یکی معضلات جامعه تاجیک در جامعه پسا شوروی دست کم گرفتن حق پدران است. پدران تاجیک تا حال از هیچ گونه حقوقی برخوردار نیستند. وقتی زنان هنگام زایمان از پنج سال مرخصی برخوردارند مردان ما از هیچ گونه حقی برخوردار نیستند. آنها نه در هنگام زایمان و نه در هنگام نوزادی فرزند خود از کار و مسئولیت خود آزاد نیستند تا بتوانند از این رویداد مهم در زندگی خود بهره برند و سهم بیشتری به عنوان پدر داشته باشند. برای خواندن این مقاله با خط فارسی به اینجا مراجعه کنید: حکومت مادران و دست کم گرفتن روز زن در جامعه تاجیک

(Бо сипос аз Мижгони Аз Гулнор ва Меҳрангези Саъдӣ,
баргардонандагони ин мақола аз хатти форсӣ ва сириллик)

Яке аз мушоҳидаҳое, ки дар рузи байн-ул-миллалии зан, яъне ۸-уми морс дар кишварҳои собиқ шӯравӣ диққатамро ҷалб карда, он аст ки бисёре ин рӯзро “рӯзи модар” хондаанд. Ҳудуди ۳۰ сол аст ки иттиҳодияи шӯравӣ фурӯ пошида ва тамоми расму ъодатҳое ки дар даврони шӯравӣ байни ҷумҳуриҳои он буда ба саргардонӣ дучор шуда аст ва рӯзи ҷаҳонии зан низ яке аз ин расму ъодатҳост.

Барои ин ки ба мавзуъ дақиқтар бипардозем онро маҳдуд мекунам ба ду ҷомеъаи Тоҷикистон ва Узбекистон ки ҳар ду кишвар муштаракоти зиёде доранд. Ҳар чанд ин падида ки мехоҳам дар ин мақола барҷаста кунам дар дигар ҷумҳуриҳои собиқ иттиҳодӣ шӯравӣ низ ба чашм мехурад.

Чӣ касоне рузи ҷаҳонии занро ба рузи модар маҳдуд мекунанд? Мушоҳидаҳои ман нишон медиҳад ки ин афрод касонеанд ки бовар ба баробарии зану мард надоранд ва аз бедории иҷтимоъии занони ҷомеъа худ нигаронанд. Ба бовари ин афрод, зан агар мустақил ва садояш расо бошад, эътибори мард дар хонавода ва ҷомеъа коҳиш хоҳад ёфт. Афзойиши теъдоди занони фаъол дар ҷомеъа рақобати ъамиқ ва сохтори бо мардонро ба вуҷуд оварда аст. Бо он ки пас аз фурупошии шӯравӣ, занон дигар саҳми дақиқ ва рушане дар созмониҳои давлатӣ ва марокизи омӯзишӣ надоранд, заноне ки ҳамчунон фаъол ва дар ҳоли рушданд, усулан занонеанд ки ҳам аз лиҳози иҷтимоъӣ ва ҳам аз лиҳози фарҳангӣ қавӣ ҳастанд ва шахсиятҳои муассире доранд. Ин чизе аст ки боъиси нигаронии мардони муҳофизакор ва занони ҳамфикри онҳо дар лояҳои суннатии ҷомеъа шуда аст.

Занони фаъол ки маъмулан ба насли ҷавонтар таъалуқ доранд, рӯзона ҳам дар хонавода ҳам дар ҷомеъа таҳти фишоранд. Заноне ки баробарии ҷинсӣ ва ҳуқуқӣ барояшон мисли офтоб муҳим ва рӯшан аст, ногоҳ бо мухолифони муҳофизакор ва афроде рӯ ба рӯ шудаанд ки пас аст фурӯпошии шуравӣ ҳуввияти худро исломӣ тарҳ кардаанд ва ҳар чизи на исломиро зарарнок ва қобили ҳазф мешуморанд. Чизе ки занои пешгом ва мудерни тоҷик ва узбек бо он мухолифат доранд.

