшан китфак зад ва дар ҷои шишт қомат рост гирифт:
‒ Неъ! – гуфт сар ҷунбонда ва лабони камхунаш пир‒ пир париданд:
– Акнун хазонам ман! Баҳори хазондида…
‒ Ин хел нагӯ, ҷонам.
‒ Манаки шӯр ҳам дар ҳамин олам вуҷуд доштаам, а?
‒ Набошад чӣ!
‒ Аҷиб! Чӣ хел шуд, ки ба хотиратон расидам ман? ‒ аламаш ба чорхез даромада, ҷигот андохт бону.
‒ Ҳамеша дар пешгаҳи қалби манӣ, ҷонам.
‒ Зан шуда, навозишаш чист, меҳрубонии шавҳар чӣ хел мешавад? ‒ қариб фаромӯш кардаам, ‒ заҳрханд зад ӯ ва бо алами ошкоро афзуд: ‒ Аз паси мол бидав, аз паси гов битоз, аз обаш хабар гир, аз емаш огоҳ бишав, таги пои харро тоза бикун, ҳотаро об бимон, алаф бидарав, ҳезум ҷамъ намо, хӯрок паз, косаву табақ бишӯй, нон пазу ҷомашӯӣ бикун, боз… сад кори дигари рӯзгорро дамам дарун иҷро карда, мана, нек ё бад ба ҳамин рӯзон расидам.
‒ Ба Худо, ки…
‒ Яъне, бехабар будед. Ҳамин хел?
‒ Аммо ман ҳамеша туро хушбахт медидам, аз зиндагиат ҳам хеле қонеъу ризо будӣ. Акнун мефаҳмам, ки…
‒ Хушбахт? Ҳаҳ пешонаам шӯр …
‒ Ту фаромӯш накун, ки зани кистӣ! Завҷаи чӯпонӣ ту. Ин осон нест! Ба худаш муносиб машаққат дорад.
‒ Боз, ба қавлатон, баҳори гулафшон будаам ман. Ё тавба! ‒ даст ба гиреҳбон бурд зан.
‒ Рост мегӯям…
‒ Не! Не‒е, хоки туробам акнун! Дарунам пур ‒ пури зардоб…
‒ Кампир, ман то қиёмат туро дӯст медорам. Ваъдаамро медонӣ я?! Аввалин шаби висоламон буд… Худо шоҳид, боз ҳамин дару девор ва лашу луши хонаи мерос аз падарам.
‒ Беҳтараш иқрор шавед, ки бекор мондаед, мардак! Ҳамин тавр нест?
‒ Не!
‒ Боз… ба фикрам, кадом як узви сабилмондаатон ҳам ғам медиҳадатон. Вагарна, ин хел чарбзабону ширингуфтор набудед. Ва… шояд ойимчаҳои бешуморатон низ яке паси дигаре фаромӯшатон кардаанд, ки ниҳоят зандор будан ва муддатҳо ба дасти навозише зор нишастани ӯ нохост ба ёдатон расид. Ё гапам нодуруст аст?
‒ Нодуруст! Баъдан ман аз паси ойимчаҳо не, балки то яки рӯзгорам ба ду расад, шабу рӯз медавидам. Аммо афсӯс, ту нафаҳмидаӣ. Сад ҳайф…
‒ Ман нафаҳмидаам? Ё тавба‒а. Манаки шӯр а? Як писари гул баринро гум карда, як мурғаки худро бо ду дасти адаб ба хок гуселонда, боз нафаҳмида будаам!
‒ Боз сар кардӣ? Боз…
‒ Оқибати ҳаром хӯрданҳо ба чӣ меорад, кайҳо фаҳмида будам ман! Ба бачаам зад ҳамон беҷогардиҳоятон, ҳақи мардумро ба хона кашонданҳо ва… сад каҷиҳои он дасту пойҳои сабилатон! Наход чашмонатон кушода нашуда бошанд?
‒ Ман “дар” гӯям, ин девона “девор” гӯяд.
‒ Соз мекунам! Дар ин дӯзахкада девона шудан кам аст.
‒ Нафасат мепечад, оҳистатар, занак!
‒ Ду гӯсфанди рихинатонро халос мекунам гуфта, бача аз қоши заве парид! Воҳ ҷигараме ‒ е! Аммо шумои сангиндил…
Мард табассуми нимҷонро аз лаб барчида, фавран миёни абрӯвон гиреҳ андохт ва нигоҳ ба ҷониби дигар кӯчонда, ноаён лаб газид. Ва:
‒ Тақдираш ҳамин будааст, занак! Кори Худо, аз дасти мо ‒ бандагонаш чӣ ҳам меомад? ‒ гуфт асабиёна ва паси гардан хорид.
