مقاله‌ای که می‌خوانید یادداشت اعتراضی گروهی از مخالفان دولت تاجیکستان است در اعتراض به سخنرانی اخیر رئیس‌جمهوری این کشور. امامعلی رحمان رئیس‌جمهوری این کشور در روز ۱۹ مارس در جلسه رسمی دولتی گفته بود، تاجیکانی که از دین و آیین محلی تاجیکستان دست کشیده و در بیرون از کشور به سر می‌برند، از حق “معنی تاجیک بودن”محروم اند و یا حق ندارند خود را تاجیک بنامند و آقای رحمان این تاجیکان را شدیدا محکوم کرد. انجمن آزاداندیشان تاجیک، که حدود دو ماه است در خارج از کشور به فعالیت شروع کرده است، این سخنان امامعلی رحمان را مغاییر با قانون اساسی کشور خوانده اند.

عکس از سایت آزاداندیشان

(Арзёбии ҳуқуқии суханронии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо зиёиёни кишвар дар таърихи ۱۹.۰۳.۲۰۱۸)

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, дар таърихи ۱۹ март зимни мулоқот бо зиёиёни кишвар, аз онҳо даъват кард, ки “андешаву назари онҳоеро, ки дину мазҳаб ва имону миллати худро ба бегонагон фурӯхтааанду ҳаққи маънавии тоҷик буданро надоранд, қотеъона маҳкум кунед.”

Оё дар ин суханони Президент, даъвати ошкоро барои барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ, идеологӣ ё динӣ дида мешавад?

Бо таваҷҷӯҳ ба санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунанда дар Тоҷикистон, ки дар зайл як ба як оварда мешаванд, бо итминони комил метавон гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон ҷинояти бо моддаи ۱۸۹ қисми ۲ банди “в”-ро содир кардааст.

۱) Мутобиқи талаботи моддаи ۱۸۹ қисми ۲ банди “в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон:

Ҳаракатҳое, ки барои барангехтани кинаю адоват ё низоъи миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ ё паст задани эътибори миллӣ равона шудаанд, инчунин тарғиби бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин, мансубии онҳо ба миллат, нажод ё маҳал, агар ин кирдор ба таври оммавӣ ё бо истифодаи воситаҳои ахбори умум бо истифодаи мақоми хизматӣ анҷом дода шуда бошад, ҷиноят эътироф мешаванд.

۲) Мутобиқи талаботи моддаи ۸ Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон:

Дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад.

Мафкураи ҳеч як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад.

Иттиҳодияҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд.

۳) Тибқи талаботи моддаи ۲۶ Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон:

Ҳар кас ҳуқуқ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд.

۴) Тибқи талаботи моддаи ۳۰ Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон:

Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад. Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст. Сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст.

* * *

Даъвати оммавии Эмомалӣ Раҳмон оиди қотеъона махкум намудани андешаву назари онҳое, ки дину мазҳабашон аз дину мазҳаби аксарияти аҳолии Тоҷикистон фарқ дорад, бар хилофи муқаррароти талаботи моддаҳои дар боло овардашудаи Сарқонуни Тоҷикистон аст.

Вақте дин аз давлат ҷудо бошад, пас давлат ҳам аз дин ҷудо буда, ҳеч як мафкура чун мафкураи давлатӣ эътироф набояд карда шавад. Маҳдуд кардани озодии дин, сухан, эътиқод ва ақида дар Тоҷикистон, тибқи қонун, маън аст.

Ба ғайр аз ин:

۵) Бар асоси талаботи моддаи ۲ Эъломияи умумии ҳуқуқи башар:

Ҳap як инсон бояд бидуни тафовуте, махсусан аз лиҳози нажод, ранги пӯст, ҷинсият, забон, дин, ақидаи сиёсӣ ё ақидаи дигар, асли миллӣ ё иҷтимоӣ, вазъи молӣ, хонаводагӣ ё вазъи дигар, тамоми ҳуқуқ ва тамоми озодиҳоро, ки дар ҳамин Эъломия зикр шудаанд, дошта бошад.