Яке аз нуктаҳое ки дар маҳдуд кардани рӯзи зан ба “рӯзи модар” мебинем, дастикам гирифани занон ва тавонойи ва арзиши онон барои умури иҷтимоъӣ аст. Дар даврони шӯравӣ занон дар рӯзи зан аз ҳар гуна кори хона ва ҷомеъа даст нигаҳ медоштанд ва он рӯзро танҳо ва худ ва хостаҳои худ ихтисос медоданд ва кори хона ба души мардон меафтод ва занон танҳо интизори гул ва ҳадя доштанд. Ҳоло чаро бояд ин рӯзро танҳо ба мардон ва модарбузургон ва модаршавҳарон ихтисос дод? Ихтисос додани ин рӯз ба модарон, ба мардони сунантгаро ва ҳам занони муҳофизакор кумак мекунад ки нақши занро ба ъунвони фарди мустақил ба баробари бо худ ҷиддӣ нагиранд ва танҳо аз рӯи боварҳои суннатӣ, модарро ки ба онҳо зиндагони бахшида ва биҳишт зери пойи ӯст, гиромӣ бидоранд.

Зан аввал инсон ва баъд модар аст

Аз даврони қадим ки охарашро таъин кардан душвор аст то имрӯз дар ҷавомеъи дар ҳоли тавсиъа, занро маҳдуд ба хона ва масъулият дар дохили хона мекунанд. Боварҳое мисли ин ки модар бояд ъумри худро фадои фарзанд кунад ё зарбулмасалҳое мисли биҳишт зери пои модарон аст, ба навъе ҷомеъаи моро ба таври мудом ба ъақаб кашида аст.

Модарони ҷавон ташвиқ мешаванд ки ъумр ва ҳама авқоти худро барои зойиш ва тарбияти фарзанд бибахшанд ва онҳо ба тадриҷ ва бо бузург кардани фарзандонашон чӣ басо нохудогоҳ ба модаршавҳарони тундхӯ ва диктотуре табдил мешаванд ки гузашта аз ин ки худро соҳиби фарзандони худ медонанд, ҳамсарони онҳоро низ ба зердастони худ табдил медиҳанд.

Дар ҷомеъаи тоҷик писари хуб он аст ки ҳамсареро интихоб кунад ки дар хидмати падару модари ӯ бошад. Яъне ин ҳалқаи фадо кардани ъумр танҳо дар атрофи зан боқӣ намемонад ва бо дастони худи модарон ба фарзандони онҳо низ кашида мешавад. Натиҷа он аст ки ҳамаи аъзои ҷомеъа зиндагониро тавре аз сар мегузаронанд ки аз худи онҳо нест ва бар асоси хостаи онҳо нест.

“Дар даврони мо чунин набуд”

Яке аз истидлолҳое ки модарон ба кор мебаранд то зургуйи худро тавҷеҳ кунанд ин аст ки “дар даврони мо чунин набуд”. Яъне онҳо ранҷ дидаанд пас мо ҳам бояд ранҷ бибинем. Ин худхоҳии нохудогоҳи модарон боъиси пасрафти ҷомеъа аст. Ва бадбахтӣ дар он аст ки давлатҳо низ инро дар хонаводаҳо тақвият медиҳанд. Дар Тоҷикистон қонуни хонавода тавре тавсиб шуда аст ки волидайнро масъули фарзандон мекунад ва озодиҳои насли ояндаро ба дасти насли ҷабрдида раҳо мекунанд. Тарҳи ислоҳи қонуни хонавода дар Тоҷикистон рӯзи душанбе ۱۱ морс, сол ۲۰۱۳ дар шӯрои маҷлиси намояндагон баррасӣ шуда ва барои баррасӣ ва таҳлили бештари он гурӯҳи корӣ таъсис шуд, аммо ин ислоҳот маҳдуд бар издивоҷи байни хешовандон ва коҳиши бемориҳои ирсӣ буд. Ҳамчунон бар ассоси ин қонун падару модар масъули фарзандони зер ۱۸ сол боқӣ монд.