‒ Ақаллан, аз дастатон тариқи пок зистан меомад? Ҳақи ҳаром нахӯрдан меомад..?
‒ Хаёлат ман ҳаром мехӯрдам? ‒ барқвор ба чашми зан нигариста, дод зад Ҳамдами ба шӯр омада. ‒ Ҳамин дастону пойҳои кафидаву ҷазир шоҳиданд, ки рӯзгор гуфта, чӣ хел меҳнат мекашидам! Аз дари саҳар то дами шом, баъзан шабон низ даводав мекардам, ки минбаъд фарзандонам аз моли дунё бениёз гарданд. Дар ҳаёти мураккаб ҷойи худро пайдо бикунанд. Ту бошӣ… Эъ эээ…
‒ Ана, бениёз ҳам шудем, ‒ пичинг андохт зан ва бо нигоҳ ба чаҳор ҳадди хона ишора кард, ки сарпаноҳашон ба тармими куллие ниёз дошт. Ба сари зонувон шарт ‒ шурт зада, бо шӯри бештаре идома дод: ‒ Ҳам молу манолатон ва ҳам ҷигаратонро бой додед. Аммо мардак барин тан гирифтанӣ нестед! Ҳа ‒ а, ҳанӯз биниатон тори фалакро мехарошад!
‒ Одамизод даруни як пӯст чанд бор фарбеҳ мешаваду боз хароб. Ин рӯзҳо ҳам мегузаранд, кампир! Сабр кун ва… “ҳа” ‒ гуфта, камбудиҳои рӯзгорро ба рӯям андохтанат шарт набудагист.
‒ Ба оқибати корҳо нигаред, чашматонро кушоед! Инак соҳиби ҳамон кулбаем, ки бист сол пеш аввалин бор зиндагиро оғоз карда будем. Мебинед?
‒ Хайр, чӣ..?! ‒ лаб инҷ намуд Ҳамдам ва аз ҳайрат чашмонашро калон ‒ калон кушод.
‒ Агар ҷамъкардаҳоятон ҳалол мебуданд, оши баданамон мегаштанд. Аз роҳи каҷ, ки омада буданд, барбод шуда ва оқибат шумо боз ҳамон Ҳамдамчаву мани пешонашӯр зани ҷафокаши шумо! Мана, аз зиндагӣ ёфту тофтамон!
‒ Ба‒асс!! Бас кун, беақл! Сахттар гап назанад, аз худат меравӣ ‒ а? – деги ғазабаш дарҷӯш дод зад Ҳамдамча. Аз овози гулдуросии ӯ гӯё хонаи хурдакакро ларза гирифт. Духтарчаи дар бари модар масти хоб тарсида аз болишт сар бардошт ва ба таҳқиқ дарёфт, ки волидонаш боз муноқиша доранд. Вуҷуди хурдакакаш фишор хӯрда, дубора сар ба болишт гузошта, кампалро болотар кашид ва дар таки он ғунча шуд.
Зан аз ҳавли ҷон як дил кашиду ба чоки гиреҳбони худ “туф – туф” гуфт ва пайкари наҳифаш ларзида, инони гиряро раҳо кард. Бесадо мил – мил оби дида рехта, сари ин дам ба лонаи ору мубаддалгаштаашро ба рӯи зонувон гузошт.
Хона ба ҳукми сукунат гирифтор монд. Овози “тир ‒ тир” кор кардани дастгоҳи барқофар шунавотар гашт ва ба тазйиқи ҳол ҳамсадо шуда, як вазъи дилгиркунанда ва тирае эҷод намуд. Ин замон овози барқофари дизелиро пахш намуда, садои дилхароши ҳарбу зарби гурбаҳо баланд гашт. Доду фарёди онҳо дар як дам хонаро пур карда, зану шавҳарро аз андешаҳои пешин канор бурд ва онҳо баробар ба шифти хона нигоҳ кӯчонданд. Як замон садои гурсогурс ва аз пайи он нолиши ҷонхароши гурбае танин андохта, бо ҳамин оҳиста ‒ оҳиста ин сару садоҳо паст гардиданд. Ҳамдамча як лаҳза ба чашмони завҷааш нигариста ва аз ҳайрати тарсомези ӯ завқ бурда, мармуз табассум кард:
‒ Тарсидӣ, ҷонам?
