فردوس عظم، شاعر تاجیک مقیم آلمان، به مناسبت زادروز استاد خود، سورش، شاعر شناخته تاجیک، یادداشتی نوشته و همزمان با شادباش‌ها از او بابت حق استادی که بر سر او داشته سپاس‌گذاری کرده است.

سروش، شاعر تاجیک مقیم خجند

Сухан гуфтан барои бузургон ва ба вижа мизони арзиши онҳо кори осоне нест. Аммо ба унвони як мухотаб ду калима арз мекунам.

Адабиёт бидуни тардид ойинаи ҷомеа аст. Ҷаҳонро ба мо менамоёнад ва моро ба ҷаҳон. Ёдамон медиҳад, ки чи тур худамон, муҳит ва ҷомеаро тағйир бидиҳем ва чи тур зиндагӣ бикунем. Хидмату саҳми адабиёт ба соири улум барои мо рӯшан аст. Садри ҳама риштау улум аст. Рози мондагорию ҷовидонагии тамаддунҳои қадимӣ маҳз мактуб шудани онҳост, ки мадюни адабиётанд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳама чиз; хостаҳо, доштаҳо, андешаҳо, фарҳангу ториху, дину мазҳабу…. дар адабиёт ба намоиш мегузоранд. Адабиёт, ки фақат дар достону шеъру ба ин монандҳо хулоса намешавад, як мафҳуми мутлақ аст. Мафҳуми пӯё ва номиро. Дар ҳама ҷо буда ва ҳаст ва ҳамин тур хоҳад буд ва дар ҳеч забоне маҳдуд намешавад.

Саҳми ҳунармандон дар густаришу пӯёйии он хеле бузург аст, ки бояд ҳамвора мавриди тақдир қарор бигирад.Вақте ҳунарманд мегӯем, ин мафҳум шомили шоиру наққошу нависандаву оҳангсозу… аст. Вале ҳамеша чунин набудаву нест. Мо инсонҳо хеле дер ба қадри чизе ва касе мерасем. Хеле дер ба қадри доштаҳо ин сармояҳои бебаҳоямон мерасем. Он ҳам замоне, ки дигар асаре аз онҳо намонда. Замоне ки муриёнаҳои торих онҳоро маҳв кардаанд. Дар рӯзгори мо кам нестанд ҳунармандоне, ки мутмаинан пас аз ғуруби офтоби умрашон муҷассамаҳояшон барафрохта мешавад ва ба унвони улгуҳо, сармояҳо ва ғулҳои азими адабиёт ёд мешаванд. Чаро ҳамин ҳоло ба қадри ин сармояҳо ва фонӯсҳои рӯшан нарасем!?!?

Сухан кутоҳ, устод Сурӯш ҳам монанди хелеҳои дигар яке аз ҳамин фонӯсҳои рӯшананд. Ҳунармандонро дар зиндабуданашон дарёбем. Баъд аз ғайбати бебозгашташон тақдиру ёдкард ба дарди касе намехурад!!!
Сухти мутури андешаву тафаккурот ва шоиронагиҳои устод Сурӯш маншаъ аз адабиёти ғании клосик ва муосир мегирад. Ашъорашон ки ҳокӣ аз мутафовит будани дидгоҳашон ба муҳит, ҷомеа ва ҷаҳон аст, бисёр шӯрангезу фохир аст. Шоир яъне ҳамин, соҳиби нигоҳи мутафовит.

Вақте хат ба хат, байт ба байт ва калима ба калимаи як шеърро аз назар мегузаронем ва баррасӣ мекунем ба умқи эҳсосу андеша ва заъфу қуввати шоир пай хоҳем бурд. Ва хоҳем дид, ки шоир дар интиқоли паёмаш тавассути ин калимаҳо то чи ҳад муваффақ буда аст. Ҷаҳон пӯё ва раванда аст ва ҳеч гоҳ арса барои гуфтани ҳарфи тоза танг нахоҳад шуд. Роҳат метавон ба масоили куҳна бозтоби тозае дод, ба шарти он ки тавони мутафовит будану нигоҳи тоза дошта бошем. Устод Сурӯш хеле хуб баладанд, ки абзорҳое мисли андешаву тахаюлу эҳсосу отифаю оҳангро дар зарфи бузурги калимаҳо биғунҷонанд ва бо мухотаби имрӯз робитаи наздик барқарор бикунанд…
Наздик буд ёдам биравад, имрӯз таваллуди устоди бузургвор, шоири шеърҳои мондагор Сурӯш аст. Аз Худованд мехоҳем, ки ишонро солҳои сол барои мо ва ҷаҳон нигаҳ дорад.Ва фариштаи шеър ҳамеша ҳамроҳашон бошад. Саломату сарбуланду муваффақтар гардонад.
Зодрӯзатон муборак устод.

Бо меҳр
Фирдавси Аъзам

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)

این یک مطلب قدیمی است و اکنون بایگانی شده است. ممکن است تصاویر این مطلب به دلیل قوانین مرتبط با کپی رایت حذف شده باشند. اگر فکر می‌کنید که تصاویر این مطلب ناقض کپی رایت نیست و می‌خواهید توسط زمانه بازیابی شوند، لطفاً به ما ایمیل بزنید. به آدرس: tribune@radiozamaneh.com