سلیم ایوبزاد، نویسنده و روزنامه‌نگار بنام تاجیک، بیش از یک دهه است که مقیم پراگ است و ده‌ها کتاب با زبان فارسیی تاجیکی نوشته است. او به تازگی در وبلاگ خود در باره تفاوت‌های جامعه امروز تاجیکستان با دوران شوروی نوشته است. نوشته‌ای که «شوروی شکر نبود» عنوان دارد. سلیم ایوبزاد از هم‌وطنانی که همچنان در حسرت شوروی به سر می‌برند می‌پرسد که چه طور شما که نه در دوران شوروی زندگانی کردید و نه جبر و ظلم آن دوران را کشیده‌اید دل‌تنگ آن دوران می‌شوید؟ دورانی که هیچ کدام از حق و حقوق بشری و شهروندی رعایت نمی‌شد. او تلاش می‌کند در این نوشته خود شوروی را دوباره به این افراد معرفی کند.

این مقاله در صفحه فیسبوکی «هزار رنگ صد سال» بازنشر شده است. این صفحه در برگیرنده مقاله و تصاویر مربوط به صد سال گذشته جامعه تاجیک و دوران شوروی است. این صفحه با ابتکار سلیم ایو‌بزاد مدتی‌ست که به فعالیت شروع کرده است. سلیم ایوبزاد این مقاله یا دقیق‌ترش، این وبلاگ‌نوشته را چنین آغاز کرده است: «برای دوستان جوانم که شوروی ندیده‌اند. برای هم‌سالانم که آنرا فراموش کرده‌اند یا بنا بر دشواری‌های امروزه از آن بهشت می‌سازند. برای آنهایی که با کردار خود مردم را زار شوروی کرده‌اند. و برای آنهایی که با استفاده از مشکلات امروزه جوانان ما را ضد استقلال و آزادی می‌شمارند. از یک زاده کشوری که دیگر در نقشه جهان نیست…»
متن کامل را با حط سیریلیک می‌توانید در اینجا بخوانید:

از صفحه ویژه فیسبوکی «هزار رنگ صد سال»

(Салим Аюбзод, нависанда ва рӯзноманигори тоҷик)

Барои дӯстони ҷавонам, ки СССР ро надидаанд. Барои ҳамсолонам, ки онро фаромӯш кардаанд ё бино бар душвориҳои имрӯза аз он биҳишт месозанд. Барои онҳое, ки бо кирдори худ мардумро зори СССР кардаанд. Ва барои онҳое, ки бо истифода аз мушкилоти имрӯза ҷавонони моро зидди истиқлолу озодӣ мешӯронанд. Аз як зодаи кишваре, ки дигар дар нақшаи ҷаҳон нест.

СССР ШАКАР НАБУД

Вақте мебинам, ки ҷавонон ҳасрати СССР-ро мехӯранд, ба шигифт меоям. “О, ту дар давра назистаӣ, аз куҷо медонӣ?” – Мепурсам. Посух медиҳад: “Калонсолон ҳар бор шинанд ё хезанд, мегӯянд, ҳайфи СССР, биҳишти рӯйи замин буду ба қадраш нарасидем.” Агар аз худи калонсолон далел пурсида шавад, мактабу маорифро ба осмони ҳафтум мебароранд, мегӯянд, тиб ройгон буд, маош кофӣ ва оянда орому дурахшон.

Ба гумонам, баҳо ба зиндагӣ дар давраи СССР ба он бастагӣ хоҳад дошт, ки мо ба он бо чашми хирад менигарем ё бо чашми шикам, ҳамаи ҷанбаъҳоро мебинем ё танҳо ва маҳз чизеро, ки дидан мехоҳем, илмию бетарафона ё аз рӯйи ғарази шахсии худ. Албатта, омили савум низ ҳаст, ки шояд муҳимтар аз дуи аввал бошад. Ончӣ имрӯз дар кишвари худ мебинем, шояд гузаштаро бароямон беҳтар намудор мекунад. Ва ниҳоят, инсон одат дорад, умри рафтаи худро бебарору бебаракат нашуморад. Ҳама чизи хубе, ки дар СССР ба даст омада буд, натиҷаи худфидоӣ ва машаққати миллионҳо инсони қаторӣ буд, ки худро қурбони идея карданд. Ошкор мешавад, ки ҷомеаи беидея масире ба ҷуз аз бероҳа нахоҳад дошт.

