گفت‌وگوی شهزاده سمرقندی با حمید اسماعیل‌وف، نویسنده معروف ازبک، در حاشیه‌ی جشنواره بین‌المللی کتاب ادینبورگ در اسکاتلند. حمید اسماعیل‌وف کتاب ششمین رمان خود «رقص شیطان» را رونمایی کرد. این رمان با ترجمه رونالد ریفیلد و جان فهرندون، مترجمان باسابقه بریتانیایی، در انتشارات «تیلتید اکسیس پریس» در لندن به چاپ رسیده است. 

حمید اسماعیل‌وف، نویسنده بنام ازبک

Дар ҳошияи Ҷашнвораи Байналмиллалии Китоби Эдинбург, фурсат даст дод бо теъдоде аз нависандагоне, ки барои рӯнамоии китоби тозаи худ даъват шуда буданд, гуфтугӯи ихтисосӣ анҷом бидиҳам. Яке аз ин нависандаҳо Ҳамид Исмоилов, нависандаи шинохтаи ӯзбеки муқими Бритониёст.

Ҳамид Исмоилов бо ин ки ба шӯҳрати ҷаҳонӣ расида аст, аммо китобҳояш ҳамчунон дар Ӯзбекистон мамнӯъ ва аз сафар ба зодгоҳаш маҳрум аст. 

Имсол румони торихиеро, ки Ҳамид Исмоилов ҳудуди сӣ сол пеш, замоне, ки дар Тошканд ба сар мебурд, ба забони ӯзбекӣ навишт, дар Ландан ба чоп расид. Ин румонро Доналд Рейфилд (Donald Rayfield), яке аз мутарҷимони шинохтаи адабиёти рус, бо ъунвони “Рақси Шайтон” (The Devil’s Dance) аз забони ӯзбекӣ ба забони англисӣ тарҷума карда аст. Ин китоб дар нашри тозатаъсиси Тилтед Аксис Пресс (Tilted Axis Press) ба чоп расид.  

مراسم رونمایی رمان «رقص شیطان» در جشنواره کتاب ادینبورگ

Шаҳзодаи Самарқандӣ: Ҳамид Исмоилов, Шумо ҳоло пас аз чопи шишумин китоби худ ба забони англисӣ, мешавад гуфт, ки  яке аз нависандагони барҷастаи ӯзбек ҳастед, ки дар Урупо шинохта аст, ҳарчанд китобҳоятон ҳамчунон ки дар даврони Каримов буд, дар Ӯзбекистон мунташир намешаванд. Оё Шуморо дар Ӯзбекистон ба ҳамин андоза мешиносанд, ки дар Инглистон мешиносанд?

Ҳамид Исмоилов: Хандадории кор дар ин ҷост, ки бо вуҷуди ин ки исми ман ба ъунвони нависанда дар ҷаҳон шинохта шуда аст, маро дар Ӯзбекистон намешиносанд. Мешавад гуфт, ки насли қадим маро ба ъунвони мутарҷим мешиносад ва насли ҷавон эҳтимолан куллан намешиносад. Маро ҳамчунон бо корҳои бист сол қабл анҷом додаам мешиносанд, масалан, бо китоби “Юсуф ва Зулайхо”, ки аз форсӣ ба забони русӣ тарҷума кардаам. Маро ба ъунвони нависанда мутаассифона намешиносанд.

رمان «رقص شیطان» نوشته حمید اسماعیل‌وف با ترجمه رونالد ریفیلد، مترجم بریتانیایی

Шаҳзодаи Самарқандӣ: То ҳол аз шумо шаш китоб ба забони инглисӣ дар Бритониё мунташир шуда аст ва ба назар мерасад, беш аз ду даҳа тӯл кашид то китобҳои Шумо дар расонаҳо нақду баррасӣ бишаванд. Оё бо таваҷҷӯҳ ба ин ки Шумо нависандаи меҳмони Би Би Си Ҷаҳонӣ будаед (Writer in residence) ва беш аз ۴ сол аз пуштибонии ин созмон бархурдор будаед, чаро ин қадар тӯл кашид, ки китобҳои Шумо нақд бишаванд?