۶) Ҳамчунин мутобиқи талаботи моддаи ۱۸ Эъломияи мазкур:

Ҳар як инсон ба озодии фикр, виҷдон ва дин ҳуқуқ дорад; ин ҳуқуқ аз тағйири озодонаи дин ва эътиқод, пайравии озодонаи дин ё эътиқоди худ чи бо тартиби инфиродӣ ва чи якҷоя бо дигарон, ба таври оммавӣ ё хусусӣ, дар таълим гирифтан, ибодат намудан ва расму оинҳои динӣ ва маросимиро иҷро кардан иборат аст.

۷) Ва тибқи моддаи ۱۹ ҳамин Эъломия:

Ҳар як инсон ба озодии ақида ва баёни озодонаи он ҳақ дорад; ин ҳуқуқ бемамониат нигоҳ доштани ақидаи худ, озодона, бо ҳар восита ва сарфи назар аз сарҳадоти давлатӣ, ҷустуҷӯ, дастрасу интишор намудани маълумоту ғояҳоро дар бар мегирад.

Ба ғайр аз ин:

۸) Мутобиқи қисми ۱ моддаи ۲ Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқҳои фитрӣ ва сиесӣ:

Ҳар як давлати ширкаткунандаи ҳамин Паймон ӯҳдадор мешавад ба ҳамаи ашхоси дар ҳудуди қаламрави он ва қаламрави таҳти тобеияти ҳуқуқии он қарордошта ҳуқуқеро, ки дар ҳамин Паймон эътироф мегардад, бидуни ягон навъ фарқгузорӣ дар мавриди нажод, ранги пӯст, ҷинс, забон, дин, эътиқоди сиёсӣ ё ақидаи дигар, асли миллӣ ё иҷтимоӣ, вазъи молӣ, таваллуд ё ҳолати дигар, эҳтиром ва таъмин мекунад.

۹) Ва инчунин қисми ۱ моддаи ۱۴ ҳамин Паймон:

Ҳамаи шахсон дар назди судҳо ва трибуналҳо баробаранд.

* * *

Ба ин тартиб, дар суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи ۱۹.۰۳.۲۰۱۸, бо истифода аз мақоми хизматии худ, даъватҳои оммавии ошкоро ва пинҳонӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ ва амалҳои барангезандаи кинаву адовати идеологӣ ва динӣ баръало дида мешавад, чунончи дар ин таъбирҳо:

— “онҳое, ки дину мазҳаб ва имону миллати худро ба бегонагон фурӯхтааанд”;

— “ҳаққи маънавии тоҷик буданро надоранд”;

— “қотеъона маҳкум кунед

ошкоро дида мешаванд. Ба сухани дигар: ин таъбирҳо даъватҳои ошкоре ҳастанд, ки мардумро ба таҳаммулнопазирӣ мекашонанд, фақат ба ин далел, ки дигарон дар ақида ва дин мисли онҳо намеандешанд.

* * *

۱۰) Мутобиқи талаботи моддаи ۱۰ Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон:

Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд.

Давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд.

Санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд.

* * *

Аммо баҳс ин ҷост: мутобиқи талаботи қисми ۲ моддаи ۵ Қонуни конститутсионӣ “Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – пешвои миллат”: Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат барои амалҳояш дар давраи иҷрои ваколатҳои Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва салоҳияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ба ҷавобгарӣ кашида намешавад.

Аммо ҳарчанде ки қонунгузор дахлнопазирии Эмомалӣ Раҳмонро бо қонун таъмин кардааст, вале талаботи моддаи Қонуни мазкур бар хилофи Конститутсия Тоҷикистон, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии эътирофкардаи байналмиллалии Тоҷикистон буда, эътибори ҳуқуқӣ надорад; чунончи:

۱۱) Мутобиқи қисми ۴ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шартномаҳои байналмиллалии Ҷумҳурии Тоҷикистон”:

Санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро мутобиқи талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии онро ташкил медиҳанд. Хангоми номутобиқати қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд.

۱۲) Ҳамчунин тибқи талаботи қисми ۱ моддаи ۱۰ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ”:

Санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор мегиранд ва бевосита амал мекунанд. Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд.

