(Баргардонандаи ин гуфтугуи родиёӣ ба сириллик Мижгон аз Гулнор, фаъоли фарҳангӣ)

Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ яке шоъирони баном ва пурсару садои самарқандӣ аст, ки солҳои зиёд дар ҳабси хонагӣ қарор дошта ва аз фаъолони сиёсӣ ва ҳамин тавр аз фаъолони фарҳангии самарқандӣ аст ва барои гирдиҳам овардани миллати тоҷик дар дохили Узбекистон фаъолият кардааст. Фаъолиятҳое ки ағлаб мавҷиби пайгардҳои давлатӣ қарор гирифтааст ва мамнуъ-ул-садо дар расонаҳои дохилии Узбекистон буд. Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ аз пешниҳод ва дархостҳои худ бо родю Замона сӯҳбат кард. Ва гуфт ки дар баҳори соли оянда ки қарор аст раиси ҷумҳури Узбекистон ба кишвари Тоҷикистон барои аввалин бор сафари расмӣ дошта бошад ин дархостҳоро дар марҳалаи аввал баррасӣ кунанд.

Дархостҳои Ҳаёт Неъмати Самарқанди:

– Якум масъала ки бояд дар аввал дар онҷо гузошта шавад, бояд ба расмият шинохта шудани забони форсии тоҷикӣ бошад. Дар Узбекистон агар тақрибан ۳۵ милюн ҷамоъат бошад аз ҳамин ۱۸-۲۰ милюн, на аз ҷиҳати паспорт, на аз ҷиҳати ҳуҷҷат, балки ашхоси ҷисмонӣ тақрибан ۱۸-۲۰ ҷамоъати Узбекистон тоҷиконанд. Аз ин сабаб бояд ки масъалаи аввал, яъне ба расмият шинохтани забони тоҷикӣ дар Узбекистон. Чунки дар Узбекистон танҳо дар Хоразм ва Қароқолпоқ мардуми тоҷик нест. Дар дигар ҷойҳо масалан дар Сурхандарё ۸۰ фоиз тоҷик, дар Қашқадарё ۷۰ дар сад, дар Фарғона, Қуқанд, Андиҷон умуман водии Фарғона тақрибан ۶۰-۶۵ фоиз тоҷик. Дар Тошканд ۵۰ ба ۵۰, дар Бухоро ۹۰ фоиз, дар Самарқанд ۵۰ ба ۵۰. Яъне тақрибан тақрибан ۱۸-۲۰ аҳолиии Узбекистон тоҷиконанд. Агар аз забони тоҷикӣ ба расмият шинохта шавад. Яъне ҳамчун забони расмии Узбекистон шинохта шавад.

Дуввум иҷоза дода шавад ба ҳамаи ашхоси яъне ба ҳамаи тоҷикони Узбакистон дар шиноснома миллаташон ғайр навишта шуда аст. Ихтиёран бидуни ин ҳуҷҷатҳои дигар сохтакорӣ бояд ки иҷоза дода шавад ки дар шиноснома миллаташонро ҳамчун миллати забони модарии худ нависонанд, дар корҳои дохили дар он шуъбаҳои шиносномадиҳӣ. Ҳамин агар аз ду масъалаи аввал ҳал шавад.

Саввум масъала ҳар чанде ки ин сиёсати нонавиштаи Узбакистон буд ки мегуфтанд ки агар дар макраби тоҷикӣ мехонӣ, кор ёфта наметавони ба донишгоҳи ъолӣ дохил шуда наметавони. Ин расмӣ набуд, аммо дар байни мардум ҳамин овозаро паҳн карданд ва аз ҳамин сабаб мардуми гумроҳ ба ин бовар карда тамоми фарзандҳошонро ихтиёрӣ ба мактаби узбакӣ доданд. Аммо ба ҳеҷ чиз нарасиданд. Бояд ки ин мактабҳои акнун мактабҳои тоҷикӣ бояд ки расман аз тарафи ҳукумат Узбекистон як қонун интишор кунанд, ки он мактабҳои тоҷикие ки қаблан тоҷикӣ буд имрӯз баста шуда узбекӣ гашт, агар дар ҳамон минтақа аҳолиии узбак набошад бояд он мактабҳо ҳама тоҷикӣ шавад. Яъне аз нав зинда кардани мактабҳои тоҷикӣ дар Узбакистон. Ҳамин се масъала агар ҳал шавад, дигар масъалаҳои худ аз худ ҳал мешаванд. Аввалан ҳамин се масъала.

