داریوش رجبیان، روزنامه‌نگار شناخته تاجیک مقیم لندن، در وبلاگ خود “یک درویش” در باره مخالفان زبان پارسی در تاجیکستان نوشته است و آنها را به پنج دسته جدا کرده است: ۱. مردم عوام. ۲. سیاست‌مهوران. ۳. ایران‌هراسان و دینمهوران. ۴. ضیایان. ۵. ضیایان آگاه.

Дар дарозои муддате, ки корзори посдорӣ аз забони порсӣ дар Тоҷикистон ҷараён дорад, ҳеч аҳаде набуд, ки дар радди ягонагии забони порсӣ ва порсӣ будани забони мо дастикам як далели мувассақ биёрад. Зеро чунин далеле вуҷуд надорад. Аммо дар ин давра ҳақоиқе равшан шуд, ки яке аз онҳо марбут ба тоҷикони мухолифи порсист. Онҳоро мешавад ба дастаҳои зер тақсим кард:

  1. Мардуми ъавом

Бештари афроде, ки порсӣ будани забони миллии Тоҷикистонро намепазиранд, аз миёни ъавоманд, ки парвардаи даврони ҳувиятзудоии Шӯравӣ ва паёмадҳои он будаанд. Аммо шумори онҳо рӯ ба коҳиш аст. Бо огаҳипароканӣ дар миёни мардум бисёре дарёфтаанд, ки «забони тоҷикӣ» як истилоҳи сиёсии барсохтаи Кремлин аст, ки барои камзӯр кардани забони мо ва бо ҳадафҳои мушаххаси сиёсӣ дар соли ۱۹۲۸ бар мардуми мо дар минтақа таҳмил шуд.

  1.  Сиёсатмеҳварон

Гурӯҳи дувум афроде ҳастанд, ки пазириши номи расмии забони миллии Тоҷикистонро ба манфиъати сиёсии кишвар намедонанд. Онҳо нигарони вокуниши Русия ҳастанд ва ҳозиранд ба хотири хушнудии хотири як кишвари ғайр ҳувияти тоҷикон ҳамчунон зери йуғи истеъмор бимонад. Ин даста аз афрод аз худ иродае надоранд ва гӯшбазанги боло ҳастанд ва агар фардо раҳбари Тоҷикистон номи ростини забонамонро пазируфту расмӣ кард, дар мадҳу санои он фармони хирадварзона аз ҳамдигар сабқат хоҳанд гирифт. Кофист ин тасмим аз раъси ҳирами қудрат дар Тоҷикистон эълом шавад ва ин тоифа ба ҷамъи посдорони порсӣ хоҳанд пайваст.

  1. Эронҳаросону динмеҳварон

Гурӯҳи севум касоне ҳастанд, ки гумон мекунанд, бо яке донистани забони расмии Тоҷикистону Эрон гароишҳои исломӣ дар Тоҷикистон тақвият хоҳад шуд. Ҳеч истидлоли мантиқӣ ҳам дар ин замина надоранд ва наметавонанд тавзеҳ диҳанд, ки чиро дар раъси ин фароянд ғолибан афроди секулор қарор доранд, ки шуморе аз онҳо ҳатто иҷозаи сафар ба Ҷумҳурии Исломии Эронро надоранд. Шумори бисёре аз афроди ин даста таҳти таъсири сиёсатҳои кунунӣ ва эронҳаросии расмӣ қарор доранд ва тӯтивор суханҳоеро такрор мекунанд, ки дар мавриди дурустию нодурустии он бо сари худ наандешидаанд. Шуморе ҳам мутаъассиби мазҳабӣ ҳастанд ва ба далели тафовути мазҳабӣ бо ҳукумати динии Эрон бо ҳар василае, ки дар ихтиёр доранд, ба эҷоди тафриқа миёни ду кишвар мекӯшанд ва кӯрбоварона пазирои ин ҳақиқат нестанд, ки забони ҳар ду порсист. Ва дар баробари ин ҳақиқат, ки то соли ۱۹۲۸ забони Бухоро ҳам расман “форсӣ” ном дошту шиъа нашуд, лол мемонанд.

  1. Зиёиён

Гурӯҳе, ки худро “зиёиён” ё равшанфикрони расмии Тоҷикистон медонанд; дар ҳоле ки ҳанӯз ба дарки тафовут миёни мафҳумҳои “миллат” ва “давлат” нарафтаанд ва танҳо як нафарро таҷассуми миллату давлат медонанд ва хушхидматӣ ба ӯро “хидмат ба давлату миллат” медонанд ва ҳозиранд дар тавҷеҳи тамоми гуфтаҳои ӯ пешгом шаванд. Пиндошташон бар ин аст, ки бад-ингуна метавонанд ба миллату давлат (ки барояшон як мафҳуми воҳид аст) хидмат кунанд ва ҳамчунон “зиёӣ” боқӣ бимонанд.

  1. Зиёиёни огоҳ

Дар миёни дастаи охир касоне ҳам ҳастанд, ки дар ҳақиқати “порсӣ” будани забони мо шакке надоранд, аммо бар ин ҳақиқат ҳам огоҳанд, ки бо расмият ёфтани “порсӣ” дар Тоҷикистон тамоми офаридаҳои онҳо нақш бар об хоҳад шуд. Рисолаҳое дар бораи тафовути “тоҷикӣ” бо порсӣ, ҷойгоҳи вергул пеш аз “ки” ё дар ҷумлаи таркибӣ, тафовути “у” ва “ӯ” ва садҳо мавзӯъи бехосияту беҳудаи дигар, ҳикояҳову достонҳои берангу обу пешипоуфтода, шеърҳои сусту номавзуну харобу каммоя, ки дар тӯли солҳо нивиштаанду барои худ номе сохтаанд, ба мағоки торих хоҳад уфтоду фаромӯш хоҳад шуд. Далели мухолифати ин даста аз афрод бо забони порсӣ комилан шахсӣ аст ва ҳеч рабте ба манофеъи миллат надорад.

Ин гуна, тасвире, ки ба даст меояд, нишон медиҳад, ки ҳеч як аз ин гурӯҳҳои мухолифи забони порсӣ дар Тоҷикистон пойдор нестанд, чун ҳеч ҳақиқате пуштвонаи мавзеъи онҳо нест ва бо гузашти замон дидгоҳу истору афкори ҳамагӣ ба торих хоҳад пайваст.

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)

این یک مطلب قدیمی است و اکنون بایگانی شده است. ممکن است تصاویر این مطلب به دلیل قوانین مرتبط با کپی رایت حذف شده باشند. اگر فکر می‌کنید که تصاویر این مطلب ناقض کپی رایت نیست و می‌خواهید توسط زمانه بازیابی شوند، لطفاً به ما ایمیل بزنید. به آدرس: tribune@radiozamaneh.com