Ин дархостҳо натиҷа ва маҷмӯъи дархостҳои форсизабонони Ӯзбекистон аст, ки дар сӯҳбатҳои ҷудогона бо Замона матраҳ кардаанд ва мумкин на ҳамаи дархостҳоро дар бар бигирад. Бархе аз ин дархостҳо ба мақомоти давлатӣ қаблан таҳвил дода шуда ва бархе дархостҳои ҷадид аст, аммо на ҳамаи дархостҳои тоҷикони манотиқи дурдастро дар бар дорад. Бо далели душвории хатҳои иртибот натавонистем бо намояндагони ҳамаи шаҳрҳои тоҷикнишин сӯҳбат кунем ва назару пешниҳоди онҳоро бипурсем.

نمای شهر بخارا – Намои шаҳри Бухоро

Дархости форсизабонони Ӯзбекистон

-бардоштани виза ё раводиди сафар ба кишвари ҳамзабони Тоҷикистон
– ба унвони забони расмии дуввуми кишвар эълом шудани забони форсии тоҷикӣ
-роҳандозии мактабҳои басташуда
-боз кардани маҷаллаи форсии тоҷикии ҷумҳуриявӣ
-форсии тоҷикӣ шудани яке аз даҳ шабакаи телвизионии Ӯзбекистон
-баргузории ҳамоишҳои саросарӣ дар ҳамаи шаҳрҳои тоҷикнишин
-баргузории ҳамоишҳои фарҳангӣ бо ҳамзабонони дигар
-баргузории ҳамапурсии саросарӣ байни устодони донишгоҳҳои тоҷик ва омӯзгорон ва зиёиёни мактабҳо ва баррасии мушкилоти маҳаллаҳои тоҷикнишин ва расидагӣ ба ниёзҳои онҳо аз тариқи марказҳои фарҳангӣ ва созмонҳои давлатӣ
-осон шудани интиқоли китобҳои форсии тоҷикӣ аз Тоҷикистон аз роҳҳои заминӣ ва гумрукӣ ва аз постхонаҳои давлатӣ бо ҳазинаи пойинтар нисбат ба колоҳои дигар
-ҷудо кардани будҷаи давлатӣ барои тавлид ва интишори китобҳои дарсӣ ва омӯзишӣ
-табодули китоб байни тоҷикон ва ӯзбекони ду кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон ва Тоҷикистон
-тақвияти марказҳои фарҳангии тоҷикон дар шаҳрҳои тоҷикнишин
-интихоби райисони кордону дилсузи миллат дар марокизи фарҳангии тоҷик
-боз кардани бахши форсии тоҷикӣ дар иттиҳодияи нависандагони Ӯзбекистон
-афзоиши теъдоди нависандагони тоҷики Ӯзбекистонӣ дар иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон
-бозгардондани пайкараҳои Рӯдакӣ ва Ҷомиву Навоӣ ва муъарифии улгӯҳои ҷадиди фарҳангӣ ва торихӣ то ҷавонон ба онҳо бингаранд ва ба фарҳангу торихи худ рӯ оранд
-бузургдошт аз устодони донишгоҳ ва донишмандони тоҷик ки саҳми арзанда дар иртиқои ҷомеъа ва фарҳанги худ доштаанд
-сафед кардани номҳои чеҳраҳои фарҳангии тоҷик, ки беҳуда бадном ва мамнӯъ аз сӯҳбат дар расонаҳо шуданд ва бекор ва хонашин шудаанд
-баргузории бузургдошти сазовор аз Садриддин Айнӣ дар ۲۷ моҳи апрел ба муносибати солгарди ۱۴۰-умини ин чеҳраи муҳимми тоҷик дар ҳамаи шаҳрҳои тоҷикнишин ва ба вежа дар Бухоро, зодгоҳи устод Айнӣ, ба вижа Соктаре абгору хароб аст ва ниёзманди тармими муфассал аст
– боз шудани мактаби форсии тоҷикӣ ба номи Садриддини Айнӣ дар шаҳри Бухоро
-бознашри ҳамаи осори Садриддин Айнӣ ба ду забон, ҳам забонҳои форсии тоҷикӣ ва ҳам ӯзбекӣ ва эҳё кардани маркази Айнӣ дар Бухоро
-иҷозаи номгузории суннатӣ бидуни “ова” ва “ов” и русӣ
-таъсис ва фаъол кардани интишороти форсии тоҷикӣ дар шаҳрҳои тоҷикнишин
-бардоштани настарификатсия-тадбиқсозии мадракҳои донишгоҳҳои Тоҷикистон
-тарбияти омӯзгорони тоҷик дар донишгоҳҳои Тоҷикистон ва боло бурдани дониш ва маҳорати устодони донишгоҳҳо ва омӯзгорони мактабҳои тоҷикӣ
-баргузории мусобиқаҳои достонҳои кӯтоҳ, румон ва шеър дар сатҳи шаҳрӣ ва ҷумҳурӣ
-боло бурдани сифати чопи китоб ва афзоиши китобҳои форсии тоҷикӣ
-додани гузарнома (паспорт) ва мақоми шаҳрвандӣ ба тоҷиконе, ки солҳо бемадрак сарсонанд.