لوگوی صفحه فیسبوکی «هزار رنگ صد سال»

БЕҲТАРИН МАКТАБ?

Агар имрӯз мактабу маориф дар сатҳи олӣ мебуд, тибби пулакӣ аз рӯйи инсофу ҳақиқат ва бо бимаҳои ростини давлатию хусусӣ кор мекард, мардум кору маоши хуб медошту гадои дари бегонаҳо намешуд, фасод ин гуна фарогир намебуд, мансабдорон на ғами киса ва наздикони худ, балки ғами халқеро мехӯрданд, ки онҳоро “интихоб” кардааст, шояд касе аз СССР ёд ҳам намекард.

Воқеан, лаҳзае чунин гуморем, ки дар кишвари мо ҷанг нашуда, ҳукумати вақт, ҳаққи қонунии худ – яъне артишро аз даҳони Маскав гирифт, вазъро таҳти назорат нигоҳ дошт, нерӯҳои навбаромади сиёсӣ низ аз худ хираду бурдборӣ нишон доданд, интихоботи озоду одилона шуд ва раҳбари нави хирадманду кордон як ҳукумати донову мустаҳкаму шоиставу коргареро ба миён овард. Аз дуздидану берун кашондани корхонаҳо ва бекор мондани онҳо пешгирӣ кардем, тавлид, кам шуда бошад ҳам, идома кард, ҳосили пахта, ғалла, меваю сабзавот хуб ба фурӯш рафт ё нағз захира гардид, сармоя ва ақлҳо фирор накарданд – кӯтоҳ, иқтисод осеб надид ва вазъи душворро дар бадали 2-3 соли сахт паси сар кард.

Дар ин байн ислоҳоти соҳаи маориф низ комёбона пеш рафт, барномаи таълим ва китобҳои дарсӣ веросторӣ ва бознависӣ шуданд, насли нави омӯзгорон пас аз хатми донишкадаҳо ба кор пардохт (ҳеч кас ба Русия мардикорӣ нарафт), мактабҳои нав сохта шуд, синфҳои компютерӣ ба кор сар кард, андози зиёд аз аҳолии сердаромад ба буҷаи давлат ворид шуд ва бахши умдаи он харҷи маориф гашт, падару модарон аз мактаб ризо ва худи мактаббачагон шод, ки пас аз хатми мактаб дар донишгоҳу ҳунаристонҳои чи дохил ва чи хориҷ таҳсил мекунанд, мутахассиси хуб мешаванд, музди баланд мегиранд ва ба ватану мардуми худ хидмат мекунанд…

Оё он гоҳ мо мегуфтем, ки мактабу маорифи Шӯравӣ беҳтарин буд? Агар ҳатто мегуфтед ҳам, ин ҳарфи дурусте буда наметавонист, зеро далел надошт. Ва касе ҳам ба ҳарфи Шумо гӯш намедод.

Он мактаб на илмӣ, балки идеологӣ буд. Сар аз боғча акси як террористи бераҳмро ба пештоқ ва сари синаҳо мезаданду тавқи хунин ба гарданамон овехта, моро дар рӯҳияи таъзиму итоат мепарварданд. Агар мактабу донишгоҳи Шӯравӣ илмӣ мебуд, оё чанд барандаи Нобел дар соҳаи илм ба дунё дод? Ва агар таълиму тарбия хуб мебуд, чаро чунин кишвар ба боди фано рафт?

