مو یان، برنده جایزه سال ۲۰۱۲ ادبی نوبل، نویسنده چینی‌ست که منتقدان غربی کارهای او را پاسخ چینی به فرانتز کافکا و جوزف هیلیر خوانده‌اند. قادر رستم، متنقد ادبی تاجیک در معرفی او به خوانندگان تاجیک نوشته است. با خط سیریلیک می‌توانید بازنشر این مقاله را در اینجا بخوانید.

مو یان، معروف‌ترین نویسنده چین

Осори бадеии машҳуртарин нависандаи муосири чинӣ Мо Ян таъйиди рушани ин ҳақиқати одӣ аст, ки як шарт (ва шояд шарти муҳимтарин)-и офариниши осори мондагор ва асили адабии бадеӣ ва умуман ҳунари асил, фаротар рафтан аз қолабҳои мавҷуди идеологӣ ва боварҳои роиҷи омма ва ҳатто гоҳе шикастани ахлоқи мусаллат бар ҷомиа аст.

Мо Ян ончунон моҳирона ва амиқ навоқис ва камбудҳои ҷомиаи Чинро фош карда, он қадар боварҳо ва догмаҳои коммунистии таърихи кишварашро ба боди тамасхур гирифта, ки хонанда гоҳе моил мешавад, ба иддиои ӯ, ки изҳор доштааст, дар кишвараш сензура вуҷуд надорад (гарчи худ ранҷи онро кашида, чи романи «Кишвари май» чанд сол мамнуъултабъ будааст), бовар бикунад. Гузашта аз ин, дар ду романи машҳуртарини ӯ – «Пистони бузург, сурини лумба» ва «Хаста шудам аз зодану мурдан» қаҳрамонони на танҳо аз назари идеологияи коммунистӣ бегона, балки ҳатто душмани синфӣ ва ғоявӣ чунон ба тасвир омадаанд, ки хонанда беихтиёр ҳавохоҳашон мешавад ва эҳтиромашон мекунад. Дар воқеъ, ин амр ки романҳои Мо Ян дар кишваре чун Чин, ки ҳукумати коммунистиаш бо ҳар гуна инҳирофҳои идеологӣ шадидан муқобала ва мубораза мекунад, мунташир шудаанд, ҷоиза мегиранд ва муаллифашонро ба серхонандатарини адибони ин кишвар табдил додаанд, ҷойи тааҷҷуб дорад. Дар ин амр эҳтимолан, то ҳадде тарҷумаи ҳоли «идеалии» Мо Ян, ки фарзанди деҳқон буд, ба сафи неруҳои мусаллаҳ пайваст ( пас аз хориҷ карда шуданаш аз мактаб), солҳо корманди сиёсии артиши Чин буд ва узви ҳизби коммунисти Чин асту муовинати раёсати иттиҳодияи нависандагони кишварашро низ бар уҳда дорад, мусоидат кардааст. Аммо инро ҳам медонем, ки ҳизби коммунисти Иттиҳодияи Шӯравӣ низ гоҳе салоҳ медонист, ба озодандешиҳои адибон аз паси панҷа бинигарад ва ин аст, ки осори аз назари идеологӣ бегонанамои Твардовский, Солженитсин (то замони ронда шуданаш аз Иттиҳоди Шӯравӣ), Йонас Авижюс ва дигарон дар маҷаллаву муассисаҳои интишоротии шӯравӣ ба чоп мерасиданд ва ҳатто барандаи ҷоизаҳои адабӣ мешуданд. Ва ҳамчунин дар кишвари такҳизбии дигар – Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ҳама фишору озорҳо бар аҳли ҳунар ва мухолифтаҳои шадиди идеолгогӣ, ба хусус дар риштаи синамо филмҳое офарида шуданд ва рӯи парда рафтанд, ки то ҳадде боиси ҳайрат аст. Ин раванди бахӯрди муқовиматҳо – муқовимати идеологии давлатҳо аз як сӯ ва муқовимати халлоқияти аҳли ҳунару адаб ва натиҷатан офарида шудани осори амиқи бадеӣ шоистаи он аст, ки аз ҷониби ҷомеъашиносон ва равоншиносон мавриди мутолиъаи амиқ қарор бигирад.

