«بیست و هشت روز کف خیابان ایستادیم، فریاد زدیم، حقمان را خواستیم، بازداشتمان کردند.» این جملات بخشی از سخنان میثم آل مهدی از کارگران گروه ملی فولاد اهواز در جمع کارگران است که ‌به‌دست نیروهای امنیتی در مقابل منزلش در اهواز بازداشت و سپس آزاد شد. برای خواندن این گزارش با خط فارسی به اینجا مراجعه کنید.

 

иии

Маҳсо Муҳаммадӣ
Баргирифта аз “Трибуни Замона*

“Бисту ҳашт рӯз кафи хиёбон истодем, фарёд задем, ҳаққамонро хостем, боздоштамон карданд.” Ин ҷумалот бахше аз суханони Майсам оли Маҳдӣ, аз коргарони Гурӯҳи миллии фӯлоди Аҳвоз, дар ҷамъи коргарон аст, ки ба дасти нерӯҳои амниятӣ дар муқобили манзилаш дар Аҳвоз боздошт ва сипас озод шуд.

Исмоъили Бахшӣ ва Алии Наҷотӣ, намояндагони коргарони Найшакари Ҳафттеппа, ҳам ҳанӯз дар боздошт ба сар мебаранд ва имрӯз иттиҳомоти ҷадиде ба онон тафҳим (фаҳмонда) шудааст. Ризо Шаҳобӣ ва Ҳусейни Саъидӣ, ду узви Сандикои утубусронии Теҳрон ва се фаъоли ҳуқуқи коргарон низ боздошт ва озод шуданд. Дар тайи як моҳи ахир беш аз ۲۰ нафар аз коргарони Найшакари Ҳафттеппа боздошт ва озод шуданд.

Коргарони Шӯш ва Аҳвоз чи мехоҳанд?

Мавҷи ахири эътисоботи коргарӣ дар Эрон беш аз як моҳ пеш дар Найшакари Ҳафттеппа оғоз шуда, ба Гурӯҳи миллии фӯлоди Аҳвоз расид ва бо ҳимоятҳои пароканда ва кӯчаке дар нуқоти мухталифи кишвар ҳамчунон идома дорад.

Эътисоби коргарони Найшакари Ҳафттеппа аз шонздаҳуми обонмоҳ шурӯъ шуд ва баъд аз як ҳафта ҳам ба муқобили фармондории Шӯш кашида шуд. Коргарон дар ибтидо хостори дарёфти ҳуқуқи муъаввақа(ба таъвиқ ё таъхир андохташуда)-и худ ва бозгардондани моликияти корхона ба давлат буданд. Дар идома бо боздошти намояндагонашон дархости озодии онон ҳам ба хостаҳои ин коргарон изофа шуд. Ҳуқуқи муъаввақа, ба гуфтаи масъулон, дар ҳоли пардохт аст, аммо бо вуҷуди таъкиди қувваи қазоия бар фирорӣ будани Асад Бегӣ, раиси феълии корхонаи Найшакари Ҳафттеппа, ба назар мерасад, ки масъулони устонӣ ва кишварӣ бино надоранд, ки ба хости коргарон дар ин бора гардан биниҳанд, корхонаро ба давлат бозгардонанд ё ҳатто онро ба фарди ҷадиде вогузор кунанд.

Фӯлоди-аҳвозиҳо ҳам дар ибтидо дар ҳимоят аз Найшакари Ҳафттеппа ва дар идома барои ҳуқуқи муъаввақи худ эътисоб карданд. Гурӯҳи миллии санъати фӯлод пеш аз ин тавассути гурӯҳи сармоягузори Амир Мансури Ориё дар Аҳвоз идора мешуд. Баъд аз ташкили парвандаи қазоӣ барои муттаҳами парванда, ки эъдом шуд, ин воҳиди санъатӣ зери назари қувваи қазоия (додгоҳ) қарор гирифт ва баъд ба бахши хусусӣ мунтақил шуд. Ҳоло коргарон мегӯянд, ки моҳҳост ҳуқуқашон пардохт намешавад ва баъд аз як моҳи роҳпаймоӣ ва эътирози маданӣ ва ором дирӯзу имрӯз кафан пӯшиданд ва ба хиёбон омаданд.