وبلاگ سلیم ایوبزاد: نگریش و کندوکاف

ТИББИ “НОМЕНКРАТУРӢ”

Тибби бепули шӯравӣ воқеан ба мардуми нодор имкон медод, аз он истифода кунанд, аммо моҳонаи кормандони соҳа дар пояе набуд, ки онҳоро ба муолиҷаи чунин беморон сидқан ҳавасманд гардонад. Аслан дар Шӯравӣ ду навъи тиб вуҷуд дошт. Яке барои раҳбарон ва дигаре барои мардуми қаторӣ. Онҳоеро, ки дар феҳристи ҳукумат шомил буданд, пизишкони дигар бо дорую дармон ва таҷҳизоти дигар табобат мекарданд. Мешунидем: “Падарамро дар ҳеч куҷо табобат карда натавонистанд, илоҷе карда, ба “правителственний” бурдем, ҳамааш хуб шуд”.

Иштибоҳҳои пизишкӣ дар он давра, ба гумонам, аз ҳоло дида зиёдтар рух медод, вале ҷомеа аз онҳо огоҳ набуд. Гирифтории саросарии мардум ба сил дар чанд ноҳияи вилояти Хатлони имрӯза мероси тибби шӯравист. Бахши аъзами мардуми Дилварзин ё Масчои Нав аз оби нопок ва заҳрҳои кимёии пахтазорон ба бемориҳои ҷигару гурда мубтало буданд, аммо давлат ҳеч барномае барои табобати онҳо роҳандозӣ намекард ва аслан дар ин бора чизе гуфта намешуд, касе мегуфт, ё зиндонӣ мегашт ё ҳамчун қурбонии тибби шӯравӣ маҳбуси бемористони касалиҳои рӯҳӣ мегашт. То ҳанӯз гуфта нашудааст, аз кӯчондани мардуми кӯҳистон ба даштҳои Дилварзину Зафаробод ё Бешканду Қубодиён чӣ теъдод инсон ба ҳалокат расид. Ҳазорону ҳазорон нафар! Ғамхорӣ дар ҳаққи саломатии одамон дар давлати Шӯравӣ бештар шиор буд ва сармоягузории буҷавӣ ба тиб дар ҷойи охир қарор дошт. Ба ин сабаб дастгоҳу таҷҳизоти тиббӣ солҳои сол иваз намешуд ва ташхисгоҳҳои асосӣ танҳо дар маркази ҷумҳуриҳо мавҷуд буд.

Албатта, ин ҷову он ҷо пизишконе дар покдастӣ ва пешаварӣ шӯҳрат меёфтанд, аммо назди онҳо даромадан осон набуд. Мебоист, соҳибмансаб буд ё хешу табор ва шиносу ошно дошт. Вақте ҳамсарамро ба зоишгоҳ бурдам, чанд рӯз дар кати кӯҳнае дар долони пуррафтуомад хобид, то замоне ки шиносе дар байни пизишкон пайдо шуд ва вазъро тағйир дод. Дар таваллудхонаҳо барои ҳар чиз пул мегирифтанд ва одамон вазифадор буданд, ки барои гирифтани ҳамсар ва навзоди худ ба ҳамшираҳо ва пизишкон туҳфаҳо баранд. Пас ончи имрӯз мебинем, “меваи озодӣ” нест, балки мероси шӯравист, ки аз беназоратӣ ва баднафсӣ “гул-гул шукуфтааст”.

Ҳанӯз ҳамон вақт одамон мегуфтанд, омодаанд, барои хидмати беҳтари тиббӣ пул диҳанд. Имрӯз ба он расиданд, аммо беназмӣ ва зиёдаравиҳо якҷо бо омодагии хеле пасти пизишкону парасторон ва аз беху бун “тиҷоратӣ” шудани тиб вазъро сангин кардааст.

Бо ин ҳама ёриҳои иҷтимоӣ ва эҳтироми модарони серфарзандро наметавон нодида гирифт. Кам ҳам бошад, онҳо ба сари ҳар фарзандашон кумаки молӣ ва онҳое, ки даҳ тифл ба дунё меоварданд, унвону нишони тилои “Қаҳрамонмодар” мегирифтанд. Давлат имрӯз майле ба чунин башардӯстӣ надорад.