Зистан барои дигарон

То замоне ки мо модарро танҳо ба хотири он ки зоянда аст ба неруи осмонӣ ё муқаддасот баробар донем ва ҳама гуфта ва хостаи ӯро анҷом диҳем, яъне озодиро начашида хоҳем монд. Даст бар сина ва гуш бар гуфтаи модарон ва падароне ки дунболи орзуи худ нарафтаанд ва фарзандони худро низ ба ҳамон роҳ мебаранд, яке аз мушкилоти ҷомеъаи кунунии тоҷик аст.

Фарзанди тоҷик то замоне ки падар ва модари худро гӯру чӯб накунад ба озодӣ намерасад. Ҳатто мешавад гуфт ки вақте ки дигар падару модаре ҳам болои сарашон набошад роҳи тарбият ва шеваи зистани мустақиле барои худ дар ҷиҳати орзуҳо ва хостаҳои худ надоранд ва он гуна ки дар ҷомеъа роиҷ аст, пас аз марги падарону модарон дасти фарзандони онҳо аз замину осмон канда мешавад ва раҳойи ба ғайр аз овезон шудан ба фарзандони худ надоранд. Яъне ҳамон шеваи суннатии падару модариро дубора дар рафтори фарзандони худ идома медиҳад. Ман ҷонамро барои ту фидо мекунам? ту ҷонатро барои ман ва дар натиҷа ҳеч кадом аз зиндагони баҳра нахоҳанд бурд.

Дар чунин фазойи фардият хосси табақаи мутавассит ё рушанфикр шакл нахоҳад гирифт ва то ҳол шакли нагирифта аст. Ҷомеъаи тоҷик дар ҳалқаи хидмат ба дигарон ъумри худро сипарӣ мекунад ва миллюнҳо нафар ба ғайр аз зистан барои дигарӣ шеваи дигаре аз зистанро намедонанд. Ин дар шароити хосе шояд роҳи хубе бошад. Аммо байни ин миллюнҳо истеъдодҳо аз байн мераванд чаро ки барои таъмини нону оби афроди маъмулӣ аз истеъдоду тавонойи худ сарфи назар мекунанд ва тавонойиашон ба ҳадар меравад.

То замоне ки занон дар ҷомеъа озодии фардӣ ва озодии иҷтимоъӣ пайдо накунанд онҳо низ озодии дигар аъзои ҷомеъаро ба сахтӣ мепазиранд. Яке аз нукоте ки Ойн Ронд, файласуфи рустабори амрикойӣ дар далоили пешрафт накардани ҷомеъа тавзеҳ медиҳад, фаромӯшии худ, ё ултроисм аст. Ултроисмро шояд бишавад “худқурбонии ифротӣ барои дигарӣ” ё зистани мутлақ барои дигарон маънӣ кард. То замоне ки фард наёмузад ки хоста ва орзӯи худро дунбол кунад, ҳеч вақт барои расидан ба орзӯ ва хостаи дигарӣ дасти ёрӣ дароз карда наметавонад. Ва ҳама бо ҳам дар киштии сурох дар ҳоли ғарқ хоҳанд монд ва ҳама бо ҳам ғарқ хоҳанд шуд. Дар ҳоле ки ҳар фарде барои худ дасту по бизанад шояд худро ва пас аз он дигареро ба соҳили амн бирасонад.

Пас бояд модаронро раҳо кунем то пеш аз ҳама нақши инсонии худро ба даст биёваранд то нақши инсонӣ ва фардии фарзандони худро низ дарк кунанд. Зеро то замоне ки модар будан машғулияти сад дар сади зан боқӣ бимонад, мардони мо ҳеч вақт наметавонанд нақши падарии худро дуруст дарк кунанд. Аз ҳузур дар канори фарзандони худ лаззат бибаранд ва дар тарбият ва рушди онон саҳм дошта бошанд.