Соли ۲۰۱۲ чун кумитаи ҷоизаи Нобели адабиёт Мо Янро барандаи ин ҷоиза эълом кард, бархе коршиносони адабӣ онро бештар «тасмими сиёсӣ» ва гузашту ҷуброне ба Чин донистанд; яъне чун ҷоизаи адабиёти Нобели соли ۲۰۰۰ ба нависандаи чинии муҳоҷир ва сокини Фаронса Гао Синтзян ва ҷоизаи сулҳи Нобели соли ۲۰۱۰ ба дигарандеши (диссидент) чинӣ Лю Сяобо, ки барои ақоиди мухолифаш дар зиндон ба сар мебурд, дода шуд ва ин амр боиси эътирози шадиди давлати Чин гардид, кумитаи ҷоизаи Нобел аз ин тариқ хостааст, хашми давлатмардони Чинро, ки ба абарқудрати дувуми ҷаҳон табдил мешавад, фурӯ нишонад.

Аммо чун хонандаи ботаанӣ ва соҳибзавқ бо осори Мо Ян ошноӣ пайдо мекунад, дармеёбад, ки сарфи назар аз ангезаи аслии тасмими аъзои кумитаи ҷоизаи Нобел дар амри ба Мо Ян додани муътабартарин ҷоизаи адабии ҷаҳон ва бо вуҷуди он ки воқеан тасмимоти ин кумита гоҳе беш аз дар назар гирифтани «хадамоти адабии нависанда ва навоварӣ дар офариниш» «маслаҳатандешӣ ва мулоҳизоти сиёсӣ» будааст, нависандаи чинӣ аз ҷумлаи адибоне аст, ки басазо барандаи ин ҷоизаи адабӣ шудаанд ва он чи масалан, коршиносони адабии рус дар ин бора гуфтаанд, ба навъе тавҷеҳи бехабарии худашон аз ин нависанда ва осори ӯ будааст; то дарёфти ҷоизаи Нобел ҳеч асаре аз Мо Ян ба русӣ тарҷума нашуда буд, чунонки аввалин маҷмӯаи ҳикояҳои Элис Манро, нависандазани Конодо низ фақат пас аз барандаи ҷоизаи Нобел шудани ӯ – дар соли ۲۰۱۳ ба забони русӣ тарҷума ва чоп шуда буд.

Кумитаи ҷоизаи Нобел тасмимашро дар бораи ба Мо Ян эъто кардани ҷоиза барои «реализми таваҳҳумӣ, ки дар он нависанда афсона, таърих ва замони муосирро ба ҳам меомезад» тавзеҳ додааст. Дар романҳои ӯ воқеияти зиндагӣ бо устураю афсонаҳои мардумӣ ва хаёлбофиҳои қавӣ ва шоиронаи худи муаллиф сахт ба ҳам омехтааст. Қаҳрамони марказии романи «Хаста шудам аз зодану мурдан» («Чархи сарнавишт») дар навбате аз зиндагии худ дар пайкари хук дар бораи Мо Ян, ки худ низ яке аз персонажҳои ин асар аст, мегӯяд: «Сокини ин маҳал Мо Ян зимни ҳикоят он қадар хаёлоти зиёди худро бо ҳаводиси зиндагии воқеӣ ба ҳам меомезад, ки ҳеч фарқ намекунӣ, ҳақиқат куҷосту воқеият куҷо». Дар ин ҷумла, ба гунаи муҷаз, яке аз унсурҳои муҳимми насри Мо Ян баён шудааст. Шеваи омезиши воқеият ва афсонаю устура барои адабиёти қарни бистум падидаи ҷадид нест, ба гунаҳои мухталиф дар осори нависандагони бузурге чун Милорад Павич (Сербистон), Жозе Сарамога (Португалия), Салмони Рушдӣ (Ҳинд- Ингилистон) ба таври густарда истифода шудааст, аммо муҳимтарин, беҳтарин ва муассиртарини намунаҳои онро дар осори нависандагони Амрикои Лотинии даҳаҳои ۶۰-۹۰-уми асри бистум ва ба хусус намояндаи бузурги он Габриэл Гарсиа Маркес мебинем, ки «реализми ҷодуӣ» ном гирифтааст. Мунтақидони чинӣ низ гоҳе сабки Мо Янро «реализми ҷодуӣ» номидаанд ва низ худи Мо Ян Гарсиа Маркесро дар қатори Уилям Фолкнер, Патрик Уайт, Франс Кафка аз ҷумлаи нависандагони таъсиргузор бар осори худ ном бурдааст. . Ва ин ки яке аз қаҳрамонони романи «Кишвари май» номзади илми майкашӣ Ло Идоу, ки достон низ таълиф мекунад ва иштиёқ дорад нависанда бишавад, барои дифоъи дараҷаи магистрӣ дар мавзуи «Насри реализми ҷодуии Амрикои Лотинӣ ва мавзуъи майкашӣ» рисола менависад, ба ҳамин дилбастагӣ ва омӯзиши Мо Ян аз устодони «реализми ҷодуӣ»-и Амрикои Лотинӣ бармегардад.