Ҳамид Исмоилов: Дуруст аст, ки замони зиёде бурд то муваффақ бишавам китобҳоям нақду баррасии густардаи расонаӣ бишаванд. Ман соли ۱۹۹۴ ба Бритониё омадам ва аввалин китоби ман дар соли ۲۰۰۶ мунташир шуд. Яъне ۱۲ сол тӯл кашид то аввалин китобамро муваффақ бишавам ба чоп бирасонам. Дар ҳоле, ки вақте ба Фаронса, дар соли ۱۹۹۲ муҳоҷират кардам, дар тӯли як сол ду китоби ман тарҷума шуд ва ба чоп расид.  

Шаҳзодаи Самарқандӣ: Ба назари Шумо чаро дар Фаронса таваҷҷӯҳ ба адабиёти Ӯзбекистон бештар аст то дар Бритониё? 

Ҳамид Исмоилов: Ба назарам ба ин далели аст, кишвари Фаронса барои шинохти бештари адабиёти кишварҳои камшинохта дарҳои бозтар дорад, то Бритониё. Аммо Фаронса бозтоби чандон густардае дар муқоиса бо Бритониё надорад. Дар Фаронса садҳо китоб чоп мукунанд, аммо таъсири зиёде надорад. Дар ҳоле ки дар Бритониё як китоб аз Шумо мунташир бишавад, дар ҳол номи Шумо шинохта мешавад, намояндаи гурӯҳ ё мардуми хоссе мешавед ва хонандагони зиёд пайдо мекунед. 

Шаҳзодаи Самарқандӣ: Оё ба хотири густарда будани бозори китоби инглисӣ аст ё далели дигар дорад? 

Ҳамид Исмоилов: Бахши муҳимми ин муваффақияти густарда ба забони инглисӣ бармегардад, ки забони ҷаҳонӣ аст, бахши дигараш низ ба суннатҳои адабии ин кишвар бармегардад, ки адабиёт ҷои ҷиддӣ ва муҳимми худро пайдо кардааст. Адабиёти ҷаҳон дар ъайни ҳол он аст, ки ба забони инглисӣ навишта ва мунташир шуда бошад. На он адабиёте, ки ба забонҳои фаронсавӣ, испониёӣ навишта ва мунташир шудаанд. Дар Олмон каме достон фарқ мекунад, аммо он ҳам маҳдудияти худро дорад.

Шаҳзодаи Самарқандӣ: Дар Ӯзбекистон нависандагони зиёде дорем, ки қобилияти ъарза шудан дар бозори ҷаҳониро доранд. Аммо чиро ба назари Шумо то ҳол камтар ва ё аслан шинохта шуда нестанд дар ин бозори густардаи Ғарб ба чоп нарасидаанд? Ин бетаваҷҷӯҳӣ аз куҷо маншаъ мегирад?

Ҳамид Исмоилов: Ба далели набуди мутарҷимони дараҷаи як аст ба назари ман. Ҳатто онҳое, ки тарҷума шудаанд, ба чоп нарасидаанд ё мунташир шудаанд ва нақду баррасӣ нашудаанд. Ман талош кардам, китоби дӯстам, Эркин Аъзам, нависандаи ӯзбекро, ки аз аслофи Шайхи Санъон аст, муъарифӣ кунам, аммо муваффақ нашудам. Дар Бритониё бозори китоб инъитофпазир аст ва намешавад пешбинӣ кард, ки чи китобе дида мешавад ва чи китобе нодида мемонад. Киобе, ки ноширони бузурге мисли Рандомҳоус мунташир мекунанд, ба далели теъдоди болои чопи китоб ва ҳам эътибори дабирони ин нашрия, он китоб сариъ таксир ва тавзеъ мешавад. 

Шаҳзодаи Самарқандӣ: Чаро китобиҳои Шуморо яке аз ин ноширони бузург чоп накардаанд?