‒ Не‒е…
‒ Хайр.., ҷои тарс ҳам надорад.
‒ Ваҳ, ин чӣ коре буд, дадеш? ‒ ҳамон шигифтзада пурсид бонуи хонадон ва фавран даст ба гиребон бурда, то ҳавли ба дилаш даромада таскин ёбад, пич ‒ пич ба даргоҳи Худованд тавба ёд овард. ‒ Ба фикрам, сахт озор дид кадомин бахташ сиёҳе!
‒ Пишакҳо…
‒ Фаҳмидам. Кар нестам охир, аммо…
‒ Мастанд ҷонварон …
‒ Ҳа ‒ а… Фасли баҳор аст. Мавсими бедориҳо…
‒ Шояд хонадорӣ мекунанд, кампир, ‒ гуфт бо табассуми равшан ва ба ҳолати мутааҷҷиби завҷааш бо нӯки чашм нигарист.
‒ Афташон дар гӯр! Корашон бештар ба дилхирагие монанд, дадеш. Овозашон ин қадар бадвоҳима, ки…
‒ Гуфтам ку, ‒ мастанд! Масти шароби муҳаббат, ‒ мутантан эълом дошт мард.
‒ Эъиии… ‒ ду кунҷи лаб поён оварду абрӯвон боло кашид зан ва зуд нигоҳ гурезонда, дар дил ба мағзшикан намудани суханҳои шавҳар машғул шуд. Аммо дастонаш аз кор намондаву ҳамон чолокона сӯзан мекашиданд.
Байни онҳо фосилае хомӯшӣ қоим шуд. Ҳар кадом алоҳида ба андеша рафта, аз қисмати он ҷонварон меандешиданд, ки акнун садои ҷанҷолашон фурӯ нишаста, овози кунду маҳзуни яке аз онҳо ба самъашон меомад. Ҳамдамро аз ботин чизе таҳрик медод ва ӯ сукутро давомдор насохта, дубора нарм ба сухан омад:
‒ Баҳора.
‒ Ҳа.
‒ Оё ҳис мекунӣ?
‒ Чиро?
‒ Ниҳоят ин кулбаи эҳзон интизори як шербачае ҳаст.
‒ … ‒ сари зан хаёле хамтар гашт ва ноаён оби даҳонашро фурӯ бурд ва ин аз назари мард пинҳон намонд.
‒ Қалби торикистонамро чароғон кун, ҷонам, Баҳораам! ‒ гардани мард хаёле каҷ, овозаш ларзид ва баробари он нафас гирифтанаш ҳам ноҳамвор шуд. Вай худро оҳиста дар бари зан расонда, ба навозишҳои ошиқона идома дод.
‒ Худо бигирад! Носи даҳонатона… ‒ пешонӣ чин намуд бонуи хонадон ва аз сари синааш тела дода, мардакашро аз худ дур сохт.
‒ Бубахш. Ман… ҳозир.., ҷонакам, ҳозир.., ‒ сурху сафед шуда, чақон аз ҷой хест Ҳамдам ва аз шодӣ пояш ба пояш печида, то бухорӣ расиду дороии даҳонашро ба хокистардони пеши он ‒ косаи кӯҳнае холӣ карда, ногаҳ ҳайаташ ланҷ гиребон қапид ва номи Худову расулашро ба забон оварда, тавба намуд. Вай шунида буд, ки ба хокистар туф кардан, дар новақтие аз болояш гузаштан… аъмоли норавое мебошанд. Ба қавли мардуми авом, дар хокистар ҷину аҷинаҳо зиста, ба дифои манзили худ тайёр ҳастанд, ки ба шахси вайронкор зиёну заҳмате бирасонанд. Ин амали шавҳарро Баҳора низ мушоҳида карда, гули рӯяш пажмурда ва ноаён ангушт ба бари рӯ гузошт…
Давом дорад.

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)

این یک مطلب قدیمی است و اکنون بایگانی شده است. ممکن است تصاویر این مطلب به دلیل قوانین مرتبط با کپی رایت حذف شده باشند. اگر فکر می‌کنید که تصاویر این مطلب ناقض کپی رایت نیست و می‌خواهید توسط زمانه بازیابی شوند، لطفاً به ما ایمیل بزنید. به آدرس: tribune@radiozamaneh.com