Аммо пайравии Мо Ян аз «реализми ҷодуӣ»-ро ба ҳеч рӯй наметавон табаъияти шогирдона номид ва агар чунин буд, ӯ наметавонист халлоқи осори бадеии амиқ, хонданӣ ва мондагор бишавад. Ӯ дар реализми ҷодуӣ ва ё реализми таваҳҳумии худ аз «маводд»-и миллии чинӣ истифода мекунад, устура, афсона, боварҳои чиниро ба истифода мегирад, ин ҳамаро бо устодӣ ба аҳдофи адабии худ мутобиқ месозад ва бо сабки вежаи инфиродӣ романи комилан миллии чинӣ таълиф мекунад. Чунончи, романи «Хаста шудам аз зодану мурдан» бар асоси ақидаи будоии таносух таълиф шуда ва қаҳрамони марказии он феодали заминдор Симэн Ноа, ки дар марҳалаи анҷоми ислоҳоти замин аз ҷониби коммунистон паронда мешавад, баъдан дар қолабу сурати хар, барзагов, хук, саг, маймун ва писари каллакалон ба дунё меояд. Ӯ ҳамзамон ҳам хар аст ҳам Симэн Ноа, ҳам Симэн Ноа аст ва ҳам хук ва ғайра.

Ҳама навиштаҳои бадеии Мо Ян аз рӯзгори рустоиёни Чин (бештар аз сокинони зодгоҳи худаш) дар замони муосир, ки каме пештар аз ташкили Ҷумҳурии мардумии Чин – аз замони ҳуҷум ва тасаллути жопаниҳо оғоз мешавад, ҳикоят мекунанд. Бинобар ин, вай устураю афсонаро аз умқи асрҳо ба имрӯз меоварад, имрӯзӣ, заминӣ мекунад ва аз ҷониби дигар воқеияти дурушту талхи рӯзгори ҳамватанонашро ба сатҳи устураю афсона ва шеър боло меоварад. Дар романҳои ӯ истилоҳот ва вожаю таркибҳои комилан сиёсию иқтисодӣ, , ки аслан хоси таблиғот, хитоба ва рӯзноманигорист, дар канори ибораҳои рехтаю шоирона ва романтикӣ қарор мегиранд ва худ низ нарму мулоим ва шоирона мешаванд. Ва ё шиъорҳои коммунистӣ бо он ки айнан иқтибос мешаванд, дар баробари нишондиҳанда ва баёнгари моҳияти марҳалаи муайяне аз Чин буданашон, ҳамчунин ба танзу пузханд бадал мешаванд. Чунончи, шиоре, ки дар девори фермаи хукпарварӣ бо иероглифҳои бузург навишта мешавад: «ба кори инқилобӣ умумиҷаҳонӣ мусоидат мекунем, ҳар хук тӯпест, ки алайҳи империалистҳо, ревизионистҳо ва аксулинқилобиюн партоб мешавад» (аз романи «Хаста шудам….»). Ҳамчунин, тасвири роҳпаймоии муҷозотии унсурҳои мунҳарифшуда (асосан коммунистони насли аввал) дар солҳои «инқилоби фарҳангӣ», ки аз ҷониби хунвейбинҳо ташкил мешавад (аз романи «Пистони бузург….») аз сӯйе, тасвири воқеияти таърихист ва аз сӯйи дигар, карнавалҳои мардумиро дар кишварҳои мухталиф ба ёд меоварад.

Гуногунии шеваи баён ва фаровонии воситаҳои тасвир аз дигар вежагиҳои сабки таълифоти Мо Ян аст. Дар романи «Кишвари май» ҳамзамон ду хатти сужа идома меёбад, ки ҳарду барои як ҳадаф – тасвири фасоди ахлоқӣ дар Чин ва ҳамзамон намоиши ҳунари ғизопазӣ ва майкашӣ ва таърихи он дар ин кишвар хидмат мекунанд. Дар як хатти сужа муфаттиши додситонӣ қазияи кӯдакхӯрии мақомдорони маҳаллии ҳизбиро таҳқиқ мекунад ва хатти дигар иборат аст аз номаҳои ҷавони орзуманди нависандагӣ Ло Идоу ба Мо Ян, посухҳои Мо Ян ба Ло Идоу ва ҳикояҳои таълифкардаи Ло Идоу. Яъне воқеот аз забони чанд ровӣ ҳикоят мешавад.

