مدتی‌ست که در فضای اجتماعی بین کاربران تاجیک از باز‌شدن راه‌های فرهنگی بین فارسی‌زبانان ازبکستان و تاجیکستان صحبت می‌رود. با وجود باز شدن راه‌های مرزی بین این دو کشور اما هم‌چنان این داد و گرفت‌های فرهنگی به طور باید و شاید انجام نمی‌شود. سلیم عیوب زاد، نویسنده و روزنامه‌نگار تاجیک مقیم پراگ از کم‌آشنایی منقیدان و خوانندگان تاجیکستانی از کتاب‌های چاپ‌شده ادبیان فارسی‌زبان ازبکستان نوشته است.

کتاب‌های ادبیان تاجیک چاپ‌شده در ازبکستان

Гумон надоштам, ки дар Тошканд ин қадар китобе ба забони тоҷикӣ мунташир мешавад ва шоиру нависандагони тоҷик дар кишвари ҳамсоя ба чунин қуллаҳое расидаанду осори нобе ба ганҷинаи адабиёт мерезанд. На, албатта, мешунидем, ки китобҳо нашр мешаванд, аммо соле ду ё се номгӯй ва баъзеҳо ба ин осор бо чашми кам менигаристанд. Бовар дорам, ки дар оянда ҳавзаи бузурги адабиёти тоҷик дар ин ҷо рушд хоҳад кард, бо кашидани Самарқанду Бухоро ва Фарғонаву Сурхон ба мадораш.

Сипос аз марди фарҳангу адабу сухан Муҳиддин Маҳмудови гиромӣ, ки ҷумъаи гузашта ин китобҳои хубро дастраси банда карданд. Дар ин ду рӯз чанде аз онҳоро хондам. Қисса ва ҳикояҳои Юнуси Имомназар хеле дилнишин ва забони онҳо нобу ширин аст. Пажӯҳиши доктори улуми филологӣ, профессор Ҷумъақул Ҳамроев аз шеъри шоири пешгом Паймон амиқу фарогир, ашъор ва ёддоштҳои шоири дигари хушсалиқа Пайғом дилро тасхир мекунад. Ғазалҳои зебои Садриддини Ҳушёрии Сӯхиро, тавре дарёфтам, сарояндаҳо дар суру арӯсиҳо мехонанд. Ҳасан Сулаймони ۲۳-сола лаҳну созе дорад, ки аз омадани як шоири ояндадор гувоҳӣ медиҳад. Китобҳо аз силсилаи “Барои мактабиён” умедвор мекунад, ки наслҳои оянда ба маротиб қавитар ва наҷибтар хоҳанд омад.

Орзу ин аст, ки пайвандҳо таҳким ёбанд ва ҳавзаҳои адабӣ марзҳоро нашиносанд. Бояд таблиғу фурӯши густардаи китобҳо дар ду кишвар роҳандозӣ шавад. Чаро телевизионҳо шабҳои муштараки шеъру суруд аз ду тарафи марз ташкил накунанд. Телемостҳо ба чӣ дард мехӯранд, агар на ба ин? Аз чӣ ҳавзаи адабии Тоҷикистон дар худ дармондааст ва нигоҳе ба он сӯ намеафканад? Ҳатто дигар аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро, ки дар Ӯзбекистон зиндагӣ мекунанд, ба анҷуманҳо дар Душанбе даъват намекунанд. Чӣ магар онҳо адиби тоҷик нестанд ва танҳо шумо адиби тоҷик ҳастед? Дуруст аст, ки нақди адабӣ дар кишвари мо ба андозаи зиёд ҷойгоҳашро аз даст додааст. Вале чаро осоре, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон, вале ба забони модарии мо нашр мешавад ва кашфиёту дастовардҳои ибратбахш дорад, аз назари он дур мемонад? Магар ба ин шева адабиёт метавонад рушд кунад?

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)

این یک مطلب قدیمی است و اکنون بایگانی شده است. ممکن است تصاویر این مطلب به دلیل قوانین مرتبط با کپی رایت حذف شده باشند. اگر فکر می‌کنید که تصاویر این مطلب ناقض کپی رایت نیست و می‌خواهید توسط زمانه بازیابی شوند، لطفاً به ما ایمیل بزنید. به آدرس: tribune@radiozamaneh.com