Ҳаракати мадании бепуштивона

Бо густариши истифода аз гӯшиҳои телефуни ҳамроҳ ва шабакаҳои иҷтимоъӣ ҳар рӯз радди хабарҳое аз идомаи ин эътисобот дар фазои маҷозӣ дида мешавад. Суханрониҳое таъсиргузор аз намояндаи коргарон, ки дар ҳалқаи ҳамқаторонашон дар айни пайгирии хостаҳо ва гилагузорӣ аз масъулон бар маданӣ ва ғайрихушунатомез будани ҳаракати худ таъкид доранд ва онро яке аз мушаххасаҳои аслии ин ҳаракат медонанд. Мушаххасае, ки алорағми хашми анбоштаи ношӣ аз хулфи ваъдаҳо(ваъдахилофӣ)-и мукаррари масъулон ва моҳҳо ҳуқуқи ақабуфтода ва дасту панҷа нарм кардан бо бепулӣ бахубӣ мудирият шудааст.

Дар гузорише бо ъунвони “Ривояти бевосита аз Ҳафттеппа”, ки чанд рӯз пеш дар рӯзномаи “Шарқ” дар бораи эътирозоти Ҳафттеппа мугташир шуд, яке аз коргарон дар гуфтугӯ бо ин рӯзнома дар бораи чигунагии мудирияти ин эътисобот мегӯяд: “Худамон худамонро кунтрул кардем. Ҳар рӯз як гурӯҳи ۳۰-нафарӣ ба унвони интизомот мушаххас мешуданд… Бовар кунед, ҳатто мегуфтем сару садо накунем, ки дуздгири як мошин ҳам дар хиёбон ба садо дарнаёяд. Касабаи бозор вақте наҳваи бархӯрди моро диданд, барояшон бисёр ҷолиб буд. Ин ки чанд ҳазор нафар дар хиёбон роҳпаймоӣ кунанд ва як тилофурӯшӣ ё фурӯшгоҳ бо итминони хотир аз ин ки молу ҷонаш амн аст, дари мағозаашро набандад, маънои зиёде дорад.”

Ба гуфтаи ин коргари эътисобӣ, шиъорҳои коргарон аз ин қарор буд: “На Рустамӣ, на Бегӣ, ширкат бише давлатӣ! Мухталис, давлат, пайвандатон муборак! Коргар нон надорад, вовайло!”

Вокунишҳо ба ин ҳаракати маданӣ ва мустамари коргарон аммо чандон таносубе бо булӯғи ин ҳаракат надошт. Масъулони маҳаллӣ, монанди Шӯрои таъмини шаҳристон, монанди дафаъоти пеш саъй дар подармиёнӣ ва ҳалли масъала карда буданд, аммо ба гуфтаи коргарон, аз онҷо ки дафаъоти пеш баъд аз ин подармиёниҳо корфармо ба таъаҳҳудоташ амал накард, дигар Шӯрои таъмин ҳам чандон мавриди вусӯқ(эътимод)-и коргарон нест.

Фармондор иқдоме накард ва намояндаи шаҳр ҳам фақат баъд аз ۲۵ рӯз ҳозир ба мулоқот бо коргарон шуд. Пӯшиши хабарии ин эътирозот ҳам каму ноқис буд. Расонаҳои маҳаллӣ, монанди “Садои Карха”, эътирозотро пӯшиш доданд, аммо бурди кӯтоҳе доранд. Рӯзномаҳои саросарӣ ҳам дар ҳамон рӯзҳои ибтидоӣ яке ду гузориш аз ин ҷараён мугташир карданд, ки комилтарини он гузориши мазкури рӯзномаи “Шарқ” буд. Коргарон мегӯянд: “Садову Симо ҳам омаду филм гирифт, аммо пахш накард.”