БАЧАИ ДЕҲҚОН — ВАЗИР

Устураи дигари шӯравипарастон ин аст, ки як бачаи деҳқон ҳам метавонист, вазир шавад. Оре, истисноҳое рӯ мезад, вале Ҳизби коммунист, ки бино бар банди 6-и Қонуни асосии СССР, давлат дар дохили давлат буд, намегузошт, онҳое ки аз табори худаш нестанд ва як зарра ақидаи дигар доранд, ба умури идорӣ даст ёбанд. Ҳамзамон ин ҳақиқатро бояд эътироф кард, ки назорат воқеан сахт буд, соҳибмансабон ё пулдорон наметавонистанд, қасрҳои боҳашамат созанд, чун зуд аз онҳо пурсида мешуд, ки аз кадом ҳисоб сохтааст. Бо вуҷуди ин мавридҳое мешуд, ки парвандаҳое бо ишораи “боло” пӯшонда мешуд ё бо муҷозоти андак ҳалли худро меёфт. Шояд дар ин раванд ришва нақши камтар дошт ва бештар “адлияи ҳизбии телефонӣ” таъсиргузор буд.

Истисноҳои “бачаи деҳқон дар курсии вазирӣ” ба таври сунъӣ ва барои намоиш сохта мешуд. Айнан монанди он ки говҷӯш ё тракторчиеро, ки аз умури давлат камтарин огаҳие надошт, вакили Шӯрои Олии СССР мекарданд ва ёд надорам, кадоме аз онҳо боре ҳам масъалаи муҳимеро аз минбари он “порлумон” матраҳ карда бошад. Истисноҳо барои он зарур буд, ки бадтарин маъқулаи коммунистӣ – “уравниловка» ё баробарсозӣ чандон намудор нагардад. Шӯравипарастон боре наандешидаанд, ки чаро аксари кулли мансабдорони он давра «фаъолияти меҳнатӣ”-и худро ҳамчун коргари одӣ сар кардаанд? Зеро ба ҳизб, манзур, доираи умури идорӣ, осонтар аз ҳама коргару деҳқон узв шуда метавонистанд. Роҳи намояндагони интеллигентсия ё рушанфикрон ба ин олами ҷудогона баста буд ва ба нудрат касе аз онҳо метавонист, аз даҳҳо зинаи имтиҳону санҷиш гузашта, вориди он шавад.

Онҳое, ки воқеан донишу истеъдоди раҳбарӣ ва лаёқати созмондиҳӣ доштанд, аз корҳои давлатӣ дур мемонданд, зеро узви ҳизб нашудаву ба мансабе расидан номумкин буд. Ва ҳизбиён медонистанд, киро ба узвият бипазиранду киро на.

Баробарсозӣ ба музди кор низ таъсир дошт, беҳтарину бадтарин корманд тақрибан маоши баробар мегирифтанд. Ин боис мегашт, бадтарин парвои корро надошта бошад, зеро бе ин ҳам маош хоҳад гирифт ва беҳтарин талоши зиёде ба харҷ надиҳад, зеро худро кушад ҳам аз ин бештар даромаде дошта наметавонист. Мегӯянд, маош ба зиндагӣ мерасид. Шояд. Вале манзур аз «зиндагӣ» як рӯзгори одӣ буд. Ҳама пайи «левак» мегашт, яъне кори дастичапӣ ё даромади пинҳонӣ. Фурӯшанда моли нодирро пинҳон мекард ва дар паси девор ё аз зери пештахта гаронтар мефурӯхт, бригадири колхоз бо тарбузкор созиши махфӣ мебаст, мошиндорон вақтҳои бекорӣ кирокашӣ мекарданд, деҳқонон канори пахтазор сабзӣ мекоштанд, боғпарварон аз ҳар вагони мева 10 қуттӣ себу зардолу ё ангури худро ба Русия мебурданд ва ғайра.