Ба ин тартиб, азбаски талаботи қисми ۲ моддаи ۵ Қонуни конститутсиони Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – пешвои миллат” бар хилофи талаботи моддаи ۱۷ Конститутсияи Тоҷикистон; қисми ۱ моддаи ۱۴, қисми ۱ моддаи ۲ Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқхои фитрӣ ва сиёсӣ ва инчунин бар хилофи моддаи ۲ ва ۷ Эъломияи умумии ҳуқуқи башар аст, он эътибори ҳуқуқӣ надорад ва Эмомалӣ Раҳмонро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ барои даъватҳои ошкоро барои фаъолияти экстремистӣ ва барангехтани кинаву адовати идеологӣ ва динӣ озод намекунад.

Ба ғайр аз мавридҳои дар боло овардашуда, дар кирдорҳои Эмомалӣ Раҳмон хангоми суханрониаш дар ۱۹.۰۳.۲۰۱۸, боз таркиби ҷинояти бо модди ۳۰۷ илова ۱ қисми ۲ пешбинишудаи Кодекси ҷиноятӣ дида мешавад.

۱۳) Тибқи талаботи қисми ۲ Моддаи ۳۰۷۱: Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сафедкунии оммавии экстремизм:

Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва (ё) сафедкунии оммавии экстремизм, агар бо истифода аз воситаҳои ахбори омма ё шабакаи интернет содир шуда бошад, — бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

Даъвати Эмомалӣ Раҳмон аз зиёиён ва тамоми аҳолии Тоҷикистон, ки аз тариқи телевизион, радио ва матбуот шунида ва нашр шуданд, аз он иборат буд, ки нисбати тамоми шахсоне, ки ақидаву мафкураи онҳо аз дигарон фарқ мекунад ва гӯё онҳо “фурӯхташудаи” давлатҳои хориҷӣ шудаанд, қотеъона маҳкум карда шаванд.

Ибораи “қотеъона маҳкум кардан” на фақат ба тариқи баҳсҳои илмӣ ва музокираҳо, балки фишор овардан, аз кор рондан, ғасби тиҷорат ва молу мулк, ҳабс ва ҳукмҳои дарозмуддатро дар назар дорад, ва аз ин лиҳоз дар ин “чароғи сабз” чун даъват барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ мебошад.

Барои экстремизм (ифротгароӣ) таҳаммулнопазирӣ ба озодӣ ва гуногунии андеша ва мафкура, озодии сухан ва матбуот хос аст.

Азбаски суханрониҳои Президенти Тоҷикистон барои аҳолӣ ва мақомҳои давлатӣ даъват ба амал мебошад, даъватҳои оммавии амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ ва барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, динӣ ва идеологӣ, таҳаммулнопазирӣ ба гуногунандешӣ хатари ҷиддӣ барои сулҳу суботи ояндаи Тоҷикистон дорад.

Даъвату шиорҳои мазкури Эмомалӣ Раҳмон аз ҷиҳати идеологӣ ба ҳиссиёти пасти мардум баҳри ташаккули нақши як душман ва мухолиф равона карда шудаанд. Дар мафкураи шахсони қабулкунанда ҳисси бадбинӣ ва таҳамулнопазирӣ нисбати гуногунандешӣ, озодии сухан ва баёни он, мубориза бар зидди мафкураҳои гуногун эҷод мекунад. Ин боиси он мегардад, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат додаанд вайрон карда мешавад.

Аз ҳамин лиҳоз ва бо назардошти гуфтаҳои дар боло овардашуда, Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ бо зиёини кишвар дар таърихи ۱۹.۰۳.۲۰۱۸ ҷиноятҳои дар моддаи ۱۸۹ қисми ۲ банди “в” ва ۳۰۷ илова ۱ қисми ۲-ро содир кардааст ва мутобиқи қонунгузории ҷории Тоҷикистон, бояд, ки ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шавад.

Бахши ҳуқуқии Риёсати Иҷроияи Анҷумани Озодандешони Тоҷик 

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)

این یک مطلب قدیمی است و اکنون بایگانی شده است. ممکن است تصاویر این مطلب به دلیل قوانین مرتبط با کپی رایت حذف شده باشند. اگر فکر می‌کنید که تصاویر این مطلب ناقض کپی رایت نیست و می‌خواهید توسط زمانه بازیابی شوند، لطفاً به ما ایمیل بزنید. به آدرس: tribune@radiozamaneh.com