Ҳамид Исмоилов: Ман худам тасмим гирифтам, ки бо ноширони мустақил ва хурд кор кунам, ки вақту замони зиёд барои муъарифии китоб дар фазои адабии кишвар сарф мекунанд. Ноширони хурд ба нависанда эътибори вижа медиҳанд, аммо дар нашрияҳои бузург, яке аз садҳо нависанда мешаведу бас. Масалан ношири хурд дар сол се ё чор китоб чоп мекунад ва тамоми сол барои таблиғ ва муъарифии он китобҳо машғул мешавад. Ман ин шеваи дуввумро бештар тарҷеҳ медиҳам. Барои мисол Тилтед Аксес Прессро меписандам. Бунёнгузори ин нашрия духатри ҷавонест, ки аз маъдуд мутарҷимони адабиёти Куреӣ аст ва корашро бо ъалоқа ва эътиқод анҷом медиҳад. Барои ин аст, ки ин нашрияи навпо барои ман ҷаззобтар аз дигар дигар нашрияҳои бузург аст.  

Шаҳзодаи Самарқандӣ: Дебуро Смис аст мудири ин нашрия? ки китоби “Гиёҳхор” ро тарҷума карда аст.

Ҳамид Исмоилов: Бале ин китоб ҷоизаи муътабари Ман Букерро ба даст овард ва аз аввалин тарҷумаҳои обрӯманд аз адабиёти Куреи Ҷанубӣ аст. 

Шаҳзодаи Самарқандӣ: Ба назари Шумо чиро адабиёти Осиёи Миёна пас аз се даҳаи фурӯпошии иттиҳодияи шӯравӣ ҳамчунон барои ҷаҳони ғарбӣ камошно ва ҳатто комилан ноошно боқӣ мондааст?

Ҳамид Исмоилов: Бахше аз ин камошноӣ ба далели он аст, ҷаҳони ғарб мо нависандагони кишварҳои Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Арманистон, Молдовияро ҳамчунон ба ъунвони нависандагони рус мешиносанд. Бо он тассавуре, ки аз даврони шӯравӣ дар зеҳнашон боқӣ монда, ки адабиёте ба номи адабиёти шӯравӣ вуҷуд дошт ва ҳол адабиёти рус вуҷуд дорад. 

Шаҳзодаи Самарқандӣ: Ин нодидагирифтанро Шумо чи меномед? Ҷаҳлу нодонӣ?

Ҳамид Исмоилов: Бахше албатта нодонӣ, ҷаҳл ва такаббур аст ва ба истилоҳи дигар сарфи назар кардан аз торихи Осиёи Миёна. Ин як бахши мушкил аст, бахши дигари он дар чи навиштани мост. Осиёи Миёна дар ин муддат натавониста аст, ки ҷунбиши бузурги адабӣ ба вуҷуд биёрад то аз ҳузури худ огоҳӣ диҳад. Барои ноширони ғарбӣ роҳаттар аст, ки нависандаи чинӣ ё ҳиндиро ба даст бигирад, чун барояш равшан аст ба кадом бахше аз ҷуғрофиёи адабӣ таъаллуқ доранд. Аз лиҳози сиёсӣ низ барояшон равшан аст ва дар зеҳни онҳо бармало равшан аст. Масалан адабиёти туркиро хуб мешиносанд, чун онҷо барои истироҳат мераванд, ё Куреро мишиносанд ба далели худравҳои тавлиди он кишвар, аммо Осиёи Миёнаро ба ҳеч тавлидоте ё барҷастагии хоссе намешиносанд. Дар зеҳни онҳо ин бахш аз ҷуғрофӣ вуҷуд надорад. 

Шаҳзодаи Самарқандӣ: Фаъолияти ҷашнвораи Уруосиёро чи гуна мебинед?