Иқтисоди Шӯравӣ сиёсатзада буд. Пахта дар Осиёи Марказӣ, аммо коргоҳҳои он дар Русия ва ҷамоҳири Соҳили Болтик. Барои намуна, танҳо 8 дарсади пахтаи Тоҷикистон дар худи ин кишвар коркард мешуд. То ҳоло моро айбдор мекунанд, ки гӯё ба гардани Русия савор будему аз ҳисоби ёрдампулии Маскав зиндагӣ мекардем. Аммо гуфта намешуд, ки нерӯгоҳи Норак ба 700 миллион рубл сохта шуда, солҳои 1980 то 900 миллион рубл даромад меовард ва аз он танҳо 8 миллион рубл ба буҷаи Тоҷикистон ворид мегашт. Солона Маскав аз Тоҷикистон зиёда аз 3 тонна тило, 200 тонна нуқра мебурд ва чӣ қадар бурдани уран, симоб, қӯрғошим, ангишт махфӣ буд. Ба камияш 800 ҳазор тонна пахтаи тоҷик ба нархи ночиз, на нархи ҷаҳонӣ, аз тарафи Маскав харида мешуд. Дар колхозу совхозҳо моҳона ночиз буд ва танҳо охири сол, вақте ки даромади СССР муайян мегашт, ба онҳо якбора чандҳазорӣ пул тақсим мегашт. Гоҳ кам, гоҳе ғайримунтазира зиёд.

Ба ҳар ҳол пул ба зиндагӣ мерасид, зеро ҷойи зиёде барои харҷ шудан надошт ва одамон аз чунин харҷҳо метарсиданд. Зарурате набуд, ки одамон миллионер шаванд ва низоми мавҷуда ҳам ба ин роҳ намедод. Камбағалӣ шараф буд.

Ин ҳолост, ки бизнесу тиҷорат ба ҳар кас имкон медиҳанд, пулдор шавад ва дареғ, ки давлат барои рушди чунин афрод шароити кам фароҳам меораду фасоду ришва ва санҷишҳои зиёди бемавриди фасодолуд онҳоро дилсард мекунад. Инсони қаторӣ ва одамони «одамдор» имкониятҳои ҳамсон надоранд ва мансабҳои давлатӣ бо ҳадафи рушди бизнеси шахсӣ муомила мешаванд.

«НАМОЗАМОНРО МЕХОНДЕМ КУ!»

Бархе мегӯянд, дар СССР дин озод буд. Дурӯғи маҳз аст. Дар саросари ноҳияи мо як масҷид ҳам вуҷуд надошт. Ҳар қадами муллоҳо ва одамони ботақво зери заррабин буд ва моҳи Рамазон дастаҳои мусаллаҳи КГБ ба хонаҳое, ки дар он ҷо таровеҳ баргузор мешуд, ҳамла, китобҳои диниро мусодира ва ширкаткунандагонро ҳабс мекарданд. Омӯзиши динӣ пинҳонӣ ҷараён меёфт. Аз хориҷа овардани китоби динӣ мамнӯъ буд ва ҳар навиштае ба расмулхатти ниёгон шубҳабарангез. Солҳост, мехоҳам бар пояи як воқеа достоне нависам: шахсе дар кӯча як порча коғаз меёбад, ки рӯяш навиштае дошт бо ҳуруфи ниёкон. Ин мард аз рӯйи тарбияи дида ва ахлоқаш он порчаро мебӯсад, ба чашмонаш мемолад ва ба ҷайбаш мегузорад. Нафаре инро мебинад ва ба КГБ хабар медиҳад. Матале ҳам ҳаст, ки дар Шӯравӣ ҳар нафари дувум корманди амният буд. Надимони КГБ (НКВД-и собиқ) ин ҳамдеҳаи маро ончунон таҳти таъқибу азийят қарор дод, ки билоахира ин шахс саратон шудаву ҷон ба ҳақ супурд.