Ба баёни дигар, таблиғи ин ки зан бояд модар бошад ва модарӣ бояд шуғли аслии ӯ бошад, дар воқеъ таблиғи фарҳани рустойӣ ба зидди шаҳрист. То замоне ки масъулияти фарзанд бар души танҳо зан аст, ӯ замоне барои мутолиъа ва расидагӣ ба дунёи маънавии худро надорад ва инсони дараҷаи дуввум, яъне қурбонӣ ва дар хидмати фарзанд ва ғуломи хонавода боқӣ мемонад ки то ҳол на ба нафъи мардон буда ва на ба нафъи насли ҷавон ва на ба нафъи худи занон.

Ҳаққи падаронро низ ба даст орем

Яке аз муъзалоти ҷомеъаи тоҷик дар ҷомеъаи пасошӯравӣ дастикам гирифтани ҳаққи падарон аст. Падарони тоҷик то ҳол аз ҳеҷ гуна ҳуқуқе бархурд нестанд. Вақте занон ҳангоми зоймон аз панҷ сол мурахассӣ бархурдоранд, мардони мо аз ҳеч гуна ҳаққе бархурдор нестанд. Онҳо на дар ҳангоми зоймон ва на дар ҳангоми зоймон ва дар ҳангоми навзодии фарзанди худ ҳозир нестанд, чун аз кор ва масъулияти худ озод нестанд то битавонанд аз ин руйдоди муҳим дар зиндагии худ баҳра баранд ва саҳми бештаре ба ъунвони падар дошта бошанд.

Чунин рафтори давлатҳо бо навзод ва мурахассиҳои зоймонӣ ки танҳо ба модарон таъаллуқ дорад, нақши мардонро дар тарбияти фарзанд ва барпо кардани хонаводаи солиму комил дастикам мегирад.

Ба назари ман танҳо ба модарон рабт додани навзод ва масъулиятро ба души танҳо модар вогузор кардан, аз ҷавомеъи бостон, аз даврони модархудойӣ боқӣ монда аст ки бо сохтори ҷомеъаи имрӯз созгор нест.

Занон молику соҳиби сад дар сади фарзандонанд ва ҳатто ҳангоми талоқ ва аз ҳам пошидани хонавода бо ҳамаи фарзандон ба манзили падару модари худ бар мегарданд ва ҳаққи дидор бо падарро аз фарзандон мегиранд ва падарон низ аз пардохти ҳаргуна кумак ё нақш доштан дар ояндаи фарзандони худ даст мекашанд.

Ин мушкили ҷомеъа то замоне идома хоҳад ёфт ки мардони мо низ ба ҳаққу ҳуқуқи падарии худ огоҳ шаванд ва ба он даст ёбанд. Занони ҷомеъаи мо мазлумони ҷомеъаи мардсолор маҳсуб мешаванд. Аммо бояд ба ин мавзуъ низ таваҷҷуҳ кунем ки мардони мо низ ниёз доранд аз давлат ҳаққу ҳуқуқи падарии худро талаб кунанд. Падарон низ бояд аз мурахассиҳои падар шудан бархурдор бошанд ва дар тарбияти фарзанд фаъолона саҳм бигузоранд.