Ҳамид Исмоилов: Онҳо дар аввали шаклгирии кори худ ҳастанд. Дар дохили Осиёи Миёна аз ҳузур ва фаъолияти худ ба худӣ тавонистаанд ибрози ҳузур кунанд,  аммо дар фазои адабии ғарбӣ ҳанӯз ба ҷараёни аслии бозори китоб худро муъарифӣ накардаанд. Бахше аз ишколи кори онҳост, ки дар ҳошия мондаанд. Вақте битавонанд ба ин сӯи марзҳо ҳам фаъолиятҳои худро муъарифӣ кунанд ва дар маркази ҷараёни аслии китоби ғарбӣ қарор бигиранд, он вақт мешавад гуфт, ки ҳар ду самти фаъояиташон мӯътадил аст ва ба ҳам мерасад.  Аммо феълан чунин нашуда аст.

حمید اسماعیل‌وف همراه با یوگینی وادالزکین، نویسنده شناخته روس، در جشنواره کتاب ادینبورگ کتاب‌های جدید خود را رونمایی کردند

Шаҳзодаи Самарқандӣ: Пас зиндагонии солҳо дур аз ватан то чи андоза фикр мекунед, ки рӯҳи мардум ва зарабони қалби ҷомеъаро дар даст доред?

Ҳамид Исмоилов: Ман ба Шумо мисоле аз Маркез Габриел меорам, ки гуфта буд, ман дар кишварам ۱۷ сол зиндагонӣ кардам ва пас аз он ҳеч иттифоқе дар ман науфтод. Ҷои хушбахтӣ ё нохушнудии кор инҷост, ки хуни мо бо ватани аввалияи худ омехтааст ва ҳар ҷо ки бошем бо он пайвастаем ва аз он фарорӣ надорем. Он чи ки ба мо ниёконамон додаанд дар мо хоҳад монд. Намешавад, ӯзбекият, тоҷикият, ё қиргизият ё осиёи миёнагии худро канор бугзорем. Барои мисол Холид Ҳусейнӣ ё Ъатиқ Раҳимӣ, ки инҳо ба ъунвони насли дуввум, бо вуҷуди ин ки бо забони дигар менависанд, аммо ҳамчунон васл ҳастанд ба ватани аслии худ. Кори ин нависандагон аз ин ҷиҳат ду самти ҳуввияташонро ба ҳам ошно ва наздик мекунад. Ҷолиб аст бибинам, ки насли саввум чи хоҳад кард. 

Шаҳзодаи Самарқандӣ: Ин насли саввум ба андозаи кофӣ мавод хоҳанд дошт, ки бахши дигари ҳуввияти худро пайдо кунад бо ин маводе, ки ба онҳо фароҳам шуда то ҳол? 

Ҳамид Исмоилов: Сахт аст. Аммо барои мисол бигӯям, ки ман тести ДНА кардам, ки ҳуввияти аслии худро бибинам, ки чист. ۶۶% Осиёи Миёнаӣ ҳастам, ки омехтаи чандин қавм аст, ۱۱% қафқозосиёӣ, ۱۱% осиёи шарқӣ, монгол, чинӣ, жопунӣ ва ғайра, ۱۰% урупои шарқӣ, мисли славоник, ۲% ирландӣ ва ۱% хуни ман омрикоии таҳҷоӣ дорам. Пас ҳуввияти мо сайёр аст ва ман ба далели ин ки дар Осиёи Миёна ба дунё омадаам, нақши нависандаи ӯзбекро бозӣ мекунад, фарзандони ман, ки дар ин ҷо ба дунё омадаанд, ҳатман инҷоӣ хоҳанд буд. Писарам, ки русӣ сӯҳбат мекунад, ӯзбекӣ сӯҳбат мекунад, ҳамчунон дар даруни фарҳанги мост, аммо намедонам, бо фарзандони ӯ чи иттифоқ хоҳад афтод. Шумо ҳам агар ДНА тести хуни худро бигиред, ба ҳамин натиҷа мерасед, мо ҳама омехта ҳастем. 

Шаҳзодаи Самарқандӣ: Бале ҳатман ба як минтақа маҳдуд нест ва омехтаи чандин қавму маҳал аст. 