Рӯйдоди дигар ин буд, ки КГБ ҳамроҳ бо китобҳои динӣ достони “Чароғи абадӣ”-и Мирзо Турсунзодаро, ки бо ҳуруфи форсӣ дар нашриёти “Ирфон” чоп шуда буд, мусодира намуда, соҳиби онро чандин моҳ машаққат дода буд.

Доҳии шӯравиён В.И.Ленин “инқилобгари ҳирфаӣ” ва комёб, аммо шадидан динситез буд. Вай мегуфт, бояд ҳама гуна дин бо оҳани тафсон аз реша сӯзонда шавад. Ҳарчанд Иттиҳоди Шӯравӣ дар аксари масоил зидди ҳукумати подшоҳии рус буд, дар масъалаи дин ҳамон ҳадафи империалистии маҳв кардани исломро дар Осиёи Марказӣ пеш гирифт. Танҳо ночории давраи Ҷанги Ҷаҳонии Дувум ҳукумати шӯроҳоро маҷбур кард, ба диндорон каме сабукӣ диҳад, ки дар Тоҷикистон дар шакли “муллоҳои давлатӣ” зуҳур намуд. Баъдан давлат онҳоро бо рӯҳониёни ҷавон сар ба сар зад ва бистари ҷангу ноамниҳоро густурд.

“БАРОБАРӢ — БАРОДАРӢ”

Мегӯянд, дар СССР одамон ҳама бо ҳам баробар буданд. Ҳарфест газоф. Ҷомеа ба “тағодорон” ва “бекасон” ҷудо гашта буд. Баро намуна, “бачаи деҳқон”, агар “тағо” надошт наметавонист, ба факултаҳои ҳуқуқ ва шарқшиносии донишгоҳ шомил шавад.

Баробарӣ ва дӯстии халқҳо як афсонаи дигари СССР буд. Ончӣ пас аз фурӯпошии ин иттиҳод рӯй дод, далели барҷастаи “дӯстӣ”-и коғазист ва як рус дар Душанбе зуд соҳиби кору хона мешуд, то як тоҷик. Дар Тоҷикистон ҳамаи сарони шӯъбаҳои кадрҳо дар корхонаҳо рус буданд ва дар тамоми ниҳодҳо муовини аввал низ аз русҳои омада. Задухӯрдҳои байниқавмӣ, эътирозу тазоҳурот зиёд рӯй медод, вале ба иллати набуди озодии матбуот мардум аз онҳо огоҳ намешуд. Яке аз чунин даргириҳо дар соли аввали донишҷӯ шудани ман дар Душанбе (1977) рух дода буд.

На танҳо аз чунин падидаҳо, балки роҷеъ ба селу ярчу садамаҳои бузург ва шумораи дақиқи қурбониёни заминларза хабар дода намешуд. Бехабарӣ аз ин ҳама ба кас ҳисси оромию хушбахтӣ медод. Ба ҳоли хориҷиён диламон месӯхт — ҳар рӯз тазоҳурот, ҷангу даргирӣ, кушокушӣ, заминҷунбӣ, садама, сел, бадахлоқӣ, авбошӣ, қашшоқӣ ва ғайра. Баъзеҳо аз сафари хориҷа метарсиданд ва ҳазар мекарданд, агар мерафтанд ҳам танҳо ба кишварҳои сотсиалистӣ, лек пойи ҳизбиёну пешвоёни комсомол (созмони ҷавонони комунист) ба сафари Фаронса ё Амрико боз буд. Аз он ҷо мешуд, сарулибос ва пойабзори хушсифат овард, ҳам барои худ ва ҳам фурӯшӣ.