Надоштани вақти кофии падарон барои расидагӣ ба фарзандони худ боъис мешавад ки онҳо бо фарзандонашон бегона ва нима бегона ва бо фосилаи зиёд танҳо бимонанд. Агар падарон бо фарзандони худ вақту замони бештаре дошта бошанд, ҳам падарони беҳтаре хоҳанд буд ва ҳам инсонҳои беҳтаре дар дарки фарзандону ниёзу хостаҳои онҳо мешаванд ва метавонанд фаъолона ва мустақим бо онҳо гуфтугӯ кунанд. Бисёре аз падарони тоҷик бо фарзандони худ ё аз роҳи зур ва фармон додан гуфтугӯ мекунанд ё аз тариқи ҳамсарони худ. Чун онҳо дар гуфтугӯи рӯзмарраӣ ва танготанг бо фарзандони худ нестанд. Робитаи фарзандон танҳо аз роҳи эҳтиром ва пазируфтани бидуни савол, шакл мегирад ва он ҳам бастагӣ дорад ба он ки модарон то чӣ ҳад ба онҳо ин эҳтиром ба падарро муъаррифӣ ва омӯзонда бошанд.

Падарони тоҷик ҳамсарони беҳтаре хоҳанд буд вақте ҳангоми зоймони занон ва дар моҳҳои аввалияи ба дунё омадани навзод канори ҳамсарони худ бошанд. Дар ҳоле ки дар ҷомеъаи тоҷик ин маросим ҳамчунон ки дар даврони қадим буд, марбут ба занон ва ба хусус занони куҳансолтар аст ва ҳамаи маросимҳоро онҳо дар ҷудойӣ аз мардони хонавода анҷом медиҳанд ва мардон ҳамчунон ки дар даврони модархудойӣ буд, танҳо ноновар ва ҳазинабардори ин маросимҳо ҳастанд. Дар ҳоле ки ҳаққи онҳост ки дар канори навзод ва фарзанди наврасидаи худ бошанд ва меҳру муҳаббати худро ба ӯ арзонӣ доранд ва аз вуҷуди навзод лаззат бибаранд ва эҳсоси хушбахтии бештаре бикунанд. Аммо ба ҷойи ин тамоми вақт дар сари кор ва ё дар муҳоҷирати корианд то фарзанд ва хонаводаро таъмин кунанд.

Ин ислоҳот дар сохтори хонавода ва ҷомеъаи тоҷик вақте мумкин аст ки рӯзи зан, рӯзи зан бошад ва зан пеш аз он ки модар бошад, инсони мустақил бошад ва ҳаққи волидайн байни падарону модарон баробар тақсим бишавад.

Рӯзи ۸-уми морс, рӯзи байналмиллалии озодии занон аст ва онро танҳо рӯзи модар хондан идома додан ба он ҳалқаест ки занони пешгоми Урупо ъалайҳи он мубориза бурданд то рӯзеро барои зан, ба ъунвони инсоне мустакил ихтисос бидиҳанд. Ин рӯз ёдоварии он аст, зан танҳо дастгоҳи зоиш нест, балки руҳу равони ба ғайр аз хонавода низ дорад, орзӯ ва интизори дигаре низ аз ҷомеъаи худ дорад.

Ин рӯзро эҳтиром бигузорем ва занро танҳо ба олати таносулӣ маҳдуд накунем. Бо ин кор аз модарони худ танҳо ба хотири олати таносулиаш таваччӯҳ мекунем, ва ӯро инсони мустақил намедонем.

Аз модарони худ бипурсем, ки ба ғайр аз ин ки шуморо бизояд, дар ҷавонӣ чӣ орзу ва умедҳое дошт ки дар натиҷаи як умр ҷонфидоӣ барбод рафт.

навиштаи Шаҳзодаи Самарқандӣ

Бо сипос аз Меҳрангези Саъдӣ ва Мижгони Аз Гулнор бобати баргардони ин мақола аз хатти форсӣ ба сириллик

Ин мақола аввал дар сойти Замона мунташир шудаст

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)

این یک مطلب قدیمی است و اکنون بایگانی شده است. ممکن است تصاویر این مطلب به دلیل قوانین مرتبط با کپی رایت حذف شده باشند. اگر فکر می‌کنید که تصاویر این مطلب ناقض کپی رایت نیست و می‌خواهید توسط زمانه بازیابی شوند، لطفاً به ما ایمیل بزنید. به آدرس: tribune@radiozamaneh.com