Романи «Хаста шудам аз мурдану зодан» низ чанд ровӣ дорад, ки муҳимтаринашон хар, хук, Cтефан – писар батрак ва маъшуқаи собиқи Симэн Ноа ва баччаи каллакалон – охирин намоди зиндагии Симэн Ноа аст. Ва дар бархе бобҳо ровиёни мухталиф зуд-зуд ҳамдигарро иваз мекунанд. Ҳамин мухталиф будани ровиҳо, истифодаи ривоёту афсонаҳо ба нависанда имкон медиҳад шеваҳои мухталифи баёнро ба кор бигирад ва имкон надиҳад ки ҳикояти яксону якнавохт барои хонандааш дилбазан бишавад.

Танз аз васила ва абзорҳои асосии тасвир ва баён дар осори Мо Ян мебошад. Ва ба назар мерасад, нависанда истифода аз ин абзорро аз асаре ба асаре такмил медиҳад; агар дар «Кишвари май» садои хандаи ӯ хафифтар ба гӯш мерасад, дар «Хаста шудам аз зодану мурдан» ва «Пистони бузург, сурини лумба» ин садо баландтару бештар мегардад ва дар баробари ин, анвоъи ханда низ афзоиш меёбад, дар ду асари охир ҳам қаҳ-қаҳа ҳаст, ҳам пӯзханд, ҳам заҳрханд ва ҳам шаккарханд, ҳам хандаи созанда ҳаст ва ҳам хандаи кушанда. Ӯ ба ҳама чиз ва ба ҳама кас механдад, касе аз ханда ва интиқоди ӯ дар амон нест. Устоди Мо Ян дар ин замина шояд Франсуа Рабле аст, ки таъсири ошкори ӯро дар бисёре аз сафаҳоти «Кишвари май» мебинем. Мо Ян гоҳе ҳатто фоҷиаро бо ханда ва танз баён мекунад (дар романи «Пистони бузург, сурини лумба) ва баъзан ба назар мерасад, ки аз ҳадди эътидол убур мекунад.
Ба маврид аст, дар ҳамин ҷо бигӯем, ки ному насаби аслии нависанда Гуан Мое аст ва Мо Ян тахаллуси адабии ӯст, ки аз чинӣ «хомӯш бош» тарҷума мешавад. Ва бо таваҷҷуҳ бар ин ки нависанда дар ҳамаи навиштаҳои худ бисёре аз падидаҳои таърихи навин ва боварҳои кишвараш ва мардумашро ба боди тамасхур мекашад ва интиқод мекунад ва ҳукумати Чин низ чу ҳама ҳукуматҳои мубтанӣ бар идеология интиқодро хуш надорад, ин тахаллус («Хомӯш будан») худ низ чун танзе ба гӯш мерасад; нависанда на танҳо «даҳони бастаро сад тилло» медонад, балки бо лабханд қаноат накарда, баланд, қоҳ-қоҳ ҳам механдад. Нуктаи дигаре, ки низ зимнан бояд гуфта шавад, ин аст, ки Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ шоир ва орифи бузурги мо низ «Хомӯш» тахаллус дошт, вале бо он ки Мавлоно низ ҳикоёти танзӣ ва латифаҳои намакин зиёд дорад, дар байни ин ду Хомӯш, албатта, хеч робитаи мустақими адабие вуҷуд надорад ва Хомӯш буданашон низ сабабҳо ва моҳияти мухталиф дорад.

Романҳои Мо Ян ба навъе таҳқиқи адабӣ ва тасвири бадеии таърихи Чин ва ба хусус таърихи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар зарфи ۵۰—۶۰ соли гузашта аст. Ӯ дар достони тарҷумаиҳолии «Таҳаввулот» (۱۹۹۹) ин таърихро ба тавассути зиндагии худ ва бархе дӯстони ҳамсинн ва ҳаммактабии худ ва дар романҳои «Пистони бузург, сурини лумба» (۱۹۹۶) ва «Хаста шудам аз зодану мурдан» ба воситаи сарнавишти қаҳрамонон, ба хусус қаҳрамонони марказӣ, хеле хотирмон ва дилчасп ба тасвир овардааст.