– Бале. Аз ҷониби Тоҷикистон фикр мекунед ки тоҷикони Узбекистон ки кумаке ниёз доранд? Чӣ дархосте доранд?

– Аз Тоҷикистон ҳеҷ чиз анҷом дода наметавонад. Чунки Тоҷикистон иқтидоре надорад.

– Аз лиҳози молӣ?

– Узбакистон иқтидкоре дорад дар дунё, аммо Тоҷикистон иқтидор надорад.

– Аз лиҳози молӣ манзури шумо ҳаст?

– Аз лиҳози молӣ ҳам иқтидоре надорад.

– Дар бораи настрафикатсия ё тадбиқ кардани мадракҳои ки дар Тоҷикистон гирифтаанд бисёре аз тоҷикони Узбекистон ки дар Узбекистон ба расмият шинохта намешавад. Фикр мекунед ки бояд чӣ кор кард? Дар Тоҷикистон дарс хонданро набояд идома дод? Набояд дархост кард ки омузгорони тоҷик дар Тоҷикстон дарс бихонанд ё ки ба назари шумо беҳтар аст ки донишгоҳҳои дохили кишварро тақвият кунем?

– Акнун албатта донишгоҳҳои дохилии Узбекистон муҷададан оғоз карда шавад. Собиқан масалан дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд ҳамаи факултаҳо гуруҳи тоҷикӣ дошт. Баъд замоне ки масалн мактаби тоҷикӣ намонд дар Узбакистон албатта ин гуруҳҳо ҳам ҳама баста шуданд. Кӣ мехонад? Агар мактабҳои тоҷикӣ кушода шавад агар дар он вақт албатта якбора на масалан пас аз ۱۰ сол пас аз ба итмом расондани мактаби тоҷикӣ баъд он шуъбаҳои тоҷикии донишгоҳ кушодан мумкин аст. Донишгоҳҳои ъолии Тоҷикистон ҳам чӣ тавр дигар ман чандин солҳо меравам меоям. Савол ҷавоб мекунам. Тадрис бисёр ба дараҷаи кофӣ нест.

– Аз раисҳои марказҳои фарҳангии тоҷик дар шаҳри Самарқанд, Тошканд, Бухоро ва дигар шаҳрҳои тоҷикнишин чӣ пешниҳод доред? Мехоҳед бояд аз чӣ шуруъ кунанд ин ислоҳоти фарҳангиро?

– Аввалан он марказҳо нест, дар асл нест. Ба расмият ҳаст, аммо дар асл нест. Ин ҳама дуруғ аст, ки масалан дар Тошканд ҳасту дар Бухоро ҳаст, нест. Ба ном аз тарафи амният сабт карданд ва гуфтанд ки инҷо маркази тоҷикони Самарқанд мешаванд. Аммо кор нест, умуман нест. Касе намеравад.

– Аммо агар инҳо алон мехоҳанд фаъол шавад. Фикр мекунед, ки бояд аз чӣ шуруъ кунанд. Дар марҳалаи аввал бояд чӣ кор кунанд ин раисҳои ҷадид?

– Ба гумонам ки пайдо шавад. Дар замоне ки ман раиси маркази фарҳангии Самарқанд будам… ҳарчанде ки ба расмият шинохтанду баъд расмияташонро бекор карданд. Аммо мо фаъол будем то ۲۰۰۵. ۱۹۹۳ он қарорашонро бекор карданд. Қарори масалан маркази тоҷикон, аммо то ۲۰۰۵ идома дошт. Мо кор кардем ва дар ҳамон вақт мо масалан дастаҳои гузарии мусиқавӣ доштем, маҳфили адабӣ доштем, маснавихонӣ доштем, ҳама олимҳо медомаданд дар ҳамонҷо аз ҳамаи шаҳрҳо аз тамоми ҳатто аз дигар мамоликҳо меомаданд. Аммо баъд аз он ки маро хонабанд карданд. Маро аз онҷо хона оварданд. Марказро бастанд. Бинои марказро хароб карданд. Ба ҷояш ҳотел сохтанд. Он бино биное ки дар ихтиёри ЮНЕСКО буд. Бинои бисёр фарҳангӣ буд. Хароб карданду ҳотел сохтанд. Мумкин агар, фаъолтар бошад агар мумкин аст ки рафта ман кумак карда метавонам. Албатта худам кор намекунам. Маслиҳат дода метавонам.

– Бале ҳатман ба маслиҳати шумо ниёз ҳаст.

