در ادامه برنامه‌های رسمی مربوط به جشن نوروز در کشور قرقیزستان، از سازمان فرهنگی تاجیکان قرقیزستان قدردانی شد. این سازمان با عنوان «رودکی» سال‌هاست که در رشد و محفوظ نگه داشتن فرهنگ تاجیکان بومی در این کشور فعالیت می‌کند و برنامه نوروزی و سفره هفت سین و هفت شین این سازمان یکی از بهترین‌ها بین دیگر ملت و اقوام بومی این کشور دانسته شد. قادر مروت، یکی از فعالان سازمان رودکی، از این مراسم نوشته است.

عکس و متن از صفحه فیسبوکی قادرشاه مروت، فعال فرهنگی در قرقیزستان

ТАҚДИР АЗ СОЗМОНИ “РӮДАКӢ” ДАР ҚИРҒИЗИСТОН

Дар ҷараёни ҷашнгирии Наврӯзи Аҷам дар майдони марказии “Алатоу”, пойтахти Қирғизистон, суннат ва анъанаҳои наврӯзии тоҷикон дар маърази намоиш қарор гирифт.

Фаъолони Созмони тоҷикони ба номи устод Рудакӣ ба ин манзур иқдоми лозимро роҳандозӣ карданд ва барои сокинону меҳмонони шаҳри Бишкек чеҳраи Наврӯз ва фалсафаи ҷовидонии ин ҷашни бузурги миллии тоҷиконро ба намоиш гузоштанд.

Суфраи “Ҳафт син” ва “Ҳафт шин” сабзаи наврӯзӣ ва муҳимтар аз ҳама суманаки тоҷикӣ мавриди таваҷӯҳ ва қабули тамошобинони сершумор қарор гирифт. Қобили зикр аст, ки дар таҳияи ин намоиши наврӯзӣ Истодаой Турсунова, яке аз фаъолони созмони Рӯдакӣ  ҳар сол дар баргузории маросимҳо саҳми асосиро бар ӯҳда мегирад.

Шаҳрдори Бишкек ва дигар мақомоти расмии Қирғизистон зимни боздид аз ғурфаи наврӯзии тоҷикон аз ҳунари корҳои дастии мардуми тоҷик ва кадбонуҳои ҳунарманд ибрози ризоят ва қадрдонӣ карданд.

Дар поёни ҷашни Наврӯз намояндаи гурӯҳи вижаи масъули Раёсати Ҷумҳурии Қирғизистон ба роҳбарони созмонҳои милливу фарҳангӣ итфихорнома тақдим карданд.

Равшанбек Собиров, райиси созмони ба номи устод Рӯдакӣ, ба намояндагӣ аз гурӯҳи фаъолони созмони Рӯдакӣ, такдирнома ва ҷоизаи расмиро дарёфт кард.

Қодир Мурувват
шаҳри Бишкек

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)

این یک مطلب قدیمی است و اکنون بایگانی شده است. ممکن است تصاویر این مطلب به دلیل قوانین مرتبط با کپی رایت حذف شده باشند. اگر فکر می‌کنید که تصاویر این مطلب ناقض کپی رایت نیست و می‌خواهید توسط زمانه بازیابی شوند، لطفاً به ما ایمیل بزنید. به آدرس: tribune@radiozamaneh.com