گفت‌وگوی زمانه را با امینه شراف‌الدین، از فعالان اجتماعی و فرهنگی در سمرقند را می‌توانید در ادامه گزارش سیریلیک گوش دهید. خانم شراف‌الدین از چالش‌های دو روزنامه فارسی‌زبان در ازبکستان می‌گوید و همین‌طور از راه‌های جدید جلوگیری از متوقف شدن فعالیت این روزنامه‌ها، راه‌های افزایش دادن مشرتیان و نیاز تاجیکان به روزنامه‌های خصوصی و دلایل آن توضیح می‌دهد.

Олами Китоб, китобфурӯшии давлатӣ дар Самарқанд. Китобфурӯшии хусусӣ барои тоҷикон дар ин шаҳр вуҷуд надорад. (Акс аз uza.uz)

Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, нигарониҳои рафшанфикрони тоҷик дар Узбекистон рӯз то рӯз афзоиш меёбад.

Бар асоси таъкиди мақомоти маҳаллии шаҳрҳои Самарқанд ва Тошканд, дар сурати афзоиш наёфтани обуна ба рӯзномаҳои маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ, эҳтимол дода мешавад, ки рӯзномаҳое, ки теъдоди муштарии камтар аз ۱۰۰۰ нафар доранд, таътил бишаванд. Бар асоси маълумоти фаъолони фарҳангӣ дар Самарқанд то ҳол ба “Овози Самарқанд” ҳудуди ۲۵۰ нафар обуна шудаанд. Далели поин будани теъдоди алоқамандонро ноҷаззоб ва минбари мақомоти давлатӣ будани ин рӯзнома мешавад унвон кард. Аммо фасоди идорӣ низ яке аз унсурҳоест, ки омори обунаро поин овардааст.

Рӯзномаи “Овози Самарқанд” аз танҳо рӯзномаҳои форсизабон барои тоҷикони таҳҷоӣ дар Самарқанд ва атрофи он аст, ки бо ҷонфидоии равшанфикрони маҳаллӣ ва бо сарварии Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ, шоъири шинохтаи тоҷикон, дар даҳаи ۸۰ ба роҳ афтода ва аз замони таъсис то ҳол ҳамвора бо мушкилоти молӣ ва сиёсӣ дасту панҷа нарм кардааст. Шароити фаъолияти гурӯҳи таҳририяи ин рӯзнома он қадар маҳдуд аст, ки ҳатто овардани исми бунёдгузорони ин рӯзнома ва кормандони собиқи он дар бойгонии ин рӯзнома мумкин нест ва ба далоили эъломнашуда бахши аъзами равшанфикрони тоҷик дар он мамнӯъқаламанд ва аз онҳо ҳатто исме дар ин рӯзнома ва ё рӯзномаи ҷумҳуриявии “Овози тоҷик” оварда намешавад.

Рӯҳамрафта вазъи рӯзномаҳо дар кишвари Узбекистон аз замоне вахимтар шуда, ки Шавкат Мирзиёев, райисҷумҳури ҷадид, роҳҳои қаблии обунаҳои маҷбуриро бастааст ва барои обунаҳои иҷборӣ ҷарима эълом кардааст. Бо ин ки обунаи иҷборӣ яке аз роҳҳои идомаи фаъолияти рӯзномаҳои давлатӣ дар ин кишвар буда ва на аз роҳи ҷолиб ва ҷаззоб кардани мӯҳтавои рӯзномаҳо.

Ин вазъият боъиси афзоиши фасод дар таҳририяҳои рӯзномаҳо буд ва сол то сол аҳаммияти рӯзномаҳои давлатӣ коста мешавад. Дар чунин вазъ, ки дигар иҷборе даркор нест, камтар касе дар Ӯзбекистон ба ин рӯзномаҳо ё маҷаллаҳои маҳаллии давлатӣ аз рӯи ихтиёр обуна мешавад.

Рӯзномаҳои маҳаллӣ на бозтобдиҳандаи ҳақиқати ҳоли ҷомеъа аст ва на мӯҳтавои боарзиш дорад ва ба ин далел наметавонад мухотаби нав ва бештар пайдо кунад. Аммо ҳамзамон бо баста шудани обунаҳои иҷборӣ, чӣ роҳҳои ҷадиди ташвиқи мардум ба расонаҳои маҳаллӣ муъарифӣ шудааст?

Амина Шарофиддин, яке аз фаъолони иҷтимоъӣ ва фарҳангӣ дар Самарқанд, мегӯяд, мутобиқи қарор ва қонуни ҷадид, интишори рӯзнома ё маҷалла то ۱۰۰ нусха аз ҳар гуна сабти расмӣ ва ё дарёфти муҷаввизи давлатӣ озод аст. Ин имкон қаблан барои шаҳрвандони ин кишвар фароҳам набуд. Аммо ҳоло ки чунин имкон вуҷуд дорад, чи чизе боъис шуда, ки то ҳол аз ин фурсат истифодаи беҳина нашудааст?

Амина Шарофиддин дар гуфтугӯи худ бо Замона аз барнома ва фаъолиятҳои худ ва дигар фаъолони маҳаллӣ мегӯяд, ки чи роҳҳоро то ҳол рафтаанд, то теъдоди обуна ба рӯзномаҳои “Овози Самарқанд” ва “Овози тоҷик”-ро боло бибаранд ва аз фурсатҳои тоза низ истифода кунанд. 

Ба сӯҳбатҳои Амина Шарофиддин метавонед дар инҷо гӯш диҳед:

 

نظرات

نظر (به‌وسیله فیس‌بوک)

این یک مطلب قدیمی است و اکنون بایگانی شده است. ممکن است تصاویر این مطلب به دلیل قوانین مرتبط با کپی رایت حذف شده باشند. اگر فکر می‌کنید که تصاویر این مطلب ناقض کپی رایت نیست و می‌خواهید توسط زمانه بازیابی شوند، لطفاً به ما ایمیل بزنید. به آدرس: tribune@radiozamaneh.com