Ҳамид Исоилов: Ҳатман чунин аст. 

Шаҳзодаи Самарқандӣ: Мехостам назари Шуморо дар бораи тағйироти  сиёсии ахир дар Ӯзбекистон бипурсам. Ба назари Шумо ин тағйирот қобили эътимод ҳастанд? Бояд интизори беҳбудиҳо бошем? 

Ҳамид Исмоилов: Ман талош мекунам, ҳамаи рӯйдодҳоро бо чашми боз бипазирам. Барои мисол боз шудани роҳи иртибот байни мардуми тоҷик ва ӯзбек, ман комилан аз ин истиқбол мекунам. Ё беҳбуд ёфтани равобит бо дигар кишварҳои ҳамсоя, комилан рӯйдоди мусбат аст ва ман дуруд мегӯям. Аммо чизе, ки маро ҳамчунон нороҳат мекунад, ин аст, ман иҷозаи сафар ба Ӯзбекистонро надоштам. Дар даврони Каримов ман иҷоза доштам, бо ин ки амният набуд, аммо дар ин давраи ҷадид аз фурӯдгоҳ ронда шудам. Бо вуҷуди ин ки ҳамроҳ бо гурӯҳи расмӣ будам. Аз ин ҷост, ки назари ман мавридӣ аст. Ҳар он чиро дӯст дорам, мегӯям хуб асту мусбат ва ҳар он чи ба табъи дили ман нест, ҳатман назари манфӣ хоҳам дошт. 

Барои мисол агар онҳо ниҳоятан тасмим бигиранд сохтори визоиро бардоранд, бешак ман шод мешавам, аммо дар бисёр маворид ман машкук боқӣ мемонам. Наметавонам бипазирам, ки иҷозаи сафар ба Ватанро надошта бошам. Дар кул роҷеъ ба сиёсати минтақа шакку тардид дорам. Шумо дар назар бигиред, ки дар як даҳаи гузашта ҳамаи раҳбарони кишварҳои Осиёи Миёна иваз шуд, аммо ҳамаи онҳо бо вуҷуди доштани донишу тарбияти мутафовит сиёсати якдаст ва бисёр шабеҳро ба пеш мебаранд. Ҳамаашон дар роҳи ба даст овардани қудрат ҳастанд ва барканор кардани ҳамаи чеҳраҳои мухолиф, фарор додани мағзҳои мутафаккир ва равшанфикрон ва аз ин даст ъамол. Ин маро ъамиқан норозӣ мекунад. Мутаассифона қудрат ҳамеша ин гуна аст. Ман метарсам, ки ниҳоятан дар Ӯзбекистон низ ба ҳамин шева идома ёбад.   

Шаҳзодаи Самарқандӣ:  Мехостам бидонам, ки адабиёти клоссики форсӣ то чи ҳад дар шахсияти Шумо нақш дошта аст?

Ҳамид Исмоилов: Бисёр. Хеле бисёр. Ман бо адабиёти клоссики форсӣ бузург шудаам. Аз назари ман адабиёти клоссики форсу тоҷик ва ӯзбек аз ҳам ҷудонашавандаанд, як фарҳанг ҳастанд. Ин як фарҳанг аст, ки бо ду забон баён мешавад. Аммо ъамиқан як фарҳанг ва як торих дорад. Ҷолиб ин аст, ки мо сабки ғазалро офаридем, чун ъарабзабон набудем. Чун мо бояд дини исломро ба забони худ тадбиқ медодем, ин ба мо дари имконоти ҷадидро боз кард ва ин дари тоза бутиқо (поэтика) буд. Бутиқои Рӯмӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Навоӣ, Бобур ва дигарон буд, ки Қуръонро ба форсӣ баргардонанд, ки ‌Ислом бо забону фарҳанги худ пайвастанд. 

Шаҳзодаи Самарқандӣ: Маҳбубтаринҳо барои Шуморо метавонед аз ин шоъирон барҷаста кунед?

