Субҳи имрӯз аҳли илму адаб ва фарҳанг дар мавзеъи Лучоб ба зиёрати оромгоҳи профессор Худоӣ Шарифзода, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои филология (۲۵.۰۶.۱۹۳۷-۲۹.۱۰.۲۰۱۷) омаданд ва ёди ин Устоди бузурги адабиётро гиромӣ доштанд. Имрӯз дар факултети забону адабиёти донишгоҳи миллии Тоҷикистон “Толори Худоӣ Шарифзода” ифтитоҳ шуд ва ҳамчунин аз ду китоби тозанашри устод-“Таърихи адабиёти тоҷик”, “Достонҳои бузурги “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ” ва маҷмӯъаи “Нақши ӯ дар синаву дар ёдҳост”, ки сӯгномаи шогирдону ҳамкорон ва дӯстдорони шахсият ва осори Худоӣ Шарифзода дар бораи фаъолиятҳои илмию адабӣ ва зиндагиномаи ин муҳаққиқи мумтози адабиёти форсӣ-тоҷикӣ аст, рӯнамоӣ шуд. Ёди ин устоди гаронмоя ва соҳибноми тоҷик гиромӣ ва ҷовидон бод!

صبح امروز، سه‌شنبه، سوم ماه آوریل، اهالی علم و ادب و فرهنگ در موضع “لوچاب” به زیارت آرامگاه پروفسر خدایی شریفزاده، ارباب علم تاجیکستان، عضو وابسته آکادمی علم‌های تاجیکستان، دکتر علم‌های فیلولوژی (۲۵.۰۶.۱۹۳۷-۲۹.۱۰.۲۰۱۷) آمدند و یاد این استاد بزرگ ادبیات را گرامی داشتند. امروز در بخش زبان و ادبیات دانشگاه ملی تاجیکستان “تالار خدایی شریفزاده” افتتاح شد و همچنین از دو کتاب تازنشر استاد-“تاریخ ادبیات تاجیک”، “داستان‌های بزرگ “شاهنامه” فردوسی” و مجموعه “نقش او در سینه و در یادهاست” که سوگنامه شاگردان و همکاران و دوستداران شخصیت و آثار خدایی شریفزاده در باره فعالیت‌های علمی و ادبی و زندگینامه این محقق ممتاز ادبیات فارسی- تاجیکی است، رونمایی شد. یاد این استاد گرانمایه و صاحبنام تاجیک گرامی و جاویدان باد!

خدایی شریف‌زاده بیست و نهم سال ۲۰۱۷ در سن هشتادسالگی درگذشت

Профессор Худоӣ Шариф, яке аз маъруфтарин адабиётшиносони тоҷик шаби ۲۹ октябр дар синни ۸۰ аз олам чашм пӯшид. Ҳамагӣ ۴ моҳ пеш ин устоди забардасти илми адабиётшиносии тоҷик ۸۰-солагиашро ҷашн гирифта буд.

Номгӯи навиштҳои Худоӣ Шарифзода:

а) китобҳо

«Услуб ва камолоти сухан» (۱۹۸۵),
«Мақомоти Ибни Сино дар шеъру адаби тоҷик» (۱۹۸۵, ҳамроҳ бо Ш. Ҳусейнзода),
«Каломи бадеъ» (۱۹۹۱),
«Шоир ва шеър» (۱۹۹۸),
«Озурдагон ва умедворон» (۲۰۰۱),
«Савти Аҷам» (۲۰۰۲),
«Балоғат ва суханварӣ» (۲۰۰۲),
«Рози ҷаҳон» (۲۰۰۳),
«Назарияи наср» (۲۰۰۴),
«Суннатҳои адабӣ» (۲۰۰۷),
«Сухан аз адабиёти миллӣ» (۲۰۰۹),
«Маънавият ва ҷаҳони зоҳирӣ» (۲۰۱۲),
«Сездаҳ мақола» (۲۰۱۳),
«Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ» (۲۰۰۷),
«Ашъори ҳакимон ва орифон» (۲۰۱۱, ҳамроҳ бо А. Абдусаттор).

б) дигар маҷмуаҳо аз таълифоти гузаштагон ва муосирон

Ибни Сино: «Пирӯзинома», «Фанни шеър» (۱۹۸۵, ҳамроҳ бо Ш. Ҳусейнзода),
“Мунтахаби «Тарҷумон-ул-балоға» ва «Ҳадоиқ-ус-сеҳр» (۱۹۸۷),
«Шоирони аҳди Сомониён» (۱۹۹۹, ҳамроҳ бо А. Абдусаттор),
«Мероси Сомониён» (۱۹۹۹, ҳамроҳ бо А. Абдусаттор),
Восифӣ: «Бадоеъ-ул-вақоеъ» (мунтахаби ҳикоёт, ۲۰۰۸).
Фарҳанги Бадахшон //Рӯдакӣ, Ройзании Фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон, ۲۰۱۱;
Нақди адабӣ дар Тоҷикистон // Номаи пажӯҳишгоҳ, ۲۰۱۱.

Манбаъ

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)

این یک مطلب قدیمی است و اکنون بایگانی شده است. ممکن است تصاویر این مطلب به دلیل قوانین مرتبط با کپی رایت حذف شده باشند. اگر فکر می‌کنید که تصاویر این مطلب ناقض کپی رایت نیست و می‌خواهید توسط زمانه بازیابی شوند، لطفاً به ما ایمیل بزنید. به آدرس: tribune@radiozamaneh.com