РАФҲОИ ХОЛӢ

Сарлавҳаи ин навиштаро — “СССР шакар набуд” метавон ба гунаҳои дигар ҳам хонд. “СССР, шакар набуд” ё “Дар СССР шакар набуд”. На танҳо шакар, сари чанд гоҳ равған, собун, фурӯзонак, қаҳва, коғази ташноб ва моли дигар ба тухми анқо табдил меёфт. Харидани пойабзор ё сарулибоси хуб кори сахте буд, чун дар фурӯшгоҳҳо ёфт намешуд ва аз дасти ҷаллобон ё кормандони базаҳои савдо ду, гоҳе се баробар гаронтар меафтод. Навбати харидорон аз пештахтаи мағоза сар шуда, дар кӯча дароз шуда мерафт ва ҳавсала даркор буд, ки одам соатҳо навбатпоӣ кунад. Дар як сол як бор ба мактабҳои пойтахт ба сари хонанда яктоӣ афлесун медоданд, то халтаи тӯҳфаҳои солинавӣ пурбор бошад. Таҷлил аз соли нави масеҳӣ дар мактабҳо ҳатмӣ буд, ҷашни Наврӯз мамнӯъ. Агар донишҷӯ дар раҳпаймоиҳои 1 май ва 7 ноябр ва ҳам маъракаи пахтачинӣ ширкат намекард, аз донишгоҳ ронда мешуд.

Бо ин ҳама СССР дигар моли таърих аст. Хубиҳо ҳам дошт, рад намекунам. Барои мисол, ҳаргиз раҳбари кишвар наметавонист писари худро шаҳрдору духтарашро раҳбари ниҳоде таъйин кунад ё домодҳояш ба кори давлат дахолат намоянд. Раҳбарони маҳаллӣ аз Маскав мисли аз Худо метарсиданд ва агар арзи кас дар ин ҷо нагузашт, пас аз ду ё се сафар ба Маскав “об ба лаби ҷӯ баробар” мешуд. Додгоҳу адлия ба ин дараҷа беинсофона набуданд, ҳадди ақал дар масъалаҳои ғайрисиёсӣ. Ҳар кас медонист, ки охири моҳ чӣ қадар маош мегирад ва бояд се соли дигар барои харидани яхдон ва 15 соли дигар барои харидани мошин сабукрав пасандоз кунад. Бо ҳама камию костияш аксарияти мардум шод ва аз зиндагии худ ризо буданд. Ба хотири ин мардум СССР намебоист ба ин шеваи сияҳмастона фурӯ мерехт, ки шикастпораҳояш бар сари халқи одӣ афтодаву дарёи хунро равон кунад, балки тадриҷан ислоҳ мешуд ва дар ниҳояти расидан ба тамаддунсолорӣ ихтиёрро ба ҷумҳуриҳо медод, ки дар иттиҳод бимонанд ё аз он бароянд.

Вале ин ҳам дигар таърих аст. Давлатҳои нав аз он мерос танҳо чизҳоеро гирифтанд, ки ба дарди ҳокимон мехӯрад ва зиндагиро ба ҷое расонданд, ки агар СССР маҳбаси миллатҳо буд, ҳоло дастаҳое аз мардум мехоҳанд, ба ҳамон маҳбас баргарданд, чун озодӣ то ҳол натавонистааст, онҳоро аз зиндагӣ ризо гардонад. Аслан, ончӣ дорем, ҳамон давоми СССР аст, мардумамон ҳам шӯравист, ҳукуматамон коммунизм месозад ё қариб сохтааст, вале танҳо барои баргузидаҳои ангуштшумори худ. Худро “иҷтимоӣ” ва “мардумсолор” номад ҳам, мардум ҳамон мисли пешина дар азоб асту тамошовари канор ва пуркунандаи майдонҳои рақсу бозӣ, барандаи шиору портретҳо ва гӯшаш пур аз ваъдаҳои “ояндаи дурахшон”! Шоиронаш акнун на ба КПСС ва Ленин, балки ба пешво мадҳия мехонанд. Гӯё ҳама чиз иваз шудааст, вале дар асл кам чизе тағйир кардаву шакли бадтари СССР ба миён омадааст ва аз ин ҷост, ки одамон на бадал, балки аслро орзу мекунанд.

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)