Ҳамид Исмоилов: Ҳар ҳафт шоъири бузург. Ҳофиз ҳамеша рӯи мизи ман аст. Маснавии Рӯмӣ рӯи мизи ман аст. Дӯст дорам Саъдиро бихонам, ба хусус “Бӯстон” ва “Гулистон”. Ҳамин тавр шоъирони маҳаллии худамонро ҳам мехонам. Носири Хусравро бисёр дӯст дорам. Ман аз Носири Хусрав бисёр гирифтаам, ба хусус дар навиштани румони ӯзбекиам, “Ҳай Ибни Якзон”.  Аз Абуалӣ Сино, ба ъунвони шоъиру файласуф бисёр вом бардоштаам. Ман тамомвуҷуд бо онҳо ҳастам. Фалсафаи машриқзамин дар ҳуввияти ман ъамиқ рафтааст. Решаҳои ман ъамиқ аст дар фалсафаи форсӣ. 

حمید اسماعیل‌وف پس از مراسم رونمایی و پاسخ دادن به پرسش‌های خوانندگان، تعدادی از رمانش را برای علاقه‌مندان امضا کرد

Шаҳзодаи Самарқандӣ: Ба Эрон сафар кардаед?

Ҳамид Исмоилов: Бале дар соли ۱۹۹۹۷ ман ба Эрон сафар кардаам, ба Шероз, Қум, Исфаҳон рафтаам. Мутаассифона ба Машҳад ва Рей, ки хеле дӯст доштам нарафтаам. Аммо ҷойҳои зиёди Эронро дидаам. Теҳронро дидаам. Ҷолиб ин аст, ки фарҳанги мо бисёр шабеҳи ҳам аст. Мехоҳам бароятон аз як қисса ёд кунам, ки метавонист дар Самарқанд ё Бухоро рух бидиҳад. 

Дар фурӯдгоҳ ронанадаеро киро гирифтам, ки маро ба чанд ҷое, ки мехостам бибарад. Ӯ маро ба иловаи ин ки ба ҷойҳои хостаам бурд, ба манзили худаш ҳам бурд ва бо хонаводааш ошно кард. Духтаронаш барои ман шеър хонданд. Рӯзи дигар маро ба фурӯдгоҳ овард ва ман ۲۰۰ дуллори тавофуқ кардаамонро ба ӯ додам ва сипосгузорӣ кардам. Ӯ се бор гуфт, ки “на хайр, аз ту пӯл намегирам”. Гуфт “ҳоло мо бо ҳам бародар шудаем” ва исрор кард, ки аз ман пӯл намегирад, аммо вақте ки ба Ӯзбекистон омад, варо ҳам ба Самарқанду Бухоро бибарам. Ман гуфтам “ҳатман, аммо шумо бояд пӯлро бигирӣ”. Ӯ гуфт чашм, дар ин сурат бояд ۲۵۰ дуллор бидиҳӣ, чун бароят билет харидам барои Тахти Ҷамшед” (механдад). Ман дарҷо фаҳмидам, ки ин дақиқан ҳамон фарҳанги мост, ки ба он таъаллуқ дорем. 

Шаҳзодаи Самарқандӣ:  Дақиқан ба ҳамон шевае, ки дар Самарқанду Бухоро мебинем. Мамнун аз шумо. Хеле лаззат бурдам аз гуфтугӯи бо Шумо. Умед дорам, ки китобҳои Шумо ба забони форсӣ ҳам тарҷума ва чоп бишаванд. 

Ҳамид Исмоилов: Мамнунам аз Шумо. Умед дорам.    

 

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)

این یک مطلب قدیمی است و اکنون بایگانی شده است. ممکن است تصاویر این مطلب به دلیل قوانین مرتبط با کپی رایت حذف شده باشند. اگر فکر می‌کنید که تصاویر این مطلب ناقض کپی رایت نیست و می‌خواهید توسط زمانه بازیابی شوند، لطفاً به ما ایمیل بزنید. به آدرس: tribune@radiozamaneh.com