Ғоибони эътирозоти коргарон

Бо ин вуҷуд, дар миёни ҳамаи ғоибини ҳимоят аз ин ҳаракати маданӣ, шояд ҷои холии аҳзоби ислоҳталаб аз ҳама бузургтар бошад ва бештар эҳсос шавад. Аз ин рӯ, ки ҳаракоти инчунинӣ ба лиҳози фурму муҳтаво бо таъорифи ин аҳзоб аз ҳаракати эътирозии ормонӣ мунтабиқ (созгор) аст. Аз сӯи дигар, коргарон ба унвони бахши бузурге аз баданаи иҷтимоъӣ ва ҷомеъа ҳадафи ин аҳзоб дар замони интихобот барои касби раъйро ташкил медиҳанд. Лизо табиъӣ ба назар мерасид, ки коргарон ҳимояти ин аҳзоб, расонаҳо ва фаъъолони онро дар ин ҳаракати маданӣ бо худ дошта бошанд.

Ба таври суннатӣ дар Эрон аҳзоби ислоҳталаб дар муқоиса бо тундравҳои усулгаро ва худсарҳо нақши воситаро миёни мардуми муътариз ва ҳастаи сахти ҳокимият бозӣ мекунанд. Нақше, ки гӯё баъд аз эътирозоти даймоҳи ۹۶ вониҳода шудааст.

Ба назар мерасад ислоҳталабони Эрон ин рӯзҳо ба тавсияи Муҳсини Ренонӣ, иқтисоддон, дар ҳоли пеш бурдани хатти “сукути миллӣ” барои дифоъ аз “умеди миллӣ” ҳастанд. Сукуте, ки Ренонӣ муътақид аст бо он “ҳеч чизе аз даст намеравад ва ҳеч хабаре намешавад.”

Бо вуҷуди ин ки дар баёнияҳои аҳзоби ислоҳталаб бар эҳқоқи ҳуқуқи коргарон, муъаллимон ва донишҷӯён ва ақаллиятҳо таъкид мешавад, аммо онон дар амал поро аз ин фаротар намениҳанд. Ҳоло ҳам ки дигар девори сукуташон дар баробари эътирозоти синфӣ ва мадании коргарон ва муъаллимон боло рафтааст.

Дар тайи рӯзҳои ахир Алии Шакурирод, дабири кулли ҳизби Иттиҳоди Миллат, дар бораи нисбати мардум бо аҳзоби ислоҳталаб гуфт: “Аз ҳаводиси даймоҳ ва баъд аз он, мо хеле латма хӯрдем, аммо медонам, ки мардум ба самти ислоҳот бармегарданд. Мардуме, ки аз ислоҳот сархӯрда шудаанд, мераванд, ҷустуҷӯ мекунанд, чун роҳи дигаре пайдо намекунанд, бармегарданд ба самти ислоҳот.”

Чанд рӯз аст, коргароне, ки аз як моҳ пеш аз ғами нон ба хиёбон омаданд, ба шеваи Урупо эътироз кардаанду ба раволи Эрон ба зиндон рафтанд, кафанпӯш шудаанд. Ҳанӯз хушунате дар кор нест, аммо баъид аст дар сурати тунд шудани фазо дар пайи боздоштҳои мукаррар ва баъд аз ин мизон аз раводории коргарон, бидуни дарёфти ҳимояте ҳатто аз сӯи миёнаравҳо, умеде барои боқӣ мондани онон бар рейли эътирозоти маданӣ вуҷуд дошта бошад ё чунончи Шакурирод пешбинӣ кард, аз ин роҳ масири бозгаште ба сӯи ислоҳталабон бошад.

«سکوت ملی» اصلاح‌طلبان، «اعتراض مدنی» کارگران

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)

این یک مطلب قدیمی است و اکنون بایگانی شده است. ممکن است تصاویر این مطلب به دلیل قوانین مرتبط با کپی رایت حذف شده باشند. اگر فکر می‌کنید که تصاویر این مطلب ناقض کپی رایت نیست و می‌خواهید توسط زمانه بازیابی شوند، لطفاً به ما ایمیل بزنید. به آدرس: tribune@radiozamaneh.com