Бори дигар замзамаҳое аз тахриби хонаи падарии Фурӯғи Фаррухзод шунида мешавад. Ба гуфтаи Фарҳоди Назирӣ, мудири кулли Насби Осор ва Ҳифзу Эҳёи Меъроси Маънавӣ ва Табиъӣ, ин хона ҳанӯз сабти миллӣ нашудааст. Бахшҳое аз хона аз қабили ҳаёт, боғча, ҳавз ва зерзамин тақрибан даст нахӯрда боқӣ мондааст.
Қидмати ин хона ба даврони Ризо Шоҳи Паҳлавӣ боз мегардад. Шуморе аз фаъолони фарҳангӣ ва дӯстдорони хонаводаи Фаррухзодҳо, дархост кардаанд, пеш аз ин ки дер шавад, хонаро ба сабти миллӣ бирасонанд.
Ин хонаест, ки Фурӯғ ва хоҳару бародараш дар он зода ва бузург шудаанд. Ва ин аввалин бор нест, ки тарафдорони мероси торихӣ ва фарҳангии Эрон нигаронии худро аз тахриб шудани ин манзили барои онҳо азиз ва барои торихи миллат муҳим, баён мекунанд.
Ба ғайр аз Фурӯғ, хоҳар ва бародари ӯ низ аз чеҳраҳои муҳимму маъруфи Эронанд. Фаридуни Фаррухзод, бародари кӯчаки Фурӯғ, гӯяндаи телевизиюн ва хонандаи таронаҳои инқилобист, ки дар муҳоҷират терур шудааст. Хоҳари аз ӯ бузургтари Фурӯғ, Пӯрони Фаррухзод, низ аз шоъирони шинохтаи Эрони муъосир маҳсуб мешавад. Модари Фурӯғ, Турон Вазиритабор ва падараш, Муҳаммади Фаррухзод, низ дар ин манзил ба сар бурдаанд.

Дарвозае ки Фурӯғи кӯчак аз он рафту омад кардааст
بار دیگر زمزمههایی از تخریب منزل پدری فروغ فرخزاد شنیده میشود. به گفته فرهاد نظری، مدیر کل ثبت آثار و حفظ و احیا میراث معنوی و طبیعی، این خانه هنوز ثبت ملی نشده است. بخشهایی از خانه از قبیل حیاط، باغچه، حوض و زیرزمین تقریبا دست نخورده باقی مانده است. قدمت این خانه به دوران رضا شاه پهلوی باز میگردد. شماری از فعالان فرهنگی و دوستداران فرخزادها درخواست کردهاند پیش از این که دیر شود، خانه را به ثبت ملی برسانند.

Боғчаи манзили падарии Фурӯғ

Бахшии дохилии хона

Фурудии дохили манзил

Исми Хиёбони манзили падарии Фурӯғи Фаррухзод
Ашъори Фурӯғ бо садои ӯро метавонед дар инҷо гӯш диҳед.
نظرات
این یک مطلب قدیمی است و اکنون بایگانی شده است. ممکن است تصاویر این مطلب به دلیل قوانین مرتبط با کپی رایت حذف شده باشند. اگر فکر میکنید که تصاویر این مطلب ناقض کپی رایت نیست و میخواهید توسط زمانه بازیابی شوند، لطفاً به ما ایمیل بزنید. به آدرس: tribune@radiozamaneh.com
هنوز نظری ثبت نشده است. شما اولین نظر را بنویسید.