نمای میدان ریگستان در شهر سمرقند – Регистони Самарқанд

Ду раҳбари кишвари ҳамсояи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарор аст, ки дар моҳи апрели ин сол дидор дошта бошанд дар Душанбеи азиз ва масоили шаҳрвандони ин ду кишварро баррасӣ кунанд.

Умед дорем, ки ин дидор ба хубиву босамар баргузор бишавад ва ниёзи тоҷиконро дар марҳалаи аввал баррасӣ хоҳанд кард. Дар ин сӣ соли гузашта бештарин зулму таъадӣ ба тоҷикон ворид шудаст. Умед дорем, ки дар ин дидор мушкилоти муҳимми мардум дар марҳалаи аввал ҳаллу баррасӣ хоҳад шуд ва дарҳои марказҳои фарҳангиро, китобҳоро, расонаҳоро ба рӯи ҷавонони ин ду кишвар боз хоҳанд кард, то ин қадар ҷавонони мо аз бекорӣ ва бекитобиву бесаводӣ ба исломгароёни ифротӣ васл нашаванд! Бояд дарҳои саргармӣ ва иттилоъоти замонавӣ байналмиллалиро ба рӯи ин ҷавонони ташна боз кунанд, то ин қадар аз Сурия ва Туркияву Арабистон сардарнаёранд!

Умед дорем, ки онҳое, ки бегуноҳ дар зиндонҳо мунтазири авфи умумӣ ҳастанд, ба зудӣ озод бишаванд ва роҳи расонаҳои ҳамаи миллатҳои Ӯзбекистон боз шавад ва озодии баён дигар ҳеч вақт муҷозот надошта бошад! Озодии сиёсӣ ва озодии ақида ҳам дар кишвари азизи Ӯзбекистон ва ҳам дар кишвари азизи Тоҷикистон дар ин баҳори дар пеши рӯ фароҳам бишавад. Агар чунин бишавад, бешак ин аввалин бор хоҳад буд, ки раисҷумҳурони кишварҳои истибдодзада боъиси ислоҳот ва инқилоби сиёсиву фарҳангӣ мешаванд. Расонаҳо одат доранд, ки ин гуна таҳаввулот аз ҷониби равшанфикрон ё мухолифони кишваре анҷом бигирад, аммо мухолифони мо исломгароёни ифротӣ ҳастанд ва равшанфикрони мо сарду парешон ва бояд аз ин раванде, ки бо зимомдории Шавкат Мирзиёев шурӯъ шудааст, дастгирӣ кунем ва мардумро дар амал ба озодии ҳақиқӣ ва воқеъӣ бирасонем, вагарна нафасҳои охиринро мекашад Бухоро, Фарғона, Термиз, Китоб, Шаҳрисабз ва дигар шаҳрҳои дурафтодаи тоҷикнишини кишвар.

Ҳама медонанд, ки беэътимодӣ, озурдагиҳо ва хотираҳои бад дили бисёреҳоро пур аз тардид кардааст ва барояшон осон нест, ки ҳамаро ба якбор фаромӯш кунанд. Аммо биеёд, ҳаракат кунем то баракати ин баҳор муяссар бишавад. Биёед муттаҳид бишавем ва якдилу якдаст барои некӣ, барои забони модарӣ ва фарҳанги ниёгон худ беғараз хидмат кунем! Умед дорам, ки муваффақ хоҳем шуд. Баҳори бобарор бод баҳори ۲۰۱۸, ки баҳори торихии минтақаи Осиёи Миёна хоҳад шуд. Умед дорем, ки замони ба додгоҳ кашидани муҷримони сиёсӣ ҳам хоҳад расид ва барои зулмҳои кардаи худ дар назди миллат посухгӯ хоҳанд шуд. Пӯлодро дар вақте доғ аст шакл бидиҳем ва нагзорем ин баҳор талаф бишавад.

Дар баҳори тоҷик ки нарм нармак расидааст, шарик бошед, саҳим бошед ва нагзоред ин ғунча ки дер интизораш будем дубора пажмурда бишавад.


انتظار فارسی‌زبانان ازبکستان را اینجا گرداوری کرده‌ایم. تاجیکان ازبکستان از دیدار رئس‌جمهوران دو کشور همسایه ازبکستان و تاجیکستان در ماه آوریل در شهر دوشنبه، انتظارات زیاد دارند و امید دارند که پیش از همه راه‌های بین این دو کشور باز بشود. تاریخ دقیق این سفر رسمی رئیس‌جمهور ازبکستان به تاجیکستان هنوز اعلام نشده است.

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)

این یک مطلب قدیمی است و اکنون بایگانی شده است. ممکن است تصاویر این مطلب به دلیل قوانین مرتبط با کپی رایت حذف شده باشند. اگر فکر می‌کنید که تصاویر این مطلب ناقض کپی رایت نیست و می‌خواهید توسط زمانه بازیابی شوند، لطفاً به ما ایمیل بزنید. به آدرس: tribune@radiozamaneh.com