– Валекин маркази маданӣ як чизи нозук аст. Ҳар касе ки раис интихоб шавад. Бояд ки он раис аз ҳамаи ҷанбаҳои фарҳангӣ бояд ки огаҳӣ дошта бошад. Аз ҳама ҷанбаҳои фараҳнгии тоҷик. Чӣ аз санъати мусиқӣ, чӣ аз адабиёти бадеӣ, чӣ адабиёти шифоҳӣ. Умуман аз ҳама чиз бояд ки огаҳӣ дошта бошад. Он касе ки аз ин чизҳо огаҳӣ надошта бошад. Ӯ албатта ба дараҷаи кофӣ кор карда наметавонад.

– Чунин афрод дорем дар Узбекистон?

– Дар Самарқанд пайдо кардан мумкин аст. Дар Бухоро ҳам ташкил кардан мумкин. Дар Узбекистон, дар Тошканд яке аз овозхонони хуб, мутриби ки аз адабиёти бадеъӣ ҳам хуб огаҳӣ дорад аммо ҳамчун мутриб бисёр овоза дорад. Гуруҳи сорбон, инҳо сарбон мегуянд фаронсавиҳо ташкил кардаанд. Мумкин аст ки маркаҳои фарҳангии фаъол дар Бухоро рафта созад.

– Интихоби марказҳои фарҳангӣ бояд солона бошад. Давраи бошад? Бояд чӣ гуна бошад ки беҳтар ҷавоб медиҳад?

– Бояд ки на кам аз ۵ сол.

– Чаро ۵ сол?

– Бояд на кам аз ۵ сол. Чунки дар як сол ҳеҷ кор карда наметавонад. То ин ки корро шурӯъ мекунад вақт мегузарад.

– Мамнун аз шумо. Саломат бошед

– Сиҳат бошед, саломат бошед.

با خط فارسی در اینجا

حیات نعمت سمرقندی، از شاعران بنام و از چهره های فرهنگی سمرقند خواستار احیای مرکز فرهنگی تاجیکان در این شهر است.
حیات نعمت از دهه نود تا حال مداوما در پیگرد دولتی قرار داشته و مدت زیادی را نیز در حبس خانگی گذرانده است. او مسئول مرکز فرهنگی تاجیکان در سمرقند بود که تا سال ۲۰۰۵ به صورت غیررسمی تحمل می‌شد و پس از آن تعطیل شد. او می‌گوید تا حال کسی مقامات دولتی با او تماس نگرفته است ولی از جریان جدید و فضای رو به بهبود داخل کشور استقبال کرد. حیات نعمت می‌گوید: «اگر قرار باشد مرکزهای فرهنگی داخل کشور دوباره به فعالیت شروع کنند آماده است با مشورت های خود به رئیسان جدید کمک کند.»

حیات نعمت بیش از دو دهه رئیس مرکز فرهنگی سمرقند بود تا زمانی که او را از این مرکز که محل اقامت او هم بود بیرون کردند. بنای این مرکز فرهنگی که در محله قوش حوض قرار داشت و یکی از بناهای تاریخی سمرقند بود، پس از آن تخریب شد و به جای آن مهمانخانه‌ای ساختند. بنای مرکز فرهنگی در لیست یونسکو به عنوان بنای تاریخی به ثبت رسیده بود.

به نظر حیات نعمت سمرقندی مهمترین چیزی که در دیدار دو رئیس جمهور ازبکستان و تاجیکستان باید مطرح شود به رسمیت شناخته شدن زبان فارسی تاجیکی به عنوان یکی از زبان‌های رسمی ازبکستان است. در مرحله دوم باز شدن دوباره مدرسه‌های فارسی تاجیکی است که بسیاری از مشکلات و نیازهای مردم فارسی زبان ازبکستان پس از به تصویب رسیدن این دو قانون راه حل خود را خواهند یافت.

دیدار رئیس جمهور رحمان و رئیس جمهور ضیایف قرار است در ماه آوریل در شهر دوشنبه، پایتخت تاجیکستان، صورت گیرد. این اولین دیدار رسمی رئیس جمهور ازبکستان از کشور همسایه تاجیکستان است. در آستانه این دیدار، گشایش‌هایی در موقعیت اجتماعی تاجیکان ازبکستان از جمله در سمرقند و بخارا به وجود آمده است.

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)

این یک مطلب قدیمی است و اکنون بایگانی شده است. ممکن است تصاویر این مطلب به دلیل قوانین مرتبط با کپی رایت حذف شده باشند. اگر فکر می‌کنید که تصاویر این مطلب ناقض کپی رایت نیست و می‌خواهید توسط زمانه بازیابی شوند، لطفاً به ما ایمیل بزنید. به آدرس: tribune@radiozamaneh.com