Ду қаҳрамони марказии «Пистони бузург, сурини лумба» модар – Шангуан Лу ва писари ӯ Тсинтун Лу мебошанд ва тамоми таърихи Чин, таҳавввулоти муҳимми кишвар аз замони ҳамлаи ҷопониҳо ба Чин то давраи ба абарқудрат табдил ёфтани Чин ба воситаи зиндагии онон ва қаҳрамонони дигар – ҳашт духтари Шангуан Лу ва шавҳаронашон чун таърихи бадеии Чин ба хонанда ироа мешавад. Шангуан Лу зане пуришқу муҳаббат ва заҳматкаш ва модаре меҳрубон аст, ки чун шавҳаре ақим дорад, нуҳ фарзанди худро баъзан бо майлу ихтиёри худ ва гоҳе аз тариқи дастизӯрӣ ва таҷовуз ба номус аз мардони мухталиф бор гирифта, ба дунё овардааст. Шангуан Лу зани матин, мардсифат ва муқовим аст, ки ба ҳама сахтиҳои зиндагӣ тоб меоварад ва на танҳо фарзандон, балки набераҳояшро низ бузург мекунад.

Чун сухан аз қаҳрамонони китобҳои Мо Ян рафт, ин нуктаро низ бояд гуфт, ки худи Мо Ян дар тамоми навиштаҳояш ҳузури намоён ва густарда дорад. Вай ҳамзамон бо он ки ба ҳайси нависанда ровӣ аст, ба воқеот ва сарнавишиу саргузашти қаҳрамононаш тасаллути комил дорад, ҳамчунин ба ҳайси қаҳрамони (шахсият) китобҳояш амал мекунад, дар воқеот дахил аст, бо қаҳрамони дигар вориди амал мешавад, суҳбат меорояд ва қаҳрамони дигар низ озод дар бораи ӯ андешаи худро баён медоранд. Албатта, барои адабиёт, ба хусус адабиёти мудерни навин ин чизи тоза нест, бисёре аз нависандагон (чунончи, Мишэл Уэлбек (Фаронса) ва дар адабиёти худамон Баҳманёр) худро ба унвони қаҳрамон ва персонаж ба таълифоти худ ворид кардаанд. Аммо, Мо Ян дар ин самт дуртар ва амиқтар рафтааст. Дар романи «Хаста шудам аз зодану мурдан» хук рафтори Мо Янро низ ба мушоҳида гирифта ва аъмоли ӯро низ тасвир мекунад ва дар ин ҳол вайро бо сифатҳои манфӣ ва дурушт – аз ҷумла, мукарраран бо сифати «бадаъмол» тавсиф мекунад. Ва ҳамчунин дар китобҳои нависанда қаҳрамонон ба таври фаровон навиштаҳо ва гуфтаҳои Мо Янро иқтибос мекунанд.

Мо Ян нависандаи сермаҳсул аст, ۱۱ роман, даҳҳо ҳикоя, намоишномаҳо ва филмномаҳо таълиф кардааст. Вале, чунонки гуфтем, тарҷумаи китобҳои ӯ ба русӣ, яке аз ду забоне ки ман балад астам, танҳо пас аз барандаи ҷоизаи Нобел шудани ӯ ҳамагӣ ۳-۴ сол пеш шуруъ шуд, ва аз он замон то кунун фақат ۴ китоби ӯ ба русӣ тарҷума шудааст. Аз тарҷумаи китобҳояш ба форсӣ низ хабар надорам, вале чун тарҷумаи осори бадеӣ аз забонҳои мухталифи ҷаҳон солҳои охир дар Эрон ривоҷи бесобиқа дорад, баъид нест китобҳои нависандаи маъруфи чинӣ низ ба ин забон тарҷума ва мунташир шуда бошанд, аммо барои ман дастнорасанд. Ин аст, ки ошноӣ бо китобҳои Мо Янро дар ҳамин ҷо қатъ мекунем ва бесаброна мунтазири тарҷумаи китобҳои дигари таълифшуда ва ҳанӯз нонавиштааш мемонем.

Қодири Рустам

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)

این یک مطلب قدیمی است و اکنون بایگانی شده است. ممکن است تصاویر این مطلب به دلیل قوانین مرتبط با کپی رایت حذف شده باشند. اگر فکر می‌کنید که تصاویر این مطلب ناقض کپی رایت نیست و می‌خواهید توسط زمانه بازیابی شوند، لطفاً به ما ایمیل بزنید. به آدرس: tribune@radiozamaneh.com