گلچره سلیمانی (سلیماناوا) از شاعران شعر کودک در تاجیکستان است. زاده اولن ماه ژانویه سال ۱۹۲۸ در شهر بخارا، ازبکستان است. این شاعره محبوب کودکان و نوجوانان تاجیک، برنده جایزه معتبر ابو عبدلله رودکی، از زنان پیشگام و از اولین سردبیران ماه‌نامه «زنان تاجیکستات» ماه آوریل سال ۲۰۰۳ درگذشت، اما اشعار او همچنان در کتاب‌های درسی آموزش داده می‌شود. بزرگمهر بهادور، روزنامه‌نگار جوان تاجیک، یادی کرده این شاعر.

گلچره سلیمانی، شاعر تاجیک

Шоири халқии Тоҷикистон Гулчеҳра Сулаймониро бештар тавассути шеърҳои кӯдаконааш мешиносему ёд мекунем. Бавижа, байни чанд насли охир касе нест, ки шеъри «Бибиҷонам меояд, Дилу ҷонам меояд…» – ро надониставу насуруда бошад. Ӯ ҳар куҷое мерафт, кӯдакони сершумори диёр ба гирдаш ҳалқа мезаданд ва муроҷиати аксари онҳо бо вожаи «Бибиҷон» сурат мегирифт. Ва, баъдан, аксари пажӯҳандагон ва аҳли адаб Гулчеҳрабонуро бо тахаллуси ифтихории «Бибиҷони кӯдакон» ёд карда, чунин ба қалам додаанд.
Ин бонуи адабпарвари тоҷик духтари шоири бузурги тоҷик Пайрав Сулаймонист. Ӯ дар муҳити хонаводагиаш атри меҳру муҳаббат ва шеъру фарҳанг мешамид ва нахустчакидаҳои хомааш аз шоирии ӯ дарак медоданд. Албатта, шеърҳои аввалини Гулчеҳра аз ишқу отифа ва ҷудоиву васли ёр ҳарф мезаданд, аммо баъдтар бо тавсияи устодон Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода ва Боқӣ Раҳимзода ба гуфтани шеърҳои кӯдакона ҷазм намуд. Зеро он замон дар фазои адабиёти бачагона як навъ холигӣ ба вуҷуд омада буд, бавижа аз миёни бонувон шоире, ки бо рӯҳу равони кӯдакон сарукор гирад, кам ба мушоҳида мерасид. Баъдан Гулчеҳра шеърҳои кӯдакона навишт ва зуд ба дили хонандаи кӯчкакаш роҳ ёфт. Ашъораш имрӯз ба ۱۸ забони дунё тарҷума ва чоп шудааст.
Гулчеҳра қисмати аъзами умри хешро ба нашри босифату пурмазмуни маҷаллаи маъруфи «Машъал» (имрӯза «Истиқбол») бахшида, то синни нафақа дар ин нашрия кор кард. Дар ҳамаи мақолаву матлабҳои ӯ рушди адабиёти кӯдак, нашри ҳар чи бештари барнома, китоб ва ҳафтаномаву моҳномаҳои бачагона қотеона тақозо мешавад. Ба андешаи ӯ, адабиёти асилу мондагори ҳар миллат аз адабиёти бачагонааш оғоз меёбад. Зеро таваҷҷуҳ ба ин бахши адабиёт таваҷҷуҳ ба ояндаи халқу миллат аст.
۳ январ ۹۰-сола шуд Гулчеҳраи азизи мо. Ҳумоюнмелоди Шоира хуҷаста бод!

(Бузургмеҳри БАҲОДУР)

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)

این یک مطلب قدیمی است و اکنون بایگانی شده است. ممکن است تصاویر این مطلب به دلیل قوانین مرتبط با کپی رایت حذف شده باشند. اگر فکر می‌کنید که تصاویر این مطلب ناقض کپی رایت نیست و می‌خواهید توسط زمانه بازیابی شوند، لطفاً به ما ایمیل بزنید. به آدرس: tribune@radiozamaneh.com